Главная / Чамъият / Ба охир расидани пешбурди ичрои карори таъин кардани чазои маъмури

Ба охир расидани пешбурди ичрои карори таъин кардани чазои маъмури

Моддаи 226-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Ба охир расидани пешбурди ичрои карори таъин  кардани чазои маъмури

  1. Карори таъин кардани чазои маъмури, ки пурра ичро шудааст, бо кайди дахлдор дар бораи чазои маъмурии ичрогардида аз чониби макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки карорро ба ичро расонидааст, ба судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки ин карорро кабул кардааст, баргардонида мешавад.
  2. Карори таъин кардани чазои маъмури, ки ичрои он таъмин нагардидааст ё нопурра ичро шудааст, аз чониби макоми ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) ичрокунандаи карор ба судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки ин карорро кабул кардааст, дар холатхои зерин баргардонида мешавад:

– агар дар сурогаи зикрнамудаи судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки карорро кабул кардааст, шахси вокеии ба чавобгарии маъмури кашидашуда истикомат, кор ё тахсил накунад ё шахси хукукии ба чавобгарии маъмури кашидашуда ё молу мулки шахсони зикргардида, ки ба он метавонад чазои маъмури таъин шавад, дар он сурога карор надошта бошанд;

– агар шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда молу мулк ё даромаде надошта бошад, ки ба он чазои маъмури таъин карда шавад ва тадбирхои оид ба дарёфти молу мулки чунин шахс андешидашуда бенатича монда бошанд;

– агар мухлати давомнокии ичрои карори таъин кардани чазои маъмури, ки Кодекси мазкур пешбини намудааст, гузашта бошад.

  1. Дар холатхои пешбининамудаи сархатхои якум ва дуюми кисми 2 хамин модда макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки карори таъин кардани чазои маъмури тахти ичрои у мебошад, санади дахлдор тартиб медихад ва он аз чониби макоми ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) болои тасдик карда мешавад.
  2. Баргардонидани карор оид ба таъин кардани чазои маъмури аз руи асосхои пешбининамудаи сархатхои якум ва дуюми кисми 2 хамин модда барои ичро кабул кардани карори нав дар доираи мухлати пешбининамудаи Кодекси мазкур монеа шуда наметавонад.
  3. Агар мухлати давомнокии ичрои карор гузашта бошад ва ичрои он таъмин нагардида бошад ё нопурра ичро шуда бошад, карор мутобики талаботи Кодекси мазкур ба судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки карорро кабул кардааст, баргардонида мешавад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …