Главная / Маданият ва санъат / Бихишти шашум, ки онро Чаннотулнаим гуянд

Бихишти шашум, ки онро Чаннотулнаим гуянд

Бихишти шашум, ки онро Чаннотулнаим гуянд

Пайгамбар (с) фармуданд, ки чун ману Чабраил (а) ва Ризвон аз бихишти панчум ба суи бихишти шашум равон шудем, дар бихиште, ки онро Чаннотулнаим гуянд, он аз зумурраду лаъл аст, расидем. Дари он аз луълуи байзо ва кунгурахояш аз алмосу чавохлир буд ва ба дари он навишта шуда: “Ло илоха илаллоху Мухаммаду-р-расулуллох”.

Дар ин бихишт шахидон ва муъминон дароянд. Ва бинои он хиште аз нукра ва гиёхаш аз заъфарону сангрезааш аз марворид аст. Фариштагон нидо кунанд, ки, эй ахли бихишт, шуморо зиндагони аст бе марг ва неъмате аст бе завол. Дар бихишт чизхое хаст, ки хеч чашме уро надида ва хеч гуше уро нашунида ва онхоро Худои таъоло барои ахли бихишт офаридааст.

Он гох гуфт: – Ба микдори тозиёна, яъне камчин аз бихишт бехтар аст аз хама дунё.

Фармуд: касам ба он Худое, ки ба ман Куръонро фиристодааст хусну чамоли бандагон дар бихишт чунон бошад, ки дар вахми касе наёяд. Ва мевахои бихишт гуногун аст. Хар мевае хафтод рангу хафтод бу дорад. Ва ахли

бихиштро на бавл (пешоб) асту на гойит (ахлот) ва на балгам. Занони муъминро чамол чунон бувад, ки агар зане аз ахли бихишт як нохуни худро дароз кунад, аз Машрик то ба Магриб хама равшан гардад. Хар якеро хафтод либос бошад ва хар соате хафтод гуна бигардад.

Дар хабар аст, ки камтарин касеро аз ахли бихишт хафт каср диханд. Касре аз ёкут ва касре аз чавохир ва касре аз марворид ва касре аз гавхар ва касре аз нури арш.

Хар муъминеро дар бихишт куввати чихил пахлавонро диханд ва низ дар бихишт хоб набошад. Аз чомахои бихишти буи мушку кофур ояд. Ва чомахои онхо сабзранг бошад. Чун онхоро хочат ба гушт хурдан шавад, мургони бирёншуда гуянд: эй дусти Худо, хар чи хохи аз мо бихох, ки аз чашмаи салсабил об хурдаем ва аз дарахтони зери Арш омадаем. Чун муьмин аз он бихураду сер шавад, онхо парида ба чои худ раванд.

Пахнои касрхои бихишт васеъанд. Аз яке то дигаре якмоха рох аст. Хар касре хафтод хона дорад, ки дар хар хона хазор дар бошад. Ва дар хар даре хуре нишаста бошад ва он хурро хафтод канизак бошад. Агар ин касрхо дар дунё бошанд, чашм аз дидани онхо кур гардад. Дар пеши тахт курсие нихода аз як дона марвориду ёкут ва он тахт болотар бошад. Чун бихишти хохад, ки пой бар тахт нихад, поён ояд ва кутох гардад, чун бар тахт нишинад боз баланд гардад.

Овардаанд, ки дар бихишт чое аст, ки мардум бинишинанд ва бо якдигар сухан гуянд ва он чиро, ки дар дунё гузашта буд ва ё карда буданд, ба ёд оранд. Пас бар муъмин лозим аст, андеша кунаду бидонад, ки чи бояд кард, ки барои дунёи фони шуда, чунин неъмати човидониро фаромуш накунад ва умри худро бар бод надихад.

Агар тамаъи бихишт ва умед аз рахмати Хак таъоло дори, пайваста дар ризои Худованд бош ва бихиштро аз Худои таъоло бихох ва ба тазарруъу зори машгул бош.

Расули акрам (с) фармуданд, ки хар ки аз Хак тальоло  пайваста бихишт хохад, уро бидихад. Ва дар тоъат ва ибодат мустахкам бош. Худро ба кори хайр машгул гардон, то аз бихишт махрум нагарди.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

modar

Шеърхои бехтарин дар васфи Модар

Мухаббати модар Писар, рав, кадри модар дон, ки доим Кашад ранчи писар бечора модар. Бирав, …