Моддаи 56-и Кодекси Мехнат. Беэътибории шартномаи мехнати
- Шартномаи мехнати аз тарафи суд беэътибор дониста мешавад, агар дар холатхои зерин баста шуда бошад:
– бо фиреб, зуровари, тахдид, созиши бадкасдонаи намояндаи як тараф бо тарафи дигар ё шароити вазнин;
– ошкоро бар хилофи конун, асосхои тартиботи хукуки ва ахлок;
– руяки ва калбаки;
– бо шахси ба синни понздах нарасида бе розигии хаттии падар ё модар ва дигар шахсони тибки конунгузории Чумхурии Точикистон онхоро ивазкунанда;
– бо шахси ба синни мукаррарнамудаи Кодекси мазкур нарасида;
– бо шахси гайри кобили амал эътирофгардида;
– берун аз кобилияти хукукдории шахси хукуки;
– бо окибати махдуд кардани ваколат;
– дар натичаи гумрохи.
- Беэътибор донистани шартномаи мехнати бо гунохи корфармо сабаби ба корманд напардохтани музди мехнат, чубронпули барои рухсатии мехнатии харсолаи пардохтшаванда ва дигар имтиёзхо намегардад.
- Беэътибор донистани шартхои алохидаи шартномаи мехнати сабаби пурра бекор шудани тамоми шартхои шартномаи мехнати намегардад.