Главная / Маданият ва санъат / Бихишти чакорум, ки онро чанно туладн гуянд

Бихишти чакорум, ки онро чанно туладн гуянд

Бихишти чакорум, ки онро чанно туладн гуянд

Расули акрам (с) фармуданд, ки чун ман ва Ризвон ва Чабраил (а) аз бихишти сеюм баромадем ва расидем дар бихишти чахорум, ки онро чаннотуладн гуянд ва он аз зумради сабзу лаъл аст. Ва баъзе аз кунгурахои у аз гавхар ва баъзе аз марчон ва бар дари он навишта аст, ки “Ло илоха илаллоху Мухаммаду-р-расулуллох”. Дар ин бихишт сахиён ва одилон ва пархезгорон ва имомони масчидхо дароянд.

Ба ривояте хафт тоифа дароянд: аввал вафо кунандагон ба ахд, дуюм силаи рахм нигохдорандагон. Сеюм чабрдидагон. Чахорум тарсандагон аз азоби Илохи. Панчум собирон. Шашум молхои худро дар рохи Худои таъоло сарфкунандагон. Хафтум содикон дар гуфтору кирдор.

Хашт бихишт зери якдигар аст бар осмони хафтум ва болои онхо арш аст. Хар яке дарачот боандозаи тоат биёбанд. Ва хама чизхоро бинад, ки на чашми у дида бошад ва на гуши у  шунида бошад. Ва на дар хотираш гузашта бошад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки дар чаннат дар пеши хар касре бустоне дидам ороста ва бо навъхои дарахтон зебо карда. Ва бо навъхои райхонхо ва гулхо зинат додашуда. Ва дар гулистон хафтод хазор дарахти гуногун ва бузургии он дарахтон беандоза буд. Ва шоххои баъзе аз забарчад ва бехи он дарахтон заррин буд. Мевахои гуногуне буд, ки дар гуфган рост намеояд. Ва баргхои онхо дебо ва сундус буд ва бихиштиён аз он мевахо кадом мазае хоханд, хамон маза шаванд.

Гуянд, ки бар он дарахтон себхо буд чун кузае, ки аз асал пур бошад. Чун бихитие он меваро ба даст орад ва бишканад аз миёни он хуре чун мох берун ояд, ки точ бар сари у, ангуштари сабохат дар ангушт. Ин неъматхо насиби касоне бошанд, ки дар вакти неъмат шукр кунанд. Ва дар вакти мехнат ва мусибат сабр кунанд.

Гирд бар гирди бихиштиён гилмоне истода буданд ба хизмати онхо, дар зебои гуё марвориданд. На офтоб бар онхо тофта ва на бод бар онхо вазида ва на дасти касе онхоро суда.

Баъзе гуянд, ки ин гилмон кудакони онхо бошанд. Ва баъзе гуянд, ки мурод аз ин гилмон кудаконе мебошанд, ки гунох накарда бошанд, ки бар он дохили дузах шаванд. Ва тоате надоранд, ки ба сабаби он сазовори дарачоти бихишт бошанд. Ва онхоро ба хизмати бихиштиён баранд. Ва баъзе гуфтаанд, ки гилмон тоифае бошанд, ки Хак таъоло онхоро ба кудрати худ офаридааст.

Боз Расул (с) фармуданд, ки камтарин касеро аз ахли бихишт он дарача бошад, ки агар ходимеро фарёд кунанд, хазор гилмон “Лаббайка” гуянд.

Гуфтанд, ё Расулаллох, чун ходим монанди луъ-луъ бошад, махдум чи гуна бошад?

Фармуданд: – Махдумро бар ходим фазл чунон бувад, ки мохи шаби чахордах бар ситорагон.

Овардаанд, ки хар чи бихиштиро дар хотир гузарад, гилмон дар хол пеши у оранд, бе он, ки бар забон орад. Монанд ва сурати ин дар дунё чист?

Андомхо ва аъзохои мардум аст, ки чун одами чизеро биандешад ба дили худ, андомхо бидонанд ва бикунанд, бе он, ки бар забон гуянд.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …