Главная / Чамъият / Ба охир расидани санчиши андоз

Ба охир расидани санчиши андоз

Моддаи 35-и Кодекси Андоз. Ба охир расидани санчиши андоз

  1. Баъди ба охир расидани санчиши андоз кормандони макомоти андоз санади санчиши андозро тартиб медиханд, ки шакли онро макоми ваколатдори давлати дар мувофика бо Вазорати молияи Чумхурии Точикистон муайян менамояд.
  2. Андозсупорандае, ки дар давраи санчиши андоз бо талаби санчишкунанда хуччатхои барои муайян намудани объектхои андозбанди ва (ё) объектхои ба андозбанди алокаманд зарурро пешниход накардааст, ухдадор аст сабабхои пешниход накардани ин хуччатхоро ба таври хатти шарх дихад.
  3. Ба охир расидани санчиши хуччатии андоз рузи ба андозсупоранда супоридани санади санчиши андоз ё дар холати даст кашидани андозсупоранда аз кабули санади санчиши андоз, санаи ба у фиристодани санади санчиши андоз бо мактуби фармоишии дорои огохинома ба хисоб меравад.
  4. Агар баъди ба охир расидани санчиши андоз вайронкунии конунгузории андоз мукаррар нашавад, дар санади санчиши андоз дар ин хусус кайди дахлдор гузошта мешавад.
  5. Ба санади санчиши андоз нусхаи хуччатхои зарури, хисобхои анчомдодаи корманди макомоти андоз ва дигар маводи дар рафти санчиши андоз гирифташуда замима мегарданд.
  6. Санади санчиши андоз ба микдори на камтар аз ду нусха тартиб дода шуда, онро кормандони макоми андоз, ки санчиши андозро гузаронидаанд ва андозсупоранда имзо менамоянд. Як нусхаи санади санчиши андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) дода мешавад.
  7. Хангоми гирифтани санади санчиши андоз андозсупоранда (агенти андоз) ухдадор аст дар нусхаи дигари санад дар хусуси гирифтани он кайд кунад ва имзои худро гузорад. Хамзамон имзои андозсупоранда маънои онро надорад, ки у бо санади санчиш рози аст, ва хукуки андозсупорандаро ба шикоят кардан аз болои карорхо ва амалхои (беамалии) ин корманди макомоти андоз махдуд намекунад. Дар холати даст кашидани андозсупоранда (агенти андоз) аз кабул ва (ё) имзои санади санчиши андоз, дар ин хусус дар худи санад кайд карда мешавад. Дар ин холат санади санчиши андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) бо мактуби фармоишии дорои огохинома фиристода мешавад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Cortes_de_cadiz-1

Харакати милли дар Испания дар огози асри XX

Аз даст додани мустамликахои америкои зарбае буд бар буржуазияи Каталония ва Басконияи Испания. Дар баробари …