Главная / Гуногун / Барои чи махз Мовароуннахр ватани забони Ориён гардид?

Барои чи махз Мовароуннахр ватани забони Ориён гардид?

Чавоб: Хануз дар хазорсолахои 4 ва 3 пеш аз милод дар Мовароуннахр бобокалону модаркалонхои Хинди, Эрони ва дигар халкхои Осиёи Гарби хаёт ба сар мебурданд. Онхо Ориёнро хамчун “Дастури Мукаддас”, “Дастури Парвардигор” кабул карда, аз насл ба насл медоданд, то он замоне, ки худ аз Мовароуннахр ба таргиби акоиди он нагузаштанд.

Маълумотхои археологии Осиёи Миёна гувохи онанд, ки “ачдоди хинду-ориёихо дар худуди ватани кадимаи худ, хадди акал, то асрхои аввал ё худ, хатто то миёнахои хазораи 3 пеш аз милод хамрохи ниёгони тоифахои эрони зиндаги ба сар бурдаанд. Огози аз Осиёи Миёна ба тарафи Чануб харакат кардани тоифахои ориёи такрибан ба хамин вактхо рост меояд” мегуяд Б.Гафуров.

Айнан дар хамин вакт харакати тоифахои Ориён ба Чануби Афгонистон ва Хиндустон вокеъ мегардад, мегуянд муаррихон Бобочон Гафуров, А.М. Манделштам. Дар ин бобат хафриёти сагонахои кадима дар Точикистони Чануби, дар водии дарёхои Кизилсу, Вахш ва Кофарнихон ахамияти махсус дорад. Ин далелхо аз он шохад медиханд, ки забони хинди ва эрони аз як мабдаи умуми пайдо шудаанд, “…шабохат ва каробати амик дар маданият, ташкилоти ичтимои ва сиёси, хочагидори ва тарзи зиндагии тоифахои эрони ва хинди дар саргахи таърихи хаттии онхо ва нихоят номи аслии ягонаи харду тоифа ба умумияти ачдоди эрониён ва хиндувон дар “ахди ори” далолат мекунад. Пас, мегуяд боз Б.Гафуров, вахдати хиндуэрони на факат як ходисаи забони, балки вахдати вокеии таърихист, ки дар давраи муайян ва дар як сарзамин мавчудияти худро нигох доштааст”. Ин сарзамин Мовароуннахр буд. Дар ин давра дар натичаи авч гирифтани харакати Ориён ба самтхои гуногун “боиси ба эрониён ва хиндуориёихо чудо шуда рафтани онхо гардид”.

Наздикии забонхои точики, курди, балучи, осети, славяни, гермони, келти, романи, юнони, армани ва гайрахо, ки дар замонхои кухан ва кисман имруз хам дар бисёр бобатхо мушохида мешавад, аз чихати асли пайдоиши худ ба як оила тааллук доштани онхоро нишон медихад. Ин оилаи забони Ориёни аст, ки хануз такрибан 3 хазор сол кабл аз милод авлоди Ёфат ба он асос гузошта буданд. Ватани ин забон Бохтари бузург буд.

Гарчанде, ки аз замонхои хеле кухан нахзати Ориён ба даххо мамлакатхои Аврупо пахн шуда бошад хам, дар натичаи набудани осори тадкикоти чахониён аз ин зухуроти судманд бенасиб мондаанд. Тадкикотхо нисбати нахзати Ориён, дар мамлакатхои Аврупо асосан аз асри 16-17 милоди огоз шуда, дар асри 19 мактабхои махсуси ориёшиноси ба вчуд омад. Баъзе мактабхо ба дарачае мафтуни назарияи Ориён гардиданд, ки мамолики хешро ориёни эълон карда, фазилатхои Ориёнро тахрифкорона истифода намуданд ва дар натича ба чуз забони ориёни чизи дигаре насибашон нагардид.

Омузиши мукоисавии забони санскрит бо дигар забонхои аврупои, лотини, юнони, славяни ва келти, забоншиносонро ба хулосае овард, ки кисми зиёди забонхои аврупои аз забони ягонаи асли, яъне забони ёфати, пайдо шудаанд. Назарияи пайдоиши забонхо аз як сарчашма, ки дар асоси забоншиносии мукоисави бармеояд, дар охири асри 18 аз тарафи В.Чонс ва дар огози асри 19 аз тарафи Ф.Шлегел исбод гардид.

Назарияи ба хамдигар наздик будани забонхо, таваччухи забоншиносхои олмони, аз чумла Фридрих Шлегелро ба худ чалб карда буд. Мафхуми “хинду-олмони” ба калами хамин олим мансуб аст. Франс Бопп хам тарафдори чунин  нуктаи назар буд. Бопп ва олимони англис хамаи халкхоеро, ки забонашон аз як мабдаъ пайдо шуда, ба хамдигар наздики доранд “хиндуаврупоён” номиданд. Забоншиносони олмони бошад, ба Фридрих Шлегел такя намуда хамаи ин халкхоро “хиндуолмони” номиданд. Факат олимони франсави “Ориён” мегуфтанд. Мафхуми охирин дар тамоми Аврупои нимаи дуюми асри 19 пазируфта шуд. Вале дар ибтидои асри 20 ягона шахсе, ки ба хулосаи дурусти илми омад, ин академик Н.Я.Марр буд. У хамаи забонхои халкхои ориёиро, ки хешигарии кави доранд, ба забони ягонаи ёфти, мансуб донист. Аммо ин акидаи олиро у дар замоне иброз дошт, ки тахрифгарони таърих ба сони деви сурхи хунхор, аз кузача баромада, бахри хукмронии чахон ба катли оми мислаш дар таърих дида нашуда, даст мезаданд. Осори таърихии инсониятро махв карда, баромади одамонро аз олами хайвонот эълон менамуданд.

Забонхои “хиндуаврупои” ва “хиндуолмони” гуфта гурухи забонхоеро дар назар доранд, ки бо ин забон халкхои такрибан тамоми Аврупо, Осиёи Чанубу Гарби ва кисми шимолии Хиндустон харф мезананд.Ин забонхо аслан аз забони муштараки асли, яъне аз забони ёфати пайдо шудаанд, ки бо он ниёгони кадими халкхои Мовароуннахру Хуросон сухан меронданд.

Ин ду истилох «хиндуаврупои» ва «хиндуолмони» хусусияти рамзи дошта, ба хакикати таърихи чавобгуй нест.

Мафхуми “хиндуаврупои” хусусияти чугрофи дошта, Шарку Гарбро фаро мегирад, ки дар он мардуми Хиндустон ва Аврупо зиндагони мекунанд.

Мафхуми “хиндуаврупои” дар охири асри 18 дар Аврупо пайдо шуд. Ин мафхум аз тарафи Бопп ва олимони англис чори карда шуд.

Савол: Чаро аврупоиён махз хамин мафхумро кабул карданд? Барои чи онхо фарз кардем “турониаврупои”, “форсиаврупои”, “ориаврупои” нагуфта, махз “хиндуаврупои” гуфтанд?

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …