Главная / Маданият ва санъат / Бихишти якум, ки онро Дорулхулд гуянд

Бихишти якум, ки онро Дорулхулд гуянд

Бихишти якум, ки онро Дорулхулд гуянд

Расул (с) фармуданд, ки андаруни бихишт даромадам, ки онро дорулхулд гуянд ва он аз нукраи хом аст. Кунгурахои он баъзе аз ёкути сабз аст. Ва баьзе аз лаьл ва баъзе аз дур чун пеши Ризвон назар кардам, калидхои бисёр дидам, ки адади он ба чуз Худои таъоло дигаре надонад.

Гуфтам, ин калидхо аз барои чист?

Ризвон гуфт: – Хар гох, ки яке аз умматони ту бигуяд, ки “Ло илоха илаллоху Мухаммаду-р-расулуллох”, хазрати Парвардигор кушке аз барои у бино кунад. Ва куфл бар вай нихад ва калиди он куфлро ба ман супорад. Чун субхи киёмат бидамаду он банда cap аз хоки лахад бардорад, ман калиди кушк ба вай таслим кунам, то у ба кушки худ дарояд.

Дар талаби бихишт бикуш, мешояд, ки уро талаб куни. Фазои у хуш аст ва хавои у дилкаш, сахни у равшан аст ва сохти у гулхан. Хамнишинони хилвати чонафзои у хурон аст. Бахори у бехазон аст ва рузи у бешаб аст, сангрезаи у дурру марчон аст. Мохруёни хаймахои у дилбаронанд, ки касе ба онхо даст нарасонда аст, пеш аз шумо на аз инсон, на аз чин. Дар тани хамаи онхо либосхои харир аст ва хама хоку лойи он чо мушку анбар аст.

Расул (с) фармуданд, ки аз Ризвон пурсидам, ки аз холи уммати ман чизе бигу, ки чи гуна дар бихишт дароянд?

Ризвон гуфт:  Хак таъоло бихиштро се кисм кардааст. Ду кисм аз они уммати ту ва як кисм аз они дигар умматхои гузашта. Чун муъминон дар арасоти киёмат хозир оянд, фармон даррасад, ки хар киро бар ман хакке бошад, пештар ояд. Касе барнахезад. Бори дувум боз хамин фармон  даррасад, гуянд,  Худовандо бандаро бар холик чи хак бошад?

Чавоб ояд, ки он касоне, ки дар рохи Худои таъоло гуруснаро нон дода бошанд ва ё ташнаро об додаанд ва он  касоне, ки дар вакти газаб хашми худро фуру бурдаанд ва гунохи гунахкоронро авф карда бошанд, бархезанд. Пас чамоате равон шаванд ва шитобанд ба суи бихишт.

Малоикахо пеши онхо оянд ва гуянд, ки мо шуморо ба суи бихишт равон мебинем, чи касонед?

Гуянд, ки мо дар дунё барои ризои Хак таъоло аз моли халоли худ ба дарвешон ва мустахикон хайр кардем.

Малоикахо гуянд, ки биравед ва дароед дар бихишт.

Пас гуяндае мегуяд, ки кучоянд ахли фазл?

Пас чамоате равон шаванд ба суи бихишт, малоикахо псш оянд ва гуянд: – Шумо чи касонед?

Гуянд, ки мо ахли фазлем.

Гуянд:  Фазли шумо чи буд?

Гуянд: – Чун бар мо ситам мерафт, сабр мекардем ва чун бар мо бади мерафт аз касе даргузашт менамудем.

Малоикахо гуянд: – Биравед ба хуши ва дароед дар бихишт.

Баъд аз он боз мунодис нидо кунад, ки кучоед, ахли факр?

Пас, бираванд чамоате шитобон ба суи бихишт. Малоикахо пеш оянд ва гуянд, ки шумо чи касонед?

Гуянд: – Мо боз медоштем нафси худро аз гунохон.

Малоикахо гуянд: – Биравед ба бихишт.

Бозгуяндае гуяд, ки кучоед дустони Худои таъоло?

Пас бархезанд чамоате шитобон ба суи бихишт.

Малоикахо пеш оянд ва гуянд, ки шумо чи касонед?

Гуянд: – Мо дустони Худоем.

Малоикахо гуянд:  – Дустии шумо бо Худои таъоло чи гуна буд?

Гуянд: – Моён ба ризои Худои таъоло якдигареро дуст  медоштем ва молу чони худро бо ризои Худои таъоло фидои  якдигар мекардем.

Малоикахо гуянд, ки биравед ба бихишт.

Баъд аз он хитоб ба ин тоифа даррасад, ки эй дустдоштагони ман, шумо пеш шавед, то дигаронро низ ба туфайли шумо дар бихишг дарорам.

Хама бар сари чашмаи Ризвон раванд. Фармон даррасад, ки дар он гусл кунанд, чун аз он чо берун оянд, руйхои онхо чун мохи шаби чахордах тобон бошад ва баданхои онхо сафеду равшан бошад, чун нукраи хом. Ва хар чи дар паси пушт бошад, аз тарафи сина намояд ва занхоро низ хусну чамол он чунон шавад, ки хурон рашк баранд.

Баъд аз он малоикахо дароянд, онхоро саду бист фавч кунанд. Хаштод фавч уммати ту бошанд ва чихил фавч умматони пайгамбарони дигар. Баъд аз он хамаро ба суи бихишт равон кунанд ва он гох туву уммати туро маълум кунанд ва алам, яъне парчами (байраки) сафед бар сари мубораки ту барпо кунанд. Он гох бо умматони худ дар зери алам биистед ва дар акиби Шумо аламхои пайгамбарони дигар, хар як бо умматони худ биистанд ва алами ту аз аламхои дигарон як ба дах баланд бошад.

Дар ин миён мехтари Чабраил ва Микоил ва Исрофил (а), хар яке бо табакхои нур аз хазрати Худованд ба истикболи муьминон оянд ва ман низ баробари онхо бо сад хазор бурок ва либосхои бихишти ва точхо ба истикболи муъминон бароям. Баъд аз он аввал бо ту салом кунем ва фариштагон хамаро либосхои гуногун пушонанд ва точхои нур бар cap ниханд ва камарбанд аз нур бар миён банданд ва бар бурокхо савор шаванд ва тахте аз нур биёранд, ки номи он Раф-раф бошад. Ороста ба анвоъи зевархо, ки васфи он ба чуз Парвардигори чахон касе надонад. Болои вай ту нишини ва фариштагон онро бар душ, яъне бар китфхои худ гиранд ва  точе аз нур бар сари мубораки ту ниханд ва тахтхои хама анбиё (а) дар акиби ту бошанд ва Микоил (а) ва дигар аз фариштагон табакхои нур бар сари муъминон нисор кунанд. Ва мехтари Чабраил (а) дар пеши буроки ту бошад. Ва парандагони гуногун ба суи ту парвоз кунанд. Аз бихишти анбар сиришт нагмахонон аз хар тараф сурудгуён ва кабутарони бихишт дар хавои сахро бар сари муъминон  тараннум бинавозанд ва бар сари хама соя карда бираванд. Мукаррабони бихишт бо илхони хуш ояти “Кул хуваллоху ахад” бихонанд. Ва нагмахои хуш бароранд.

Хазрати Одам (а) ва чамеъи анбиё он замон зери ливои ту бошанд. Ва гулгула дар малакут афтад, ки хазрати Мухаммади Мустафо (с) бо ахли бихишт дар бихишт мерасанд. Хурон ва гилмон бар бомхои бихишт бароянд ва фариштагон бар боми арш ба назора биистанд. Дар хар бурче аз бурчхои бихишт табли хуррами бизананд. Ва дар лашкар аламхои нур барпо кунанд. Ту бо чумлаи муьминон дар бихишти анбарсиришт дарои. Ба навъе, ки подшохон дар дунё будаанд, хама гуянд, ки “Алхамдулиллох”, ки Худованд рост кард бар мо ваъдаашро.

Расули акрам (с) фармуданд, ки чун ба деворхои бихишт назар кардам, хиште аз зар ва хиште аз нукра ва лойу хоки он аз мушку кофур дидам ва арзи онро Худои таъоло медонад. Чунон соф буд, ки аз берун дарун менамуд. Чун оина акс падид меомад..

Поён назар кардам, замини он аз зар дидам. Ва хоку гили вай аз мушк ва анбар буд. Чун ба чониби дасти рост назар кардам, хафтод хазор гунбади фируза бидидам. Чун пештар назар кардам, хафтод хазор каср аз марчон бидидам. Ва ба чониби дасти чап назар кардам, хафтод хазор кушк аз кахрабо дидам. Бузургии хар яке семоха poх буд. Ва дар хар гунбад хафтод хазор дар аз алмос буд ва дар пеши хар дар хафтод тахт аз зару ёкут буд. Ва бар гирди хар тахт хафтод курси аз лаълу ёкуг буд. Ва ба гирди хар курси хафтод хур истода буданд. Ва ба гирди хар хур хафтод гилмон буд ва ба гирди хар гилмон хафтод вилдон буданд. Ва бар сари хар як точхо аз марворид, аз зебогии либосхои онхо тамоми касрхо пурнур шуда буд. Ва аз рушноии чехраи онхо дару девор мунаввар гашта буданд.

Чун маро бидиданд, салом карданд ва дафхои шоди бинавохтанд.

Гуфтам: – Худовандо, ин хуру кусур, ки мебинам кадом пайгамбаронро медихи ва чанд хазор некбахтонро таксим мекуни?

Нидо омад, ки ё Мухаммад (а), ин хама ва он чи ки мебини як гунахгор аз осиёни уммати туро медихам.

Пайгамбар (с) фармуданд, ки чун ин нидо бишнидам, шодон шудам ва сачдаи шукр ба чой овардам.

Расули акрам (с) фармуданд, ки касре дидам, ки мевахои он пухта ва деворхои он аз зари сурху марворид ва гили он аз мушк буд. Дар хар кушке хафтод хазор сарой ва дар хар сарой хафтод  хона ва дар хар хона хафтод хазор тахт ва бар хар тахте хуре мисли офтоб тобон  нишаста буд. Дар нозуки чунон буданд, ки агар об мехурданд аз гулуяшон менамуд. Кариби он кушк чуйхои об ва шир ва ангубин ва занчабил мерафт. Ва канорахои чуй марворид ва гавхар рехта буданд. Гиёхи он аз заьфарон ва дар назди он чуйхо дарахтони сабзу азиме cap дархаво кад кашида ва болои он дарахтон мургони хушовоз дидам, ки Худои таъолоро санову мадх мегуфтанду бар ман салавот мефиристоданд.

Дар ин бихишт чуйхо дидам, ки оби онхо сафедтар аз шир ва ширинтар аз асал, хушбутар аз мушк буд. Бар лаби он чуйхо хаймахо дидам, ки дар он хурон нишаста буданд. Во овози фасех гуфтанд, ки хушо неъматхои човидони ва саъодати он кас, ки моро сано гуфт. Ва мо онхоро сано гуфтем.

Гуфтам: – Ё Чабраил (а) амино ин хушовоз кистанд?

Чабраил (а) гуфт: – Ё Расулаллох, инхоро мебинед?

Гуфтам: -Оре.

Чабраил (а) дархои хаймаро боз карду ба он чо даромадем. Хуроне дидам, ки аз онхо неку надида будам.

Гуфтам: – Ё бародар Чабраил, он хурон насиби ки хоханд шуд?

Чабраил (а) гуфт: – Ё Расулаллох, инхо хосса мар туро ва уммати туро бошанд. Ва дидам обе сафедтар аз шир ва ширинтар аз асал ва шахд. Буяш хамчун буи мушки холис ва сангрезаи у аз марчон ва марворид, Хоки у аз мушк ва анбар, гиёхи у аз заьфарон ва бар лаби хар чуйе хаймахо буд аз ёкуту забарчад. Ва дар он хаймахо хурон нишаста, нидо медоданд, ки мо неъматхои Худои таьолоем. Дур намешавем харгиз ва мо поку покизаем ва начас намешавем харгиз. Мо муаттару хушбуем ва бадбуй намешавем харгиз. Хуши ва хуррами бод мар касеро, ки насиби мо бошад ва мо насиби у бошем.

Гуфтам: ё Чабраил, амин ин чи овоз аст, ки аз ин хуштар нашунидаам?

Гуфт: – Ё Расулаллох, онхо хуронанд, мехохи бубини?

Гуфтам: – Оре.

Пас кушод Чабраил (а) дархои хаймаро. Дидам руйхои онхо  равшантар аз офтоб буд ва муйхои сари онхо бар рухсора афтода ва гарданхои онхо мурассаъ ба чавохир буд. Дар он хучрахо нишаста буданд. Хар хуреро хафгод хилия буд, яъне либосхои нозук, ки сокхои онхо менамуданд.

Гуфтам: – Хамду сано бод Худоеро, ки чунин неъматхо офаридааст.   t

Расули акрам (а) фармуданд, ки дар бихишт ду дарахт дидам. Ва мургеро дидам сабз, аз ин дарахт бархосг ва бар он дарахт биншаст. Аз он дарахте, ки бархост, он дарахт хушк мешуд ва ин дарахт дар хол сабз мешуд. Чанд бор ин ачоиб дидам.  Аз Чабраил (а) пурсидам, ки ин чи хол аст?

Гуфт: – Ин мисли олимони уммати ту аст, ки бо ту  менамоянд. Он мург, ки бар дарахти хушк менишинад, сабз мешавад. Дар хар шахре, ки олим бошад, чунон ки он дарахт сабз ва ботароват аст, кори мусулмони ба он шахр ботароват

ва равнак шавад. Хар кучо, ки хузури олиме набошад, мисли

он дарахти хушк бошад, ки хукми хезуми хушкро дорад ва сухтанро шояд.

Эй бародарон ва хохарон, пас бояд, ки дуст доред олимонро, ки хайрияти кор дар ин аст ва худ дар талаби илму дониш бошед, то саодати дунё ва охират насибатон гардад.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …