Главная / Чамъият / Бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди

Бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукукИ  ва сохибкорони инфиродИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2009, №5, мод. 316;

с. 2010, №12, к. 1, мод. 828; с. 2012, №12, к. 1 мод. 1006; с. 2015, №11, мод. 972;

Конуни ЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319)

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мавзуи танзим ва доираи амали Конуни мазкур  

бакайдгирии давлатии шахсони хукукИ ва сохибкорони инфиродИ

  1. Конуни мазкур муносибатхоеро, ки хангоми бакайдгирии давлатии таъсисдихи, азнавташкилдихи ва бархамдихии шахсони хукуки, бакайдгирии давлатии шахсони вокеи ба сифати сохибкорони инфироди, катъ намудани фаъолияти онхо, бакайдгирии давлатии таъсисёби ва катъ намудани фаъолияти филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричи, пешбурд ва ворид намудани тагйиру иловахо ба Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди ба миён меоянд, танзим менамояд.
  2. Амали Конуни мазкур нисбати макомоти хокимияти давлати, ки шахси хукуки буда, тартиби таъсис додан ва фаъолияти онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад, татбик намегардад.
  3. Тартиби бакайдгирии давлатии хизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти ва, инчунин ташкилотхои чамъиятии (гайритичорати ва гайрихукуматии) давлатхои хоричи ё кайди бахисобгирии филиалу намояндагихои онхо ва  иттиходияхои динитибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. (КЧТ аз 28.12.12с., №912)

              Моддаи 2. Мафхумхои асоси  

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди (минбаъд-бакайдгирии давлати) амали макомоти вако-латдори давлати дар сохаи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди (минбаъд– макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати) дар хусуси ба расмият даровардани вокеияти хукукии таъсисёби, азнавташкилдихи ва бархамдихии шахсони хукуки, шахсони вокеи ба сифати сохибкорони инфироди ва катъ намудани фаъолияти онхо (минбаъд – сохибкорони инфироди), таъсисёби ва катъ намудани фаъолияти филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричи, инчунин ворид намудани маълумот дар бораи онхо ба Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди;

Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди (минбаъд – Фехристи ягонаи давлати) махзани ягонаи давлатии иттилооти дар бораи шахсони хукуки, филиалхо ва намояндагихои онхо, сохибкорони инфироди, филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричи;

хуччате, ки бакайдгирии давлатиро тасдик менамояд– хуччати аз чониби макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати додашуда (Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии шахси хукуки ё шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди ё Патент барои хукуки амалигардонии фаъолияти сохибкории инфироди ё Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии филиал ва намояндагии шахси хукукии хоричи, ва (ё) иктибос аз Фехристи ягонаи давлати), ки аз далели таъсисёби, азнавташкилдихи ё бархамдихии шахси хукуки, огозёби ё катъ намудани фаъолияти шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди, таъсисёби ё катъ намудани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричива ворид намудани маълумот дар бораи онхо ба Фехристи ягонаи давлати шаходат медихад; (КЧТ аз 29.12.10с., №669)

Раками ягонаи мушаххас рамзи ягонаи раками, ки ба раками раками мушаххаси андозсупоранда асос ёфта, такрорнашаванда мебошад ва хангоми бакайдгирии давлати аз чониби макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати ба шахсони хукуки, сохибкорони инфороди, филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричи дода шуда, барои мушаххасгардонии онхо хизмат мекунад; (КЧТ аз 29.12.10с., №669)

аризадиханда шахсе, ки ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати бо аризаи хатти барои бакайдгирии давлати мурочиат намудааст;

тасдики(легализатсияи) хуччатхо – тасдиккунии мутобикати хуччатхо ба конунгузории давлати баромади онхо, ифодаи асли будани имзо ва дар холатхои зарури мухр дар хуччатхо ва санадхо бо максади истифода бурдани онхо дар дигар давлат; (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1251)

гузоштани апостил– тасдик намудани  аслияти имзо, мухр (штамп) дар нусхаи асли хуччат. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1251)

   Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бакайдгирии давлатии  шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди

 Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки онхоро Точикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Бакайдгирии давлати мувофики принсипи «равзанаи ягона»

 

  1. Бакайдгирии давлати аз чониби макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати мувофики принсипи «равзанаи ягона» бе гузаронидани экспертизаи хукукии хуччатхои пешниходгардида амали гардонида мешавад.
  2. Бакайдгирии давлати мувофики принсипи «равзанаи ягона» мазмуни зеринро дорад:

1) барои бакайдгирии давлати аризадиханда хуччатхои пешбининамудаи Конуни мазкурро танхо ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати аз руи махалли чойгиршавии (сурогаи) шахси хукуки (махалли зисти рохбари шахси хукуки), махалли зисти (фаъолияти) сохибкори инфироди, махалли чойгиршавии (сурогаи) филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи (махалли зисти рохбари филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи) пешниход менамояд. Барои дурустии хуччатхои пешниходгардида ва пуррагии маълумоти дар онхо инъикосёфта аризадиханда тибки конунгузории Чумхурии Точикистон чавобгариро ба зимма дорад;

2) макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати маълумотро дар бораи шахси хукуки, сохибкори инфироди, филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричиро ба Фехристи ягонаи давлати ворид намуда, дар холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлати, инчунин хуччатхои тасдиккунандаи кайди бахисобгирии андоз, омор ва сугуртаи ичтимоии давлатиро медихад. Бакайдгирии давлати дар Фехристи ягонаи давлати бакайдгирии яквактаро дар макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати, макомоти давлатии омор ва макомоти сугуртаи ичтимоии давлатиро дар назар дорад. (КЧТ аз 29.12.10с., №669)

3) хангоми бакайдгири дар Фехристи ягонаи давлати ба субъектхо Раками ягонаи мушаххас дода мешавад, ки барои хар як шахси хукуки, сохибкори инфироди, филиал ва намояндагии шахси хукукии хоричи такрорнашаванда мебошад. cч

  1. Макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати:

1) пас аз кабули хуччатхои таъсиси дар муддати то се рузи кори нисбат ба шахсони хукуки, филиал ё намояндагихои шахсони хукукии хоричи ва дар муддати як рузи кори нисбат ба сохибкорони инфироди маълумотро ба Фехристи ягонаи давлати ворид менамоянд;

2) пас аз ичрои амалхои дар банди 1) кисми мазкур пешбинишуда, ин маълумотро дар шакли электрони барои гузаронидани кайди дохилии бахисобгири ба макомоти давлатии омор ва макомоти сугуртаи ичтимоии давлати мефиристанд ва ба  макомоти номбаршуда дастрасии онро таъмин менамоянд.(КЧТ аз 29.12.10с., №669)

  1. Макомоти давлатии омор ва макомоти сугуртаи ичтимоии давлати аз руи маълумоти гирифташуда дар муддати на дертар аз як рузи кори кайди дохилии бахисобгирии шахси хукуки, филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи ва сохибкори инфиродиро анчом дода, маълумотро доир ба шахси мазкур (бо тасдики ба кайди дохили гирифтан) дар шакли электрони ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати бозпас мефиристанд. (КЧТ аз 29.12.10с., №669)
  2. Раками ягонаи мушаххас танхо як маротиба хангоми бакайдгирии аввалия дода мешавад, дар тамоми давраи фаъолият бояд тагйир наёбад ва дар мавриди бекор гардидани бакайдгирии субъекти мушаххас ба дигар субъект дода нашавад.
  3. Субъектхои бакайдгирифташуда ухдадоранд Раками ягонаи мушаххаси худро дар мукотибаи худ бо шахсони сеюм нишон диханд.
  4. Макомоти  анчомдихандаи  бакайдгирии  давлати  хангоми додани хуччати  тасдиккунандаи  бакайдгирии давлатии шахси хукуки,

сохибкори инфироди, филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричи онхоро дар бораи ухдадории пешниход намудани хисоботи давлатии мукарраргардида ба макомоти давлатии омор, сугуртаи ичтимоии давлати бо рохи кайд намудани ин ухдадори дар хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлати хабардор мекунад.

  1. Хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлати барои кушодани суратхисобхо дар ташкилотхои бонки, инчунин барои тайёр намудани мухр ва тамгаи шахсони хукуки, сохибкорони инфироди, филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричи асос мебошад.
  2. Талаб намудани хуччатхои иловаги бо максади бакайдгирии давлати, дода шудани Раками ягонаи мушаххас, раками мушаххаси сугуртави ва рамзхои омори, ба гайр аз хуччатхои мукаррарнамудаи Конуни мазкур манъ аст.
  3. Коидахои гузаронидани бакайдгирии давлатии шахсони хукуки, сохибкорони инфироди, филиал ва намояндагихои шахсони хукукии хоричи аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. (КЧТ аз 28.12.12с., №912)

 

Моддаи 5. Макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати ва ваколатхои он

 

Макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати макомоти андози Чумхурии Точикистон мебошад.

  1. Макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати дорои ваколатхои зерин мебошад:

1) пешбурди сиёсати ягонаро дар сохаи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки, сохибкорони инфироди, филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричи таъмин менамояд;

2) Пешбурди Фехристи ягонаи давлатиро амали месозад ва дастрас будани маълумоти онро таъмин менамояд;

3) шакли аризахоро барои бакайдгирии давлати, ворид намудани тагйиру иловахо ба Фехристи ягонаи давлати, инчунин шакли хуччатхои тасдиккунандаи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки, сохибкорони инфироди, филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричиро мукаррар менамояд;

4) маълумотро дар бораи шахсони хукукии ба кайдгирифташуда, аз нав ташкилгардида ва бархамдодашуда, сохибкорони инфиродии ба кайдгирифташуда ва фаъолияташон катъгардида, намояндагихои таъсисдодашуда ва фаъолияти худро катънамудаи шахсони хукукии хоричи, тагйир ёфтани маълумоти ба Фехристи ягонаи давлати воридгардидаро дар сомонаи расмии худ чойгир намуда, онро мунтазам нав мегардонад;

5) дигар ваколатхоро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамояд.

  1. Макомоти андози Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва шахру нохияхо дорои ваколатхои зерин мебошанд:

1) бакайдгирии давлатии шахсони хукуки, сохибкорони инфироди, филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричиро амали менамоянд ва хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлатиро медиханд;

2) маълумотро дар бораи бакайдгирии давлати ба Фехристи ягонаи давлати ворид менамоянд;

3) ба Фехристи ягонаи давлати тагйиру иловахоро ворид менамоянд;

4) нусха ва маълумотномаро аз Фехристи ягонаи давлати тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур медиханд;

5) дигар ваколатхои пешбининамудаи  Конуни мазкурро амали менамоянд.

 

Моддаи 6. Бочи давлати ва пардохт барои амалхои бакайдгирии давлати

 

1.Бочи давлати барои амалхои бакайдгирии давлатии шахсони хукуки, сохибкорони инфироди, филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричи тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бочи давлати» ситонида мешавад.

  1. Барои нигохдории Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди ва пешниход намудани иктибос аз Фехристи мазкур ё додани маълумотнома дар бораи  мавчуд набудани маълумот дар бораи хар як субъект – ба андозаи ду нишондиханда барои хисобхо ба хисоби макоми анчомдихандаи бакайдгирии давлати маблаг пардохт карда мешавад. (КЧТ аз 28.12.12с., №912)

 

Моддаи 7. Пешбурди Фехристи ягонаи давлати

 

  1. Фехристи ягонаи давлати дорои маълумот дар бораи шахсони хукуки, сохибкорони инфироди, филиал ва намояндагии шахсони хукукии хоричии бакайдгирифташуда, инчунин дигар маълумоти пешбининамудаи Конуни мазкур мебошад.
  2. Тартиби гирифтан ва пешниход намудани маълумотро аз Фехристи ягонаи давлати Конуни мазкур муайян менамояд.
  3. Фехристи ягонаи давлати дар хомили электрони (магнити) ва хомили когази пеш бурда мешавад. Дар холати ба хам мувофикат накардани маълумоти Фехристи ягонаи давлати дар хомили электрони ва когази маълумоти дар воситаи хомили когази мавчудбуда хамчун асос хисобида мешавад.
  4. Пешбурди Фехристи ягонаи давлати ба воситаи хомили электрони тибки принсипхои ягонаи ташкили, якшакли, эътиборноки ошкоро, методологи ва барномавию-техники, ки хамбастагии Фехристи ягонаи давлатиро бо дигар системахо ва шабакахои иттилоотии давлати таъмин менамояд, анчом дода мешавад.
  5. Коидахои пешбурди Фехристи ягонаи давлатиро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.

 

Моддаи 8. Мазмуни Фехристи ягонаи давлати

 

  1. Фехристи ягонаи давлати маълумоти зеринро дар бораи шахси хукуки дар бар мегирад:

1) шакли ташкилию хукукии шахси хукуки;

2) номи пурраи фирмавии (дар холати мавчуд будан, инчунин номи кутохи) шахси хукуки бо забони давлатии Чумхурии Точикистон;

3) маълумот дар бораи тагйирёбии номи фирмавии шахси хукуки;

4) махалли чойгиршавии (сурогаи) шахси хукуки (рохбари шахси хукуки), маълумот дар бораи тагйир ёфтани он, маълумот барои тамос бо онхо;

5) тарзи ташкилёбии шахси хукуки (таъсисёби ё азнавташкил-дихи);

6) санаи бакайдгирии давлатии таъсисёбии шахси хукуки;

7) маълумот дар бораи муассисон (нисбати чамъиятхои сахоми маълумот оид ба дорандаи фехристи сахмдорон) ва рохбари шахси хукуки (номгуи шахси хукуки ё маълумот аз хуччате, ки шахсияти шахси вокеиро тасдик мекунад) (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319);

8) маълумот дар бораи бакайдгирии давлатии шахси хукуки, ки бо рохи азнавташкилдихи таъсис ёфтааст (шакли азнавташкилдихи, санаи бакайдгирии давлатии таъсисёбии шахси хукукие, ки бо рохи азнавташкилдихи таъсис ёфтааст (дар мавриди мавчуд будани чунин холат);

9) маълумот дар бораи филиалхо ва намояндагихои шахси хукуки (карор дар бораи таъсис ё бархам додани филиал ва намояндаги, маълумот аз хуччате ки шахсияти рохбари филиал ва намояндагиро тасдик мекунад, маълумот барои тамос бо он), махалли чойгиршавии (сурогаи) онхо, санаи ворид намудани маълумот дар бораи онхо ба Фехристи ягонаи давлати;

10) маълумот дар бораи сармояи оинномави;

11) маълумот оид ба карор доштани шахси хукуки дар чараёни бархамдихи;

12) маълумот дар бораи бархамдихии шахси хукуки;

13) намуди (намудхои) асосии фаъолияте, ки шахси хукуки нияти амали кардани онро (онхоро) дорад;

14) маълумот дар бораи макоми ваколатдори идоракунии давлати нисбат ба корхонаи давлати ва маълумот нисбат ба шахси барои ичрои вазифахои давлати ваколатдор, ки хиссаи (сахмияхои) дар сармояи оинномавии ташкилотхои тичорати карордоштаи моликияти худро дар давраи дар хизмати давлати буданаш ба шахси дигар бо хукуки идораи ба бовари асосёфта додааст, инчунин маълумот дар бораи васи ва парастори муассиси (муассисони) шахси хукуки, ки худ шахси ноболиг мебошад  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319);

15) маълумот дар бораи тамгаи моли ва тамгаи хизматрасони  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319).

  1. Фехристи ягонаи давлати дар бораи сохибкорони инфироди ва хочагихои дехкони маълумоти зеринро дар бар мегирад (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319):

1) насаб, ном, номи падар ва чинсияти сохибкори инфироди;

2) маълумот аз хуччати тасдиккунандаи шахсияти шахси вокеи;

3) сурогаи чойи истикомати доими дар Чумхурии Точикистон (сурогае, ки дар он чой сохибкори инфироди ба кайд гирифта шудааст), сурогаи чойи истикомати муваккати ва махалли анчомдихии фаъолияти сохибкори инфироди; (КЧТ аз 29.12.10с., №669)

4) шахрвандии сохибкори инфироди;

5) маълумот дар бораи хуччате, ки дар асоси он ба шахси вокеии хоричи сукунат ва амали намудани фаъолияти сохибкори дар Чумхурии Точикистон ичозат дода шудааст (раводид, варакаи бакайдгири, гувохномаи икомат (махалли зиства мухлати эътибори он); (КЧТ аз 29.12.10с., №669)

6) санаи бакайдгирии давлатии сохибкори инфироди;

7) маълумот дар бораи он, ки сохибкори инфироди дар чараёни катъ гардидани фаъолияти худ ё муфлисшави карор дорад;

8) маълумот оид ба намудхои фаъолияти асосие, ки дар асоси аризаи худ сохибкори инфироди максади амалигардонии онхоро дорад;

9) асосхои катъ намудани фаъолияти сохибкории инфироди (тибки ариза ё дигар асосхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини менамояд); (КЧТ аз 29.12.10с., №669)

10) намуди хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлатии сохибкори инфироди;

11) маълумот дар бораи тамгаи моли ва тамгаи хизматрасони  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319);

12) маълумот дар бораи аъзо ва рохбари хочагии дехкони (маълумот аз хуччате, ки шахсияти аъзои хочагии дехкониро тасдик мекунад)  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319);

13) маълумот дар бораи номи хочагии дехкони, хуччати тасдиккунандаи чудо гардидани китъаи замин, масохати китъаи замини чудогардида, махалли чойгиршави, намуд ва шакли замин аз руи таксимоти кадастри (оби, лалми, корам ва ё чарогох)  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319).

  1. Фехристи ягонаи давлати маълумоти зеринро дар бораи филиалхо ва намояндагихои шахси хукукии хоричи дар бар мегирад:

1) шакли ташкилию хукукии шахси хукукии хоричи, ки дар Чумхурии Точикистон филиал ё намояндаги таъсис додааст;

2) номи пурраи фирмавии шахси хукукии хоричи, ки филиал ё намояндаги таъсис додааст;

3) маълумот дар бораи тагйирёбии номи фирмавии шахси хукукии хоричи, ки филиал ё намояндаги таъсис додааст;

4) махалли чойгиршавии (сурогаи) шахси хукукии хоричие, ки филиал ё намояндаги таъсис додаст, инчунин маълумот дар бораи тагйир ёфтани он;

5) махалли чойгиршавии (сурогаи) филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи дар худуди Чумхурии Точикистон;

6) маълумот дар бораи рохбари филиал ва намояндагии шахси хукукии хоричи (маълумот аз хуччате, ки шахсияти шахси вокеиро тасдик мекунад, маълумот барои тамос);

7) маълумот дар бораи дар мархилаи катъ гардидани фаъолият  карор доштани филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи;

8) маълумот дар бораи катъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи;

9) намуди (намудхои) асосии фаъолияте, ки филиал ва намояндагии шахси хукукии хоричи нияти амали кардани онро (онхоро) дорад;

10) маълумот дар бораи тамгаи моли ва тамгаи хизматрасони  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319).

 

Моддаи 9. Пешниходи маълумот аз Фехристи ягонаи давлати

 

  1. Маълумоти дар Фехристи ягонаи давлати мавчудбуда ошкоро ва дастраси умум мебошад.
  2. Маълумотро аз Фехристи ягонаи давлати макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати дар муддати як рузи кори аз лахзаи гирифтани дархости хатти пешниход менамояд.
  3. Маълумот дар бораи махалли истикомат ва маълумот дар бораи хуччати тасдиккунандаи шахсияти рохбари шахси хукуки ва муассиси шахси хукуки, инчунин маълумот дар бораи хуччати тасдиккунандаи шахсияти сохибкори инфироди, ба истиснои махалли зисти у махфи мебошад.
  4. Рад намудани додани маълумот аз Фехристи ягонаи давлати, ба истиснои маълумоти пешбининамудаи кисми 3 моддаи мазкур рох дода намешавад.
  5. Маълумот аз Фехристи ягонаи давлати дар шакли иктибос ё маълумот дар бораи мавчуд набудани маълумоти дархостгардида пешниход карда мешавад.
  6. Бо тартиби пешбининамудаи конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати иктибосро аз Фехристи ягонаи давлати ба макомоти хокимияти давлати, аз чумла макомоти хифзи хукук ва судхо аз руи парвандахои дар истехсолоти онхо мавчудбуда ройгон пешниход менамояд.

 

БОБИ 2.

БАКАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ТАЪСИСЁБИИ ШАХСИ ХУКУКИ

 

Моддаи 10. Тартиби бакайдгирии давлатии таъсисёбии шахси хукуки

 

  1. Бакайдгирии давлатии таъсисёбии шахси хукукиро макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати дар махалли чойгиршавии (сурогаи) шахси хукуки дар муддати то панч рузи кори аз лахзаи пешниход намудани хуччатхое, ки  номгуи онхоро моддаи 11 Конуни мазкур пешбини намудааст, бо додани хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлатии шахси хукуки дар худи хамин муддат амали мегардонад.
  2. Агар пас аз ба охир расидани панч рузи кори макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати карорро дар бораи бакайдгирии давлати ё рад кардани бакайдгирии давлатии шахси хукуки кабул накарда бошад ва ё хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлатии шахси хукукиро надода бошад, макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати ухдадор аст фавран пас аз гузаштани мухлати дар боло нишондодашуда ба Фехристи ягонаи давлати маълумотро дар бораи таъсисёбии шахси хукуки ворид созад ва ба аризадиханда дар бораи бакайдгирии давлатии шахси хукуки Шаходатнома дихад ё онро ба сурогаи дар ариза нишондодашуда фиристад.
  3. Хуччатхоро барои бакайдгирии давлатии шахси хукуки муассисони шахси хукуки ё шахсони ваколатдори онхо пешниход карда метавонанд. Шахсони ваколатдор инхо буда метавонанд:

1) рохбари макомоти ичроияи шахси хукуки, ки ваколатхои уро карори муассисон дар бораи таъин намудани у тасдик мекунад;

2) дигар шахсе, ки аз номи муассисони шахси хукуки дар асоси ваколатнома баромад мекунад.

 

Моддаи 11. Хуччатхои пешниходшаванда барои бакайдгирии давлатии таъсисёбии шахси

                       хукуки

 

  1. Барои амалигардонии бакайдгирии давлатии таъсисёбии шахси хукуки ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати хуччатхои зерин пешниход карда мешаванд:

1) ариза барои бакайдгирии давлатии шахси хукуки аз руи шакли тасдикнамудаи макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати. Дар ариза маълумоти зерин нишон дода мешавад:

а) шакли ташкилию хукукии шахси хукуки;

б) номи пурраи (дар холати мавчуд будан, инчунин номи кутохи) фирмавии шахси хукуки бо забони давлатии Чумхурии Точикистон;

в) махалли чойгиршави (сурогаи) шахси хукуки;

г) тарзи ташкилёбии шахси хукуки (таъсисёби ё азнав-ташкилдихи);

д) маълумот дар бораи муассис (муассисон) ва рохбари шахси хукуки (номи фирмавии шахси хукуки, насаб, ном ва номи падари шахси вокеи, махалли чойгиршавии шахси вокеи ва хукуки, маълумот барои тамос);

е) намуди (намудхои) асосии фаъолияте, ки шахси хукуки нияти анчом додани онро (онхоро) дорад;

ж) санаи пешниход гардидани ариза ва имзои аризадиханда.

2) карори муассис (протоколи мачлиси муассисон) дар бораи таъсисдихии шахси хукуки. Карор дар бораи таъсисдихии шахси хукуки аз чониби муассис (муассисон)-и шахси хукуки имзо карда мешавад;

3) нусхаи хуччати тасдиккунандаи шахсияти рохбари макомоти ичроияи шахси хукукии таъсисёбанда дар сурати аз чониби рохбари макомоти ичроияи шахси хукукии таъсисёбанда пешниход гардидани  хуччат ё нусхаи хуччати тасдиккунандаи шахсият ва ваколатнома ба номи шахси ваколатдор дар сурати аз чониби шахси ваколатдори муассисон пешниход гардидани хуччатхо барои бакайдгирии давлатии шахси хукуки. Агар рохбари макоми ичроияи шахси хукукии таъсисёбанда шахрванди хоричи бошад, инчунин нусхаи хуччате, ки дар асоси он ба шахси вокеии хоричи барои сукунат ва амали намудана фаъодияти мехнати дар худуди Чумхурии Точикистон ичозат дода шудааст (раводид, варакаи бакайдгири ва гувохномаи икомат бо мухлати амали на кам аз се мох)  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319).

4) нусхаи хуччати тасдиккунандаи шахсияти хар як муассиси (шахси вокеии) шахси хукукии таъсисёбанда, инчунин нисбати муассис – чамъияти сахоми – иктибос аз фехристи сахмдорон ва хуччатхои тасдиккунандаи дорандаи фехристи сахмдорон ва маълумотномаи макомоти андоз нисбат ба муассис – шахси хукуки доир ба надоштани карзи андоз; (КЧТ аз 29.12.10с., №669; КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319).

5) дар холати таъсис додани шахси хукуки дар худуди минтакаи озоди иктисоди маълумотномаи маъмурияти минтакаи озоди иктисоди; (КЧТ аз 29.12.10с., №669)

6) иктибоси хуччат дар бораи бакайдгирии давлатии шахси хукуки ё нусха аз фехристи шахсони хукукии давлати хоричи ( ё дигар хуччати аз руи кувваи хукукиаш ба он баробар, ки макоми шахси хукукии хоричиро исбот менамояд), дар сурате, ки агар муассис шахси хукукии хоричи бошад;

7) хулосаи макомоти дахлдор дар мавриди бакайдгирии воситахои ахбори омма;

8) пардохтномаи (квитансия) бочи давлати;

9) нусхаи хуччати тасдиккунандаи махалли чойгиршавии (сурогаи) шахси хукукии таъсисёбанда. (КЧТ аз 28.12.12с., №912)

  1. Хуччатхои иловагии пешниходшаванда барои бакайдгирии давлатии шахси хукукии бо рохи азнавташкилдихи таъсисёфта инхо мебошанд:

1) карори макомоти ваколатдори шахси хукуки дар бораи азнавташкилдихи бо хатман нишон додани шакли азнавташкилдихи;

2) санади (акти) супурдан ё баланси таксимот вобаста аз шакли азнавташкилдихии шахси хукуки.

3) хулосаи макомоти давлатии зиддиинхисори дар холатхои пеш-бининамудаи кисми якуми моддаи 15 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ракобат ва махдудкунии фаъолияти инхисори дар бозорхои мол».

  1. Барои бакайдгирии давлатии шахси хукуки ба макомоти ан-чомдихандаи бакайдгирии давлати пешниход намудани Оинномаи шахси хукуки талаб карда намешавад.
  2. Барои бакайдгирии давлатии шахси хукуки пешниход на-мудани хуччати тасдиккунандаи ташаккулёбии сармояи оинномави талаб карда намешавад. Хуччати тасдиккунандаи ташаккулёбии сар-мояи оинномави ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати дар муддати як сол аз рузи бакайдгирии давлатии шахси хукуки пешниход карда мешавад. Дар холати ташкил надодани хадди акали хачми сармояи оинномави шахси хукуки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон бархам дода мешавад. Макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати хукук дорад бо талаби бархам додани чунин шахси хукуки ба суд мурочиат кунад.
  3. Хуччатхои дар бандхои 2), 3), 4), ва 6) кисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, ки бо максади бакайдгирии давлатии шахси хукуки аз чониби шахсони вокеи ё хукукии хоричи пешниход гардидаанд, бояд ба забони давлатии Чумхурии Точикистон тарчума карда шаванд. Хуччатхои дар банди 5) кисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, ки бо максади бакайдгирии давлатии шахси хукуки аз чониби шахсони вокеи ё хукукии хоричи пешниход гардидаанд, бояд тибки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон тасдик (легализатсия) карда шаванд ё ба онхо апостил гузошта шавад. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1251)
  4. Тарчумаи хуччатхои дар бандхои 2), 3), 4) ва 6) кисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, ки бо максади бакайдгирии давлатии шахси хукуки аз чониби шахсони вокеи ё хукукии хоричи пешниход гардидаанд, бояд ба тарики нотариали тасдик карда шаванд.
  5. Тасдик (легализатсия) ё гузоштани апостил ба хуччатхое, ки бо максади бакайдгирии давлатии шахси хукуки аз чониби шахсони вокеи ё хукукии хоричии мамлакатхои аъзои шартномахо ва созишномахои байналмилалии дахлдори эътирофнамудаи Точикистон пешниход мегарданд, талаб карда намешавад. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1251)
  6. Хангоми бакайдгирии давлатии таъсисёбии шахси хукукие, ки муассиси он дар худуди минтакаи оффшори ба кайд гирифта шуда, баромад менамояд, аризадиханда ухдадор аст ба макоми анчомдихандаи бакайдгирии давлати дар бораи сохибмулкони асосии шахси хукуки дар худуди минтакаи оффшори маълумот пешниход намояд  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319).
  7. Бакайдгирии давлати дар асоси пурра пешниход намудани хуччатхое, ки Конуни мазкур мукаррар намудааст, анчом дода мешавад. Талаб намудани хуччатхои иловаги аз чониби макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати манъ аст.
  8. Барои бакайдгирии давлати аризадиханда хуччатхоро шахсан пешниход менамояд.
  9. Ба аризадиханда оид ба гирифтани хуччатхо бо нишон додани номгуй ва санаи кабули онхо аз чониби макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати забонхат дода мешавад.

 

Моддаи 12. Хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлатии таъсисёбии шахси хукуки

 

  1. Хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлатии таъсисёбии шахси хукуки Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии шахси хукуки мебошад. Хамзамон, дар ин Шаходатнома бояд нишондод оид ба зарурати пешниход намудани хисоботи дахлдори омори ва хисобот оид ба сугуртаи ичтимои ба макомоти дахлдор мавчуд бошад.
  2. Дар холати гум  кардани Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии шахси хукуки муассиси (муассисон) шахси хукуки ё дигар шахсони ваколатдори шахси хукуки хукук доранд ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати оид ба гирифтани нусхаи (дубликати) он мурочиат намоянд, ки он дар муддати ду рузи кори аз лахзаи гирифтани аризаи дахлдор дода мешавад. Ба ариза эълон дар бораи аз эътибор сокит донистани Шаходатномаи гумшуда дар бораи бакайдгирии давлатии шахси хукуки, ки дар яке аз воситахои ахбори оммаи чумхурияви нашр гардидааст, замима карда мешавад.

 

БОБИ 3.

БАКАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ШАХСИ  ХУКУКИЕ,

КИ БО РОХИ АЗНАВТАШКИЛДИХИ ТАЪСИС ЁФТААСТ

 

Моддаи 13. Тартиби бакайдгирии давлатии шахси хукукие, ки бо  рохи азнавташкилдихии

                         шахси хукуки таъсис ёфтааст

 

  1. Бакайдгирии давлатии шахси хукукие, ки бо рохи азнавташкилдихи таъсис ёфтааст, бо тартиби пешбининамудаи боби II Конуни мазкур амали гардонида мешавад.
  2. Азнавташкилдихии шахсони хукуки пас аз ворид намудани тагйироти дахлдор ба Фехристи ягонаи давлати барои шахсони сеюм эътибор пайдо мекунад.(КЧТ аз 29.12.10с., №669)

 

Моддаи 14. Азнавташкилдихии шахси хукуки дар шакли муттахидшави

 

  1. Хангоми муттахидшавии ду ё зиёда шахси хукуки хукук ва ухдадорихои хар яки онхо ба шахси хукукии навтаъсис гузашта, фаъолияти шахсони хукукии муттахидгардида бо минбаъд ворид намудани маълумот ба Фехристи ягонаи давлати оид ба ин катъшави, катъ мегардад.
  2. Шахси хукукии навтаъсис бояд аз бакайдгирии давлати гузарад.

 

Моддаи 15. Азнавташкилдихии шахси хукуки дар шакли чудо кардан

 

  1. Хангоми аз хайати шахси хукуки чудо кардани як ё якчанд шахси хукуки шахсони хукукии нав таъсис меёбанд, вале шахси хукукии аввал мавчудияти худро давом медихад.
  2. Шахсони хукукии чудошуда бояд аз бакайдгирии давлати гузаранд.

 

Моддаи 16. Азнавташкилдихии шахси хукуки дар шакли хамрохкуни

 

  1. Дар  сурати  хамрохкунии як ё якчанд шахси  хукуки ба шахси хукукии дигар хукуку ухдадорихои шахсони хукукии хамрохшуда ба шахси охирон гузашта, хамзамон шахсони хукукии хамрохшуда мавчудияти худро катъ мекунанд.
  2. Макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати маълумотро оид ба катъ гардидани мавчудияти шахсони хукукии хамрохшуда ба Фехристи ягонаи давлати ворид менамояд.

 

Моддаи 17. Азнавташкилдихии шахси хукуки дар шакли таксимшави

 

  1. Хангоми таксимшавии шахси хукуки хукуку ухдадорихои он ба шахсони хукукии навтаъсис мегузарад, хамзамон шахси хукукии таксимгардида мавчудияти худро катъ намуда, ду ва ё зиёда шахсони хукукии нав таъсис меёбанд.
  2. Макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати маълумотро оид ба катъ гардидани мавчудияти шахси хукукие, ки ба ду ё зиёда шахсони хукуки таксим карда шудааст, ба Фехристи ягонаи давлати ворид намуда, бакайдгирии давлатии ду ва ё зиёда шахсони нави хукукии дар натичаи таксимкунии шахси хукуки таъсисёфтаро анчом медихад.

 

Моддаи 18. Азнавташкилдихии шахси хукуки дар шакли табдилдихи

 

Хангоми аз як шакли ташкилию хукуки ба шакли дигари ташкилию хукукии пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон табдил додани шахси хукуки макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати ба Фехристи ягонаи давлати маълумотро оид ба тагйир ёфтани шакли ташкилию хукукии шахси хукуки, ки дар ариза нишон дода шудааст, ворид менамояд.

 

БОБИ 4.

БАКАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ БАРХАМДИХИИ ШАХСИ ХУКУКИ

 

Моддаи 19. Тартиби бакайдгирии давлатии бархамдихии шахси   хукуки

 

  1. Бакайдгирии давлатии бархамдихии шахси хукуки дар асоси карори муассис (муассисон) ё макомоти ваколатдори шахси хукуки ё дар асоси карори суд, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон кабул гардидааст, пас аз ичрои расмиёти бархамдихии шахси хукукии дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбинигардида анчом дода мешавад.
  2. Муассис (муассисон) ва макомоти ваколатдори шахси хукуки ё суд, ки карор дар бораи бархам додани шахси хукукиро кабул намудаанд, ухдадоранд, ки дар муддати се рузи кори аз рузи кабул гардидани карор макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлатиро дар бораи кабул гардидани чунин карор бо замимаи карор дар бораи бархамдихии шахси хукуки огох намояд.
  3. Макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати дар асоси огохинома оид ба кабули карор дар бораи бархамдихии шахси хукуки ба Фехристи ягонаи давлати маълумотро оид ба дар мархилаи бархамдихи карор доштани шахси хукуки ворид менамояд.
  4. Бакайдгирии давлатии бархамдихии шахси хукуки дар махалли чойгиршавии (сурогаи) шахси хукуки аз чониби макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати дар муддати то панч рузи кори аз рузи пешниход намудани хуччатхои пешбининамудаи моддаи 20 Конуни мазкур амали гардонида мешавад.
  5. Бархамдихии шахси хукуки баитмомрасида ва шахси хукуки фаъолияти худро катънамуда танхо баъд аз ворид намудани маълумот дар ин хусус ба Фехристи ягонаи давлати эътироф гардида, бо додани иктибос аз Фехристи ягонаи давлати тасдик карда мешавад.

 

Моддаи 20. Хуччатхои пешниходшаванда барои анчом додани бакайдгирии давлатии

                        бархамдихии шахси хукуки

 

  1. Барои анчомдихии бакайдгирии давлатии бархамдихии шахси хукуки ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати хуччатхои зерин пешниход карда мешаванд:

1) ариза дар бораи бакайдгирии давлатии бархамдихии шахси хукуки аз руи шакли тасдикнамудаи макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати. Дар ариза тасдик карда мешавад, ки расмиёти мукаррарнамудаи конун оид ба бархамдихии шахси хукуки риоя шуда, хисоббаробаркуни бо кредиторони он ба итмом расонида шудааст;

2) тавозуни бархамдихии шахси хукуки аз руи натичаи кори комиссияи бархамдихи, ки онро  муассиси (муассисони) шахси хукуки ё макомоти дар бораи бархам додани шахси хукуки кароркабулкарда тасдик кардааст;

3) санад оид ба санчиши мачмуии  андоз, ки надоштани карзи андозро тасдик менамояд; (КЧТ аз 29.12.10с., №669)

4) Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии шахси хукукии бархамдодашаванда;

5) нусхаи эълон дар бораи бархамдихии шахси хукуки, ки дар яке аз воситахои ахбори оммаи чумхурияви нашр гардидааст;

6) хуччатхои тасдиккунанда оид ба супоридани мухрхо (тамгахо) ва баста шудани хисобхои бонки;

7) пардохтномаи (квитансия) пардохти бочи давлати.

  1. Хуччатхои дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати пас аз ба охир расидани чараёни бархамдихии шахси хукуки пешниход карда мешаванд.
  2. Хангоми бархамдихии шахси хукуки дар холати татбик намудани расмиёти муфлисшави ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати таъйиноти суд дар бораи ба охир расидани истехсолоти озмуни  пешниход карда мешавад.

 

Моддаи 201. Бархам додани шахси хукуки ва катъ намудани фаъолияти сохибкори инфироди

                         дар асоси аризаи макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати

 

Дар холати дар мухлати зиёда аз шаш мохи пай дар пай бо тартиби мукарраргардида пешниход накардани хисоботи андоз (омор ё сугуртаи  ичтимоии давлати), ё пардохт накардани андозхои мукарраршуда, ё сари вакт тагйир надодани маълумот дар Фехристи ягонаи давлати оид ба махалли чойгиршави (сурога) макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати метавонанд барои бархам додани шахси хукуки, катъ намудани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи ё сохибкори инфироди тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба суд бо ариза мурочиат намоянд. (КЧТ аз 29.12.10с., №669)

 

Моддаи 202. Хорич намудани шахси хукуки, сохибкори инфироди, филиал ва намояндагии шахси хукукии хоричии бефаъолият аз Фехристи ягонаи давлати бо карори макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати

Шахси хукуки, сохибкори инфироди, филиал ва намояндагии шахси хукукии хоричие, ки дар давоми дувоздах мохи охир пеш аз лахзаи кабули карори дахлдор аз тарафи макоми анчомдихандаи бакайдгирии давлати хисобот ва эъломияхои пешбининамудаи конунгузории андози Чумхурии Точикистонро пешниход накардаанд, фаъолияти воридоти ва содиротии гумруки анчом надодаанд ва ягон амалиёти бонки нагузаронидаанд, вокеан субъекти фаъолияташ катъшуда (минбаъд – субъекти бефаъолият) ба хисоб мераванд. Субъекти бефаъолият бо карори макоми анчомдихандаи бакайдгирии давлати бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон аз Фехристи ягонаи давлати хорич карда мешавад  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319).

 

БОБИ 5.

БАКАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ШАХСИ ВОКЕИ БА СИФАТИ СОХИБКОРИ ИНФИРОДИ

ВА КАТЪ ГАШТАНИ ФАЪОЛИЯТИ ШАХСИ ВОКЕИ БА СИФАТИ СОХИБКОРИ ИНФИРОДИ

 

Моддаи 21. Тартиби бакайдгирии давлатии шахси вокеи ба  сифати сохибкори инфироди

 

  1. Бакайдгирии давлатии шахси вокеиро ба сифати сохибкори инфироди макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати дар муддати се рузи кори аз рузи пешниход намудани хуччатхои дар моддаи 22 Конуни мазкур нишондодашуда амали мегардонад.
  2. Бакайдгирии давлатии шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди хангоми гирифтани Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии у ба сифати сохибкори инфироди ё хангоми гирифтани Патент барои хукуки амали намудани фаъолияти сохибкори дар махалли анчомдихии фаъолияти сохибкории чунин шахс амали мешавад.(КЧТ аз 29.12.10с., №669)
  3. Агар пас аз ба охир расидани мухлати дар кисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати Карорро дар бораи бакайдгирии давлати ё рад кардани бакайдгирии давлатии шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди кабул накарда бошад, макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати ухдадор аст, бе таъхир пас аз гузаштани мухлати дар боло нишондодашуда ба Фехристи ягонаи давлати маълумотро дар бораи шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди ворид созад ва ба аризадиханда хуччати тасдиккунандаи  бакайдгирии давлатии шахси вокеиро ба сифати сохибкори инфироди дихад ё онро ба сурогаи  дар ариза нишондодашуда фиристад.
  4. Ба кайдгирии давлатии шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди рох дода намешавад, агар бакайдгирии давлатии амалкунандаи у ба ин сифат, ба истиснои холати пешбининамудаи кисми 1 моддаи 35 Конуни мазкур, эътиборашро гум накарда бошад ё аз рузи кабул намудани карори суд оид ба муфлисшавии у дар натичаи конеъ гардонида натавонистани талаботи кредиторон, ки ба фаъолияти пештари сохибкории у вобаста мебошад, мухлат нагузаштааст ё мухлате, ки бо санади суд ба у хукуки ба фаъолияти сохибкори машгул шудан манъ гардидааст, ба охир нарасидааст.

 

Моддаи 22. Хуччатхои пешниходшаванда барои бакайдгирии давлатии шахси вокеи ба сифати

                        сохибкори инфироди

 

Барои амали гардонидани бакайдгирии давлатии шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати хуччатхои зерин пешниход карда мешаванд:

1) ариза барои бакайдгирии давлатии шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди аз руи шакли тасдикнамудаи макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати. Дар ариза маълумоти зерин нишон дода мешавад:

а) ному насаби шахси вокеи;

б) сурогаи чойи истикомати доими дар Чумхурии Точикистон (сурогае, ки дар он чой шахси вокеи ба кайд гирифта шудааст), сурогаи чойи истикомати муваккати ва махалли анчомдихии  фаъолияти сохибкори инфироди, маълумот барои тамос бо шахси вокеи. (КЧТ аз 29.12.10с., №669)

в) раками мушаххаси андозсупорандаи (РМА) шахси вокеи;

г) намуди (намудхои) асосии фаъолияти сохибкории инфироди, ки шахси вокеи хохиши анчом додани онро (онхоро) дорад;

д) санаи пешниход гардидани ариза ва имзои аризадиханда.

2) нусхаи хуччате, ки шахсияти шахси вокеиро тасдик мекунад, инчунин ду расми андозаи 4ч6;

3) нусхаи сертификати хукуки истифодабарии замин ё нусхаи карор дар бораи чудо намудани китъаи замин дар холати бакайдгирии хочагии дехконии (фермерии) фарди ё оилави, руйхати аъзои хочагии дехкони (фермери), раками мушаххаси андозсупоранда барои хар яки онхо; (КЧТ аз 29.12.10с., №669)

4) нусхаи хуччате, ки дар асоси он ба шахси вокеии хоричи сукунат ва амали намудани фаъолияти сохибкори дар худуди Чумхурии Точикистон ичозат дода шудааст (раводид, варакаи бакайдгири, гувохномаи икомат ба мухлати амали на кам аз шаш мох) (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319);

5) нусхаи хуччати тасдиккунандаи махалли чойгиршавии (сурогаи) фаъолияти сохибкории шахси вокеи  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319);

6) пардохтномаи (квитансия) бочи давлати, ва (ё) пардохтномаи (квитансия)-и пешпардохти маблаги Патент барои хукуки амали гардонидани фаъолияти сохибкории инфироди барои шумораи муайяни мох (мухлати амали Патент) – барои шахсоне, ки хохиши гирифтани Патент барои хукуки амали гардонидани фаъолияти сохибкории инфиродиро доранд. (КЧТ аз 29.12.10с., №669)

 

Моддаи 23. Хуччатхои тасдиккунандаи бакайдгирии давлатии шахси вокеи ба сифати

                         сохибкори инфироди

 

  1. Хуччатхои тасдиккунандаи бакайдгирии давлатии шахси вокеиро ба сифати сохибкори инфироди Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди ва ё Патент барои хукуки амали гардонидани фаъолияти сохибкории инфироди мебошанд.
  2. Шахси вокеи метавонад фаъолияти сохибкории инфиродиро дар асоси Патент барои хукуки амали гардонидани намудхои фаъолияти сохибкории инфироди тибки руйхате, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мешавад, амали намояд.
  3. Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди хуччате мебошад, ки барои машгул шудан ба хама намудхои фаъолияти сохибкори хукук медихад, агар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тартиби дигареро пешбини накарда бошанд.
  4. Шахси вокеи наметавонад дар як вакт хам сохиби Патент барои хукуки амали гардонидани фаъолияти сохибкории инфироди ва хам сохиби Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди бошад.
  5. Дар холати гум кардани Патент барои хукуки амали гардонидани фаъолияти сохибкории инфироди ё Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди, сохибкори инфироди хукук дорад ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати барои гирифтани нусхаи (дубликати) он мурочиат намояд. Нусхаи (дубликати) Патент барои хукуки амали гардонидани фаъолияти сохибкории инфироди ё Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди дар асоси аризаи сохибкори инфироди дар муддати ду рузи кори аз рузи пешниходи ариза бо кайди «Нусха (дубликат)» дода мешавад. Ба ариза эълон дар бораи аз эътибор сокит донистани Шаходатнома ё Патенти гумшуда, ки дар яке аз воситахои ахбори оммаи чумхурияви нашр гардидааст, замима мегардад.

 

Моддаи 24. Асосхои катъ гардидани фаъолияти шахси вокеи ба  сифати сохибкори инфироди

 

Бакайдгирии давлатии катъ гардидани фаъолияти шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди бо асосхои зайл амали мегардад:

1) аризаи сохибкори инфироди;

2) вафоти сохибкори инфироди;

3) карори суд дар бораи муфлис эътироф намудани сохибкори инфироди;

4) карори суд дар бораи бедарак гоибшуда ё фавтида эътироф намудани сохибкори инфироди;

5) карори суд дар бораи катъ гардидани фаъолияти сохибкори инфироди ба таври мачбури дар холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

6) санади эътибори конуни пайдонамудаи суд дар бораи махрум намудан аз хукуки машгул шудан бо фаъолияти сохибкори ба мухлати муайян;

7) бекор кардани хуччати тасдиккунандаи хукуки шахси хоричи барои муваккатан ё доими истикомат намудан ва анчом додани фаъолияти сохибкори дар худуди Чумхурии Точикистон ё ба охир расидани мухлати чунин хуччат.

 

Моддаи 25. Тартиби бакайдгирии давлатии катъ гардидани   фаъолияти шахси вокеи ба сифати

                           сохибкори  инфироди

 

  1. Бакайдгирии давлатии катъ гардидани фаъолияти шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди дар махалли бакайдгирии давлатии у дар муддати се рузи кори аз рузи пешниход намудани ариза анчом дода мешавад.
  2. Бакайдгирии давлатии катъ гардидани фаъолияти шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди пас аз ворид намудани сабт дар бораи он ба Фехристи ягонаи давлати кувваи худро гум мекунад ва бо иктибос аз Фехристи ягонаи давлати тасдик карда мешавад.
  3. Сохибкори инфиродие, ки фаъолияти худро тибки Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ба сифати сохибкори инфироди анчом медихад, дар холати пешбининамудаи бандхои 1), 3), 5), 6), ва 7)моддаи 24 Конуни мазкур дар як вакт бо додани ариза дар бораи катъ намудани фаъолияти сохибкори бояд ба макомоти андози махалли гирифтани Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди эъломияи андоз, хуччатхои тасдиккунандаи ичрои ухдадории андози  ба фаъолияти сохибкории у вобаста буда, хуччатхои тасдиккунандаи супоридани мухрхо ва махкам кардани суратхисобхои бонкиро пешниход намояд. (КЧТ аз 28.12.12с., №912)
  4. Аз чониби макомоти андоз тарики маълумотнома тасдик намудани мавчуд набудани ухдадории андози сохибкори инфироди (ки дар асоси Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди ё Патент барои хукуки амали гардонидани фаъолияти сохибкории инфироди фаъолият намудааст) барои барасмиятдарории хукукии катъ гардидани фаъолияти сохибкории инфиродии у асос мебошад. Хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлатии катъ шудани фаъолияти сохибкори инфироди дар ин холат иктибос аз Фехристи ягонаи давлати мебошад.
  5. Ба гайр аз хуччатхои дар кисмхои 1 ва 3 моддаи мазкур пешбинигардида сохибкори инфироди, ки фаъолияти худро катъ менамояд, бояд ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати асли Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии шахси вокеи ба сифати сохибкори инфироди ё Патент барои хукуки амали гардонидани фаъолияти сохибкории инфиродиро супорад, инчунин пардохтнома (квитансия) дар бораи пардохти бочи давлатиро пешниход намояд.
  6. Дар холати катъ гардидани фаъолияти сохибкори инфироди дар асоси карори суд дар бораи муфлис эътироф намудани сохибкори инфироди бакайдгирии давлатиро макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати дар асоси нусхаи карори суд дар бораи муфлис эътироф намудани сохибкори инфироди, ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати ворид гардидааст, амали менамояд.
  7. Дар холати катъ гардидани фаъолияти сохибкори инфироди дар асоси карори суд дар бораи бедарак гоибшуда ё фавтида эътироф намудани сохибкори инфироди, инчунин дар асоси карори суд дар бораи катъ гардидани фаъолияти сохибкори инфироди ба таври мачбури, бакайдгирии давлатиро макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати дар муддати ду рузи кори аз рузи ворид гардидани нусхаи дахлдори карори суд анчом медихад.
  8. Дар холати катъ гардидани фаъолияти сохибкори инфироди дар асоси санади эътибори конуни пайдонамудаи суд дар бораи махрум намудан аз хукуки машгул шудан ба намудхои алохидаи фаъолияти сохибкори ба мухлати муайян, бакайдгирии давлатии катъ гардидани фаъолияти сохибкори аз тарафи макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати дар муддати ду рузи кори аз рузи бо тартиби мукарраргардида гирифтани маълумот дар бораи эътибори конуни пайдо кардани ин хукми суд, анчом медихад.
  9. Бакайдгирии давлатии катъ гардидани фаъолияти сохибкори инфиродиро дар холати вафоти у макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати дар асоси маълумоти ба ин макомот тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бакайдгирии давлатии вафоти ин шахс воридгардида, анчом медихад.
  10. Бакайдгирии давлати хангоми катъ гардидани фаъолияти сохибкори инфироди вобаста бо бекор кардани хуччати тасдиккунандаи хукуки шахси хоричи барои муваккатан ё доими сукунат намудан дар худуди Чумхурии Точикистон  ё ба охир расидани мухлати он, дар асоси маълумоти ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати тибки тартиби мукарраргардида воридгардида дар бораи бекор намудани чунин хуччат ё ба охир расидани мухлати амали он бо назардошти маълумоти дар Фехристи ягонаи давлати оид ба чунин мухлат мавчудбуда, анчом дода мешавад.

 

БОБИ 6.

ВОРИД НАМУДАНИ ТАГЙИРУ ИЛОВАХО БА  ФЕХРИСТИ ЯГОНАИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 26. Асосхои ворид намудани тагйиру иловахо ба  Фехристи ягонаи давлати

 

Асосхои ворид намудани тагйиру иловахо ба Фехристи ягонаи давлати, тагйир ёфтани маълумот оид ба шахси хукуки ва сохибкори инфироди, ки дар моддаи 8 Конуни мазкур пешбини шудааст, мебошанд.

 

Моддаи 27. Тартиби ба Фехристи ягонаи давлати ворид  намудани тагйиру иловахо

 

  1. Макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати тагйиру иловахоро ба маълумоти дар Фехристи ягонаи давлати мавчудбуда тибки ариза дар шакли тасдиккардаи макомоти ваколатдори андоз дар муддати ду рузи кори аз рузи гирифтани ариза ворид намуда, иктибосро аз Фехристи ягонаи давлати оид ба ворид намудани тагйиру иловахо дар асоси пешниходи пардохтномаи (квитансия) бочи давлати медихад. (КЧТ аз 29.12.10с., №669)
  2. Ворид  намудани  тагйиру иловахо ба Фехристи ягонаи давлати дар хусуси ба расмият даровардани таъсисёби ва (ё) катъ намудани фаъолияти филиал  ё намояндагии шахси хукукии Чумхурии Точикистон дар асоси хуччатхои пешбининамудаи  кисми 4 моддаи мазкур амали карда мешавад. (КЧТ аз 29.12.10с., №669)
  3. Муассисон, макомоти ваколатдори шахси хукуки, сохибкорони инфироди ухдадоранд дар муддати то панч рузи кори аз рузи кабул намудани карор дар бораи тагйир ёфтани маълумоти дар моддаи 26 Конуни мазкур нишондодашуда, макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлатиро ба таври хатти хабардор созанд. Тагйиру иловахо пас аз ворид намудани онхо ба Фехристи ягонаи давлати кувваи конуни пайдо мекунанд.
  4. Хангоми ворид  намудани  тагйиру иловахо ба Фехристи ягонаи давлати вобаста ба таъсис додан ё кать намудани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси хукукии Чумхурии Точикистон, шахси хукуки ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати хуччатхои зеринро пешниход менамояд:

1) ариза аз руи шакли тасдикнамудаи макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати, ки дорои маълумоти зерин мебошад:

а) шакли ташкилию хукуки ва номи фирмавии шахси хукуки;

б) махалли чойгиршавии (сурогаи) филиал ё намояндагии таъсисдодашаванда ё катъшавандаи шахси хукуки, маълумот барои тамос бо рохбари он;

в) санаи додани ариза ва имзои аризадиханда;

2) карор дар бораи таъсис додан ё катъ намудани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси хукуки;

3) хангоми таъсис додани филиал ё намояндаги – нусхаи хуччати тасдиккунандаи шахсияти рохбари филиал ё намояндагии шахси хукуки, ваколатномаи рохбари филиал ё намояндагии шахси хукуки, ки аз чониби шахси хукуки дода шудааст;

4) хангоми катъ намудани фаъолияти филиал ва (ё) намояндаги – хуччатхои тасдиккунанда оид ба супоридани мухрхо (тамгахо) дар холатхои пешбининамудаи конунгузории андоз – санади санчиши хотимавива маълумотнома оид ба баста шудани суратхисобхои бонки. (КЧТ аз 28.12.12с., №912)

  1. Дар сурати ворид намудани тагйиру иловахо ба Фехристи ягонаи давлати вобаста ба гузашти хисса (сахм) дар сармояи оинномавии шахси хукуки, аз тарафи шахси хукуки ба макоми анчомдихандаи бакайдгирии давлати хулосаи макомоти дахлдор оид ба ичрои ухдадорихои андози пешниход карда мешавад  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319).
  2. Ворид намудани тагйиру иловахо ба маълумоти дар Фехристи ягонаи давлати мавчудбуда оид ба ивазшавии муассиси (сахмдори) шахси хукуки, ки у шахси хукукии хоричии дар худуди минтакаи оффшори бакайдгирифташуда мебошад, бо дастрасии мукаррароти кисми 8 моддаи 11 Конуни мазкур ба рох монда мешавад. Талаб намудани хуччатхои иловаги, ки Конуни мазкур пешбини накардааст, манъ аст  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319).
  3. Хангоми ворид намудани тагйиру иловахо ба Фехристи ягонаи давлати аз руи асосхои пешбининамудаи моддаи 26 Конуни мазкур хуччати тасдиккунандаи ворид намудани тагйиру иловахо ба Фехристи ягонаи давлати иктибос аз Фехристи ягонаи давлати мебошад. Хангоми тагйир ёфтани шакли ташкилию хукуки ва номи фирмавии шахси хукуки, инчунин насаб, ном ва номи падари сохибкори инфироди хуччати тасдиккунандаи ворид намудани тагйиру иловахо ба Фехристи ягонаи давлати хуччати нави тасдиккунандаи бакайдгирии давлати оид ба ворид намудани тагйирот мебошад.

 

БОБИ 7.

ХУСУСИЯТХОИ БАКАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ТАЪСИСЁБИ, КАТЪ ГАРДИДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ФИЛИАЛХО ВА НАМОЯНДАГИХОИ ШАХСОНИ ХУКУКИИ ХОРИЧИ, ИНЧУНИН ВОРИД НАМУДАНИ ТАГЙИРУ ИЛОВАХО БА МАЪЛУМОТЕ, КИ ДАР ФЕХРИСТИ ЯГОНАИ ДАВЛАТИ ДАР БОРАИ ФИЛИАЛХО ВА НАМОЯНДАГИХОИ ШАХСОНИ ХУКУКИИ ХОРИЧИ МАВЧУД АСТ

 

Моддаи 28. Тартиби бакайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси хукукии

                       хоричи

 

  1. Бакайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси хукукии хоричиро макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати дар махалли чойгиршавии (сурогаи) филиал ё намояндаги дар муддати то панч рузи кори аз рузи пешниход намудани хуччатхое, ки номгуи онхоро моддаи 29 Конуни мазкур пешбини намудааст, бо дар худи хамин муддат додани хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлатии он  амали мегардонад.
  2. Агар дар мухлати пешбининамудаи кисми 1 моддаи мазкур макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати бакайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагиро ичро накунад ё бакайдгирии давлатиро бо асосхои пешбининамудаи кисми 1 моддаи 34 Конуни мазкур рад накарда бошад, макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати ухдадор аст фавран пас аз гузаштани мухлати дар боло зикргардида ба Фехристи ягонаи давлати маълумотро дар бораи таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи бе таъхир ворид намояд ва ба аризадиханда Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи дихад ё онро ба сурогаи дар ариза нишондодашуда фиристад.
  3. Хукуки супоридани хуччатхои бакайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричиро намояндагони  ваколатдори шахси хукукии хоричи доранд.

 

Моддаи 29. Хуччатхои барои бакайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси

                        хукукии хоричи пешниходшаванда

 

  1. Барои амалигардонии бакайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси хукукии хоричи ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати хуччатхои зерин пешниход карда мешаванд:

1) ариза барои бакайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси хукукии хоричи дар шакли тасдикнамудаи макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати. Дар ариза маълумоти зерин нишон дода мешавад:

а) шакли ташкилию хукукии шахси хукукии хоричи, ки филиал ё намояндаги таъсис медихад;

б) номи фирмавии шахси хукукии хоричи;

в) махали чойгиршавии (сурогаи) филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи;

г) маълумот дар бораи рохбари филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи (маълумот аз хуччати тасдиккунандаи шахсияти шахси вокеи, маълумот барои тамос)

д) намудхои асосии фаъолият, ки филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи нияти амали гардонидани онро дорад;

е) санаи пешниход гардидани ариза ва имзои аризадиханда.

2) карори макоми ваколатдори шахси хукукии хоричи дар бораи таъсис додани филиал ё намояндаги дар худуди Чумхурии Точикистон ва дар бораи таъин намудани рохбари филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи, ки онхоро шахсони ваколатдори шахси хукукии хоричи имзо кардаанд;

3) нусхаи хуччати тасдиккунандаи шахсияти рохбари филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи дар холате, ки агар хуччатхоро рохбари филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи пешниход кунад; нусхаи хуччати тасдиккунандаи шахсият ва ваколатнома ба номи шахси ваколатдор, агар аз чониби шахси ваколатдор хуччатхо барои бакайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи пешниход гардад. Агар рохбари филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи шахрванди хоричи бошад, инчунин нусхаи хуччате, ки дар асоси он ба шахси вокеии хоричи барои сукунат ва амали намудани фаъолияти мехнати дар Чумхурии Точикистон ичозат дода шудааст (раводид, варакаи бакайдгири ва гувохномаи икомат бо мухлати амали на кам аз се мох)  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319);

4) ваколатнома ба номи рохбари филиал ё намояндаги;

5) нусхаи хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлатии шахси хукукии хоричи ё дигар хуччати бо кувваи конуниаш ба он баробар, ки холати хукукии ин шахсро тасдик мекунад;

6) нусхаи хуччати тасдиккунандаи махалли чойгиршавии (сурогаи) филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи дар худуди Чумхурии Точикистон  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319);

7) пардохтномаи (квитансия) бочи давлати. (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319)

  1. Хуччатхои дар бандхои 2), 3), 4)  ва 5) кисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки бо максади бакайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи пешниход гардидаанд, бояд ба забони давлатии Чумхурии Точикистон тарчума карда шаванд. Хуччатхои дар банди 5) кисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки бо максади бакайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи пешниход гардидаанд, бояд тибки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон тасдик (легализатсия) карда шаванд ё ба онхо апостил гузошта шавад. Тарчумаи хуччатхои дар бандхои 2), 3), 4) ва 5) кисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, ки бо максади бакайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи пешниход гардидаанд, бояд ба тарики нотариали тасдик карда шавад. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1251)
  2. Тасдик (легализатсия) ё гузоштани апостил барои хуччатхое, ки бо максади бакайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи аз чониби шахсони вокеи ё хукукии хоричии мамлакатхои аъзои шартномахо ва созишномахои байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон пешниход гардидаанд, талаб карда намешавад. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1251)
  3. Барои бакайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси хукукии хоричи, ки дар худуди минтакахои оффшори ба кайд гирифта шудааст, аризадиханда ухдадор аст ба макоми анчомдихандаи бакайдгирии давлати маълумот дар бораи сохибмулкони асосии шахси хукукии хоричии дар худуди минтакахои оффшори бакайдгирифташударо пешниход намояд  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319).

 

   Моддаи 30. Хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии

                           шахси хукукии хоричи

 

  1. Хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии филиал ва намояндагии шахси хукукии хоричи мебошад.
  2. Дар холати гум кардани Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии филиал ва намояндагии шахси хукукии хоричи шахси ваколатдори филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи хукук дорад ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати дар бораи гирифтани нусхаи (дубликати) он мурочиат намояд. Нусхаи (дубликати) Шаходатнома дар бораи бакайдгирии филиал ва намояндагии шахси хукукии хоричи бо нишондоди «Нусха (дубликат)» дар асоси аризаи шахси ваколатдор дар муддати ду рузи кори аз рузи гирифтани ариза дода мешавад. Ба ариза эълон дар бораи аз эътибор сокит донистани Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии филиал ва намояндагии шахси хукукии хоричии гумшуда, ки дар яке аз воситахои ахбори оммаи чумхурияви нашр гардидааст, замима карда мешавад.

 

Моддаи 31. Тартиби бакайдгирии давлатии катъ гардидани  фаъолияти филиал ва намояндагии

                        шахси хукукии  хоричи

 

  1. Бакайдгирии давлатии катъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи дар асоси карори макомоти ваколатдори шахси хукукии хоричи ё дар асоси карори суд бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали гардонида мешавад.
  2. Бакайдгирии давлатии катъ гардидани фаъолияти филиал ва намояндагии шахси хукукии хоричи дар махалли бакайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи аз чониби макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати дар муддати то панч рузи кори аз лахзаи пешниход намудани хуччатхои пешбининамудаи моддаи 32 Конуни мазкур амали гардонида мешавад.
  3. Шахси ваколатдори шахси хукукии хоричи ухдадор аст, ки дар муддати ду рузи кори аз лахзаи кабул намудани карор дар бораи катъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндаги макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлатиро дар бораи кабул намудани чунин карор ба тарики хатти огох созад.
  4. Макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати дар асоси огохномаи дар кисми 3 моддаи мазкур пешниходгардида ба Фехристи ягонаи давлати маълумотро дар бораи он ки филиал ё  намояндагии шахси хукукии хоричи дар мархилаи катъ гардидани фаъолияти худ карор дорад, ворид месозад.
  5. Шахси ваколатдори шахси хукукии хоричи ухдадор аст, ки ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлатии хуччатхои пешбининамудаи моддаи 32 Конуни мазкурро пешниход намояд.
  6. Бакайдгирии давлатии катъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи дар худуди Чумхурии Точикистон пас аз гузаштани на камтар аз ду мох аз рузи нашр намудани маълумот дар ин хусус дар яке аз воситахои ахбори оммаи чумхурияви ба анчом расонида мешавад.
  7. Катъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи дар худуди Чумхурии Точикистон аз рузи ворид намудани маълумот дар ин хусус ба Фехристи ягонаи давлати ба итмомрасида хисоб ёфта, бо иктибос аз Фехристи ягонаи давлати тасдик карда мешавад.

 

Моддаи 32. Хуччатхои барои бакайдгирии давлатии катъ гардидани фаъолияти филиал ё

                         намояндагии шахси хукукии хоричи пешниходшаванда

 

Барои амалигардонии бакайдгирии давлатии катъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати хуччатхои зерин пешниход карда мешаванд:

1) ариза дар бораи катъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи;

2) карори макомоти ваколатдори шахси хукукии хоричи дар бораи катъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи бо нишон додани хайати комиссия дар бораи катъ гардидани фаъолияти  филиал ё намояндаги;

3) хуччатхои тасдиккунанда оид ба супоридани мухр ва махкам карда шудани суратхисобхои бонки;

4) карори суд дар холате, ки катъ гардидани фаъолияти  филиал ё намояндаги дар асоси карори суд амали гардонида мешавад;

5) хуччате, ки аз чониби шахси хукукии хоричи эътироф намудани карзро дар назди кредиторон тасдик мекунад, ба истиснои ухдадорихои андоз;

6) хуччате (санади санчиши хотимавии андози филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи), ки адо намудани карзро дар бораи пардохти андозе, ки дар робита ба фаъолияти филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи дар Чумхурии Точикистон ба миён омадааст, тасдик мекунад;

7) нусхаи аслии Шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии таъсиси филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи;

8) пардохтнома (квитансия) дар бораи пардохти бочи давлати.

 

Моддаи 33. Асосхо ва тартиби ворид намудани тагйиру иловахо ба маълумот оид ба филиалхо

                       ва намояндагихои шахсони хукукии хоричи дар Фехристи ягонаи давлати

 

  1. Асосхо барои ворид намудани тагйиру иловахо ба маълумот дар бораи филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричи дар Фехристи ягонаи давлати, ин тагйир ёфтани маълумот оид ба онхо, ки дар моддаи 8 Конуни мазкур пешбини шудааст, мебошанд.
  2. Макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати ба маълумоте, ки дар Фехристи ягонаи давлати мавчуд мебошад, тагйиру иловахоро тибки аризаи намояндаи ваколатдори шахси хукукии хоричии дар шакли аз чониби макомоти ваколатдори андоз тасдикгардида дар муддати се рузи кори аз рузи гирифтани ариза ворид менамояд.
  3. Шахси хукукии хоричи ё филиал ё намояндагии он ухдадор аст, ки дар муддати на зиёда аз си рузи таквими аз рузи ба миён омадани асосхои дар кисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлатироба таври хатти огох намояд. Тагйиру иловахо пас аз ворид намудани онхо ба Фехристи ягонаи давлати кувваи конуни пайдо мекунанд. (КЧТ аз 29.12.10с., №669)
  4. Хангоми ворид намудани тагйиру иловахо ба Фехристи ягонаи давлати аз руи асосхои пешбининамудаи кисми 1 моддаи мазкур хуччати тасдиккунандаи ворид намудани тагйиру иловахо ба Фехристи ягонаи давлати иктибос аз Фехристи ягонаи давлати мебошад, агар тартиби дигар дар кисми 5 хамин модда пешбини нашуда бошад.
  5. Хангоми тагйир ёфтани шакли ташкилию хукуки ва номи фирмавии шахси хукукии хоричи хуччати тасдиккунандаи ворид намудани тагйиру иловахо ба Фехристи ягонаи давлати хуччати нави тасдиккунандаи бакайдгирии давлатии филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричи  мебошад.
  6. Иктибос аз Фехристи ягонаи давлати хамчун хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлати оид ба ворид намудани маълумот дар бораи филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричи дар асоси пешниходи пардохтномаи (квитансия) бочи давлати дода мешавад.

 

БОБИ 8.

АСОСХО БАРОИ РАД КАРДАНИ  БАКАЙДГИРИИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 34. Асосхо барои рад кардани бакайдгирии давлати

 

  1. Макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати хукук дорад дар холатхои зерин бакайдгирии давлатиро рад намояд:

1) агар хуччатхои бо максади бакайдгирии давлати пешниходгардида ба талаботи мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мувофикат накунанд;(КЧТ аз 28.12.12с. №912)

2) агар номи шахси хукуки ба талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон мувофикат накунад;

3) агар бо худи хамон ном дар худуди Чумхурии Точикистон шахси хукукии дигар ба кайд гирифта шуда бошад.

4) агар муассиси шахси хукукии таъсисёбанда аз хисоби андоз ва дигар пардохтхои хатми аз бучет карздор бошад;

5) агар шахси хукуки – муассиси шахси хукукии таъсисёбанда дар мархилаи бархамдихи карор дошта бошад;

6) хангоми чой доштани бахси суди байни муассисони шахси хукуки  – тибки мурочиати хаттии онхо;

7) агар андозсупоранда ва (ё) шахси масъули андозсупоранда хамчун муассис ва (ё) рохбари дигар шахси хукукие бошад, ки ба руйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил карда шудааст. (КЧТ аз 28.12.12с., №912);

8) агар шахс дар асоси хукми суд аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян махрум шуда бошад  (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1319).

  1. Хангоми рад намудани бакайдгирии давлати ба аризадиханда огохии хатти дар хусуси рад намудан бо нишон додани сабаби радкуни фиристонида мешавад (супорида мешавад) ва хамаи хуччатхои пешниходнамудаи у барои бартараф кардани номутобикатии ошкоргардида баргардонида мешаванд. Нусхаи хуччатхои пешниходгардида дар макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати  нигох дошта мешаванд.
  2. Рад намудани бакайдгирии давлати, инчунин саркаши намудан аз бакайдгирии давлати боиси ба суд шикоят намудан шуда метавонад.

 

БОБИ 9.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 35. Мукаррароти интиколи

 

  1. Шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди, филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричии тибки Конуни мазкур бакайдгирифташаванда, ки то эътибор пайдо кардани Конуни мазкур ба кайд гирифта шуда, фаъолияти худро давом дода истодаанд, ухдадоранд, ки дар муддати як сол аз рузи мавриди амал карор дода шудани Конуни мазкур ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати маълумот ва хуччатхои пешбининамудаи моддахои 8, 11, 22 ва 29 Конуни мазкурро барои ворид намудани маълумоти дахлдор ба Фехристи ягонаи давлати пешниход намоянд. Дар ин холат ба чунин шахсони хукуки талаботи банди 2) кисми 1 моддаи 34 Конуни мазкур татбик карда намешаванд.
  2. Ба шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди, филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричи, ки ба Фехристи ягонаи давлати тибки кисми 1 моддаи мазкур ворид гардидаанд, хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлати мувофики Конуни мазкур дода мешавад.
  3. Дар холати ичро нагардидани талаботи кисми 1 моддаи мазкур бакайдгирии давлати аз рузи ба охир расидани мухлати пешбининамудаи кисми 1 моддаи мазкур кувваи конунии худро гум мекунад.
  4. Анчом додани фаъолият бе ворид намудани маълумот ба Фехристи ягонаи давлати тибки кисми 1 моддаи мазкур сохибкории гайриконуни хисоб гардида, шахсони дар кисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.
  5. Ворид намудани маълумот  ба Фехристи ягонаи давлати ва додани хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлати тибки кисми 1 моддаи мазкур ройгон анчом дода мешавад.
  6. Дар давраи то таъсис додани системаи иттилоотии макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати, бакайдгирии давлатии шахсони хукуки, филиалхо ё намояндагихои шахсони хукукии хоричи ва сохибкорони инфиродиро макомоти худудии вилояти, шахри ва нохиявии андоз, ки имкониятхои дахлдори модди доранд, тибки руйхат ва худуди аз чониби макомоти ваколатдори андоз муайянгардида анчом медиханд.

 

Моддаи 36. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 37. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон

                        «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахси хукуки»

 

Конуни Чумхурии Точикистон аз 22 апрели соли 2003 «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахси хукуки» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2003, № 4, моддаи 135) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 38. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур аз 1 июли соли 2009 мавриди амал карор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Чумхурии ТочикистонЭмомали Рахмон

 

ш. Душанбе, 19 майи соли 2009,

№ 508

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …