Главная / Гуногун / Бодрангбуя

Бодрангбуя

bodrangbuya-660x330Бодрангбуя — ин калима дар таъсири забони араби монда, бодранчбуя гаштааст. Ба руси лимонная трава (лимонная мята) ва мелисса меноманд. Ин дар хама чохои намнок меруяд. Кадди гиёхаш то 85 сантиметр мехезад, ки ду навъ дорад: як намудаш хурдтар ва навъи дигараш баргнозуки дарозак, атрофи баргаш дандонадор, пояаш монанди райхон пуршох, гулаш бунафши моил ба сурхи, ки инро ба чойи сабзи бо таом мехуранд. Гули кисми дигараш майда ва гиёхаш бахори ва тобистони мешавад, хар сол аз тухм ва аз реша низ месабзад. Тухмаш ба тухми загир монанд, вале аз он майдатар ва губорнок. Кисми дувумаш дар буй ба навьи якум шабохат дорад, каме тундтар, баргаш гирдак — ин навъаш низ намудхои сахрои ва бустони дорад, аз як бех чанд шох меруяд, баргаш нисбатан дагал ва дурушттар аст.

Мизочи хамаи намудхои он дар миёнаи дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Ин гиёх мансуб ба сайёраи Муштари мебошад. Ба кавли баъзе табибон, мизочаш муътадил дар гарми  ва дар дарачаи дувум хушк аст. Аммо кавли якум сахехтар ва кавитар мебошад.

Хислатхои шифобахши он: ин гиёх кувватбахши дил, майна, хамаи дах хисси бадан ва хисхои меъдаву чигар аст. Агар бихуранд ва бибуянд, фарах мебахшад, гиреххои узвхои майнаро мекушояд, моддахои гафсро нарм ва ракик мекунад, дар хоб сиёхи пахш карданро ба ибро меоварад; барои вахшати савдови, яъне тарсончаки аз зиёд шудани моддаи савдо дар майна, дилтапак (дилбози), бехушшави, хиккаки (хикичоки) боди дармон мегардад. Агар бихуранд ва гузошта банданд, моддаи савдоро тахлил медихад, яъне пароканда месозад; беморихоеро, ки аз бисёр гаштани балгам ба амал омада бошанд, дарди рудахо, иллатхои сурин ва гурдаро шифо мебахшад.

Баргашро бихоянд, буйи шаробро дафъ месозад ва бадбуйии даханро дур мекунад -дар ин бобат хеле пуртаъсир аст. 10,5  грамм барги хушкашро бо 1,75 грамм танакори армани (танакори сурх) бихуранд, захми рудахо ва дарди ин узвхоро даво мешавад. 13,5 граммашро бо 4,5 грамм танакори сурх биёшоманд, таъсири захри занбуругхоро мешиканад.

Инро дар об чушонида, он обро дар дахан гардонанд, барои пусидани дандонхо дармон мебошад. Куфтаи ин гиёхро бо асал хамир сохта, лесида бихуранд, душвории нафас, нафаси роста (ростнафас)-ро дору мешавад.

Аз 17,5 то 35 грамм куфтаи онро бо шароб биёшоманд, барои газидани саги девона ва гунда даво мешавад.

Инро куфта гузошта банданд хам, барои беморихои номбурда шифо мебахшад, дилро кувват медихад, савдоро ба тахлил мебарад ва дафъ мекунад; агар бо сирко даромехта гузошта банданд, ханозер (хукгардан)-ро дафъ созад, меъдаи сарди тармизочро кувват мебахшад, таомхои бадхазмро латиф мегардонад, оруг ва хоб меоварад фавран.

Оби баргашро бимоланд, барои кутури савдови, мурчагазак, нори форси ва захмхои хуранда даво мешавад; агар инро бо намак даромехта дар хаммоми гармиаш муьтадил бимоланд, ханозерро тахлил медихад, инчунин кашокаши ва ларзонидани табхоро дафъ мекунад.

Баргашро бибуянд, гиреххои майнаро мекушояд. Онро дар об чушонида, дар он об занхо то ноф даромада нишинанд, хайзи бандгаштаи онхоро мекушояд. Вале ба сурин зарар дорад, гуфтаанд. Дар ин холат шилми бодомхоро бихуранд, ислохи зарар менамояд.

Ба чойи ин гиёх ду баробари вазнаш абрешим ва аз ду хиссаи он пусти меваи турунчро бихуранд, равост. Микдори як бор хурдан аз гиёхи хушки он дар як руз то 35 ва аз тару тозаи он то 70 грамм аст. Феълхои тухмаш дар шифои заифтар аз барги он мебошад. 4,5 грамм аз ин бихуранд, барои ларза ва кашокашии бадан ва дарди рудахо дору мешавад. Микдори як бор хурдан дар як руз аз тухми ин 9 грамм аст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …