Главная / Маданият ва санъат / Бехтарин дуо барои мухофизати молу чон аз шарри шайтон

Бехтарин дуо барои мухофизати молу чон аз шарри шайтон

Хазрати Абухурайра (раз) мефармояд, ки Расулуллох (с) ба ман масъулияти нигахбонии садакахои фитрияи Рамазонро супорида буд (чунончи машгули нигахбони аз садакот будам), ки ногахон дар як шаб шахсеро дидам, ки бо харду дасташ машгули гирифтани гандум аст. Харду дасташро гирифтам ва нагузоштам, ки аз он гандумхо бардорад.

shaytonВа ба у гуфтам:

  • Хатман туро ба назди Расулуллох (с) хохам бурд.

Аммо вай шуруъ намуд ба фарёду гиряву зори ва изхори тангдасти намуд. Чунончи бар ин холи зораш рахмам омад ва уро рахо намудам. Субхи рузи дигар вакте ба назди Расулуллох (с) рафтам, Он Хазрат (с) фармуд:

  • Эй Абухурайра (раз), асири дишабаат чи кор кард?

Арз кардам:

– Ё Расулаллох (с), вай бисёр изхори факру тангдасти намуд, ба хамин хотир бар вай рахмам омад ва уро рахо намудам.

Расулуллох (с) фармуд:

  • Ба хуби бохабару огох бош, ки вай дар назди ту дуруг гуфтааст ва имшаб хам ба сурогат хохад омад.

Бинобар ин иршоди Расулуллох (с) якини комил намудам, ки вай дубора хохад омад. Ба хамин хотир дар шаби дуввум дар интизори омаданаш нишастам. Чунончи вай дубора омад ва машгули гирифтани гандум гардид. Бори дигар дастхояшро гирифтам ва нагузоштам, ки гандумро бардорад, аммо мисли шаби гузашта шуруъ ба гиряву зори ва оху фигон намуд. Ва ба андозае илтичову зори намуд, ки дилам ба холаш сухт ва уро рахо намудам. Субхи рузи баъд Расулуллох (с) фармуд:

  • Эй Абухурайра, асири дишаба чи кор кард?

Арз намудам:

  • Нисбат ба факру тангдастиаш ба шиддат илтичову зори намуд, ки бар асари он дилам ба холаш сухт ва уро рахо намудам.

Расулуллох (с) фармуд:

  • Ба хуби огох бош, ки вай дар пеши ту дуруг гуфтааст ва у дубора хохад омад.

Бо ин иршоди Расулуллох (с) якини комил намудам, ки вай дубора хохад омад ва хамин тавр хам шуд. Чунончи шаби саввум хам омад ва хамчун шабхои гузашта машгули гирифтани гандум гардид, аммо дастхояшро гирифтаму гуфтам:

  • Ин дафъа хатман туро ба назди Расулуллох (с) хохам бурд. Охир ин дафъаи саввум аст ва хар дафъа мегуи, ки дубора намеоям, аммо боз хам меои.

У гуфт:

  • Нигох кун, маро рахо кун. Ба ту калимотеро ёд медихам, ки ба хотири онхо Худованд ба ту фоида хохад расонид. Хар гох касди дар шаб хобиданро намуди, «Ояту-л- Курси»-ро бихон, ки ба баракати он Худованд бар ту нигахбониро мукаррар менамояд ва то субх туро мухофизат мекунад ва ба хотири он шайтон наметавонад ба ту наздики намояд.

Субхи рузи дигар Расулуллох (с) фармуд:

  • Асири дишаба чи кор кард?

Ман ходисаи пешомадаро накл намудам. Расулуллох (с) фармуд:

  • Огох бош, ба таваччух ба ин ки дуруггу мебошад, аммо дар ин чо вай сухани ростеро ба ту гуфтааст. Оё медони, ки вай чи касе буд? Ва то се шаб бо вай гуфтугу доштаи?

Арз намудам:

  • Не, ё Расулаллох (с).

Расулуллох (с) фармуд:

– Вай шайтони мардуд будааст, ки дар ин чанд шаб бо ту гуфтугу доштааст.

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …