Главная / Биология / Бордоркуни ва бордоршави- Бугузшави

Бордоркуни ва бордоршави- Бугузшави

Ба бештари хайвоноти оби ва организмхое, ки афзоишашон бевосита ба об алокаманд аст (мохихо, обхокихо), бордоршавии беруна хос мебошад. Хайвонот дар давраи афзоиш махсули чинсиро дар шакли хучайратухм ва нутфа бо об хорич карда бордоршави дар он чо ба амал меояд. Дар организмхои хушки узвхои чинсии беруна инкишоф ёфтааст; нутфа аз рохи чинсии нарина ба рохи чинсии модина гузашта, дар он чо бордошави ба вукуъ меояд. Ин холатро бордоркунии даруни меноманд (расми 6.11).

nutfa Дар вакти бордоркуни микдори зиёди нутфа чудо мешавад. Ин ба хамин хотир аст, ки нутфа мухити муайяни химиявиро ба вучуд меоварад ва бидуни ин бордоршави намегузарад. Бордоршави равандест, ки дар мавриди он нутфа ва хучайратухм якчоя шуда, дар натича хучайраи даври аввалини инкишофи чанини, яъне зигота (аз юнонии zygota – якчояшави, чуфт)-ро пайдо менамояд. Дар зигота дастаи хромосомахои диплоидии ба мансуби хамин намуд баркарор мегарданд. Дар бисёр мавридхо бордоршави хамон лахза баъди бордоркуни ба амал меояд. Холатхое хам маълуманд, ки байни ин ду раванд фосилаи муайяне мегузарад.

Куршабпаракхо фасли тирамох чуфт мешаванд, вале хучайратухм бордор нашуда, нутфа зимистонро дар рохи чинсии куршабпараки модина мегузаронад.

buguzsahvi

Бо фаро расидани фасли бахор, модоме ки хучайратухм болиг гашт, бордоршави ба вукуъ мепайвандад. Баъзан баъди бордоршави инкишофи зигота зуд кать гашта, баъди чанд мох дубора баркарор мегардад. Сабаб дар он аст, ки давраи насловари ва гамхори ба насл бояд ба фасли тобистон рост ояд. Барои хамин, давомоти хамли кокум 300-320 ва самур 230-280 шабонарузро дарбар мегирад, харчанд ки давомоти инкишофи насли ин чонварон нисбатан кутох аст.

Саволхо барои санчиш:

  1. Дар инкишофи хучайрахои чинси кадом даврахоро чудо мекунанд?
  2. Инкишофи хучайрахои чинсии нарина ва модинаро шарх дихед.
  3. Дар рафти сперматогенез ва овогенез давраи болигшави чи гуна мегузарад?
  4. Фаркияти мейоз ва митозро нишон дихед.

Истилохот:

  1. Чилликишави – ивазшавии кисми хромосомахои гомологи, ки байни худ конюгатсия (чафс) шуда, дар натича кисмхои хампахлуи хроматидхои гайрихохариро дигар мекунанд.
  2. Бордоршави – якчояшавии нутфа ва тухмхучайра, пайдо шудани зигота.
  3. Гаметогенез – давраи расиши (пухтани) гаметахо, ки дар натича хучайрахои гаплоиди хосил мешаванд.
  4. Гаметахо – хучайрахои чинсашон гуногун, ки дар натичаи гаметогенез пайдо мешаванд.
  5. Конюгатсия – раванди бо хам наздикшавии хромосомахои гомологи, ки дар профазахои якуми таксимшавии мейоз руй медихад. 

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …