Главная / Илм / Бокило

Бокило

Бокило —  Инро дар мавзеъхои кухистони чумхурии Точикистон зироат мекунанд. Донааш ба андозаи донаи нахуд ва ба он андаке шабохат дорад. Дар як гилоф аз чор то хафт адад дон мегирад. Ин аз тухмихои дутабака (духиссаги) аст. Рангаш гох пуштии ба зарди моил ва гох сиёх мешавад.

  Мизочи нарасидаи он дар дарачаи якум сард ва тар аст ва мизочи хушки он дар дарачаи якум сард ва дар дувум хушк аст.

boqiloХислатхои шифобахши он: агар аз орди бокило нон пухта, пагохи сер шуда бихуранд, то дер хурок намехоханд. Инро бихуранд, узвхои даруни сина ва шушро аз моддахои зарарнок пок месозад ва инчунин ин узвхоро кувват мебахшад, аз майна рехтани моддахои ракикро мань мекунад, сурфаро таскин медихад, бохро кави мегардонад, захми рудахоро сихат мебахшад, исхолро мебандад ва кайро манъ мекунад. Агар бокилоро бо об ва сирко пухта, бо пусташ бихуранд, исхолеро, ки сабабаш захми рудахо бошад ва агарчи кухна шуда бошад, катъ менамояд. Орди онро бо равгани бодом ва канди сафед даромехта бихуранд, барои сурфа, дагалии узвхои даруни синаву халкум фоида дорад.

  Инро дар об чушонида, он обро бинушанд, барои дагалии халк ва пок кардани бадан аз рутубатхо дармон мешавад ва намегузорад, ки дар гурда ва хичак санг пайдо гардад, инчунин гиреххои баданро мекушояд.

  Орди онро бо орди чав бо каме об хамир карда, ба пистони зарбхурда ва варамида, ки сабаби варам шах шудани шир дар он бошад, бимоланд, шифо мебахшад.

  Агар инро бо сирко, наъноъ, хулба ва асал хамир карда гузошта банданд, пучак, варами буни гуш ва зери чашмро тахдил медихад. Орди инро бо мустако, куфтаи гулисурх ва сафедаи тухми мург хамир сохта,гузошта банданд, савдои чашмро, ки аз косахонааш баромада бошад, ба чояш мебарад. Бо гули гулихайри хамир карда гузошта банданд, варами хоя ва варамхои гармро тахлил медихад. Агар инро бо шароб пухта гузошта банданд, варамхои рагхои буни ронро ба ибро меоварад, ба догхои кунчидак гузошта банданд, онхоро аз пусти ру пок месозад, ба ханозер гузошта банданд, низ онро тахлил медихад.

  Чун донаи бокилои навро ду хисса карда, тарафи даруни онро ба захме, ки аз чойи зулукгузошта хун равон бошад, бигузоранд, хуни онро манъ мекунад ва инчунин ба дигар чарохатхо низ бигузоранд, монеи рафтани хуни онхо мешавад. Агар инро ба чое, ки саги девона газида бошад, бибанданд, захри онро мекашад.

  Бокилоро махин ос карда, дар чашм бипошанд, рехтани моддахои зарарнокро ба чашм манъ мекунад.

  Пусти онро ба доги сафеди пусти бадан гузошта банданд, онро аз пуст дур месозад.

  Барг ва пучоки гилофи онро куфта гузошта банданд, доги сафеди пусти бадан ва сухтагии оташро шифо мебахшад.Гулашро куфта, ба сар гузошта банданд харорати баланди магзи сарро паст мекунад.

  Чун донахои бокилоро куфта, ба хар узве, ки хоханд, гузошта банданд, муй намеруяд ва агар ба мавзеи муяш таромидашуда бибанданд, муйро аз баромадан манъ месозад.

  Хурдани бокило шикамро дам мекунад, париши пусти баданро ба амал меоварад, ба майна гарони мебахшад, зехнро хам кунд мекунад. Барои ин тавр зарар накарданаш онро куфта, аз пуст чудо сохта, дароб чушонида ва он обро партофта ва баъд бо равгани бодом ва давохои гарммизочи монанди; кокути, мурч, дорчини, каранфули гардан ва пудина хурдан аст. Инчунин хурдани бокило хобхои мушавваш мебинонад ва дар бадан хориш пайдо мекунад.

  Дар бокилои кухна бодноки назар ба наваш камтар аст. Инчунин мукашшари он, яъне аз пуст чудо кардаи он камбодтар мебошад.

  Хокистари гиёхи бокилоро бипошанд, догеро, ки аз кутури сиёх боки монда бошад, пок мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …