Главная / Илм / Бодиринг

Бодиринг

bodiring-650x330Бодиринг — Маълум, ки ин самари растании зироатии биёрадор аст. Намудхои самари ин гуногун аст, вале хислатхои хамаи намудхои он ба хам монанд аст. Мизочаш дар дарачаи дувум сард ва тар аст.

Хислатхои шифобахши он: бодирингро бихуранд, барои дарди сари аз гарми ба зухуромада даво мебошад, инчунин коши ё кафи онро гузошта банданд, ё дар пешони моланд, низ хамин таъсирро дорад, хамчунин пора кардашудаи онро бибуянд, дарди сарро таскин медидад.

Оби бодиринги тару тозаро дар шиша андохта бибуянд ва дар бини бикашанд, рухи нафсониро, ки марказаш майна аст ва рухи хайвониро, ки марказаш дил аст, баланд мегардонад, инчунин аксари беморихои гарми шадиди вобаста ба майна бошанд, шифо мебахшад ва бехобиро дафъ мекунад.

Хурдани бодиринг аксари табхои гарм ва тезро дафъ мекунад, харорати сафро, хун ва сузиши узвхои даруни шикам ва ботини синаро таскин медидад, шиддати ташнагиро мешиканад, гирехи чигарро мекушояд, пешобро меронад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, зардпарвин ва исхоли гарми беистро шифо мебахшад.

Оби инро то 200 грамм бо 35 грамм набот биёшоманд, моддаи сафроеро, ки дар меъда ва рудахо мавчуд бошад ва инчунин ахлоти сухтаи сафрови ва савдовиро ба воситаи исхол дафъ мекунад, табхои тези гарм ва зардпарвинро шифо мебахшад.

Агар бодиринг пири зард ва турш гашта бошад, куввати исхоловариаш назар ба бодиринги сабз зиёдтар аст. Чун як микдор каранфули гарданро дар бодиринги зарди пир фуру баранду як шабонаруз хамон тавр бигузоранд ё микдореро аз каранфули гардан дар оби он як шабонаруз тар кунанд, баъд рузи дигар онро фишурда, он обро бо шахдоб (асалоб) биёшоманд, ранги руйро неку мегардонад, гиреххои узвхои баданро мекушояд, бодхои гализ ва моддадои гармидорро тахлил медихад ва пароканда мекунад, дилтапак (дилбози)-ро, ки сабабаш гарми бошад, дар як руз сихат мегардонад.

Се руз пай дар хам пусти бодиринги тару тозаро дар об чушонида, он обро бинушанд, зардпарвинро дафъ мекунад.

Хурдани бодиринг барои одамони гарммизоч форам аст, вале ба касони сардмизоч ва асабу меъда зарарнок аст ва нармкунандаи он мебошад, гизоро дар меъда хом мегардонад, моддаи бод, карокур ва дарди тихигохро пайдо мекунад ва агар бодиринг дар меъда вайрон гардад, моддаи захрнокро ба амал меоварад. Бодирингро бо таом ва баъд аз таом бихуранд, хусусан бо ошхои чургот дошта ва оши сиркодор бихурад, зарар мекунад. Дар ин маврид агар ба гарммизочон зарар кунад, сиканчабин бояд бихуранд, вале агар ба касони хунукмизоч зиён кунад, мавизи ангур ва асал бояд бихуранд, ки ислохи зарари он намояд.

Тухми бодиринги норас, яъне сабзи сабукхазми форам, вале гушти он боднок, вазнин ва дерхазм аст. Тухми бодиринги расидаи пири он сардтар, тариаш бештар аст. Ин дар манфаатхои зикршуда ва паст гардонидани харорат ва тафси сафро, ташнаги ва равон кардани пешоб ва гайрахо болигтар, яъне манфиаташ зиёдтар аст, аммо зуд вайроншаванда мебошад.

Тухмашро куфта гузошта банданд, сузиши меъда ва дигар узвхои шикам ва даруни синаро таскин медихад, варамхои гармро ба тахлил мебарад; барои кутур, хушк шудани пуст, шаро (аллергия), хориши бадан, мулоим кардани пуст дору мешавад ва шахшулию дагалии онро дафъ мекунад. Агар инро ба зери ноф гузошта бандавд, пешоби бандшударо мекушояд, душвор шошиданро ислох мекунад, пешобро бошиддат чори месозад (хусусан дар кудакон). Барои беморихои номбурда тухми бодиринги талх кавитар таъсир дорад назар ба ширини он. Агар инро бо танакор якчо куфта ё бо асал сиришта гузошта банданд, варамро тахлил медихад. 10,5 грамм аз тухм ё пусти хушкардаи он бихуранд, зоиданро осон мекунад, вале хурдани он барои занони хомила зарар дорад.

bodiring-2-768x512Мизочи тухми бодиринг назар ба тухми тарра хунуктар ва барои табобат бехтар аст, инчунин нисбат ба он дер вайрон мешавад. Агар инро бихуранд, савдои дар як чо мондаро ба чунбиш меоварад, пешобро равон мекунад, сафрои сухтаро ба воситаи пешоб дафъ месозад; барои дарди шуш ва захми он, сузиши пешоб (сузок), варами чигар ва сипурзи гарммизоч ва инчунин табхои гарм шифо мебахшад.

Микдори як бор хурдан аз тухми бодиринг дар як руз то 17,5 грамм аст. Аз бодиринг равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Оби бодиринги пири расидаи турбастаи онро гарифта, дар зарфе бо равгани кунчид ё равгани зайтун, ки баробари оби бодиринг бошад, бо оташи мулоим мечушонанд, то об тамоман бухор шавад ва равган бимонад. Аломати батамом бухор шуда рафтани об он аст, ки равган аз чушиш мемонад. Вале эхтиёт кунанд, ки равган дог нагардад.

Молидан ва ошомидани ин равган барои бехоби, хушкии майна, дарди рудахо аз чамь шудани сафро, сил ва табхои гарм даво мешавад. Бодирингро дар хамири орди чав гирифта, аз болояш лой печонида, дар танури гарм бипазанду баъди пухтан фишурда оби онро хосил карда бинушанд, барои хамаи беморихои аз гарми баамаломада, табхои тези сафрови ва иллати дик, ки беморро тамоман логар мегардонад, даво мебошад.

Хурдани бодиринг барои меъда аз пуст чудо накардааш бехтар аст, назар ба он ки пусташро пок карда бошанд. Зеро агар пусти онро пок карда бихуранд, боднок ва дар меъда муддати дароз мемонад. Ваде бодирингро бо шир бихуранд, бисёр бад аст ва агар одамони хунукмизоч онро бо шир бихуранд, ба иллати фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози) гирифтор мегарданд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …