Главная / Чамъият / Бемории табобатнашаванда ва муъчиза

Бемории табобатнашаванда ва муъчиза

Сорои хаштсола аз сухбати волидонаш фахмид, ки бародари кучакаш сахт бемор асту, маблаге барои табобати у надоранд. Падар ба тозаги корашро аз даст дода буду наметавонист хазинаи чаррохии пурхарчи бародарашро бипардозад. Инчунин у шунид, ки падар ба охистаги ба модар гуфт:
20190321_112233— Факат муъчиза метавонад, писарамонро начот дихад.
Соро бо норохати ба утокаш рафту аз зери тахт кузачаи сафолини кучакашро бароварду шикаст. Сиккахоро руи тахт рехт ва онхоро шумурд, факат панч доллар буд. Сипас ба охистаги аз дари хона хорич шуд, чанд куча болотар ба дорухона расид. Назди дорухона интизори кашид, то дорусоз ба у таваччух кунад, вале дорусоз бо муштариёни дигар банд буд. Билохира токаташ ток шуду сиккахоро махкам руи пешхон рехт.
Дорусоз бо тааччуб пурсид:
— Чи мехохи азизам?
Духтарак тавзех дод, ки бародари кучакам бемор шудаасту падарам мегуяд, ки факат муъчиза метавонад уро начот дихад. Ман мехохам муъчиза бихарам, нархаш чи кадар аст?
Дорусоз гуфт:
— Мутаассифам духтарчон, вале мо инчо муъчиза намефурушем.
Чашмони духтарак пур аз ашк шуду гуфт:
— Шуморо ба Худо касам, бародарам бемори вазнин асту падарам пул надорад ва ин хама дороии ман аст. Ман аз кучо метавонам муъчиза бихарам?
Марде, ки дар гушае истода буду либоси озодаю мураттабе дошт аз Соро пурсид:
— Чи кадар пул дори?
Духтарак сиккахоро кафи дасташ рехту ба мард нишон дод.
Мард лабханде заду гуфт:
— Ох, чи чолиб! Фикр мекунам ин пул барои хариди муъчиза кофи бошад. Сипас ба ороми дасти уро гирифту гуфт:
— Ман мехохам бародару волидонатро бубинам, фикр кунам муъчизаи бародарат назди ман бошад.
Он мард доктур Ормстронг фавк-ут-тахассуси магз ва ъасаб дар Чикаго буд.
Фардои он руз ъамали чаррохи руи магзи писарак бо муваффакият анчом ёфт. Пас аз чаррохи падар назди доктур рафту гуфт:
— Аз Шумо муташаккирам, начоти писарам як муъчизаи вокеъи буд. Мехохам бидонам бобати хазинаи ъамали чаррохи чи кадар бояд пардохт кунам?
Доктур Ормстронг лабханд заду гуфт:
— Факат панч доллар!

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …