Главная / Илм / Бодоми талх дар Канзи Шифо (Китоб)

Бодоми талх дар Канзи Шифо (Китоб)

bodomi_talx-600x330Бодоми талх — ин хам монанди бодоми ширин, вале магзаш талх аст. Бинобар хамин хам дарахт ва хам самарашро бодоми талх номидаанд. Бехтаринаш донааш бузург ва серравгани он аст. Мизочи магзи ин дар дарачаи севум гарм ва дар охири дарачаи якум хушк аст, инчунин баъзехо дар дарачаи дувум гарм ва хушк гуфтаанд.

Хислатхои шифобахши он: ин бодом дар бобати тахлил додани варамхо, пок кардан ва дафъ намудани ахлоти гафс давои бемисл аст. Инро куфта, бо сирко хамир карда гузошта банданд, дарди сарро таскин медихад. Ва куфтаи инро ба чашм кашанд, ин узвро кувват мебахшад.

Инро бихуранд, дамкутахи, сурфа, варами узвхои даруни сина ва шушро шифо мебахшад; ва агар бо нишоиста бихуранд, таъсираш зиёдтар мегардад; агар инро бо наъноъ бихуранд, дарди гурдаро дафъ мекунад; бо асал бихуранд, гиреххои чигар ва сипурзро мекушояд ва беморихои чигарро шифо мебахшад, зардпарвин ва иллатхои сипурзро дафъ месозад; бо шахдоб (асалоб) биёшоманд, кулинчро мекушояд; бо майи пухтаги бихуранд, иллатхои гурдаро ба ибро меоварад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, пешобро равон мекунад ва душвор шошиданро ислох менамояд, дарди бачадонро дафъ мекунад.

Магзи инро куфта, дар об чушонида, бо он об сарро бишуянд, сабусаки сарро дафъ мекунад ва шапушхоро мекушад. Куфтаи инро занхо аз таг бардоранд, хайзи бандшудаи онхоро равон мекунад. Инро куфта, бо сирко ё бо шароб сиришта гузошта банданд, решхои кухна ва даванда, обилахои тар, шукуфаи пуст, сабусаки сар, мурчагазак, кутур, хориш ва шаро (чушишхои аллергия)-ро шифо мебахшад.

Инро куфта, бо сирко даромехта бимоланд, догхои кунчидак ва дигар догхои чехраро пок менамояд. Агар инро бо шароб ва асал даромехта бимоланд, мурчагазакро шифо мебахшад. Агар танхо худашро куфта гузошта банданд, газидани саги девонаро фоида дорад.

Хурдани бодоми талх ба рудахо зарар дорад — давояш шакар, набот ва бодоми ширин хурдан аст. Инчунин барои ислох кардани холи бади узвхои хозима ва дарди меъда хар руз се-чор донаашро шикаста, магзи онро хоида бихуранд, таъсири бебадал дорад.

Решаашро куфта гузошта банданд, барои хамаи дардхо дармон мебошад. Мизочи решаи дарахти бодоми талх гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: агар инро куфта ё бо сухон тароша карда, бо равгани гули сурх сиришта гузошта банданд, дарди сареро, ки аз хунуки бошад, шифо мебахшад, инчунин догхои кунчидакро дафъ мекунад.

Агар инро дар об чушонида, он обро бинушанд, сипурз ва гурдаро аз моддахои зарарнок ва зиёдати пок мегардонад, кулинчро дафъ мекунад, кирмхои меъдаро ихроч менамояд.

Хокистари решаи инро гузошта банданд, сухтагии оташро шифо мебахшад. Баргашро дар шароб пухта бимоланд, сабусаки сарро дафъ мекунад ва дар ин бобат давои бехамтост. Хаким ва Устоди Аввал Арасту гуфтааст, ки чун 17,5 грамм бодоми талхро куфта, ба дили нахор тановул намоянд, аз нушидани шароб маст намегарданд. Мизочи равгани бодоми талх дар аввали дарачаи дувум гарм ва моил ба тарист.

bodomi_talx-2-300x269Хислатхои шифобахши  бодоми талх: агар инро бихуранд, ахлоти часпак ва савдовиро, ки дар наздики меъда бошанд, ба воситаи исхол дафъ мекунад; бо обе, ки дар он решаи савсани кухи чушонида шуда бошад, биёшоманд, дамкутахи, варами сипурз ва бо наъноъ бихуранд, дарди гурда ва душвории шошиданро шифо мебахшад, кулинчро дафъ мекунад; хафа (бурма) шудани гулугохи бачадонро, ки бехуши меоварад, инчунин варам ва чаппа шудани онро сихат мебахшад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, бачаро аз шиками занони хомила меафтонад.

Агар ин равганро нимгарм дар гуш чаконанд, дарди гуш, чаранг ва овозхои гуногуни даруни онро дафъ мекунад, кирми даруни онро мекушад. Латтаи покизаро дар ин равган олонда, занхои хомила аз таг бардоранд, бача ва хамрохаки онро аз шикам зуд меафтонад. Агар ин равганро бимоланд, догхои рухсор, доги кунчидакро дафъ мекунад, чинхои руйро хамвор месозад ва аз хунуки кафида бошад, шифо мебахшад (руйро).

Ин равганро бо шароб якчо карда бимоланд, решхои тар, иллатхои сипурз ва сабусаки сарро бархам медихад. Микдори як бор хурдан аз равгани бодоми талх дар як руз то 17,5 грамм аст. Шилми бодоми ширин ва бодоми талхро дар амалиётхои тибби ба чойи самги (шилми) араби кор фармоянд, раво мебошад.

Бодоми намакпарварди бирёнкардашуда ислохбахши холи бад ва ба эътидоловарандаи нафас аст, узвхои даруни синаро аз моддахои бегона пок мегардонад, пешоб ва дарунро меронад, вале дар меъда хазм наёфта дафъ шудани таомро ба амал меоварад. Давои ин зарархояш шакар хурдан ва шароби мусаллас ошомидан аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …