Главная / Чамъият / Бекор кардани шартномаи мехнати бо ташаббуси корфармо

Бекор кардани шартномаи мехнати бо ташаббуси корфармо

Моддаи 42-и Кодекси Мехнат. Бекор кардани шартномаи мехнати бо ташаббуси корфармо

  1. Шартномаи мехнати бо ташаббуси корфармо метавонад бо асосхои зерин бекор карда шавад:

– бархам хурдани ташкилот ё катъ гардидани фаъолияти корфармо – шахси вокеи ва ё ихтисор шудани шумора ё вохиди кории кормандон;

– катъ намудани шартномаи мехнати бинобар иваз шудани сохибмулк, хангоми ошкор гардидани номувофикатии корманд ба вазифаи (мансаби) ишголкардааш ё кори ичро мекардааш дар натичаи нокифоягии ихтисос ё вазъи саломатиаш, ки барои давом додани хамин кор халал мерасонад, агар ин номувофикатии корманд дар натичаи аттестатсия ва ё дар асоси хулосаи тибби тасдик шуда бошад;

– бе сабабхои узрнок ухдадорихои мехнатиро, ки шартномаи мехнати ё коидахои тартиботи дохилии мехнати ба зиммаи корманд гузоштааст, мунтазам ичро накардани у, агар ба корманд пештар чорахои чазои интизоми татбик шуда бошанд;

– бе сабабхои узрнок ба кор хозир нашудан, аз чумла дар давоми рузи кори зиёда аз 3 соат набудан дар чойи кор;

– хозир нашудан ба кор дар давоми бештар аз чор мохи бефосила дар натичаи корношоямии муваккати, бе хисоб кардани рухсатии давраи хомиладори ва таваллуд, агар конунгузории Чумхурии Точикистон мухлати аз ин зиёдтари нигох доштани чойи корро (вазифаро) хангоми бемории муайян мукаррар накарда бошад. Ба кормандоне, ки бо сабаби осеби мехнати ё бемории касби кобилияти мехнатиашонро гум кардаанд, то баркарор шудани кобилияти мехнати ё мукаррар гардидани маъюби чойи кор (вазифа) нигох дошта мешавад;

– дар холати масти бар асари истеъмоли машруботи спирти, воситахои нашъадор, моддахои психотропи ё моддахои дигари мадхушкунанда хозир шудан ба кор;

– ба кувваи конуни даромадани карори макомоти дахлдори давлати оид ба дуздии молу мулк ва дигар кирдорхое, ки давом додани корро истисно менамоянд;

– аз тарафи корманд содир намудани хукуквайронкунихои дорои хусусияти коррупсиони, ки дар асоси санади суди имконияти минбаъд давом додани корро истисно менамоянд;

– аз тарафи корманд давом додани иштирок дар корпартои баъд аз ба маълумоти у расонидани карори суд дар хусуси гайриконуни эътироф намудани корпартои ва ё манъи корпартои;

– катъ гардидани ичозати корманд ба сирри давлати дар холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– аз тарафи рохбари макомоти ичроияи корфармо, муовини у ва ё рохбари сохтори корфармо вайрон намудани ухдадорихои мехнати, ки боиси расонидани зарари модди ба корфармо гардидааст;

– рад кардани аз муоинаи тибби гузаштан барои мукаррар намудани вокеияти дар холати масти бар асари истеъмоли машруботи спирти, воситахои нашъадор, моддахои психотропи ё моддахои дигари мадхушкунанда карор доштан;

– аз тарафи корманд вайрон намудани коидахои хифзи мехнат ё бехатари аз сухтор ва ё харакат дар наклиёт, ки боиси окибатхои вазнин, аз чумла чарохат ва садама гардидаанд ё метавонад гарданд;

– аз тарафи корманд фош намудани маълумотхои дорои сирри давлати ё дигар сирри бо конун хифзшаванда, ки ба у хангоми ичрои ухдадорихои мехнати маълум шудаанд;

– катъ кардани шартномаи мехнати бо шахси дар ду ё якчанд чой коркунанда бинобар кабули шахсе, ки дар ду ё якчанд чой кор намекунад, инчунин вобаста ба махдуд гардонидани кор дар якчанд чой, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шудааст;

– вайронкунии дагалонаи якдафъаинаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон аз чониби рохбари ташкилот (вохидхои алохидаи он) ва муовини у;

– аз чониби корманде, ки бо дороихои пулию моли бевосита кор мекунад, содир намудани кирдори зиддихукукие, ки барои нисбат ба у гум шудани боварии корфармо асос мегардад;

– аз чониби корманде, ки вазифахои тарбиявиро ичро менамояд, содир кардани рафтори бадахлокона, ки барои давом додани он кор мувофик намебошад;

– пешниходи маълумоти нодуруст, хуччатхои калбаки ва риоя накардани дигар коидахои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хангоми кабул ба кор;

– манфи будани натичаи кор дар давраи мухлати санчиш хангоми ба кор кабул намудан.

  1. Санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон, оинномахо ва низомномахо оид ба интизом метавонанд дигар асосхои иловагии бекор кардани шартномаи мехнатиро низ бо ташаббуси корфармо пешбини намоянд.
  2. Бекор кардани шартномаи мехнати аз руи асосхое, ки дар сархатхои якум (ба гайр аз бархам хурдани ташкилот ё катъ гардидани фаъолияти корфармо – шахси вокеи) ва дуюми кисми 1 моддаи мазкур, сархати дуюми моддаи 48 Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, рох дода мешавад, агар бо розигии корманд ба кори дигар гузаронидани у имконнопазир бошад.
  3. Бекор кардани шартномаи мехнати бо ташаббуси корфармо дар давраи корношоямии муваккати (ба гайр аз озодкуни мувофики сархати панчуми кисми 1 моддаи мазкур) ва дар давраи дар рухсати ё сафари хизмати будани корманд, ба истиснои холатхои бархам хурдани ташкилот, катъ шудани фаъолияти корфармо – шахси вокеи, рох дода намешавад.
  4. Яктарафа бекор кардани шартномаи мехнати аз тарафи корфармо ба истиснои холатхои пешбининамудаи моддаи мазкур манъ аст.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …