Главная / Маданият ва санъат / Бихишти хаштум, ки онро Чаннотулфирдавс гуянд

Бихишти хаштум, ки онро Чаннотулфирдавс гуянд

Бихишти хаштум, ки онро Чаннотулфирдавс гуянд

Пайгамбар (с) фармуданд, ки чун ман ва Чабраил (а) ва Ризвон аз бихишти хафтум баромадем, ба бихишти хаштум бирасидем, ки онро чаннотулфирдавс гуянд. Он аз нури Чалол аст. Дари он аз кудрат ва кунгурахои он баъзе аз нур ва баъзе аз чавохир ва баъзе аз ёкут ва баъзе аз сундус ва баъзе аз марворид ва баъзе аз алмос ва баъзе аз рахмат аст. Ва бар он навишта шуда аст: “Ло илоха илаллоху Мухаммаду-р- расулуллох”.

Дар ин бихишт касоне дароянд, ки аз хамаи худоёни ботила мисли бутпарасти ва гайра безор бошанду хосу холис барои Парвардигор ибодат мекарда бошанд ва аз тарси гунохони худ доим аз Худо талаби магфират мекарда бошанд. Ва аз рахмати Парвардигор умедвор бошанду Аллох таъолоро фармонбардор бошанд.

Пайгамбарон дар ин чо дохил шаванд ва бо хамрохии онхо низ хафт тоифа дароянд. Аввал касоне, ки дар намоз бо  шикгастаги ва хушуъ намоз мехонанд. Дувум касоне, ки аз суханони бехуда дур бошанд. Сеюм закотдихандагон. Чахорум касоне, ки худро аз зино нигох доранд. Панчум касоне, ки намози панчвактаро дар вакташ гузоранд.

Хак таъоло бихишти фирдавсро офарида дар он чо ходимону гулмон ва вилдону хурон офарид. Баьд аз он Чабраилу Микоил (а)-ро вахи кард, ки биравед ба бихишти фирдавс ва тамошо кунед, ки чи гуна сохтем онро барои касоне, ки ризои маро ихтиёр карда, аз нафспарасти пархез кардаанд. Ба фармони вочиб Таъоло ин хар ду биёмаданд ва кушкхо диданд аз ёкут ва хар кушке чандин дари дутабака аз забарчад бар хам нихода, ки аз он дархо боди рахмат мевазид. Ва чуйхои шароб ва ширу ангубин дар миёни он бустонхо мерафт. Хар хуреро чандин гесу буд. Ва хар гесуе ба марвориду ёкут бофта ва мар он хуронро чандин курта бошад ранг ба ранг. Чун хуре аз он хурон Чабраил ва Микоил (а)-ро бидид, ба руи онхо бихандид, чунон ки аз рушноии дандони у хама бихишт банур гардид. Чабраил ва Макоил (а) онро бидиданд, cap ба сачда ниходанд, гумон карданд, ки нури тачаллии Илохи аст.

Агар як чома аз чомахои хурони фирдавсро аз осмон овезанд шаб бошад, чун руз равшан шавад ва агар руз бошад, офтобро хира гардонад. Ва агар яке аз онхо ба дунё нигарад, хамаи чахон равшан гардад. Ва агар катрае аз оби дахони худ ба дарёи олам андозад, оби дарёхо аз ангубин ширинтар ва аз мушк хушбуйтар гардад.

Худои таъоло хурони чаннати фирдавсро аз чахор чиз офаридааст: аз мушку кофуру амбару ззъфарон. Чун бихишти дар руи хур бингарад, руйи худ дар пешонии у бинад ва муьмин низ дар бихишт чунон хушшакл шавад, хи хур хам руи худро дар пешонии у бинад.

Чун бихишти хуреро чандин сол дар бар гирад, вай сер  нашавад, чун уро бигузорад, аз вай чудо нашавад; дархол ба  холати бакорат бозгардад.

Эй муъмини бихишти, ин хама неъматхо аз барои ту сохтаанд. Чахд кун, то худро махрум нагардони. Ба казои Худои таъоло ризо бош, то ба он каромат бираси.

Эй бор Худоё, моро рузи гардон ба казоят ва ба ризоят.

Пайгамбар (с) фармуданд, ки чун андаруни бихишт даромадам, Идрис (а)-ро дидам. Чун кариби у расидам, шунидам, ки тасбех мегуфт. Маро дида салом кард, чавоби у боздодам. Гуфтам, ки ё пайгамбари Худой, бад-ин маком расиди ва талхии чон доданро чашиди?

Идрис (а) гуфт: – Ё пайгамбари Худой, кошки аз аввали чахон то охири чахон талхии чон кандани хама халоик  медидам ва тавфики он меёфтам, ки то ба дидори уммати ту мушарраф мегаштам.

Гуфтам: – Сабаби он чист?

Гуфт: – Чун дар бихишт даромадам, ба хар касре ва кушке, ки руй овардам ва ба хар хуре икбол намудам, маро гуфтанд, ки аз ин чо даргузар, ки аз они уммати Мухаммади Мустафо (с) аст. Баъд аз он дар бихишт кухе дидам, ки номи уро Чабалурахмат гуянд. Сари вай ба кунгураи Арш расида ва он кух аз мушку анбар аст. Чандин дар аз нукраи хом бад-ин кух тартиб додаанд.

Гуфтам: – Илохо, ин аз кадом Пайгамбар ва ё Сиддик аст? Фармон даррасид, ки аз они яке аз умматони Мухаммади Мустафо (с) аст, ки ду ракаат намози бомдодро бочамоат бигузорад. Аз он чо орзу бурдам, ки кошки ман умматони туро медидам ва дар пайравии онхо мекушидам.

Идрис (а) пай-амбаре аст, ки дар холати хаёташ ба осмон рафта буд ва дар бихишт даромад ва щоло у дар бихишт аст ва у дар осмон талхии чон доданро чашид ва боз ба кудрати Илохи зинда шуд ва то рузи кисмат у дар бихишт мебошад.

Расули акрам (с) фармуданд: чун аз ин чо пештар шудам, як хавз дар назарам афтод, ки дар як мавчи у хазор ранг зохир мешуд ва ба чои сангрезаи у лаълу заъфарон буд ва бар лаби он тахтхои мурассаъ аз ёкуту фируза буд ва бар хар тахт колинхои гуногун буд ва гирди хар тахте чандин хур дастархонхои алмос ва чавохир ба даст гирифта истода буданд. Аз Ризвон пурсидам, ки ин кадом хавз аст?

Гуфт: – Ин хавзи Кавсар аст. Агар як катра аз ин хавз ба дарёи талх резанд, оби он чун оби хаёт гардад ва ин тахтхо аз барои содикон ниходаанд.

Хурон шароби тахур дар даст гирифта мунтазир истодаанд. Оби он сафедтар аз барфу хушбутар аз мушку ширинтар аз ангубин ва канори он аз зари сурх аст. Ва сангрезаи он аз чавохир аст ва гили он аз мушку заъфарон аст. Ва оби он аз зери Арш меояд, чунон ки хар чо расад, тар накунад.

Агар касе дар он афтад, гарк нашавад. Ва агар касе аз он катрае бичашад, харгиз ташна намонад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки чун аз ин чо пештар шудам, чуе дидам обаш сафедтар аз ширу ширинтар аз асал ва аз мушк хушбуйтар ва аз барф хунуктар. Ва чуе дидам аз шир ва чуе дидам аз хамр ва чуи дигар дидам аз асал. Ва канори он чуйхо аз забарчад буд. Ва сангрезаи у баъзе аз ситорагони осмонро дар канори он чуйхо ниходаанд. Ва бар атрофи он мургон буданд, ки бар мисли шутурон буданд. Хар ки гушти он мургон бихурад ва аз оби он чуй бинушад, харгиз ташна нагардад. Ва дар гирди он чуйхо хаймахо дидам аз ёкут.  Пурсидам, ки ин хаймахо аз они киёнанд?

Гуфт:  Ин чои арвохи уммати ту аст.

Дар он хаймахо хурон буданд, ки руйхои онхо чун офтоб медурахшиданд ва хама овоз бардошта буданд ва ба нагмахои дилфиреб хамсоз гашта буданд. Ва садои нагмахои онго ба касрхо ва дарахтони чаннат дарпечида ва аз он нагмахо овози  хуше шунида мешуд, ки агар аз он замзама дар дунё мешуд, харгиз марг ва мехнат дар дунё намемонд.

Чабраил (а) дари хаймахоро бикушод ва пардахоро бардошт. Нигаристам, суратхое дидам, ки агар хама умр дар  сифати онхо сарф кунам, хануз кам асг. Руйхои онхо сафедтар аз шир ва сурхтар аз ёкут буд. Ва пустхои онхо нозуктар аз барги гул буду муйхои онхо сиёх тофтаву бофта.

Гуфтам, ки инхо аз они киён мебошанд?

Гуфт:  Аз они ту ва уммати туанд.

Расули акрам (с) фармуданд, ки Ризвонро пурсидам, ки муъминон дар бихишт карор гиранд ва ба айш машгул шаванд, падарону модарон ва фарзандонро бинанд?

Чабраил (а) гуфтанд, ки падарону модарон ва фарзандон хама чамъ шаванд. Ва тарафи падарон хамчунин то Одам (а) дар рузи шанбе писарон мехмони падарон бошанд. Дар рузи якшанбе падарон мехмони писарон бошанд, дар рузи Душанбе шогирдон мехмони устодон бошанд. Дар рузи сешанбе устодон мехмони шогирдон бошанд. Дар рузи чахоршанбе умматон мехмони пайгамбарон бошанд. Дар рузи панчшанбе чумлагии ахли бихишт мехмони пайгамбари мо (с) бошанд. Дар рузи чумъа дидори Худои таъолоро бубинанд ва мехмони Худои таъоло бошанд.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …