Главная / Чамъият / Ба маблаги устувор ситонидани алимент барои кудакони ноболиг

Ба маблаги устувор ситонидани алимент барои кудакони ноболиг

Моддаи 83-и Кодекси оила.  Ба маблаги устувор ситонидани  алимент барои кудакони ноболиг 

  1. Хангоми набудани созишномаи падару модар дар хусуси пардохти алимент ба кудакони ноболиг ва дар холате, ки агар падар ё модари алиментдиханда музди кор ва ё даромади дигари номунтазам ё тагьирёбанда дошта бошад, ё агар ин падар ё модар музди мехнату даромади дигарро пурра ё кисман дар шакли асл (натура) ё асъори хоричи гирад, инчунин хангоми нагирифтани музди мехнат ва (ё) даромади дигар, инчунин дар холатхои дигаре, ки ситонидани алимент вобаста аз хиссаи музди мехнат ва даромади дигари падар ё модар имконнопазир, мушкил ё манфиати яке аз тарафхоро мохиятан халалдор созад, суд метавонад андозаи алименти хармоха ситонидашавандаро ба маблаги устувор ва ё хамзамон дар шакли хисса (мутобики моддаи 81 хамин Кодекс) ва бо маблаги устувор муайян намояд.
  2. Андозаи маблаги устувор аз тарафи суд дар асоси имконияти нигох доштани сатхи хадди аксари дарачаи пештараи таъминоти кудак бо назардошти вазъи моддию оилавии тарафхо ва холатхои дигари кобили таваччух муайян  карда мешавад.
  3. Агар дар назди хар кадоме аз падару модар фарзандон монда бошанд, андозаи алимент аз хар як падар ё модар ба падар ё модаре, ки камтар таъмин мебошад, бо маблаги устувори пули, ки онро суд мутобики кисми дуюми хамин модда мукаррар намудааст, хар мох ситонида мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …