Главная / Чамъият / Ба тарики назорати шикоят кардан ё эътироз овардан аз таъинот ва карори суд, ки эътибори конуни пайдо кардаанд

Ба тарики назорати шикоят кардан ё эътироз овардан аз таъинот ва карори суд, ки эътибори конуни пайдо кардаанд

Моддаи 183-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Ба тарики назорати шикоят кардан ё эътироз овардан аз таъинот ва карори суд, ки эътибори конуни пайдо кардаанд 

  1. Эътироз ё шикоят дар бораи аз нав барраси кардани таъинот ва карори суд, ки эътибори конуни пайдо кардаанд, ба истиснои карорхои Раёсати Суди Олии Чумхурии Точикистон, ба суди мархилаи назорати аз чониби прокурор, шахсе, ки ба чавобгарии маъмури кашида шудааст, химоятгар, чабрдида ва намояндаи конунии у тибки мукаррароти боби мазкур пешниход карда мешавад.
  2. Прокурори генералии Чумхурии Точикистон, муовинони у, Сарпрокурори харби, прокурорхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, прокурори наклиёти Точикистон ба карорхои суд, ки эътибори конуни пайдо кардаанд, ба тарики назорати эътироз оварда метавонанд.
  3. Раиси Суди Олии Чумхурии Точикистон, муовинони у бо максади таъмини тачрибаи ягонаи суди хукук доранд бевосита ба суди мархилаи назорати барои аз нав барраси кардани карорхои эътибори конуни пайдокардаи суд ба тарики назорати эътироз оваранд.
  4. Шахси шикояткарда хукук дорад онро бозхонад. Прокурори эътироз оварда ва прокурори болои низ хукуки бозхонди онро доранд. Бозхонди эътироз ё шикоят то огози мачлиси судие, ки дар он эътироз ё шикоят бояд барраси гардад, имконпазир аст.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …