Главная / Илм / Биринч

Биринч

birinj-660x330Биринч  — ин растании зироати ба мо маълум аст, ки дар заминхои обдор кишта мешавад, аксар дар даруни об меруяд ва дар об месабзаду мерасад. Аз як шоли дар Хиндустон ду карат хосил мегиранд: дар вакти бахорон ва дар тирамох. Аз шолие, ки дар лаб ва наздики бахрхо ва укёнусхо меруяд, биринчи хуб хосил намешавад. Навъхои биринч хеле бисёр аст. Бехтарини биринчхо латиф, яъне осонпаз ва сафеди он аст.

Доир ба мизочи ин кавлхои гуногун мавчуданд. Баъзехо гарм дар дарачаи якум ва баъзеи дигар сард ва баъзеи дигар мизочи онро муътадил донистаанд. Хушкии мизочи он дар дарачаи дувум мебошад — оид ба ин кавли хамаи хакимон як хел аст. Вале баъзехо биринчро мураккаб-ул-кувват донистаанд. Ин фикр ба хакикати он наздик аст. Инчунин кавлхои аввала хам дуруст мебошанд. Зеро ки чун онро дар об бичушонанду оби онро дур намоянд ва он биринчро дам диханд — инро ба забони деринаи точики-форси чуловкаш меноманд — мизочи чирми ин биринч дар дарачаи якум сард мебошад, вале мизочи он обе, ки дар он биринч чушонида шудааст, дар дарачаи якум гарм аст, аммо он обро чудо бигиранду биринчро дар он об дам диханд ва паловро ба хамин тарик бипазанд, мизочаш ба гарми моил мегардад.

Лекин, ба шарте ки пеш аз пухтан биринчро дар об тар намуда ва хуб молида, чанд карат бо об шуста, баъд бипазанд, Ва илло биринчхои часпакро чанд мартаба ба чуш бояд бидиханд, оби шилмаки гафси онро рехта дур намуда бошанд, зеро ки истеъмоли он раво нест — ин гуна палав дар одамони гарммизоч гарми ва дар одамони сардмизоч сардиро пайдо мекунад. Аз ин чихат шояд табибон ва одамони дигари корозмои кадим, инчунин аксари мардуми баъдина барои хуроки сабуки беморон биринчро нахуронидаанд! Бале онхо инро махсус ба одамони тандуруст бех донистаанд. Зеро ин дар беморон кайфияти зиддиятнок зохир мекунад ва дар одамони сихат кайфияти мувофик, яъне форам ба амал меоварад. Албатта, ин тафсилот барои биринчхои гайрихинди гуфта мешавад. Зеро барои баъзе беморон биринчи хиндиро оши суюк карда хуронидан мувофиктар аст назар ба донагихои дигар. Инашро хам бигуем, ки барои баъзе беморон нони гандум форамтар аст.

Биринчи сафедкарда навъхои сурх ва сафед дорад. Кисми сурхи онро бихуранд, дарунро мебандад, вале навъи сафедаш ин тавр набуда, балки хамчун гизо кавитар аз сурхи он аст. Кавлхое мавчуданд, ки хурдани хамаи навъхои биринч дар узвхои бадан гиреххоро ба хам мерасонад, кабзиятдор мебошад. Агар инро батанхои пухта бихуранд, гизоияташ кам, вале барои иллати исхол, исхоли хунин ва хафа (бурма) шудани бачадон, беморихои гурда ва хичак даво мешавад. Агар бо шакар бихуранд, гизоияташ бисёр мегардад, бохро ба харакат меоварад, баданро фарбех месозад ва мани пайдо мекунад; бо дуги нав ва татум бихуранд, тафси баданро таскин медихад, барои исхоли сафрови даво мешавад; бо шири навдушида бихуранд, исхолро мебандад; бо чарбии гурдаи буз ва равгани гов бихуранд, дарди рудахоро бартараф мегардонад. Агар биринчро бисёр бихуранд, холи нохуши баданро ба ислох меоварад, ранги руйро пок менамояд, умри дароз мебахшад, дар бадан моддаи солим пайдо мекунад ва боиси дидани хобхои хуб мегардад.

Биринчро дар об чушонида, монанди оби чав бипазанду бихуранд, сузиш ва тезии ахлоти сафровии меъда ва рудахоро таскин медихад. Биринчро бо шири навдушида баробармикдор гирифта пухта бихуранд, мании бисёр пайдо мекунад.

birinj-00-300x204Низ кавлхои дигар шаходат медиханд, ки биринч баъд аз хурдан зуд аз меъда фуруд меояд, гизои сабук мебошад, барои табъи аксари одамон хар доим форам аст, вале хамчун гизо кувваташ аз гандум камтар мебошад. Инро бо таъкид кайд кунем, ки дар хусуси мизочаш хамаи табибон як нуктаи назар доранд ва мегуянд, ки хушк аст дар дарачаи дувум. Вале гарми ва сардии онро ба таври мухталиф медонанд. Баъзехо гуфтаанд, ки дар дарачаи якум сард аст ва дигар табибон мизочи онро гарм дар дарачаи якум медонанд; инчунин баъзеи дигарон мизочи онро дар гармиву сарди муътадил донистаанд.

Ин чо хар сеи кавл хам сахех мебошад. Зеро ки мураккаб-ул-кувват аст; таркибаш кисми сарди борутубат дорад, вакте ки дар об чушонанд. Агар инро дар об чушонида, аз об чудо кунанд, худаш сардмизоч дар дарачаи якум мегардад. Обе, ки дар он биринч пухта шуда бошад, аз чихати мизоч дар дарачаи якум гарм аст.

Хакими Самарканди дар «Китоби агзия» гуфтааст, ки ба кавли кавме, биринч гармкунандаи бадани одамони гарммизоч аст. Ин кавл аз руйи тачриба ва киёс маъкул аст. Зеро ки хушки ва часпандагии биринч хар гох амал кунад, дар баданхои одамони гарммизоч бо харорати мавчуда боиси афзоиши хушки ва часпандагии он мегардад. Бинобар он ки чизхои часпаки хушки камрутубат ба зуди гармиро кабул намуда, аз харорати пуркувват ба сузиш меоянд. Дар ин чунин холат руй медихад.

Биринч хангоми хурдан дар холати баланд будани харорати бадан дар мизоч гарми меоварад ва аз сабаби кам будани рутубаташ аз гармии бадан ба сатхи даруни рагхои борик, аз чумла дар мурагхои мосорико часпида, дар он банд гашта, гиреххоро ба амал меоварад ва ба хамин минвол чараёни обро ба даруни чигар манъ мекунад. Бо ин восита мизочи одамони гарммизочро зиёдтар мегардонад. Аммо ин дар одамони сардмизоч ва тармизоч бошад, бинобар бисер будани тари, хушки ва часпандагии он кам мегардад. Зеро кисми часпандаи он ба рутубатхои бадани онон омезиш ёфта, хал мешавад ва инак, мизочи он касонро муътадил месозад.

Мувофиктарин вактхои хурдани биринч он аст, ки хаво пурнам бошад, зеро он вакт иштихо ба таом зиёдтар мегардад. Хуллас, агар биринч хангоми хурдан дар рагхои бадан гиреххо пайдо намояд, инро ба воситаи маскаи нав, ширинии бисёр, дар меъёри муътадил намак дохил карда, дар оби сабуси гандум як шаб биринчро тар намуда, бо шарбати тухми махсар пухта бихуранд, мувофики муддао мегардад, низ барои зуд наомадани мани мадад мебахшад ва кабзият оварда, дер нигох дошта шудани онро таъмин менамояд. Инчунин дар ин бобат, биринчи ношустаро истеъмол фармоянд, хамин гуна хислат дорад.

Ширбиринчро бо шакар ширин карда бихуранд, маниро зиёд мегардонад, баданро фарбех мекунад, ранги руйро пок месозад. Вале хурдани биринч ба касоне, ки иллати кулинч доранд, бад аст; инчунин ба одамоне, ки рагхои баданашон гирех пайдо мекарда бошанд, зарарнок мебошад. Вале биринч барои харошида шудани сатхи даруни рудахо аз бисёрии сафро ва захми ин узвхо мувофиктар аст. Дар ин чихат биринчро аввал бирён карда, баъд мухарро пухта ва монанди кашки чав гардонида бихуранд, айни муддао мегардад.

Биринчро бихуранд, захмро пок месозад ва дар он гушти солим меруёнад. Бинобар чунин хислатхояш барои хамаи намудхои иллати сил фоида дорад, хусусан аз он ширбиринчро бо шири хар бипазанд, нафъаш бештар мегардад. Биринчро то буяш баромадан тафсонида, баъд бо почаи буз ё гусфанд пухта бихуранд, барои харошида шудани сатхи даруни рудахо ва омадани хун дар пешоб, нафъи бисёр дорад.

Оберо, ки аз бириич шира кашида гирифта бошанд, бо шакари янток ширин карда биёшоманд, душвор зоидани занонро осон мекунад. Бо обе, ки дар он биринч шуста бошанд, хукна (клизма) кунанд, харошида шудани сатхи даруни руда ва захми онро ба ибро меоварад.

Орди биринчро бо оби харбуза даромехта бимоланд, доги кунчидак ва дигар догхоро аз пуст дафъ мекунад. Ин ордро бо чарбихо сиришта гузошта банданд, пучакро мекафонад. Агар инро бипошанд, хуни чарохати навро мебандад ва онро сихат мегардонад. Орди биринчро бо равгани гурдаи буз дурудароз пухта бихуранд, аз хад зиёд рафтани даруни беморонро ба ислох меоварад, инчунин барои исхоли аз хурдани даво ходис шуда ва харошида шудани сатхи даруни рудахо давои хеле хуб мебошад.

Як силсила корозмохо шаходат додаанд, ки чун биринчро то сурх гаштанаш бирён карда микдори 68 грамми онро дар 180 грамм об як шаб тар карда ва субх оби софи онро бинушанд, кирмхои меъдаро дафъ мекунад ва бехузур (бечо) шудани дилро, ки аз зиёд гаштани рутубат ва ё харорат бошад, шифо мебахшад.

Хангоми палав тайёр кардан аввал пиёз ва гуштро дар равган сурх гардонида, баъд масолехи дигар дохил намуда, ба шарте ки биринчи дар об соате таркардашударо кафмол карда шуста, баъд дар дег андохта, аз болояш он микдор об дохил намоянд, ки хангоми баъди чушонидан дам кардан, биринч мувофики муддао об гирифта бипазад. Ин гизои солех аст аз хар чихат барои нигох доштани дурустии тани одам ва дарди сареро, ки бо иштироки холати дил бошад ва агар баъд аз пок гардонидани бадан аз моддахои зарарнок ин хурда шавад, шифо мебахшад. Инчунин барои дарди саре, ки сабабаш аз меъда ба сар баромадани бухорхо бошад, нафъи хубе дорад.

Биринчро шуста дар об пазанду онро соф карда, чун оби чав хунук гардонида бихуранд, шиддати тезии хилтхои (моддахои ) меъда ва рудахоро таскин медихад, куввати бохро зиёда мегардонад, баданро фарбех месозад ва мани пайдо мекунад.

Биринчро дар об пухта, дар охири пухтан каме шакар, гулоб, заъфарон ва равгани маскаи гов андохта, дам дода бипазанд, ин палави заъфароннок ном дорад. Хурдани ин ба дарди саре, ки сабабаш дар дил зиёд гаштани моддаи савдо бошад, шифо мебахшад. Тарики дигари тайёр кардани ин палав ба усули хинди чунон аст, ки биринчро бо хамон обе, ки вай тар карда мешавад, бипазанду дам диханд, яъне дам хуронанд, то монанди палави хушка (беравган) мулоим гардад. Баъд равгани гов дохил карда бихуранд, дарди рудахоро дафъ мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …