Главная / Гуногун / Баландшавии мавкеи Чопон дар Корея

Баландшавии мавкеи Чопон дар Корея

Дар ниман дуюми солхои 90-ум ва ибтидои асри XX хам ракобати байни мамолики империалисти барои ба худ тобеъ кардани Корея идома ёфт. Ба Чонон Кореяро ба зери итоати худ даровардан мамлакатхои империалистии Европа, аз он чумла Русия, Фаронса ва Германия халал мерасониданд. Онхо аз Чопон талаб карданд, ки нимчазираи Ляодунро ба Чин баргардонад, барои хамин Чопон мачбур шуд, ки аз ин нимчазира даст кашад.

images

Ба малика Мин муяссар шуд, ки чонибдорони Чопонро аз хукумат пеш кунад. Чавобан ба ин чопонихо боз ба табаддулоти Кукумати Корея даст заданд. Субхидами 8 октябри соли 1895 онхо бо сардории генерал Миуру гуё барои ёри ба Тэвонгун ба каср зада даромада, куштор ташкил мекунанд. Малика Мин ва баъзе наздикони у катл карда шуданд. Ин суикасд кахру газаби мардуми Кореяро ба вучуд овард. Эьтирози халк чунон пурзур буд, ки хукумати Чопон мачбур шуд Миуруро ба Чопон хонда, кори у ва ахли намояндагии Чопонро дар Корея ба додгох дихад. Лекин хамаи гумонбаршудагон бо сабаби “исбот нашудани гунох” сафед карда шуданд. Генерал Миуру бошад, дар Чопон кахрамони милли шуд. Баъди ин суикасд дар Корея чанги чирики сурат гирифт. Мохи феврали соли 1896 шохи дар каср хабсбудаи Корея фирор кард. Бо даъвати у ахолии Сеули шуришбардошта кабинети вазирони чопонимаобро торумор кард. Ду вазири ин Кабинет кушта шуданд, бокимонда ба Чопон гурехтанд. Ба чои ин хукумат хукумати зиддичопони ташкил ёфт.

Мамлакатхои дигари империалисти хам мехостанд, ки ба Корея cap дароранд. Яке аз онхо Русия буд. Моххои май – июни соли 1896 барои доираи нуфуз дар Корея байни Чопон ва Русия ду карордоди Сеул ва карордоди Маскав ба имзо расонда шуданд.

Аз руи ин карордодхо хам Русия за хам Чопон хукук ба даст дароварданд, ки ба хукумати Корея ёри расонанд. Дар ин мамлакат микдори муайяни аскарони худро дошта бошанд.

Ракобати Русияю Чопон барои ба даст даровардани мавкеъ дар Шарки Дур ва забти мустамликахо дар байни ин ду давдат чанги солхои 1904 1905-ро ба амал овард. Он аввали соли 1904 бо хучуми эскадраи Чопон ба Порт-Артур ва дар Чемулпо гарк карда шудани киштихои харбии русии “Варяг” ва “Кореете” огоз меёбад. Дар ин чанг Русия аз Чопон шикаст мехурад. Мувофики Созишномаи сулхи Портсмут (ИМА) аз 5 сентябри соли 1905 хукумати подшохии Русия манфиатхои сиёси, харби ва иктисодии Чопонро дар Корея эътироф кард як кисми каламрави худро аз даст дод. Мувофики шартномаи байни Чопон ва Корея аз 17 ноябри соли? аз болои Корея протекторати Чопон мукаррар карда шуд. Минбаъд Корея хукуки ба мамлакатхои хоричи мустакилона робита карданро аз даст дод.

Баъди мохи феврали соли 1906 таъсис додани намояндагии кулли Чопон дар Корея хукумати лухтакмонанли Корея бо сардории Ли Ванён ташкил карда шуд. Шартномаи соли 1907-и дар байни Корея ва Чопон басташуда хукумати Кореяро ба намояндаи кулли Чопон тобеъ кунонд.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

urolog

Урологи бехтарин аз Хиндустон октябри 2021 ба Точикистон меояд

Дар Маркази тиббии «Шафран» муоличаи беморихои уролочи бе чарохи тарики дастгоххои эндоскопи ва лазери аз …