Главная / Чамъият / Бо сабаби вазъи саломати ба кори сабуктар гузаронидан

Бо сабаби вазъи саломати ба кори сабуктар гузаронидан

Моддаи 338-и Кодекси Мехнат. Бо сабаби вазъи саломати ба кори сабуктар гузаронидан

  1. Корфармо ухдадор аст кормандонеро, ки бо сабаби вазъи саломати, аз чумла маъюби, бемории касби ё дигар сабаби носолимии вобаста бо ичрои ухдадорихои мехнати ба кори нисбатан сабуктар эхтиёч доранд, бо мувофикаи онхо ва мутобики хулосаи тибби онхоро муваккатан ё бе махдудияти мухлат ба чунин кор гузаронида, аз руи имконият чойхои нави кори ташкил намояд.
  2. Музди мехнати кормандоне, ки бо сабаби вазъи саломати ба кори дигар мегузаранд ё кумакпулии онхо аз руи сугуртаи ичтимои бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пардохт карда мешавад.
  3. Дар холатхое, ки бо сабаби маъюбии мехнати, бемории касби ё дигар сабаби носолимии вобаста бо ичрои ухдадорихои мехнати зарурати тагйири ихтисос пеш меояд, корфармо ухдадор аст барои ба кор таъмин намудани корманди мухточи такмили ихтисос азнавтайёркунии уро бо нигох доштани музди миёнаи мехнати у дар давраи мазкур, вале на зиёда аз дувоздах мох ташкил намояд.
  4. Агар шароити истехсолот ба ташкили бо кор таъмин намудани корманди дар раванди кор маъюбшуда, бемории касби ё дигар сабаби осеби ба саломати бинобар ичрои ухдадории мехнати расида имкон надихад, шартномаи мехнати бо у катъ карда, барои аз кор рафтан кумакпули пардохт карда мешавад.
  5. Андозаи кумакпули барои аз кор рафтан бо ризогии тарафхо муайян карда мешавад ва андозаи он набояд аз музди миёнаи мехнати шашмохаи корманд камтар бошад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …