Главная / Маданият ва санъат / Бихишти панчум, ки онро дорулкарор гуянд

Бихишти панчум, ки онро дорулкарор гуянд

Бихишти панчум, ки онро дорулкарор гуянд

Расули акрам (с) фармуданд, ки чун ман ва Чабраил (а) ва Ризвон аз бихишти чахорум баромадем, то бирасидем дар бихишти панчум, ки онро Дорулкарор гуянд, аз марвориди равшан ва марчон аст ва кунгурахои у аз алмос ва лаъл аст. Ва бар он навишта шудааст: “Ло илоха илаллоху Мухаммаду-р- расулуллох”. Дар ин бихишт касоне дароянд, ки пархезгор бошанду дар талаби ризои Худованд ва амри маъруфу нахйи мункар кушиш намоянд.

Иморатхои он хиште аз нукра ва хиште аз тилло, лойи он аз мушку хоки он аз анбар ва гиёхи он аз заъфарону кушкхояш аз марворид ва дар он чуйхои об чори буд.

Бихиштхо дар болои осмони хафтум ва зери Аршанд. Дузах дар зери замини хафтум аст. Чун киёмат шаваду осмонро бардоранд, тамоми хаво шикофта шавад. Он гох Аллох таъоло бихиштро он микдор кушода гардонад, ки тамоми ахли бихишт ба тартиби мувофик дар он чой гиранд.

Богхо дар бихишт ороста ва мевахо фуру бастаанд, чунон ки хар меваеро, ки нафс орзу кунад, ба даст тавон гирифтан, хар мевае, ки нафс орзу кунад бошад.

Дар ин бихишт низ занони покиза хастанд, ки аз хайзу нифос пок бошанд. Онхоро Хурулъин гуянд. Дар якеро Аллох таъоло аз нур ва чавохир

офаридааст. Онхо чашмони худро аз гайр пушидаанд ва ба чуз аз шавхари худ каси дигареро набинанд. Хеч кас аз одамию пари ба онхо даст нарасонида бошад. Хар бор ки чун шавхарони онхо ба онхо наздики кунанд, онхоро бикр, яъне духгар ёбанд.

Хар як хурро хафтод хулла, яъне хафтод либоси бихишти бошад. Хар либосе бо рангхои гуногун. Он хафтод либос сабуктар аз муи бадани онхо бошаду устухонхои онхо ва рагу пайи онхо намояд. Чунончи шароби сабз дар зарфи сафед намояд. Ва гесуи онхо мукаллал бошад ба дурру ёкут. Агар яке аз он хурон даст берун орад, тамоми дунё равшан гардад.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …