Главная / Илм / Балила дар Канзи Шифо (Китоб)

Балила дар Канзи Шифо (Китоб)

balila-1-660x330Балила ин самари дарахти хинди, кулулаи андак нугдор, калонтар аз мозу, пусташ зарди гуё гардолуд ва нозуктар аз пусти халила аст. Дар тиб пусти хамин самар истеъмол мешавад.

Мизочаш дар дарачаи якум сард ва дар дувум хушк аст. Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, дарунро ба неки мебандад, меъда ва иштихоро кувват медихад, моддахои савдо ва сафроро бо исхол дафъ мекунад, бухори рутубатхоро катъ месозад, барои дафъ кардани дарди сар ва бавосир дору мешавад. Агар инро то буяш баромадан битафсонанд ва баъд куфта бихуранд, исхоли кухнаро мебандад.

Инро махин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, обравии чашмро нест мегардонад. Вале хурдани ин дарунро шах мекунад. Дар ин маврид асал бихуранд, зарараш ислох меёбад. Микдори як бор дар як руз хурдан аз балила 10,5 грамм аст. Ба чойи ин сеяки микдораш омулаи куфтаро ё баробари он гули хиноро бихуранд, равост ва ё шашяки он халилаи сиёхро хурдан мумкин аст. Агар хар руз 1,5 ё 2 грамм аз балила бо хамвазни он шакар бо оби гарм бинушанд, куввати чашмро зиёда мекунад ва обравии даханро катъ месозад.

Сурати БАЛИЛА

balila-2

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …