“Як каф рушнои ба чашми ман рехт”.
Ин суханон аз китоби инсони шарифу шинохтаву махбубест, ки дар хаккаш шоир чунин навишта:
“Хар ки аз худ биравад, хайф шавад,
Хар ки аз худ наравад, Сайф шавад”.
Чунин суханонро дар бораи инсони шарифу шинохтаву махбуб метавонист танхо инсони шарифу шинохтаву махбуб бигуяд. Ва ин инсони шарифу шинохтаву махбуб Низом Косим мебошад. Сайф Рахим хам мардона икрор шуда: “Аввалин Сайфшинос Низом аст”.
Хадаф аз ин дебоча он аст, ки банда хам кушиши шинохти Низом Косимро доштам. Айёме ки бахору богшахр хамогуш буд, хабари ба дарёфти Чоизаи Рудаки пешниход шудани тозатарин дафтари ашъори Низом Косим – “Барги саломи сабз” расид. Аз ин хабар як каф рушнои ба дилам мерезад. Ба машомам буе мерасад. Ва ман шоди мекунам. Бархак, ман шодам! Охир, ин рушнои тулуъи офтоби хакикат аст. Ва шоир чи дурбинона пешбини кардааст:
“Садое мерасад аз дур,
Садое – бех зи мавчи нур –
Хаму печи диламро мекунад рушан.
Садое – нарм меборад,
Маро бар хеш меорад –
Хамегуяд аламхои маро бо ман.
Садое – пайки хохишхо,
Пур аз мехру навозишхо –
Дили сахти чахонро мекунад ботил
Ва ман хис мекунам рушан,
Ки холе меравад бо ман –
Худоро, синаам пур мешавад аз дил!”
Оре, чунин аст, чунин!
Шоир дар як шеъраш гуфта: “Шабе, ки бо ту будам, мохтоби буд”. Шабе, ки ман китобро ба даст гирифтам, шаби зулмони буд. Бале, на мохтоб буду на ситорае. Вале мохтобу ситораи ман китоби “Барги саломи сабз” буд.
Бале, имшаб китоб “хамдами дилхохи ман буд”.
Ва гуё шоир барои ман суруда:
“Олам имшаб буд зебо,
Олам имшаб буд тилло…”
Оре, оре, имшаб “як шаби зебои дунё” буд!
Бегумон номи китоб чехраи китоб аст. Бино бар ин, бояд шоиронаю зебо ва фарогири мухтавои он бошад. Бад-ин тартиб “Барги саломи сабз” мохирона корбурд шудааст.
“Барги саломи сабз ба дастони кас бинех,
Барги саломи сабз зи дастони кас бигир”.
Ин байт дар зохир сода намоянд хам, маъни ва чозибаи хосеро дорост. Дар ин робита мисрахои устод Аскар Хаким ба ёд меояд:
“Шури чанг аст ба хар бонги ситез,
Нури сулх аст ба хар харфи салом”.
Ва инак, дари арши суханро мекушоям. Маро сахнаи манзуми таърихии “Амир ва Асир” истикбол менамояд. Ин хеле ва хеле мухим аст. Аввалан, имруз ба чуз Сафармахмад Айюби дигар касе драмаи манзум намеофарад. Сониян, ба акидаи ман драмаи манзум жанри ашроф, яъне шариф аст. Ва он пеш аз хама барои асилзодахо чун обу хаво зарур мебошад. Шекспир бо драмахои манзуми худ оламгир шудааст. Сеюм, “Амир ва Асир” дорои назари тоза ва биниши таърихи буда, бозгуи олами андешахои умумибашари аст. Чист таърих? Ба ин суол Аллома Икбол чи хуб чавоб гуфта:
“Чист таърих, эй зи худ бегонае,
Достоне, киссае, афсонае.
Ин туро аз хештан огах кунад,
Ошнои кору марди рах кунад”.
Ва бисёр рамзист, ки драма бо ин мисраъхои пандомез, ки бешубха монанди зарбулмасал маъруф хохад шуд, поён меёбад:
“Шавад маглуби ин майдон хама кас,
Худоё, як ту голиб хастиву бас!”
Достони “Нома ба шох дар поёни “Шохнома” гуё “Амир ва Асир”-ро пурра мекунад ва кувват мебахшад. Шоир гуё аз чониби халки чахон хитоб мекунад:
“Аё шох Махмуд, аз хоки тар,
Агар метавони, бубардор сар,
Зи точу зи тахтат фаромуш кун,
Ба фарёду ёди дилат гуш кун”.
Чаро Фирдавсии бузургро ки чашмаи поку дилсоф, рамзи адлу инсоф буду руди суханро зи гил пок намуд, аз дарди ватандори осор сохт, кадр накарди?
“Сараш гар ба дасти ту аз тан чудост,
Сари тарс уро факат аз Худост…”
Вале ту, эй шохи баддилу бадравон, хирадро аз нохирад чудо карда натавонисти, ба хони сухан носипоси карди.
“Ба “Шохнома” чашми сар андохти,
Аз он кисмати хеш нашнохти,
Надиди, ки дунё чи сон бевафост,
Нагуфти: чафохо ба дунё чарост?”
Ва акнун бархезу бубин, ки нахли кудратат чи хосил дод!
“Бигу, аз чи бедаступо хуфтаи,
Шахиву бари сад гадо хуфтаи!”
Кунун бидон, ки бадномтарини бадномхо хасти.
“Бувад то чахон, чун ту бадном нест,
Ба бадномиат хеч анчом нест…”
Вале Фирдавси, ки тухми сухан кошта буд, умри човидона ёфт.
“Бахои сухан ин чахонаш бидод,
Худо зиндаги човидонаш бидод.
Барояш дари харду дунё кушуд,
Варо сарфарози ду дунё намуд”.
Ин хулосахо авчи адолату хакикат аст.
Ва ин авч авчи камолот аст!
II
Ва, инак, дар партави ашъори “Барги саломи сабз” уро шинохтан дорам. Худи шоир хам хаминро мехохад, биму тарсе надорад, ки мегуяд:
“Боги гул оварда, вопас доги дил бурдему бас,
Инак, эй даъвогар, он овардаву он бурдахо”.
Оре, ба ин овардаву бурдахо бо дидаи дил бояд нигарист ва бо дили гарм калам ба даст гирифт. Саъдии Шерози ба ин маъни гуфта:
“Мо калам дар сар кашидем ихтиёри хешро,
Ихтиёр он аст, к-у кисмат кунад дарвешро”.
Кисмат Низом Косимро каламрон ба дунё овард. Аз ин ру, каламро як узви тани худ карда, бо калам хамтан гаштааст. Ба харфи дигар, ганчу ганчураш ва обу донаш калам гашта. Бино бар ин:
“Як калам донад факат рохи сиришташ,
Аз сари сахти калам бин сарнавишташ”.
Бад-ин маъни, сари сахти каламаш вассофу ситоишгари дунёи зебо, сози сукут, оханги гамхо, фарёди дардхо, охи сузи чон, фигони бефигонихо, дареги бедарегихо… мебошад.
Ва ин хама бе андозаву шоирона аст!
Албатта, шоирона сухан гуфтан кори осону сода нест. Барои ин истеъдоди табии ва чашми дил доштан зарур аст. Ин аст, ки Абдулвафои Хоразми гуфта:
“Аз хохиши хеш хар ки дарвеш нашуд,
Хохандаи он ёри чафокеш нашуд.
Он бандаи худ бувад, ки дар банди хавост,
Озод касе, ки бандаи хеш нашуд”.
Шоир аз хама чиз гузашт карда, чавхари худододи истеъдодро дар хеш парварид. Гуё ин байт дар шаъни у вокеъ шуда:
“Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё тан расад ба чонон, ё чон зи тан барояд!”
Ва бо нахустмачмуаи ашъораш “Хушаи шеър” (1984) суи касе не, ба суи ганчи дунё не, ба суи ганчи дилхо рох пеш мегирад. Худ бад-ин мани гуфта:
“Суи дилхо рох чуям бо хавас
Дар чахони хубу дилчуи сухан.
Хамчу дехконам, ки умре мебарам
То ба дилхо аз дилам чуи сухан”.
Ва кобили зикр аст, ки ба касди хеш ноил гардида.
Шоир дар хама шеърхояш вокеъиятро бо ашёи нави тасвир ба риштаи шеър мекашад ва дар хамина замина ибрози розу ниёз мекунад. Мухимтар аз хама, он бо забони фахмову равон пайрези шудааст. Чуноне ки худи шоир гуфта:
“Офарида хар киро кисмат каламбанд,
Офарад як умр бояд у калампанд,
Н-оварад як умр бояд у каламфанд”.
Бале, шоир аз калимоти гарибу вахши дури чуста, ру ба забони маъмули мардум овардааст. Карнхо пеш Арасту дар рисолаи “Фанни шеър”-и хеш дар бораи гуфтори шоирона навишта буд: “Равшантарин гуфтор он аст, ки аз алфози маъмули таълиф шуда бошад”.
Аз ин ру, гуфтори шоиронаи худро табиъи тасвир намуда, забони маъмулиро бо санъатхои бадеъи хеле мохирона оростааст. Бино бар ин, осораш басо содаву самими, аммо пурмазмуну вокеъист.
Бале, Низом Косим суханро чун арусон зеб дода, хакикатро боло мебардорад ва рухи хастаи моро ба зиндагони хамсоз мегардонад. Ба кавли худи шоир:
“Мусафеди завкхоро
Мекунад охир чавон,
Охир чавон…”
Ин суханон авчи хакикат аст.
Ва ин авч авчи камолот аст!
III
Мутолиаи ашъори шоир ин гуфтаро ба ёдам меорад: “То зи худ норозиям, аз худ пушаймон нестам”. Ин аст, ки шабу руз хамрозу хамдами сухан аст. Ва аз буи сухан маст мешавад. Ин масти аз худ рафтан нест, балки бо худ будан аст.
“Шаб хама шаб маст аз буи сухан,
Менишинам руй бар руи сухан.
То сахар аз чор суи ин чахон
Менихам ман руй бар суи сухан”.
Аз буи сухан инсоне маст мешавад, ки чун гушту нохун бо модару Ватан пайванд аст.
“Он ки бо туст, сузаке дорад,
В-он ки бе туст, рузаке дорад”.
Бале, шоир руз надорад, суз дораду суз! Чу шамъе сухта дил об мекунад. Дар тасвири сангпушти бачагии худ зиндагии хешро чи шоирона ба калам медихад:
“…Зиндаги баъди ту аз куху чараш афзун маро чар
кардааст…
Сангпушти баччагии ман,
Санги хунолуди пуштат
Санги дилро андаруни синаам хар дам ба хун тар
мекунад,
Ёди ту
Хар лахзае ашки маро
Аз пуштаи рухсори ман чар мекунад…”
Бале, ин ашкхо ашки оди нестанд, хуни дили шоиранд. Шоире, ки бо хуни дил, бо доги дил ба мо боги гул мебахшад.
Модару Ватан болу пари шоиранд. Аввалан, аз модари худ хеле гарму самимона ёд мекунад, суханро тора-тора лабрези рушани руи когази сафед мерезад:
“Нозпарварди модарам будам,
Буд аз ман хамеша руи шир”.
Модаре, ки аз пушту руи ин чахон дил шуста буду пуштибонии хонадонро бар ухда дошт. Аз ин ру, аз тобу табхо дар лабаш табхол медамид.
“Дар чабинаш – печу тоби зиндаги,
Чину ожангаш – китоби зиндаги”.
Печу тоби зиндагиро дар хамон кулбахаки аз хоку аз кахгил сафед пушти сар мекунад. Аз печу тоби дил муяш сафед мешавад, кузаи пушташ аз зардоб ва косаи чашмаш аз дардоб пур мегардад. Ва нихоят, бо даргузашташ навбахорро дар чашми фарзанд хазон мекунад.
“Андаруни сина доги лола дошт,
Пуштаро аз лола доги дил намуд”.
Шоир бар рагми марг бе пуштибон зинда мемонад. Ва модар барои у хамеша зинда аст: хам дар сиришт ва хам дар сарнавишт. Бо таносуби комили сухан шеърро чамъбаст менамояд, ки:
“Зинда мемонам мани бепуштибон
Пуштаи гураш ба пуштам баъд аз ин”.
Дар шеъри “Ду калобаи нур” модари замони Чанги Бузурги Ватаниро тасвир мекунад. Ситоиши модари замони чанг сабабхои муайян ва мушаххас дорад. Ба ибораи дигар, хадафи ситоиш карор гирифтани у, пеш аз хама, мехру мухаббати шоир нисбати модар аст. Аз тарафи дигар, он замон модаре набуд, ки чанг решаи чонашро насухта бошад. Модари зор бо сад умеду хавасу орзухо шом то субх сузани медухт. Нури чашмони хеш ва хама гулхои орзуяшро бе дарег руи хар дарзи сузани мерехт. Таваччух кунед, ки шабу рузи модарро чи шоирона тасвир мекунад:
“Ришта не, рузхои хуршеди
Нури хуршед дошт дар сузан.
Мох будаш калобаи шабхо,
Риштааш мекашид аз равзан”.
Вале дарег, ки бо ин хама ранчу захмати фидокорона бар гули сузании модар лолаи догу ормони писар меафзояд.
“Сухт дар ёду хасрати фарзанд
Он кадархо ба сузани дида,
Ки гули сузаниву гулдузи
Охир уро ба дида кучида”.
Тавре, ки мебинем, орзуву ормон ва ранчу азоби модар дар шеъри у ба авч мерасад.
Ва ин авч авчи камолот аст!
IV
Барои Низом Косим ин бахо бас аст, ки китоби “Барги саломи сабз”-ро дар ягон чо пайдо карда натавонистем. Бахои дигар хуни хофизонро ба чуш овардани ин шеърхост. То чое, ки банда иттилоъ дорад, ба зиёда аз панчох суруди у оханг баста шудааст. Ва хушбахтона онхо хаёти бардавом дидаанд. Ин шохиди мувофикати комили оханг ва матн мебошад. Аз тарафи дигар ин хунари Низом Косимро мусалламан тасдик менамояд. Ва боз мухимтар бахои устодони сухан аст.
Устод Гулназар:
– Низом ба шеъри мо як тозагие ворид сохт…
Устод Сайидали Маъмур:
– Низом Косим имруз устод аст. Китобхои уро сар-сари нахонед. Суханаш вазн дорад. На танхо устод аст, балки мактаби худро дорад.
Устод Гулрухсор:
– Низом як умр не чизе пурсидааст, на сархами кардааст…
Алхак, Низом Косим хеч гох бахри чову чох ва ном талош наварзидааст. Дорои гурурест, ки аз хунару нангу ор реша мегирад. Дар драмаи “Рудаки”-и устод Сотим Улугзода чунин сухане хаст: “Оре, Рудаки ду чиз дорад, ки устод надорад: якум истеъдод, дуввум гурур”. Устод Урун Кухзод дар ин замина менависад: “Хамин ду чиз – истеъдоду гурур аст, ки фардияти одамро таъмин менамояд. Лекин истеъдоди хушку холи не ва гурури бебунёди пурбод хам не, балки истеъдоде, ки бо захмати пайваста сайкалаш медиханд ва гуруре, ки кадру кимати худро мешиносаду иззати нафсашро нигох медорад”.
Хушбахтона, ин хамаро Низом Косим доро мебошад. Ва ин сифатхо дар ашъораш хам чун як амри вокеъи чилвагар мешавад.
“Гурури хешро чун оташе дар синаам куштам,
Чу суи Каъба суи хонаи ту руй овардам”.
Мукаддастарин “Каъба” дили инсон аст. Бузургон бехуда ба даст овардани як дилро аз сад Каъба боло намедонанд. Ва ба дили инсон танхо бо рохи рост ворид шудан имконпазир аст.
Оре, Низом Косим хамеша чун калами хеш бо кади боло сарбаланд гаштааст ва хушдор додааст:
“Шавад номчу охир аз ном хор,
Шавад номагу окибат номдор”.
Аз санги дилу сангдили хам зебоиву зебогуфтори чуставу ёфтааст:
“Мабодо гар бимирам ман, туро нодида, маъзурам,
Бимон санги дилатро ёдгори дар сари гурам…”
Кобили кайд аст, ки Низом Косим хамеша хадди эътидолу инсофро риоя кардааст, дар мавкеъ ва акидаи худ устувор мондааст. Гузашта аз ин, бо рафтору кирдори худ намунаи ибрат нишон дода, шоиронеро ки ростиву хакталоши, дардошноиву мехрубони ва сидку мадонаги танхо дар шеърашон дида мешавад, мазаммат кардааст:
“Дар ашъорат, ки гуё нест аз ту,
Чунон ину чунон они, бародар!
Дар ашъорат як инсони шариф аст
Худат аз чи на он сони, бародар?”
Ин мисрахо нишон медихад, ки у нисбати онхо заррае бадбини надорад ва мазамматаш аз химояи кадру кимат ва манзалату рисолати сухан бархостааст. Ва кобили кайд аст, ки шоир барои нишон додани макоми човидонаи сухан аз устоди шеъри форси устод Рудаки фахр мекунад ва уро ба руди шодоб шабех медонад:
“Сари сарчашмахову дарёхо –
Руди шодоб – Рудаки дорем”.
Шеъри устод Рудакиро бинотарин шеър мехонад:
“Милро аз чашми миллат карда дур,
Хамчу шеъри Рудаки бино шудем”.
Ба кудрату эъчози шеъри пур аз дурру гавхари устод Рудаки эътикоди беандоза дорад. Бовари дорад, ки навои устод Рудаки чун буйи чуйи Мулиён дар саросари Точикистон чорист. Ва таъсираш руз аз руз бузургтар мешавад. Он решаву обу гил асту риштаи чону дил. Он хам мавчи туфонро монаду хам чашмаи зулолу ширинро. Аз ин ру, хамчун нушдору тавсия мекунад:
“Хар киро бинед нобино ба сатри рохи умр,
Чанд сатр аз Рудаки хонедашу бино кунед”.
Хамкаламони хешро хушдор медихад:
“Бахри чову чох андар шеър кам даъво кунед,
Хар кадар чое бувад дар шеър, чои Рудакист”.
Таъкид мекунад, ки чашми пурзиёи Рудаки хамеша суи мову шумост ва чашми бинову сарбаландии мову шумо муддао ва давои Рудакист.
“Нест пайдои ману мо шеърхои хуби мо,
Шеърхои хуби мо гумкардахои Рудакист!”
Сари ин суханон бахс кардан норавост. Зеро он ёдгоре арзанда аз гуянда асту авчи сипосу одоб.
Ва ин авч авчи камолот аст!
V
Шоир аслан зодаи ишк асту ахли дард. То захри ишк дар рагу пайвандаш чори набошад дардро эхсос нахохад кард. Чуноне ки Урфи гуфта: “То хун нахури, чошнии дард надони”. Аксаран офаридахои Низом Косим олудаи дарду гам аст. Аммо дарди у чуз дарди созанда нест. Вай хеле хубу рушан дардро мебинад ва дарку эхсос менамояд. Албатта, сухан ин чо аз дарди бузург аст, на дарди майда-чайдахои рузгор. Чахор фасли дили шоир фасли дард аст. Аз дардхои ишку чомеа ба дарди дил мерасад ва худро кашф мекунад.
“Расидан бо туям хосил нашуд харчанд аз ин рафтан,
Ба дарди дил расидам окибат, бо худ расидам ман…”
Ва агар Низом Косим чунин сифатхоро доро намешуд, шеъри “Пора” руи когаз намеомад. Пора зухуроти номатлубест, ки ваборо мемонад. Бояд зикр намуд, ки пора дар асри бист хам вучуд дошт, вале морбача буд. Дар асри бисту як он ба аждахор табдил ёфтааст, ки хама арзишхои маънавии моро берахмона ба коми худ фуру мебарад. Устод Урун Кухзод онро “эрозияи инсон” номида гуфтааст: “Ин аст эрозияи инсон, ки ба эрозияи табиат ва ахлок сахт пайваст мебошад”. Дигар на пораи дил ба кор меояду на пораи чон. Дарего, ки ин падида имруз дар ривоч аст. Ва Низом Косим наметавонад бетараф бошад ва ин аст худ мавкеи шоир. Ба кавли худи у:
“Барк гаштаму дидам: рузгор торик аст,
Раъд гаштаму чанде пуралам фигон кардам”.
Бале, у “исён”-и шоирона менамояд ва силохи худ – сухани обдору образнокро бо эхсосу масъулият ба кор мебарад. Аз ин ру, шеър шеъри хакикати хаёт мебошад.
“Ин замон
дигар намеояд ба кор
пораи дил,
пораи чон.
…Пора дода,
пора бигрифта,
пора-пора кардаанд онхо хакикатро,
пора-пора карданд онхо адолатро,
пора-пора карданд ин халку давлатро…
Хар яке монанди Заххок аст:
морхои пора хар гохе ки бар магзаш хучум орад,
порахо бигрифтаву дар панчаи морон супорад,
чанд лахза мори пора з-он пас оромаш гузорад…”
Оре, хакикати хаёт чунин аст!
Ин лахза суханони устод Фазлиддин Мухаммадиев ба ёдам омад: “Хакикати хаёт бузург аст, нопайдоканор, нотакрор аст, дар рангорангии зухуроти худ хам беназир аст. Аммо хакикати бадеи, хакикате, ки мо аз сахифаи китоб бояд дарк кунем, аз чихати тамаркуз ва шиддати мазмун ва гояхо бояд хеле зуртар ва нишонрастар бошад”.
Бад-ин маъни дар порахои боло дард аз нигохи санъати шеъри дуруст ба кор гирифта шудааст. Вале шоир бо таъкиди дард конеъ намегардад. Аввалан, аз равзанаи дард якпорагии маънавии халку давлатро чаззоб ва гарму рушан мебинад.
“…Ман намедонам, чи соне мори пора
бар дилу бар чони онхо карда кора,
лек медонам, ки ононро чу Заххок
бояд аз маснад фуровард,
дар дилу дар чонашон он морро саркуб кард!
Яъне, мебояд, ки акнун бо хама овоз гуфт:
дар диёре, ки хакикат човидон якпора аст,
дар диёре, ки адолат човидон якпора аст,
дар диёре, ки вучуди халку давлат
човидон якпора аст,
як дили монанди санги хора нест,
як каси бекораву бечора нест,
эътикоде баъд аз ин садпора нест,
пора нест!…”
Сониян, чораи рафъи дардро пешниход мекунад:
“Пора-пора карда яъне порагиронро,
пора-пора карда яъне порабахшонро,
бояд аз кишвар намудан пораро гум,
пора-пора бовариро
боз мебояд,
ки баргардонд
бар мардум!”
Дар шеъри “Футбол” хам шоир ба инъикоси образноки вокеият муваффак шудааст.
“Бо чадалхо аз кафои туб метозанд,
Харду чониб хуб мебозанд.
Мефиристад тубро Гам суи Андух,
Суи Гусса мезанад Андухи чун кух,
Гусса мепартоядаш бар суи Хори,
Хориаш меафканад бар суи Зори.
Тубро дар хар каноре интизоранд
Догу Дарду Хасрату Шарму Хичолат,
Хуллас, аз хар су пайихам мехурад лат.
Зумрае з-ин манзара шоданду мамнун,
Зумрае – як зарра махзун.
Ман факат дилхун аз ин бозии “хубам”,
Чунки ман…
Тубам”.
На танхо ифодаи дардхои чомеа, балки корбасти сухан хам дар шеърхои “Пора” ва “Футбол” таносуби комил ёфтааст ва авчи хакикати бадеъии услуби шеъри Низом Косимро дар равонию содаги чилвагар сохтааст.
Ва ин авч авчи камолот аст!
VI
Шоир ба зиндагиву табиат ва хаводиси он бо чашми дили шоирона назар мекунад. Ва дар тасвири онхо ташбеху истиъораи наву тозаро бо камоли хунарманди ба кор мебарад. Албатта, ин кобилияту махорати баландро талаб мекунад.
Ба ин абёт, ки муште аз хирворанд, таваччух кунед:
“Фасли сармо буд.
Аз сармо
Бодхо
Дарди гулу буданд.
Дар канори кучаву майдон дарахтон
Чун азодорони пеши мурдахона
Сарфуру буданд”.
* * *
“Атре зи Самарканду Бухорои ман имруз
Чуз дар газали Хочаи Шероз намонда”.
* * *
“Ин чахон хаст чарог,
Гаму дардаш – карасин,
Ману ту пилтаи онем –
бисузем дарозу кутах.
Рози ин дахр хамин асту хамин”.
Зиндагии нобасомони имруз шоирро хам побанди хеш кардааст. Вале у намехохад дар чорчубаи мукаррарии зиндаги карор дошта бошад. Аз ин ру, даст ба домони орзу мезанад, ки кош дар канори Чангали Мозандарон соате фориг зи гавгои чахон бошад.
“Гургу рубохи варо бинам ба чашми дил,
Гургу рубохи диламро афканам берун.
Гум шавам, бигзор, дар анбухияш боре,
Хешро аз чангали чахлам кунам берун”.
Дар ин шеър шоир аз санъати киноя хеле мохирона истифода кардааст, ки тафсил намехохад.
“Барф шеъри пургами поизро
Карда тахрир,
Дар китоби зиндагони
Боз шеъри хешро бинвишт имшаб”.
* * *
“Гул овардам,
Набуди,
Мондамаш махзун сари девор.
Охир омади,
Онро надиди,
Аз алам шуд хор”.
Дар “Барги саломи сабз” чунин абёти хубу дилпазир багоят зиёд аст. Ва хеч чои бахс нест, ки ин нишони авчи махорату хунармандии Низом Косим мебошад.
Ва ин авч авчи камолот аст!
VII
Бо ин чанд харфе, ки гуфта шуд, наметавон ашъори “Барги саломи сабз”-ро саропо барраси кард. Ба кавли худи шоир: “Аз калби пора-пора ду-се пора гуфтаем”. Масъалаи дигар, аз баъзе носуфтагихо низ холи набудани шеърхо мебошад ва худи шоир хам коил аст, ки мегуяд:
“Макун айби ман, гар туи додрас,
Ки беайб танхо худо хасту бас”.
Дар боби охири китоб ба як байти абру панчовупанч дубайти мебахшад. Ва бо ин хам каноат намекунад. Худро дар назди халку Ватанаш карздор мешуморад.
“Ман аз хар гушна як нон карздорам,
Зи хар мургак ду-се дон карздорам,
Зи хар кас карздорам ман каму беш,
Гули ман, аз ту як чон карздорам!”
Аз ин ру, то киёмат осоиш надорад, осоишу ороиши зиндагиро бархак аз сузиши пайвастаи хеш медонад:
“То киёмат маншаи осоишу ороишаш
Тохтанхои ман асту тухтанхои ман аст”.
Ин аст мавкеъи граждании шоир. Ба кадри чунин суханвар нарасидан гунох аст. Аз забони Сайидо мегуем, ки:
“Сайидо, бар сар намоён чо намудам хомаро,
Сар ба пояш менихам, хар кас сухан мепарварад”.
Бо ин гуфтахо метавонистем иктифо кунем. Вале тарсе дари диламро мекубад. Ин тарс аз он аст, ки байти худи шоир вокеъ нашавад:
“Эй чахон, ин нописанди бо манат дар зиндагист,
Баъди маргам мераси як руз бар табрики ман!”
Носипоси ва хакношиноси дард аст. Чуноне ки шоир гуфтааст:
“Хар кучо дарде расид, аз пай давое мерасад”.
Бале, дард даво металабад.
Ва ин авчи талаби инсоф, талаби хак аст!
Р. S.
Вакте ки ба ин макола нукта гузоштам, ин мисрахои устод Гуназар ба ёдам омад:
Дар сари синаи фигори у
Шуълаи Рудаки фурузон шуд.
Бархак, як каф рушнои ба дилам рехт!
7 майи соли 2006