Главная / Биология / Беморихои узвхои нафаскаши ва пешгирии он

Беморихои узвхои нафаскаши ва пешгирии он

Сироят ба воситаи хаво. Микроорганизмхо ва гарду чанг дар пардаи луобии роххои болоии нафас чой гирифта, аз он чо якчоя бо луобхо берун мебарояд. Дар чунин холат аксарияти микроорганизмхо безарар мешаванд. Кисми микроорганизмхое, ки ба узвхои нафаскаши дохил мешаванд, метавонанд хар гуна беморихоро ба вучуд оранд. Грипп, сил, дарди гулу, хунок ва баъзе беморихои дигар аз хамин кабиланд.

Грипп. Гриппро вирусхо ба вучуд меоранд. Онхо заррачахои майдатарини микроскопи буда, хатто сохти хучайрави надоранд. Вирусхои грипп дар луоби бинии беморон, инчунин дар балгам ва оби дахони онхо вучуд доранд. Хангоми атса ва сулфаи одамони бемор миллионхо заррачахои ба чашм ноаёни вирусдор ба хаво пахн мешаванд. Агар ин катрахо ба узвхои нафаси одами солим дохил шаванд, у аз грипп сироят ёфта метавонад.

grip

Хамин тарик грипп аз зумраи беморихои сироятии дар хаво хосилшуда мебошад. Грипп хеле зуд пахн мешавад, бинобар ин беморони гриппро ба кору тахсил дар корхонахо, муассисахо ва донишкадахо рох додан мумкин нест. Гриппро чун нотобии серуза пиндоштан нодуруст аст. Боди он хатарнок мебошад. Беморони грипп хангоми муносибат бо одамон бояд дахону биниашонро бо бандинаи чоркабатаи докаги банданд. Бандина хаворо гузаронида, вале катрахои ангезандаи бемориро нигох медорад.

Дар вакти атса ва сулфа беморон бояд дахону биниашонро бо даструймол пушонанд ва чунин рафтор атрофиёнро аз сироят эмин медоранд.  Бемории сил. Аксар вакт ангезандаи бемории сил каламчамикроби сил буда, ба шуш зарар мерасонад. Вай дар хавои нафасгири, катрахои балгам, зарфхо, либос, сачок, ва чизхои дигаре, ки бемор истифода кардааст, мавчуд аст.

Ангезандаи бемории сил на танхо бо заррахои оби дахону бини, балки бо гарду чанг хам пахн мешавад. Дар чои рутубатноки беофтоб ангезандахои сил муддати дароз кобилияти зиндагиашро нигох дошта метавонад. Онхо дар чойхои хушку хеле равшан зуд нобуд мешаванд.

Шароити зиддисанитари ва нимгуруснагии доими сабабхои асосии дар даврахои гузашта ба таври оммави пахн шудани бемории сил будаанд. Холо бошад ба туфайли бехтар шудани шароити зиндагии ахоли бемории сил хеле кам шудааст.

Тиб дар бобати пешгири ва табобати бемории сил ба муваффакиятхои бузург ноил шудааст. Кудакону калонсолон мунтазам муоина карда мешаванд. Дар дармонгоху шифохонахои бемории сил беморонро муолича мекунанд.

Барои пешгири кардани беморихо хонахои истикомати, кучахои шахр ва бинохои чамъиятиро тоза нигох доштан зарур аст. Тоза кардани хавои шахрхо, дехот, махаллахои корхонахои саноати, хавлихои хонахои истикомати ба кабудизор кардани онхо вобаста аст.

Таъсири тамокукаши ба узвхои нафас. Дуди тамоку, гайр аз никотин боз кариб 200 модда – аз чумла гази губори ангишт, кислотаи хлорид, бензопирен, дуда ва гайра дорад, ки барои организм нихоят зарарноканд. Хангоми тамокукаши ин моддахо ба ковокии дахон ва роххои нафас боло даромада, ба пардахои луоби ва лифофаи хубобчахои шуш мечаспанд ва ба воситаи оби дахон ба меъда дохил мешаванд.

Никотин на танхо барои тамокукашон зарарнок аст, инчунин кисми зиёди он ба хаво баромада, одамони гирду атрофро захролуд мекунад. Дуди тамоку пардахои луобии ковокии дахону бини, рагхои нафас ва чашмро озурда месозад. Кариб хамаи тамокукашон гирифтори газаки рохи нафасанд, ки сулфаи чонгудози онхо ба хамин вобаста аст. Газаки доими кобилияти мухофизатии пардахои луобиро паст мекунад, зеро фагоситхо шушро аз микробхои бемориовар ва моддахои зарарноке, ки бо дуди тамоку меояд, тоза карда наметавонанд. Бинобар ин тамокукашхо, аксаран ба беморихои илтихоби ва сирояткунанда гирифтор мешаванд.

Заррачахои дуд ва катрон ба деворхои нойи нафас ва хубобчахои шуш менишинанд. Хусусиятхои мухофизатии пардахое, ки хубобчахои шушро пушонидаанд, паст мешаванд. Шуши одами тамокукаш чандириашро гум карда, нагз васеъ намешавад ва ин боиси кам шудани гунчоиши зарури ва хавогирии он мегардад.

Дар натичаи ин организм аз оксиген ба таври кофи таъмин намешавад ва одам кобилияти кориашро гум карда, худро бад хис мекунад (расми 64).  Маълум аст, ки одамони тамокукаш нисбатан ба дигарон 6-10 маротиба зиёдтар ба бемории саратони шуш дучор мешаванд.

Муайян шудааст, ки баъзе моддахои таркиби дуди тамоку (бензопирен, катрон ва гайра) боиси бемории саратон мегарданд. Тамокукаши хар сол дар тамоми мамлакатхои дунё хазорхо одамонро ба халокат мерасонад. Мубориза ба он мушкилоти чиддии ичтимои гардид. Табибон, арбобони чамъиятии бисёр мамлакатхо дар муборизаи зидди тамокукаши якчоя амал мекунанд.

Ба он Ташкилоти умумичахонии нигохдории тандурустии назди Созмони Милали Муттахид дохил шудааст. Дар як катор мамлакатхо тамокукаши хусусан дар байни чавонон кам шудааст. Мо бовар дорем, ки акли солим боло гирифта, аксар одамон аз ин одати бад катъиян даст мекашанд.

Саволхо:

  1. Кадом беморихо метавонанд ба воситаи хаво сироят кунанд?
  2. Грипп аз чи пайдо мешавад?
  3. Ин бемори аз беморон ба одамони солим чи тавр мегузарад, вай чи хавф дорад?
  4. Дар мамлакати мо барои пешгири кардани бемории сил чи тадбирхо меандешанд?
  5. Ба узвхои нафасгири тамокукаши чи таъсири зарарнок мерасонад?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …