Главная / Илм / Бихи

Бихи

bihi-660x330Ин меваи маълум аст, ки се синф мебошад: а) бихии ширин, ки онро бихии озод меноманд; б) бихии майхуш, яъне туршу ширин, ки ин хам бисёр аст; в) бихии махз турш. Мизочи бихии ширин дар гармиву сарди кариб дар эътидол аст ва дар дарачаи якум тар мебошад.

Хислатхои шифобахши он: инро бихуранд, дил, майна ва меъдаро кувват мебахшад; рухи хайвониро, ки манбаъи он дил аст ва рухи нафсониро, ки манбааш магзи сар аст, сурур мебахшад; пешобро меронад.

Оби бихии ширинро гарм карда бимоланд, варами дасту похо ва сустии чигари гарммизочонро ба ибро меоварад, вале хунукмизочонро зарар дорад. Бихии ширинро напухта бихуранд, аз чохои дигари бадан рехта шудани моддахои зарарнокро манъ мекунад, вале дар узвхои бадан гиреххо пайдо менамояд. Мизочи бихии турш дар дарачаи якум сард ва дар дувум хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, хислатхояш дар бобати кувват бахшидан барои меъдаи гарммизочон аз бихии ширин кавитар аст. Ва агар инро аз болои таом бихуранд, охиста исхол меоварад ва агар дар вакти холи будани меъда бихуранд, дар одамони гарммизоч дарунро мебандад.

Усораи бихии турш, яъне оби онро дар офтоб гафс гардонида бинушанд, барои иллати ростнафас, ки бемораш дароз кашида ва хобида нафас гирифта наметавонад, дамкутахи, хун кай кардан, иллати кайкуни, дафъи хумор, таскин додани ташнаги, бисёр пешоб шудан ва дигар хунравихо даво мебошад.

Мизочи бихии майхуш, яъне туршу ширин дар гарми ва сарди муътадил ва дар дарачаи дувум хушк аст. Хислатхои шифобахши он: таъсир ва хусусиятхои ин кариб ба хар ду навъхои зикрёфта аст. Вале аз он хар ду гаронтар мебошад. Ба кавли хаким Курайши, агар инро аз хад бисёр бихуранд, оруг меоварад дархол.

Хар як навъи бихиро бихуранд, фарах меоварад, руххои хайвони ва нафсониро кувват медихад, бехузур (бечо) шудани дилро катъ мекунад ва аз узвхои ботини рафтани хунро манъ менамояд.

bihi-2-300x234Хурдани бихихо, хусусан ширини он фарах меоварад; васвос, дарди сар ва назлахоро дафъ мекунад, чигар, меъда ва сари меъдаро кави месозад ва сустии ин аъзоро дафъ мекунад; иштихоро ба таом бармеангезад, бачаро дар шиками хомила аз афтодан нигох медорад, бадбуйии дахонро нест менамояд, бухорхои зарарнокро, ки аз дил ва майна бароянд, манъ мекунад. Мастро хушёр, бехузур шудани дил ва иллати кайкуниро нест мекунад, ланчии баданро ба ислох меоварад: дилтапак (дилбози) ва зардпарвинро шифо мебахшад, аз дигар чохои бадан ба меъда рехта шудани моддахои зарарнок ва исхолро мебандад; тафсидани меъда ва дарди сари меъдаро, ки аз рехта шудани моддахои сухта бошад, ба ибро меоварад ва хохиши гил ва чизхои нописанд хурдани занони хомила ва кудаконро дафъ мекунад.

Худи бихиро бихуранд, дар узвхо гиреххо пайдо мекунад ва зарарнокиаш зиёда аз оби он аст. Бихиро бо асал мураббо карда бихуранд, хамаи зарархояш нест мегардад. Агар бихиро мураббо нокарда, худашро бихуранд, ба узвхои заифи даруни шикам зарар дорад, касабаи шуш, яъне рохи нафасро дагал мегардонад; иллатхои ларзак, сурфа ва кулинчро, ки варам ва дарди рудахои гафс аст, пайдо мекунад. Дар ин холат асал ва арпабодиён бихуранд, зарараш ислох меёбад.

Обашро дар сурохи закар ва фарчи занхо бичаконанд, сузиши пешоб ва захмхои рохи пешобро дафъ мекунад. Бихиро дар зери оташ бигузоранд, то он ки рангаш тира гардад, баъд онро бихуранд, исхоли кухнаро катъ мекунад, хусусан тухми бихиро дур карда ва дар чойи холии он чавзи баввои резакардашударо пур сохта бипазанд, таъсираш зиёдгар мегардад.

Микдори як бор нушидан аз оби он барои давои дар як руз то 100 грамм аст. Оби бихиро дар оташ кивом кунанд, ин руби бихи ном дорад.

Мизочи руби бихии турш дар дарачаи якум сард ва хушк аст. Ва агар инро бихуранд, моддахоеро, ки аз дигар чохои бадан ба узве рехта мешаванд, манъ мекунад; кай ва исхоли сафровиро катъ месозад ва намегузорад, ки бухорхои зарарнок аз чохои дигари бадан ба сар бароянд; ташнаги, тафс, дарди меъда ва рудахоро, ки аз моддаи мавчуда бошад, таскин медихад. Агар инро бо оби барги наъноъ биёшоманд, бехузур шудани дил ва кайи сафровиро манъ мекунад. Вале ин ба шушхои суст ва ба одамони мубталои сурфа зарар дорад.

Рубби бихии ширин аз чихати мизоч дар гармиву сарди кариб муътадил аст, вале хушки дар он голибтар, яъне бештар мебошад назар ба рубби бихии турш, хусусияти кабзкунандагиаш хам камтар аст ва дар дигар хислатхо монанди он мебошад. Ин барои одамони узвхои даруни шикам ва даруни синаашон заиф назар ба руби бихии ширин форамтар аст.

Микдори як бор хурдан аз руби бихихои ширин ва турш то 70 грамм аст. Гули тару тозаи бихи аз чихати мизоч муътадил дар гармиву сарди мебошад, андак куввати кабзкунандаги дорад. Агар инро бихуранд, дарди сар ва тугёни харорати баданро таскин медихад; дил, майна ва меъдаро кувват мебахшад.

Агар аз гули бихи мураббо тайёр карда бихуранд, узвхои даруни сина, дил, узвхои даруни шикамро кави мегардонад; тапидани дилро, ки сабабаш гарми бошад, шифо мебахшад ва баромадани бухорхои зарарнокро ба майна манъ мекунад.

Мева ва барги онро куфта, бардавом гузошта банданд, варамхои гарми чашм ва дигар узвхоро тахлил медихад ва намегузорад, ки моддахои зарарнок ба узвхо рехта шаванд, захри чонваронро аз бадан дафъ мекунад. Низ барги онро куфта гузошта банданд, захмхоро хушк мекунад.

Пашмаки руйи самари бихи ба халк ва овоз зарар дорад. Агар инро бипошанд, хуни чарохатро мебандад.

Аз бихи равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Бихиро мухарро пухта, оби онро фишурда гирифта, бо дучанди он равгани зайтун мечушонанд, то обаш бухор шуда раваду равгани холис бимонад. Вале эхтиёт намоянд, ки равган дог нагардад.

Мизочи ин равган хунук ва тар аст. Молидани ин барои сабусаки сар, мурчагазак ва захмхои даруни дахан дору мешавад. Агар ба даруни бини бичаконанд, чарх задани сар, дар гуш бичаконанд, чаранги даруни гуш; агар дар сурохи закар ва дар фарчи занхо бичаконанд, захмхои рохи пешобро, ки сузок низ меноманд, шифо мебахшад. Агар бимоланд, омадани аракро манъ мекунад. Агар бихуранд, мондагиро дафъ мекунад.

Ин равганро биёшоманд, дарди сари гарм, хун кай кардан, варами чигар, исхоли кухна, захми рудахо ва рафтани дарун аз гарми бошад, дафъ мекунад. Ва агар бо ин равган хукна кунанд, низ барои беморихои номбурда хамон асарро дорад.

Аз гули бихи низ равган тартиб медиханд монанди равгани гули сурх. Вале ин барои табобат аз равгани худи бихи заифтар аст. Луоби тухмашро бихуранд, дагалии халк ва халкумро ислох мекунад, сурфаи гарм ва хушкро шифо мебахшад; харорати меъда, сузиши забон, табхо ва дахан, инчунин хушкии онро таскин медихад. Агар инро бимоланд, сухтагии оташ ва зарари гармии офтобро дафъ мекунад. Агар инро бихоянд, кундии дандон, яъне гирифтагии онро ислох менамояд.

Магзи тухми бихи каме часпандаги дорад. Агар инро гарммизочон  бихуранд, куввати бох мебахшад; барои узвхои нафас, сурфа, гирифтагии овоз, сил ва захми сатхи даруни рудахо даво мешавад.

Микдори як бор хурдан аз магзи тухми бихи дар як руз то 9 грамм аст ва аз луоби тухми бихи то 45 грамм аст. Вале агар инро бихуранд, меъдаро заиф ва суст мегардонад. Барои ислохаш одамони гарммизоч бояд шакар бихуранд ва агар ба касони сардмизоч зиён кунад, арпабодиён бихуранд, то ислохи зарар намояд.

Тарики луч кардани тухми бихи чунин аст, ки луоби маскамонанди онро батамом чудо карда гирифта, он тухми белуобгаштаро дар халтачаи дагал баста, бо куввати комил бимоланд, пусташ чудо мегардад.

Тарики гирифтани луоби тухмаш ин тавр аст. Тухми бихиро чамъ намуда, дар латтае ё халтачае андохта, дар обе, ки микдораш мувофики он тухм бошад, як шаб тар кунанд, луоб ба даруни об мегузарад аз халтача дамида.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …