Главная / Илм / Бедгул дар Канзи Шифо (Китоб)

Бедгул дар Канзи Шифо (Китоб)

bedgul-500x330Бедгул — ин растиниро баргаш монанди барги бед аст, вале гафстар аз он. Бинобар хотири баргаш «бедгул» ном гирифтааст. Буяш андак нофорам, таъмаш талх ва тез мебошад. Гулаш зебо, ду навъ аст: навъеро гулаш сурх, дигареро сафеди моил ба зарди.

Мизочи бедгул дар дарачаи севум гарм ва хушк аст, таркибаш захр дорад. Хислатхои шифобахши он: инро факат ба берун истеъмол мекунанд, на ба дарун. Агар ба дарун истеъмол намоянд, кушандаи инсон ва чонварони дигар аст.

Барги бедгулро чун дар шароб ва анчир чушонида, 12 грамм аз он чи, ки ин чушонида шуда бошад, бо маскаи гов биёшоманд, аз зарари чонварони захрнок эмин мегарданд, дар чорпоён низ хамин гуна асар дорад.

Баргашро пухта, куфта гузошта банданд, варамхои сахтро тахлил медихад, хатто онхоро мегудозад; дарди кухнаи пушт ва дарди зонуро таскин медихад; иркуннасо (радикулит), кутур, хориш, доги кунчидак ва догхои дигари пустро дафъ мекунад.

Оби баргашро бимоланд, кутури пустро шифо мебахшад ва хориши аъзоро таскин медихад.Барги хушкашро куфта бипошанд, захмхоро ба хам оварда сихат мекунад. Агар инро занхо аз таг бардоранд, дарди бачадонро дур месозад.

Оби барг ва гули онро бимоланд, рухсораро пок мегардонад, муйро сара мекунад. Хар як кисми руйи заминии бедгулро дар об чуш дода, он обро ба маконаш бипошанд, кайк ва мурчагони чубхорро мекушад.

bedgul-2Оберо, ки як шабонаруз бедгул тар карда шуда бошад, буз, гусфанд ва дигар чонварони майда биёшоманд, мекушад. Шох ва баргашро дар равганхо чушонида, он равганро бимоланд, качали (каляра) ва кутури хайвонотро дафъ мекунад.

Аз бедгул равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Барг ва гули онро мухарро пухта, дар таносуби 100 грамм оби он 50 грамм равгани зайтун аз болояш андохта, бо оташи мулоим мечушонанд, то он ки об тамоман бухор шуда раваду равган бимонад.

Ин равганро бимоланд, качали дар ибтидо бошад, кутури решгашта, хориш, доги пес, беморихои сардмизоч, сустии асабхо, нотавонии узвхо ва дардхои пушт, дарди зонуи кухна ва монанди инро дафь мекунад.

Чун аз барги бедгул, чаккаи чургот, гугирди зард — аз хар се якмикдори гирифта, куфта, бо равгани гусфанд сиришта, ба кутури решгашта бимоланд, то хафт мартаба, билкулл шифо мебахшад. Аввал 4,5 грамм усораи барги бедро, яъне оби барги бедро дар офтоб гафс гардонида, 4,5 грамми онро бо шакар бихуранд, баданро аз ахлоти сегона (балгам, сафро, савдо) пок мекунад. Баъд ин таркиби сегонаи мазкурро дувоздах маротиба ба доги пес бимоланд, онро дафъ мекунад.

Решаи бедгул дароз, борик, шуртаъм, рангаш моил ба сурхи ва аксар сафедранг аст. Чун решаи кисми сафеди онро ба микдори каме дар шири гови навдушида чушонида, маскаи онро бигиранд, баъд камтареро аз он бихуранд, бохро (пушти камарро) кави мегардонад ва агар хангоми мубошарат маниашон зуд меомада бошад, дер меомадаги мекунад — инро ахли Хиндустон аксар истеъмол мекунанд.

Агар бедгулро дарёфт карданаш душвор гардад,: барои тахлил додани варамхои сахт ба вазни он юнучкаи зардак (говришка)-ро истифода баранд, раво мебошад ё бобунаро ба кор баранд, мумкин аст ва инчунин баробари сеяки он барги анчир низ чойи онро мегирад.

Решаи бедгул хангоми истеъмоли он ба дарун ба шуш зарар дорад. Дар ин холат асал бояд хурд, ки ислохи зарари он намояд. Микдори як бор хурдан аз решаи бедгул дар як руз аз 1,75 то 3,5 грамм аст.

Барг ва гули онро хох пухта бихуранд ва хох хом соида, кушанда аст бо гирифтор кардани дарди шадиди гулу, тафси бадан, андух, ташнаги, пурбод гардонидани шикам, берун баромадани саккои чашм ва сурх шудани он. Дар ин холат кай кардан, хукна (клизма), хурдани обгушти хунукшуда, дуг, равгани бодоми ширини сардкарда, хурдани анчир бо каме асал ва хурмои бузургдона даво мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …