Бодинчон — Инро точикон бокилачон низ меноманд, ки аз «баклажан»-и руси гирифтаанд. Мурод аз ин дар тиб самари расидаи кабуди бунафштоб ва баррок (ялаккоси)-гаштаи он аст.
Инро барои хурдан пухтани бошанд, ба дарозиаш чор таксим намуда, сузан зананд. Ба даруну берунаш намак бимоланд ё монанди пиёз варак карда, баъд намаксуд намоянд. Онро дар оби хунук ду-се соат тар кунанд, об сиёх гардад, обро нав намоянд. Хамин тавр обро батакрор нав намоянд, то он ки об дигар сиёх нагардад ва тезии он кам шавад. Баъд покиза шуста, бо гушти мург ё чорпои чавон бипазанд ё дар равган бирён кунанду муддате дам карда монанд, то хуб бипазад. Сони бо сирко ё оби анор ва гайра бихуранд. Агар бо ин хуришхо исгеъмол фармоянд, дар узвхои
бадан гиреххо пайдо намекунад. Инчунин мумкин аст дар танур ё дар кури оташ бипазанд. Баъд онро аз пуст чудо карда, намак ва пиёзи реза дохил намуда, каме занчабил пошида ва камтар чургот андохта бихуранд. Ё дар об чуш дода, оби онро партофта, баъд пухта, бо хуришхои мазкур бихуранд.
Мизочи бодинчон дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст.
Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, меъдаро кувват мебахшад; гиреххоеро, ки ба гайр аз худаш пайдо карда ба амал омада бошанд, мекушояд, зеро ки худаш хам пайдокукандаи гирех дар чигар ва сипурз аст, сахтихои узвхои дохилиро мулоим мекунад. Агар инро бо равган бихуранд, дарунро мулоим месозад ва агар бо сирко бихуранд, дарунро мебандад, пешобро меронад, инчунин дардхоеро, ки сабабашон зиёд гаштани гарми бошад, таскин медихад, араки баданро хушбуй мегардонад, дар арак хун омаданро катъ мекунад, бадбуйии каши рон ва зери багалро дафъ менамояд ва рутубатхои бегонаро аз бадан хорич месозад.
Вале агар инро бисёр бихуранд, дардхои пахлу ва зери ноф, инчунин иллати бавосиро ба амал меоварад, хилти савдоро хосил мегардонад. Агар бардавом бихуравд, ранги рухсорро безеб менамоад, чушиши пуст ва шукуфаи пустро ба зухур меоварад; ба иллатхои бавосир, кулинч ва дарди чашми савдови гирифтор мекунад. Дар ин маврид онро бо гуштхо ва равган пухта хуранд, безарар мегардад.
Агар инро ба таври гуфтахои боло пухта, дар хурданаш мудовамат намоянд, меъдаро кувват медихад ва иллати таом хурда кай карданро ислох мекунад.
Чун аз тухми пухтагии он 25 грамм обашро гирифта, дар шароб хуб бимоланду бинушанд, пешобро равон мекунад.
Чун хангоми бодинчонро дар об тар кардан об тез ва сиёх мегардад, бо ин об чанд мартаба дасту похои аракинро бишуянд, катъи арак кардани онхо менамояд.
Чун бодинчонро сухта, хокистарашро бо сирко хамир карда, ба озаххо бимоланд, онхоро хушк карда мерезонад.
Чун дунболаи онро дар соя хушк намуда, махин ос карда, баъди мавзеъро бо равгани бодоми талх чарб кардан ба бавосир ва дигар варамхо бипошанд, фоида дорад.
Чун боимчонхои кучакро дар андак обе ва каме намак андохта бипазанду фишурда оби онро бигиранд ва бо хамвазни он равгани зайтун бо оташи мулоим бичушонанд, то об бухор шаваду равган бимонад. Ин равганро рузона бар озаххо бимоланд ва шаб суфли онро, ки баъд аз фишурда обашро гирифтан мондааст, ба озах гузошта банданд, онро хушк карда меафтонад. Агар ба чойи равгани зайтун равгани загирро дар ин амал ба кор баранд, барои таркидан ва варамхои асаб, инчунин ба сармозадаги муфид мебошад.
Чун бодинчони зардшударо бо тухмаш то мухарро шудан бипазанд ва баъд тухми онро махин ос карда, бо мумравган даромехта, ба таркишхои миёни ангупггон ва пошнаи по бимоланд, дархол сихат мегардонад.
Чун даруни бодинчони зардшударо холи карда, ковокии онро аз равгани каду пур намуда, дар зери оташи танури нимгарм муддати як руз бигузоранд, баъд равганро бароварда, нимгарм дар гуш чаконанд, дарди ин узвро дафъ мекунад. Агар ба ин равган косабарги гулашро куфта изофа намоянд, барои бавосир давои бемисл хохад гашт.