Савол: Барои чи – чаро осмон кабуд аст? Аз чи сабаб?
Чавоб: Осмон аз он сабаб кабуд (кабут) аст ки дар он шуълаи офтоб хар хел пахн мешавад. Вакте ки нури офтоб ба замин наздик мешавад вай ба кабати атмосфераи замин бархурда хар як зараи нур ба хар тараф мераванд, ки дар натича дар назари одамон осмон кабут менамояд.

Бинед, ки одатан осмон шафобу беранг аст вале чихел боз кабуд мешуда бошад ин ачиб аст. Чихеле ки хабардорем нури офтоб аз мавчхои электрони иборат аст ва хангоми ба офтоб нигох кардан у зард метобад вале вакте ки ба осмон менигарем пас ранги кабуд зиёд аст.
Асосан нури офтоб аз мавчхои электроние мебошанд ки зичиашон гуногун аст ва хар як намуди зичии нури офтоб ба худ ранги махсусро дорад. Яъне аз офтоб рангхои гуногун мебароянд ва вакте, ки ба кабати хавоии замин бармехуранд пас онхо самташон хар тараф мепаранд.
Одатан мувофики конуни табиат харчикадаре, ки зичии намуди ранги офтоб зиёд бошад хамон кадар вай бемамоният аз кабати атмосфераи замин бемаъмоният мегузарад. Яъне рангхои Сурх, Зард, Сабз бемаъмоният ба замин меафтанд.
Вале рангхои кабут, бунафшранг ва кабутча аз сабаби баланд будани зичиаш ки бо ченаки «терагерса» хисоб мекунанд ба кабати атмосфераи замин бархурда самтхояшонро доимо иваз карда дар осомон парвоз карда мегарданд. Барои хамин хам вакте, ки ба осмон нигох мекуни пас дар назарат махз ранги кабут ба чашм мерасад.