Главная / Чугрофия / Бод / Шамол

Бод / Шамол

Сабабхои пайдоши бод (Шамол). Хаво шаффоф ва беабр аст, мавчуд будани онро аз харакати хаво – бод хис мекунем, Хаво хех гох ором нест. Харакати уфукии хаворо бод меноманд.

Сабаби харакати уфукии хаво нобаробарии фишори атмосфери дар мавзеъхои гуногуни сатхи Замин мебошад. Нобаробарии фишор дар навбати худ ба гуногунии дарачаи гарм ё хунук шуданн сатхи Замин ва хавои болои он вобаста аст. Агар хачми баробари хавои ба дарачаи гуногун гармшударо мукоиса кунем, маълум мегардад, ки хавои хунук нисбат ба хавои гарм вазнинтар буда, зичиаш хам зиёд мешавад. Хавои гарм бошад, монанди дигар чисмхои гарм васеъ шуда, зичиаш нисбатан кам ва вазнаш сабуктар мегардад.

Тавре ки кайд шуд, хавои хар хел гармшуда зичии гуногун дорад. Ин сабаби гуногун будани фишори атмосфери мешавад. Хаво аз махали фишори баланд ба махали фишори паст, яъне аз хавои зичтар ба тарафи тунуктар харакат мекунад. Аз ин мебарояд, ки сабаби харакати хаво дар нобаробар гарм шудаии хаво аст, ки дар натичаи он дар байни ду махал фарки фишор ба вучуд омада, бод мевазад.

shamol

Мушохидахо нишон медиханд, ки хушки тез гарм ва хунук мешавад. Об бошад, азбаски гармигунчоишаш зиёд аст ва мунтазам омехта мешавад, суст гарм мешавад ва гармии худро нисбат ба хушки муддати дароз нигох медорад.

Рузона хушки нисбат ба об бештар метафсад, хавои аз он гармшуда васеъ метавад, зичиаш кам шуда, боло мебарояд. Аз хамин сабаб фишор дар хушки паст мешавад. Хавои нисбатан хунуку зичи сатхи даре, кул, бахр ба чои фишораш паст, яьне ба хушки равона аст. Насими руз (бахр, дарё ва кул) ана хамин тавр оа вучуд меояд.

Шабона, баръакс, хушки нисбат ба об зудтар хунук мешавад. Хавои аз он хунукшуда фишурдаю зичтар мегардад. Дар як вакт дар он махале, ки хаво аз он чо харакат мекунад, фишор паст мешавад. Хаво аз махали фишори баланд (хушки) ба чой камфишор харакат мекунад. Хамин тавр, насими щабона хосил мешавад, ки аз хушки ба суи дарё, кул ва бахр мевазад. Фарки фишор хар кадар зиёд бошад, суръати бод хамон кадар зиёд мегардад (Оё пагохии барвакт, вакте ки Офтоб акнун ба гарм кардани сатхи хушки cap мекунаду оби сатхи бахр, кул, дарё хунук аст, бод пайдо мешавад? Чавобатонро шарх дихед).

Бояд хис карда бошед, ки бод мунтазам навазида, гох суст мешавад ва гох шиддат меёбад. Одатан. сатхи Замин нохамвор буда, аз пастию баландихо иборат аст, хавои харакат кардаистода (бод) дар нохамворихо соиш мехурад, дар он шиддатёбй ва сустшавии суръати бод ва ороми ба вучуд меояд.

Бодхои макалли. Дар махалхои хамвору кушоди Точикистон дар фасли зимистон бодхои шимоли шарки ва тобистон бодхои чануби гарбй ва гарби бештар мевазанд.

Бод дар марзи Точикистон бо номхои гуногун маълум аст. Дар махалхои кухсори чумхури боди кухию водии шабонарузи  хос аст, ки дар натичаи нобаробар гарм ва хунукшавии кух ва води ба вучуд меояд. Ин бод рузона аз води ба тарафи кух ва шабона аз кух ба суи води мевазад. Боди рузона нисбатан гарм буда, боди шабона муътадил, баъзан салкин мешавад.

Дар кисми чанубии Точикистон боди гарм ва хушки ’’афгон” маълум аст. Ин бод аз биёбонхои Туркманистон вазида, чанги бисёр меорад.

Яке аз махалхои сершамоли Точикистон дар марзи вилояти Сугд (кисми гарбии водии Фаргона) бо номн “Дарвозаи Хучанд” маълум аст. Дар ин чо каторкуххои Туркистон чануб) ва куххои Курамаю Мевагул (аз шимол) ба хам хещ наздик шуда, водии бараш 8-9 км пайдо шудаасг. Дар сурате ки дар шарки Куканд (Чумхурии Узбекистон), дар кисмата шаркии дашти Мирзочул хаво дим ва осоре аз бод нест ё бе суръати суст мевазад. хангоми аз “Дарвоза” гузаштани об суръаташ меафзояд. Гайр аз ин аксар вакт дар дашти Мирзочул дар тобистон нисбат ба водии Фаргона фишори хаво паст аст.

Бодхои мавсими (муссонхо). Дар натичаи фарки фишор| байни хушки ва бахр, ки аз нобаробар гарм ва хунукшавия онхо ба вучуд меояд, бодхои мавсими мевазанд. Бодхои мавсими тобистон аз бахру укёнус ба тарафи хушки ва зимистон аз хушки ба суи бахру укёнус мевазанд.

Бодхои мавсими дар тропосфера дар фазои нихоят фаррохи садхо ва хазорхо километр, масалан, дар худуди Укёнуси Ород ва Евросиё пайдо мешаванд. Зимистон хавои болои кисмати шаркии материк хеле хунук мешавад, фишор баланд мегардад хаво ба суи укснус, яъне ба чои бсиггар гарми ором ва камфишо| харакат мекунад. Тобистон бодхои мавсими аз бахру укёнус ба хушки мевазанд. Бинобар ин обу хавои абрнок, серборон да| зимистон, обу хавои хушк, беабр дар тобистон бештар аст (Аз харитаи Осиё мамлакати иклими бодхои мавсими доштаро ё ( Онро шарх дихед).

Бодхои мавсими ба иклим таъсири зиёд доранд. Дар ма Русия бодхои мавсимй дар Шарки Дур мушохида мешавад. Тобистон дар он чо хавои борони хос аст. Зимистони хунук, беабр ва хушк мебошад.

Муайян карданн самт ва суръати бод. Самт ва суръати бод тагйирёбанда аст. Аз кадом тарафе, ки бод вазад, хамон тараф самти бод хисоб меёбад. Чунончи, агар бод аз шарк вазад, боди шарки мегуянд.

Суръати бодро бо асбоби анемометр чен карда, бо метр дар сония ё ки бо километр дар соат ифода мекунанд. Aгар суръати бод 6 метр/сония бошад, ин чунин маъни дорад, суръати он дар як сония 6 метр будааст. Кувваи бодро бо балл (аз фаронсави, маънояш кура аст) ифода мекунанд. Чунончи arap суръати бод 1-1.5 метр дар як сония бошад (дуди аз дудбаро баромада ба тарафе майл кунад) – 1 балл. суръати бод 2- 3 метр дар сония бошад (шибир-шибири баргхо шунида шавад) – 2 балл, суръати бод 4-5 метр дар сония бошад (шохчахои дарахт чунбад) 3 балл, боди муътадили суръаташ 6-8 метр дар сония (шохчахои дарахт чунбад ва шамол чангро барад) – 4 балл, суръати бод 9-10 метр дар сония (танахои на он кадар гафси дарахт чунбад) бошад – 6 балл, суръати бод 13-15 метр дар сония (шоххои гафси дарахт чунбад) бошад – 7 балл мегуянд ва гайра.

Умуман, кувваи бод бо системаи 12-балла чен карда мешавад. Дар стансияхои метеорологй самт ва суръати бодро ба воситаи боднамо (флюгер). кура-хавопаймо мушохида менамоянд. Бо анемометр суръати бодро аник чен мекунанд.

Дар даврахои пеш, вакте ки асбоб набуд, самт ва кувваи бодро бо аломатхои махалли: аз руи хамшавии дарахтон, дуди дудбаро, чангхои хаво ифода менамуданд.

Дар хар махал боди хукмрон (боди худи) хаст. Дар бораи ин бодхо аз руи чадвале, ки дачараи бодхо (хати харакати бод) меноманд, хулоса баровардан мумкин аст. Онро ин тавр тартиб медиханд. Хатхои Ш-Ч. Г-Ш (шарк)-ро бояд кашид. Шартан кабул карда мешавад, ки ягон пораи он, масалан. 0,5 см. ба як руз баробар аст. Хисоб мекунанд, ки дар ин мох чанд руз бод аз шарк, аз шимоли шарк, аз гарб ва хамаи дигар самтхо вазид. Дар хати самтхои дахлдор микдори рузхои боди ин самтхоро аз марказ чудо карда, нукта мегузоранд. Масалан, боди шимоли дар давоми чор руз вазида бошад, он гох дар хати “аз шимол” 2 см (0,5 cm х 4), arap боди гарбй се руз вазида бошад, дар хати “аз гарб” 1,5 см чудо карда мешавад. Дар марказ доирача кашида, микдори рузхои оромии хаворо дар он менависанд.

Ахамияти бод. Хаво доимо дар харакат аст. Бодхо рутубати бахру укснусхоро ба дохили материк меоранд. Бодхои доимй сабабгори асосии пайдоиши чараёнхои бахри буда, ба чойивазкунии оби бахру укёнус мусоидат мекунанд.

Кувваи бодро инсон аз замонхои кадим инчониб истифода мебарад.; Одамон садхо сол пеш осиёби боди месохтанд, аз киштихои бодбондор истифода мекарданд. Дар вакти хозира ба воситаи мутахаррикхои боди барои махалхои хурди ахолинишин кувваи барк хосил мекунанд.

Бод сабабгори бадбахтихо низ шуда метавонад: туфонхо  дар хушки харобихои зиёд меоранд; хангоми туфон дар бахру укёнусхо киштихо гарк мешаванд, обхезихои калонтарии, ки онхоро омадани оби бахр боис шудааст, нохияхои назди сохилро хароб мекунанд.

Дар шароити Точикистон чихатхои манфии бод чунинанд: камшавии нами заминхои кишт, бодлесии хок, регкучи ва дар» хаво зиёд шудани чанг.

Савол ва супорши

  1. Бод чист? Сабаби асосии пайдоиши он чист?
  2. Кадом бодхои махалиро медонед ва махалхои онхоро аз хар Точикистон нишон дихед. Бигуед, ки кадоме аз бодхо дар хама махалхои кухсор мевазад ва сабаби пайдоиши он чист?
  3. Накшаи пайдоиши насими шабонаро дар сохили дарё кашед.
  4. Дар кадом маврид бод сахт мевазад: а) фишор дар хушки 758 мм, дар бахр 670 мм, б) фишор дар хушки 750 мм, дар кул 755 мм. Дар мавриди якум ва дуюм бод чи хел мевазад?
  5. Мувофики мушохидахоятон хати харакати бод (шачара)-ро барои яке аз моххо тартиб дихед. Дар ин мох кадом бод бештар мевазад?
  6. Дар мисоли махалатон дар бораи ахамият ва чихатхои манфии бод накл кунед.

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …