Главная / Чамъият / Байтори

Байтори

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи байтори

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2010, №12, к. 1, мод. 833; с. 2012, №7, мод. 704; Конуни ЧТ аз 14.11.2016 с., №1364)

Конуни мазкур асосхои хукуки, ичтимои, ташкили, иктисодию молиявии фаъолиятро дар сохаи байтори муайян намуда, ба таъмини офияти бехдошти байтори ва эпизооти, хифзи ахоли аз беморихои умумии хайвоноту инсон, бехатарии махсулоти хайвонот ва растанихо, маводи байтори, хурок ва иловахои хуроки хайвонот равона шудааст.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– ангезандахои беморихои хайвонот – вирусхо, бактерияхо, риккетсияхо, хламидияхо, микоплазмахо, прионхо, соддатаринхо, магоракхо, кирмхо, канахо ва хашаротхо;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

baitori

– аттестатсияи байтори (бехдошти байтори) – фаъолиятест, ки мутобикати шароити истехсоли, нигохдори, воридот, содироти объектхои тахти назорати давлатии байтори карордоштаро ба талаботи мукаррарнамудаи  макомоти ваколатдор тасдик менамояд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– бехатарии биологи – низоми тадбирхо ва воситахои байторию биологи, ташкили ва мухандисию техники, ки барои хифзи объектхои тахти назорати давлатии байтори пешбинигардида, хайати кормандону пажухишгарон, ахоли ва мухити зист аз таъсири ангезахои иллатзои биологи равона гардидаанд, инчунин гузаронидани чорабинихо оид ба паст кардани хатари ангезахои биологи ё захрхои онхо ба сифати силохи биологи;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– тахдид – эхтимолияти риоя нагардидани конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи байтори;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– идоракунии тахдид – тарзу усулхои амалисозии чорабинихои пешгирикунанда, ки барои муайян намудани услубхои назорати огохкунии тахдид имкон медиханд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– арзёбии тахдид – мунтазам муайян намудани афзалиятхои идоракунии тахдид тавассути арзёби ва мукоисаи дарачаи он бо стандартхои каблан дар конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи байтори мукарраршуда;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– огохкуни аз тахдид – мубодилаи саривакти ва мунтазами иттилооти объективи ва хулосахо оид ба хатар ва тахдид, натичахои арзёбии тахдидхо, карорхои кабулгардида дар рафти идоракунии тахдид байни бахогузорони тахдид ва шахсоне, ки барои идоракунии тахдид ва истеъмолкунандагон масъул мебошанд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– мухофизати байторию биологи – татбики амалии принсипхо ва услубхои таъмини бехатарии биологи, ки барои химояи кормандони соха аз таъсири манфии кор дар ташхисгоххои байтори (клиники ва пажухиши) равона гардидааст;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– махсулоти хайвонот – хама чизе, ки аз хайвонот барои коркард гирифта мешавад;

– байтори (сохаи байтори) – доираи донишхои махсуси илми ва фаъолияти амалие, ки ба хифзи хайвонот, омузиши бемори ва захролудшавии хайвонот, ташхис, табобати хайвоноти бемор ва бархам задани манбаи бемории он, таъмини мутобикати объектхои тахти назорати давлатии байтори карордошта ба талаботи Конуни мазкур, инчунин хифзи ахоли аз беморихои барои хайвонот ва инсон умуми равона карда шудааст;

– байтор – шахсе, ки дар сохаи байтори тахсилоти дахлдор дорад;

– бакайдгирии давлатии маводи байтори – аз чониби макомоти ваколатдор бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ворид намудани маводи байтори ба Фехристи давлатии маводи байтори ва дар ин хусус додани шаходатномаи бакайдгири;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– бехатарии бехдошти байтори – холати объектхое, ки тахти назорати давлатии байтори буда, барои саломатии хайвонот ва одам дар шароити мукаррарии истифодаашон бехатаранд;

– бозор – чои махсуси тачхизонидашуда, аз чумла чои хариду фуруши  хайвонот, махсулоти он, маводи байтори, хуроки хайвонот, хурокихои ба он иловашаванда;

– борхои тахти назорати макомоти давлатии байтори карордошта – хайвонот, аз чумла хайвоноти вахши, хонаги, махсулоти хайвонот, махсулоти растани, маводи байтори,  хуроки хайвонот ва хурокихои ба он иловашаванда, инчунин мачмуи маводи аз хайвонот сохташуда;

– дезинсексия – нобуд кардани хашароти бугумпо, ки гузаронандагони ангезахои беморихои сирояти (паразити) мебошанд;

– дератизатсия – нобуд кардани хояндахое, ки гузаронандагони ангезахои беморихои сирояти (паразити) мебошанд;

– таъбиз (дискриминация) – мукарар намудани хукуки пасттарбарои ягон давлат, шахсони вокей ва хукукии он нисбат ба давлати дигар, шахсони вокеи ва хукукии он; (КЧТ аз 03.07.2012с., №854)

– иловахои хуроки хайвонот – моддахое, ки таркиби органики ва гайриорганики доранд, аз чумла: микроэлементхо, витаминхо, орди гушту устухони хайвонот, хуни хайвонот, равгани мохи, гушмохихои бахри, сафедгил (бентонит), партовхои корхонахои коркарди махсулоти хайвонот ва растани, ки ба хуроки хайвонот илова карда мешаванд;

– карантин – низоми хукуки, ки системаи чорабинихои байтори ва маъмурию хочагидориро пешбини мекунад ва ба махдуд ё катъи робитахои хочагидори, муваккатан боздоштани интиколи  борхои тахти назорати давлатии байтори карордошта байни манбаи эпизооти, махалли носолим ва худудхои аз чихати бехдошти байтори солим бо максади нобуд кардани манбаи эпизооти ва ба  рох надодан ба пахншавии бемори равона карда шудаанд;

– коидахои байтори – санади меъёрии хукуки, ки тартиби гузаронидани чорабинихои байториро дар асоси меъёрхои байтории тасдиккардаи макомоти ваколатдори давлатии байтори муайян мекунад ва ичрои он барои шахсони вокеи ва хукукии дар сохаи байтори фаъолияткунанда  хатмист;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– коркарди махсуси махсулоти хайвонот – коркарди махсулоти хайвоноти гирифтори беморихои муайяни сирояти, ки ин махсулотро барои истеъмоли одамон мувофик мегардонад;

– забхи махсус – дар чойхо ва корхонахои махсус тачхизонидашуда забх кардани  хайвонхое, ки  гирифтори ин ё он бемории сироятианд;

– манбаъи эпизооти – марзи махдуд ё бино, ки дар он манбаи ангезаи сироят, омилхои гузаронанда ва хайвоноти ба бемори гирифторшаванда чойгиранд;

– маводи байтори – моддахои биологи, растанихо, кимиёви, фармасевти, барои сироятзудои (дезинфексиякунанда), дезинсексия, дератизатсия, ташхис, пешгирию табобати бемории хайвонот, инчунин асбобхо, тачхизот, масолех ва воситахои наклиёти махсус;

– таркибхои ирси – нутфа, хучайратухм, чанини хайвонот, зочаи занбур, тухми бордоршудаи мохи, тухми инкубатсиони, парвардаи хучайрахо, махсулоти технологияи ирсию мухандиси, маводи зоти гаметахо, зиготахо (пилла, кирми пилла, зоча);

– махсулоти растани – махсулоте, ки барои гизои одам ва хайвонот истифода мешавад;

– махсулоти гушти – махсулоти саноатие, ки аз гушти хайвонот барои истеъмоли одам ва хайвонот тайёр карда мешавад;

– махсулоти хайвонот – махсулоти истеъмоли ва саноатии аз он тайёршуда, инчунин ихрочи хайвонот ва махсулоти саноатии аз он тайёршуда;

– мачмуи корхои вобаста бо махсулоти хайвонот – истехсол, тахия, коркард ва фуруши махсулоти хайвонот, дигар намуди интиколи пулаки ё ройгони махсулоти хайвонот, содирот ва воридоти махсулоти хайвонот ё дигар фаъолияте, ки дар натичаи он махсулоти хайвонот ба шахсони дигари машгул ё истеъмолкунанда дастрас карда мешавад;

– махсулоти шири – махсулоти саноатие, ки аз шири хайвонот барои истеъмоли одам ва хайвонот тайёр карда мешавад;

– мониторинги эпизоотологи – низоми чамъоварии маълумот оид ба микдори мавчудияти беморихои хайвонот, сифати чорабинихои зиддиэпизооти, бехдошти байтори, зоогигиени, инчунин сифат ва бехатарии озука, хуроки хайвонот ва иловагихои хуроки хайвонот ба он иловашаванда бо максади сари вакт ошкор намудани мувофикати он ба талабот ва стандартхои мукарраргардида;

– муоинаи узви (органолептики) – арзёбии сифати махсулот бо ёрии узвхои хис;

– нобудсозии хайвонот ва махсулоти он – куштану сухтан ё гурондани хайвонхои гирифтори беморихои сироятии муайян, ки номгуи онхоро макомоти ваколатдор муайян намудааст ва махсулоти онхо, ки омили сироятёбии хайвонот ва одам шуда метавонанд, инчунин махсулоти хайвоноти солим, ки ба талаботи бехдошти байтори чавобгу намебошад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– нобудсозии дорувории байтори – сузонидани дорувории байтории ба стандарти давлати номувофик ё мухлати истифодааш ба охиррасида;

– махалли носолим – худуде, ки дар он манбаъи  эпизооти муайян карда шудааст;

– нумуяхои (стимуляторхои) биологи – хама гуна моддахои аз чихати биологи фаъоли табии ва сунъи;

– объектхои тахти назорати давлатии байтори карордошта – хайвонот, хучайрахои чинси ва гайричинси (соматикии) хайвонот, махсулоти хайвонот ва растани, маводи байтори, хурок ва хурокихои ба он иловашаванда, микроорганизмхо ва хайлхои (штаммхои) онхо, асбобхо, тачхизоти байтори, воситахои наклиёт, зарфхо, маводи борпечони, худуд, бинохои парвариш, истехсол ва коркарди махсулоти хайвонот, бозорхо, саллоххонахо, амборхои нигохдории махсулот ва ашёи хоми хайвонот, ки метавонанд омили гузаронидани ангезахои беморихои хайвонот бошанд, инчунин фаъолияти шахсони вокеи ва хукуки, ки бо парвариш, захиракуни, интикол, нигахдори, коркард, фуруш ва истифодаи объектхои тахти назорати давлатии байтори карордошта машгуланд;

– ташхисгохи муоинаи бехдошти байтори – шахси хукуки ё вохиди  махсуси шахси хукуки, ки муоинаи бехдошти байтории махсулоти хайвонотро  дар бозорхо ё чойхои дигар амали месозанд;

– партовхои хайвонот – лоша ва махсулоти хайвонот, ки барои истеъмоли инсон нораво мебошанд;

– тахкики (апробатсияи) маводи байтори – аз руи тартиби мукаррарнамудаи макомоти ваколатдори  давлати  дар сохаи байтори тахкик кардани маводи байтори дар шароити ташхисгоххо ё шароити  истехсоли бо максади муайян намудани хосиятхои иммунобиологи, табобати, захрноки, самаранокии эпизоотологи, мавчуд набудани окибатхои маводи байтори ва бехатарии онхо барои мукаррар намудани  имконияти истифодабари дар тачрибаи байтори;

– ташхиси (экспертизаи) бехдошти байтори – санчиши мутобикати хайвонот, махсулот ва ашёи хоми онхо ба меъёрхои байтори бо рохи гузаронидани мачмуи тахкикхои узви (органолептики), биокимиёви, микробиологи, паразитологи, токсикологи ва радиологи;

– санчишхои бакайдгирии маводи байтори – мачмуи усулхое, ки  бо тартиби мукаррарнамудаи макомоти ваколатдор барои муайян намудани мутобикати маводи байтори ба талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода мешаванд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– сертификати байтори – хуччати байналмилалие, ки макомоти ваколатдор дар сархади давлати ва наклиёти тарафи содиркунанда оид ба мутобикати моли содиршаванда ба талаботи мамлакати воридкунанда медихад ва дар он аз чихати бехдошти байтори бехатар будани бори тахти назорати давлатии байтори ва солимии минтака ё махалли истехсоли онро нишон медихад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– сертификати мутобикат – хуччати дар асоси коидахои низоми сертификатсия додашуда, ки мутобикати махсулоти сертификатсияшударо ба талаботи санадхои меъёри тасдик менамояд;

– сертификатони – амале, ки мутобикати махсулотро ба талаботи мукарраршуда тасдик менамояд;

– сироятзудои (дезинфексия) – барканор ё нобуд кардани ангезахои беморихои сирояти (паразити) аз мухити зист, бино, наклиёт, ки бо тартиби мукаррарнамудаи макомоти ваколатдори давлати дар сохаи байтори гузаронида мешавад;

– фаъолияти байтори – сохаи фаъолияти шахсони вокеи ва хукуки, ки ба мухофизати саломатии хайвонот, мухофизати инсон аз беморихои барои хайвонот ва инсон умуми, гирифтани махсулоти аз чихати бехдошти байтори хушсифати хайвонот равона шудааст;

– фехристи давлатии маводи байтори – номгуи аз тарафи макомоти ваколатдор нашршаванда оид ба маводи байторие, маълумот медихад, ки аз кайди давлати гузашта, барои истехсол ворид ва истифода кардан дар Чумхурии Точикистон ичозат дода шудааст;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– хайли (штамми) микроорганизм – насли аз чихати ирси ягонаи микроорганизми намуди муайян, ки дорои шакл ва хислатхои ба худ хоси биологи мебошад;

– хайвонот – хамаи ширхурон, паррандахо, хазандахо, обхокихо, занбури асал, мохи ва дигар хайвонот, ки дар шароити сунъи нигох дошта мешаванд ё дар табиат  озодона зиндаги мекунанд;

– хайвоноти хочаги – хайвонхое, ки бо максади гирифтани  махсулот ё насли онхо парвариш  карда мешаванд;

– хайвоноти хонаги – хайвонот ва паррандахое, ки бо максади гайрихочаги дар хона нигох дошта мешаванд;

– хуччатхои байтори – хулосаи бехдошти байтори, шаходатномаи байтори, сертификати байтори, маълумотномаи байтори, ки аз чониби нозирони давлатии байтори ба объектхои тахти назорати давлатии байтори карордошта дода мешаванд;

– чорабинихои байтори (кор ва хизматрасони) – мачмуи коидахои зиддиэпизооти, бехдошти байтори, ки барои пешгирии пайдоиш, пахншави ё бархам додани беморихои хайвонот, аз чумла пешгири, табобат ё ташхиси онхо, безараргардони (бесироятгардони), мусодира ва нобудсозии хайвоноти гирифтори беморихои сироятии барои хайвонот ва инсон хатарнок, таъмини бехатарии махсулоти хайвонот ва растани, инчунин тадбирхои нишонагузории хайвонот равона карда шудаанд;

– чорво (чорпоён) – гову гусола, говмеш, бузу гусфанд, аспу хар, шутур, кутос ва гайрахо;

– шаходатномаи байтори – хуччати якдафъаги, ки аз тарафи макомоти ваколатдор дода, сихати ва эм карда шудани хайвонотро тасдик менамояд ё бори тахти назорати байтори карордошта аз чойхои барои беморихои сирояти мусоид бароварда мешавад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– шаходатномаи сифат ва бехатарии махсулоти хайвонот мавод ва маснуоти байтори – хуччате, ки дар он истехсолкунанда мутобикати сифат ва бехатарии хар гурухи махсулоти хайвонот, мавод ва маснуоти байториро бо санадхои меъёрии техники тасдик мекунад;

– шиносномаи байтори – хуччате, ки шакли онро макомоти ваколатдор муайян мекунад ва дар он сохиб, намуд, чинс, ранг, сол, раками (нишонаи) инфиродии хайвон, мухлат ва хусусияти тадбирхои байтори бо максади пешгири, табобат ва ташхиси беморихои хайвонот кайд карда мешаванд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– эпизоотия – пахншавии саросарии беморихои сироятии хайвонот дар як ё якчанд вохидхои марзиву маъмури.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи байтори

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи байтори ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, санадхои дигари меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

Моддаи 3. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи байтори

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи байтори дохил мешаванд:

– мукаррар намудани сиёсати ягонаи давлати дар сохаи байтори;

– тахия ва татбики барномахои давлати дар сохаи таъмини амнияти байторию санитари ва мухофизати ахоли аз беморихои умумии хайвонот ва инсон;

– мукаррар намудани тартиби чуброни арзиши хайвонот ва  махсулоти он, ки бинобар ба саломатии хайвонот ва инсон хатарнок будани онхо аз тарафи макомоти назорати давлатии байтори мусодира ва нобуд карда мешаванд;

– тасдик намудани Низомномаи макомоти ваколатдор(КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– таъин намудани сардори макомоти ваколатдор (Сарнозири давлатии байтори, намояндаи Чумхурии Точикистон дар Бюрои байналмилалии эпизооти);  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– таъсис ва тасдики Низомномаи «Фонди чорабинихои зиддиэпизооти»;

– тасдики низомнома оид ба намунаи либоси хизматии шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро амали менамоянд;

– хамохангсозии фаъолияти макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар сохаи таъмини амнияти бехдошти байтори;

– ташкили макомоти ваколатдор дар сохаи байтории Чумхурии Точикистон;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– пешбурди фехристхои давлатии маводи эхтимолан хатарноки кимиёви, биологи ва радиоактиви, партовхои истехсоли ва истеъмоли, инчунин навъхои алохидаи хуроки хайвонот ва иловахои хуроки хайвонот, ки бори аввал ба каламрави Чумхурии Точикистон ворид карда мешаванд;

– таъмини хифзи каламрави Чумхурии Точикистон аз беморихои сироятии хайвонот;

– чори ва бекор кардани тадбирхои махдудкунанда (карантини) дар каламрави Чумхурии Точикистон;

– чори ва бекор кардани назорати байторию карантини дар нуктахои гузаргоххои сархади давлатии Чумхурии Точикистон;

– тасдик намудани коида ва талаботи ягона оид ба бехатарии биологи ва мухофизати байторию биологи;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– тахия ва тасдики консепсияхо ва низоми арзёбии идоракунии тахдид;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– ба рох мондани хамкории байналмилалии Чумхурии Точикистон ва бастани шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон дар сохаи таъмини амнияти эпизоотологи;

– амали намудани салохиятхои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудааст.

Моддаи 4. Ваколатхои макоми ваколатдор

                      (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

Ба ваколатхои макоми ваколатдори Чумхурии Точикистон (минбаъд – макомоти ваколатдор) дохил мешаванд:  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

тасдик ва пешбурди фехристхои давлати ва аккредитатсияи шахсони вокеи ва хукуки, ки хайвонот, махсулоти он, хурок ва иловахои хуроки хайвонотро ба каламрави Чумхурии Точикистон ворид месозанд;

– татбики сиёсати ягонаи давлати дар сохаи байтори;

– тахия, тасдик ва пешниход намудани коида ва меъёрхои ягонаи бехдошти байтори, санадхои меъёрии хукукии сохаи байтори дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилали;

– тасдики тартиби амали намудани интиколи борхои тахти назорати давлатии байтори карордошта дар каламрави Чумхурии Точикистон;

– тахияи коида ва талаботи ягона оид ба бехатарии биологи ва мухофизати байторию биологи;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– гузаронидани чорабинихо оид ба паст кардани хатари ангезахои биологи ё захрхои онхо ба сифати силохи биологи дар якчояги бо макомоти ваколатдор;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– гузаронидани тахлилхо оид ба истифодаи дастовардхои илмхои биологи дар сохаи байтори;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– тасдики тартиби гузаронидани аттестатсияи бехдошти байтори ва гирифтани ичозати бехдошти байтори барои содироти гушт ва махсулоти гушти, шир ва махсулоти шири, аз Чумхурии Точикистон ва воридоти чунин махсулот ба Чумхурии Точикистон;

– тасдики талаботи бехдошти байтории шароити нигохдори ва коркарди гушту махсулоти гушти, ширу махсулоти шири, мохию махсулоти мохиги ва тухм ва махсулоти занбури асал;

– тасдики низомномаи озмоишгоххои бехдошти байтори;

– тасдики коидахои нишонагузори, шиносномадихи ва шакли шиносномаи инфиродии хайвонот;

хифзи ахоли аз беморихои умумии  хайвонот ва инсон;

– тасдики тартиби усулхои гузаронидани санчиши бехдошти байтори;

– тасдики тартиби пешниходи хисоботи омории байтори;

хифзи каламрави Чумхурии Точикистон аз воридшави ва пахншавии барангезандахои беморихои карантинии хайвонот аз каламрави давлатхои дигар ё минтакахои карантини;

баъд аз гузаштани санчиши муайян ва бакайдгирии давлати додани ичозат барои воридоти махсулоте, ки дорои нумуяхои биолиги, антибиотикхо, маводи гормонии барои суръатбахши ба нуму ва афзоиши махсулнокии хайвонот истифодашаванда буда, радиатсияи баланд дорад ва чихати ирси дигаргун (модификация) карда шудааст; (КЧТ аз 03.07.2012с., №854)

– назорати бехатарии бехдошти байтории истехсол, коркард, нигохдори, интикол ва фуруши объектхои тахти назорати давлатии байтори карордошта;

– татбики консепсияхо ва низоми арзёбии идоракунии тахдидхо дар сохаи байтори;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– тахия ва тасдик намудани тартиб ва назорати чойивазкуни, содирот ва воридоти объектхои тахти назорати давлатии байтори карордошта;

– ташхиси бехдошти байтории махсулоти хайвонот, инчунин махсулоти растани бо максади таъмини назорати давлатии сифат ва бехатарии онхо;

– ташкили санчиш (апробатсия), назорати маводи байтори, хурок ва хурокихои ба он иловашаванда, санчишхои бакайдгирифташудаи онхо, инчунин пешбурди Фехристи давлатии маводи байтори;

– тахия, тасдик ва пешниходи барномахои максаднок оид ба пешгири кардан ва бархам додани беморихои сироятии хайвонот;

– ташкил ва гузаронидани мониторинги эпизоотологии беморихои хайвонот, аз чумла хайвоноти вахши;

– ташкили хариди давлати, нигохдори, интикол ва истифодаи давлатии маводи байтори бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– тахия ва пешниходи барномахои чумхурияви оид ба таълим додани мутахассисони сохаи байтори, истехсоли дорувори барои ташхис, пешгири ва табобати хайвонот, ташкили корхои тадкикоти илми оид ба масъалахои байтори;

– назорати риояи санадхои меъёрии хукукии сохаи байтори аз тарафи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва шахсони мансабдор, корхонаю муассисахо, дигар ташкилотхо ва субъектхои фаъолияти хочагидори, новобаста ба тобеият ва шаклхои моликият, иттиходияхои чамъияти, ташкилотхои байналмилали, шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, сохибони хайвонот, махсулоти хайвонот, инчунин махсулоти растани;

– ташкил ва гузаронидани корхои таргиботию фахмондадихии байтори дар байни ахоли;

– иштирок дар кори комиссияхои давлати оид ба кабул ва истифодаи иншооти чорводори ва корхонахои истехсоли захира (забх) кардани хайвонот,  коркарди махсулоти хайвонот;

– ташкил ва назорати нишонагузори, бакайдгирии хайвонхои хочаги ва хонаги, интиколи  хайвонот ва махсулоти хайвонот;

– бо  тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон намояндаги кардани Чумхурии Точикистон дар созмонхои байналмилалии сохаи байтори, инчунин ташкили хамкори бо онхо;

– додани супориш барои хатман гузаронидани чорахои зиддиэпизооти ва бехдошти байтори ба хамаи объектхои тахти назорати давлатии байтори карордошта новобаста ба шакли моликият;

– андешидани чорахо дар холати мавчуд будани беморихои гузаранда барои нобуд кардани хайвонот, несту нобуд ё безараргардонии махсулоти хайвонот, коркарди махсус ё чун партов истифода намудани он ва муайян намудани тартиби аз хисоби бучети давлати ё ширкатхои сугуртави чуброн намудани зиёни ба сохибмулк расида;

– боздоштани фуруш, инчунин коркарди махсулоти хайвонот ва растаниро, ки ба талаботи бехдошти байтори мувофикат намекунад, воситахои мухофизат, ташхис, табобати хайвонот, иловахои хуроки хайвоноти ба талаботи сифат номутобикро то бартараф кардани камбудихо ва вайронкунии конунгузори бо пешниход намудани даъво ба суд;

– боздоштан ва ба суд пешниход намудани даъво дар холати ба шиносномаи худ номутобик будани хайли (штамми) микроорганизм, риоя накардани речаи нигахдории микроорганизмхо дар ташхисгоххои байтори, пажухишгоххои илми тадкикоти ва корхонахои коркарди махсулоти хайвонот;

– дар мавриди риоя накардани конунгузории байтори  нашр кардани дастуру амрномахо ва кабул намудани карорхои дахлдор  оид ба ислохи онхо;

– махдуд кардан, муваккатан боздоштан ё манъ намудан ва ба суд пешниход намудани даъво оид ба фаъолияти корхонаю муассисахо, дигар ташкилотхо ва объектхои тахти назорати давлатии байтори карордошта дар холати вайрон шудани меъёрхои бехдошти байтори ва коидахо, ки метавонанд боиси тахдиди хаёт ва саломатии инсон ё сабабгори дигар окибатхои вазнин шаванд;

– бо тартиби мукаррарнамудаи макомоти ваколатдор ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали намудани тартиби чори кардани (бекор кардани) карантин дар каламрави Чумхурии Точикистон, худудхои дахлдори нохияхо, шахрхо, дар объектхои фаъолияти хочагидори ва дигар намудхои фаъолият, дар гузаргоххои сархади давлатии Чумхурии Точикистон, шартхои татбики карантин, дигар чорабинихои махдудкунандаи бехдошти байтори ва номгуи беморихои сироятии хайвонот, ки боиси чори намудани карантин, мусодираи хайвонот ва ё махсулоти он мегардад;

– ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани рохбарони ташкилотхои тобеи макоми ваколатдор, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– таъин  намудани чазои маъмури;

– амали намудани дигар ваколатхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намудааст.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ СОХАИ БАЙТОРИ

 

Моддаи 5. Принсипхои асосии сиёсати давлати дар сохаи байтори

  1. Сиёсати давлати дар сохаи байтори аз тарафи макоми ваколатдор амали гардонида мешавад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)
  2. Сиёсати давлати дар сохаи байтори ба принсипхои зерин асос меёбад:

– таъмини мустакилияти назорати давлатии байтори;

– ичрои хатмии санадхои меъёрии хукукии аз тарафи макоми ваколатдор кабулгардида барои хамаи макомоти давлати, корхонаю муассисахо, дигар ташкилотхо, новобаста ба тобеияти идоравии онхо, шакли моликият, шахсони мансабдор, шахрвандон ва шахсони бешахрванд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– таъмини назорати давлатии байтори хангоми истехсол, нигохдори, коркард ва савдои объектхои тахти назорати давлатии байтори карордошта;

– таъмини назорати давлатии байтори хангоми интиколи борхои тахти назорати давлатии байтори карордошта бо наклиёти замини, хавои ва рохи охан;

– дастгирии чорабинихо доир ба рушди сохаи байтории давлати ва хадамоти хусуси;

– таъмини макоми ваколатдор бо захирахои дахлдори молияви;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– риояи ягонагии манфиатхои давлат, шахсони вокеи ва хукуки дар сохаи байтори;

– бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон чуброн кардани арзиши хайвонот ва махсулоти он, ки бинобар ба саломатии хайвонот ва инсон хатарнок будани онхо аз тарафи макомоти назорати давлатии байтори мусодира ва нобуд карда мешаванд;

– бо пешниходи макомоти ваколатдор тасдик намудани номгуи беморихои сироятии хайвонот, ки пешгири, ташхис ва нобудсозии онхо аз хисоби маблаги бучети чумхурияви амали гардонида мешаванд;

– хамохангсозии фаъолияти макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар сохаи байтори;

– дастгирии давлатии тахкикоти илми дар сохаи тахияи усулхои нави ташхис, пешгири ва табобати беморихои хайвонот;

– таъмини шаффофият хангоми тахия, кабул ва амалисозии чорабинихои бехдошти байтори;

– рушди хамкорихои байналмилали дар сохаи байтори.

– таъмини муътадили арзёби, идоракуни ва огохкуни аз тахдид, назорати бартараф, ихтисор ва кам намудани тахдид;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– таъмини талаботи бехатарии биологи дар сохаи байтори тавассути кабули санадхои меъёрии хукукии дахлдор.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

Моддаи 6. Тахия ва кабули чорабинихои бехдошти  байтори

  1. Тадбирхои бехдошти байтори дар холатхои зерин тахия ва кабул мегарданд:

– дар доираи зарурати хифзи хаёт ва саломатии инсон ва хайвонот;

– бо дар назардошти замина ва нишондодхои илмии мавчуда, стандартхо, дастурамалхо ва тавсияхои байналмилали;

– дар асоси арзёбии тахдид ба хаёт ва саломатии хайвонот ва инсон, ки мутобики тарзу равишхои созмонхои  байналмилалии сохави амали карда мешаванд;

– бо максади рох надодан ба табъизи худсарона ё  беасоси байни мамлакатхои шароиташон якхела ё монанд, аз чумла табъизи байни худудхои минтакави ва бахшхои истехсолоти чорводории дохили ва худудхои минтакавию бахшхои истехсолоти чорводории дигар мамлакатхо.

  1. Хангоми арзёбии тахдид ба хаёт ва саломатии хайвонот ва инсон дар раванди тахия ва кабул кардани чорабинихои бехдошти байтори макомоти ваколатдор  нуктахои зеринро бояд ба назар гирад:

– нишондодхои илми, раванд ва усулхои истехсолот, назорат, интихоб ва санчиши намунахо, мавчудияти беморихои хоса, мавчудияти минтакахои аз бемории сирояти озод ё минтакахое (нохияхое), ки сатхи беморихои сироятиашон паст аст, шароити дахлдори мухити атроф, тадбирхои карантини ва дигар тадбирхо;

– нишондодхои иктисоди, аз чумла муайян намудани талафоти истехсолот ва савдо дар холати воридшави (пайдошави), решагири ва пахншавии беморихои сирояти;

– харочоти назорат ва нобудсозии беморихои сирояти;

– самараноки ва арзиши чорахои дигари кам кардани хатар.

  1. Хангоми мавчудияти далелхои кофии илми барои арзёбии объективии тахдид ё дар вазъиятхои фавкулодда макомоти ваколатдор   хукук дорад дар асоси нишондодхои мавчуда, аз чумла нишондодхои созмонхои байналмилалии сохави ва маълумот оид ба тадбирхои бехдошти байтории дигар мамлакатхо тадбирхои муввакатии бехдошти байториро кабул намояд.
  2. Тадбирхои бехдошти байтории кабулшаванда бояд ба шароити бехдошти байтори минтакае, ки мол истехсол шудааст ва бояд тахти экспертизаи бехдошти байтори карор дода шавад ё ба шароити минтакае, ки он таъин шудааст, мутобикат кунанд. Дар рафти арзёбии шароити бехдошти байтори макомоти ваколатдор инчунин бояд холати саломатии хайвонотро дар Чумхурии Точикистон, дар мамлакати содироткунанда, мавчудияти бемори, накшахои миллии назорат ва решакансозии беморихо, мавчудияти минтакахои аз бемори озод ё сатхи пасти бемори дошта, инчунин меъёрхо ва принсипхои дастурии созмонхои байналмилалии сохавии дахлдорро ба назар гирад.
  3. Тадбирхои бехдошти байтории кабулгардида сатхи баландтари хифзи хаёт ва саломатии хайвонот ва инсонро нисбат ба сатхе, ки аз истифодаи тадбирхо дар асоси стандартхо, дастурамалхо ва тавсияхои байналмилали ба даст меоянд, метавонанд таъмин намоянд, агар он ба таври илми асоснок карда шуда ё ба ин сатхи мухофизат мувофик бошад.
  4. Хангоми кабули тадбирхои бехдошти байтори, аз чумла табирхои муваккатие, ки дар холатхои фавкулодда кабул карда мешаванд, макоми ваколатдор бояд нишондодхои нави илмиро ба инобат гирад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

Моддаи 7. Тадбирхои бехдошти  байтори дар сурати мавчуд набудани стандартхо, дастурамалхо ва тавсияхои байналмилали

  1. Агар стандартхои байналмилали, дастурамалхо ва тавсияхо  мавчуд набошанд ё тадбири бехдошти байтори ба стандартхо, дастурамалхо ва тавсияхои байналмилали мутобикат накунад ва ё агар чунин тадбир ба савдо таъсири назаррас расонида тавонад, макомоти ваколатдори бояд:

– дар бораи нияти татбики  тадбирхо дар мархилаи аввали тахияи он огохинома нашр намояд;

– мутобики санадхои хукукии байналмилали ба тарафхои манфиатдор оид ба молхое, ки нисбат ба онхо ин тадбир истифода бурда мешавад иттилоъ дихад ва кабул кардани тадбири пешниходшавандаро дар асоси тахлили тахдид асоснок кунад;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– мутобики санадхои хукукии байналмилали ва бо дархости макомоти ваколатдори дигар мамлакатхо матни санади меъёрии хукукии амаликунандаи тадбири пешниходшавандаро бо нишон додани фаркият аз стандартхо, дастурамалу тавсияхои байналмилали дастрас намояд;

– барои пешниходи мулохизот мухлати нихои мукаррар кунад ва бо дархости тарафхои манфиатдор машварат гузаронад.

  1. Огохинома оид ба молхо, ки нисбат ба онхо тадбир амали карда мешавад ва асосноккунии тадбири пешниходшаванда бояд акаллан 75 руз пеш аз огози кабули амалиёт дастрас карда шаванд.

Моддаи 8. Пешниходи иттилоот

Макомоти ваколатдор тавассути маркази ягонаи иттилооти бояд иттилоот, хуччатхо ва маълумотро мутобики санадхои хукукии байналмилали оид ба масъалахои зерин пешниход намояд:

– тадбирхои бехдошти байтории пешниход ва кабулгардида;

– тадбирхои назорати, муоинави, сертификатсияи махсулот ва амалиёти карантини;

– амалиёти арзёбии хатар ва усулхои муайян кардани сатхи зарурии хифзи саломатии хайвонот дар Чумхурии Точикистон;

– узвият ва иштирок дар машваратхои байналмилали ва минтакави, низоми хифз кардани саломатии хайвонот, мавчудият ва мухтавои санадхои хукукии байналмиаллии дутарафа ва бисёртарафа.

Моддаи 9. Судмандии тадбирхои бехдошти байтори

  1. Тадбирхои бехдошти байтории дар мамлакатхои дигар кабулгардида ба тадбирхои дар Чумхурии Точикистон амалкунанда судманд хисобида мешаванд ба шарте, ки  макомоти ваколатдор муайян кунад, ки тадбирхои дар мамлакати дигар амалкунанда хаёт ва саломатии хайвонот ва одамонро ба андозаи баробар ё аз сатхи кунунии  Чумхурии Точикистон баландтар хифз мекунанд.
  2. Карор оид ба эътироф кардани судмандии тадбирхои бехдошти байтори  бояд нашр карда шавад.

Моддаи 10. Стандартхои байтори

                        (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

  1. Стандартхои байтори бо тартиби муайяннамудаи макомоти ваколатдор, инчунин стандартхои байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, мукаррар карда мешаванд ва барои муассисахои байтори, шахсони вокеи ва хукуки дар тамоми каламрави Чумхурии Точикистон хатми мебошанд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)
  2. Риоя накардани стандартхои байтори аз тарафи субъектхои фаъолияти байтори метавонад барои ба чавобгарии маъмури ва чинояти кашидан, боздоштани фаъолияти онхо дар сохаи байтори ё бекор кардани ичозатнома барои фаъолият дар сохаи байтори бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон асос гардад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)
  3. Назорати риояи стандартхои байтори аз тарафи макоми ваколатдор амали мегардад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

Моддаи 11. Сохтори идоравии бехдошти байтори

  1. Вазорату идорахо, корхонаю муассисахо ва дигар ташкилотхое, ки фаъолияти онхо бо нигохдори ва парвариши хайвонот, хифз ва фуруши махсулоти он, хурок ва дорувори барои ташхис, пешгири ва табобати хайвонот алокаманд мебошанд, метавонанд аз хисоби воситахои худи бе истифодаи маблаги бучети давлати сохтори истехсолии байтори дошта бошанд. Тартиби таъсис ва сохтори он аз тарафи макомоти зикршудаи идорави муайян карда мешавад.
  2. Сохтори идоравии бехдошти байтори фаъолияти худро тахти рохбарии методии макомоти ваколатдор амали мегардонад.

Моддаи 12. Ичозат додан барои  фаъолияти хусусии байтори

  1. Фаъолияти хусусии байтори дар асоси ичозатнома сурат мегирад.
  2. Ичозатнома барои фаъолияти хусусии байтори бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» дода мешавад.

БОБИ 3. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БАЙТОРИ

 

Моддаи 13. Назорати давлатии байтори

  1. Назорати давлатии байториро макомоти ваколатдор амали мегардонад.
  2. Назорати давлатии байтори вазифахои зеринро дар бар мегирад:

– назорати риояи конунгузории байтори аз тарафи шахсони вокеи ва хукуки;

– назорати объектхо ва борхои тахти назорати давлатии байтори карордошта;

– назорати гузаронидани чорабинихои ташкилию хочагидори ва байторию пешгирикунанда дар объектхои тахти назорати давлатии байтори карордошта аз тарафи шахсони вокеи ва хукуки;

– назорат намудани истехсол, нигохдори, коркард ва фуруши махсулоти хайвонот, ашёи хоми хайвонот ва растанихо, воситахои пешгири, ташхису табобати беморихои хайвонот, хурок ва  хурокихои ба он иловашаванда бо  тартиби мукаррарнамудаи конунгузории байтории Чумхурии Точикистон;

– назорати интиколи борхои тахти назорати байтори карордошта бо наклиёти замини, хавои ва рохи охан;

– назорати ба талаботи бехдошти байтори мутобик будани сохтмон, таъмири бинохои чорводори, корхонахои коркарди гушту шир, дукон, анборхо ва дигар объектхои тахти назорати давлатии байтори карордошта;

– назорати риояи речаи нигохдории микроорганизмхо дар ташхисгоххои байтори, пажухишгоххои тадкикоти илми ва корхонахои коркарди махсулот ва ашёи хоми хайвонот;

– назорати шароити ташкили харидан, нигох доштан, интикол додан (расонидан) ва истифода кардани маводи байтори, ки аз хисоби маблаги бучети давлати харидори мешаванд, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– назорати нигохдори ва истифодаи захирахои чумхуриявии дорую маводи байтори;

– назорати роххои чорвогузар, худуди чарогоххо, чойхои обхурии хайвонот, коида ва шаклхои нишонагузории онхо;

– назорати чорабинихои байтори оид ба хифзи худуди Чумхурии Точикистон аз ворид ва пахншавии ангезахои беморихои хайвонот, аз чумла беморихои номаълум (экзотики) аз кишвархои дигар;

– назорати пеш бурдани хисоботи бакайдгири ва хисоботдихии байтори, инчунин мутобики конунгузории байтории Чумхурии Точикистон пешниход намудани онхо.

Моддаи 14. Принсипхои муоина ва назорати давлатии байтори

  1. Амалиёти муоина ва назорати давлатии байтори бояд ба таври зерин ичро карда шаванд:

– фавран, бе кашолкори  ва табъизи (дискриминатсия) нисбати молхои воридшаванда ва молхои ба хамин монанди махсулоти ватани;

– дар асоси далелхо, натичахои тахлили тахдид ва иттилооте, ки барои гузаронидани амалиёт зарур мебошанд;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

– хангоми огох кардани дархосткунанда оид ба мухлати ба охир расидани амал, норасоихои дар дархост чойдошта, мархила ва натичахои истехсолот;

– ба тарзе, ки хифзи сирри иттилооти таъмин гардад;

– бо рохи гирифтани намунаю чошни ба микдоре, ки барои гузаронидани амалиёти назорат ва сертификатсия  зарур мебошад.

  1. Агар баъди муоина ва ё назорати давлатии байтори дар таснифоти махсулот тагйироте ошкор гардад, амалиёти муоина ва ё назорати махсулоти тагйирдодашуда дар холати зарурат ичро карда мешавад, то ки ба талаботи дахлдор чавобгу будани махсулот новобаста ба тагйирёби муайян гардад.

Моддаи 15. Назорати давлатии байтори дар сархади давлати ва наклиёт

  1. Макомоти назорати давлатии байтори дар сархади давлати ва наклиёт таъсис дода мешавад ва бо максади пешгири ва пахншавии ба каламрави чумхури ворид шудани беморихои сирояткунандаи  хайвонот, беморихои барои хайвонот ва инсон умуми, инчунин махсулоти хайвонот ва растани, ки ба талаботи байторию санитарии Чумхурии Точикистон чавобгу нест, фаъолият мекунад.
  2. Чойхои кории макомоти назорати давлатии байтори дар сархади давлати ва наклиёт дар минтакаи ягонаи гумруки чойгир карда мешавад.
  3. Ба гузаронидани борхои тахти назорати давлатии байтори карордошта аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон  баъди санчиши мутобикати борхо ба хуччатхои байтории бо онхо хамрохбуда  ичозат дода мешавад. Дар холатхои зарури чошни ё намунаи борхо барои ташхиси озмоиши гирифта мешавад.
  4. Расмигардонии гумрукии борхои тахти назорати давлатии байтори карордошта танхо баъди аз назорат гузаштани онхо анчом дода мешавад.
  5. Ба ворид намудан ё аз каламрави чумхури  гузаронидани борхои тахти назорати давлатии байтори карордошта аз кишвархои аз чихати эпизооти солим дар холати риояи коида ва талаботи байтори, ки макомоти ваколатдор тасдик намудааст, ичозат дода мешавад.
  6. Воситахои наклиёт, ки ба Чумхурии Точикистон аз мамлакатхои аз чихати эпизооти носолим ворид мешаванд, бо  тартиб ва коидахои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи байтори,  бояд хатман сироятзудои (дезинфексия) карда шаванд.
  7. Нозирони байтории постгоххои назорати байтори дар сархади давлати ва наклиёт хангоми ичрои вазифахои хизмати либоси махсуси нишони байторидошта мепушанд.
  8. Шахсони вокеи ва хукуки, ки фаъолияти онхо бо  ворид намудани борхои тахти назорати давлатии байтори карордошта алокаманд аст, ухдадоранд, ки ба шуъбахо ва дигар ташкилотхои назорати давлатии байтори дар сархади давлатии Чумхурии Точикистон ва наклиёт харочоти гузаронидани ташхиси бехдошти байтори ва сироятзудоиро бо  тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон пардохт намоянд.

Моддаи 16. Назорати давлатии байтори хангоми интиколи объектхои тахти назорати давлатии байтори карордошта дар каламрави Чумхурии Точикистон

  1. Объектхои тахти назорати давлатии байтори карордошта хангоми интикол дар каламрави Чумхурии Точикистон бояд хатман тахти назорати давлатии байтори бошанд.
  2. Назорати давлатии байтории объектхои тахти назорати давлатии байтори карордошта хангоми интикол, бор кардан ва фуровардан аз тарафи нозирони давлатии байтории худуде, ки дар он мол  бор карда ва фуроварда мешавад, инчунин худудхое, ки хатсайри интикол мегузарад, амали карда мешавад.
  3. Хатсайрхои интиколи хайвоноти хочаги (роххои чорвогузар) аз тарафи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар мувофика бо сарнозирони давлатии байтории худуди маъмурии дахлдор бо дарназошдошти вазъи эпизоотии махал муайян карда мешаванд.(КЧТ аз 03.07.2012с.,№854)
  4. Интиколи хайвонот бе шаходатномаи байтори, раками инфироди ё шиносномаи байтори манъ аст.

Моддаи 17. Назорати давлатии байтори дар нуктахои фуруш

  1. Назорати давлатии байтори дар бозорхо ва дигар чойхо, ки фуруши хайвонот, махсулоти хайвонот ва растани ба рох монда шудааст, хатми мебошад.
  2. Ба фуруши объектхо ва борхои тахти назорати давлатии байторикарордошта, ки ба каламрави Чумхурии Точикистон ворид карда шудааст, интихобан хангоми шубха пайдо кардан ба сифати он баъди аз ташхиси байтори ё бехдошти байтори гузаштан ва гирифтани сертификати дахлдор аз макоми ваколатдори шахр ё нохияе, ки дар он чо бори мазкур ба фуруш меравад, ичозат дода мешавад. (КЧТ аз 03.07.2012с.,№854; КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)
  3. Махсулот баъди пешниходи хуччати тасдиккунандаи шахсияти молик ва мутобикати он бо хуччатхои байтории хамрохбуда барои ташхис кабул карда мешавад.
  4. Озмоишгоххои давлатии ташхиси бехдошти байтори дар бозорхо барои мухрзании гушт ва дигар махсулоти хайвоноту паррандаи забхшуда  бояд мухркогази нишондихандаи сифати махсулот, дафтари бакайдгири ва дигар хуччатхо дошта бошанд.
  5. Озмоишгохи давлатии ташхиси бехдошти  байтори хукук дорад:

– хайвонот, махсулоти он ва махсулоти растаниро муоина кунад;

– хайвонот, махсулоти он ва махсулоти растании барои саломатии хайвонот ва инсон хатарнокро мутобики Конуни мазкур аз фуруш боздорад, мусодира ва нобуд кунад ё барои коркарди махсус фиристонад;

– мутобикати борхои тахти назорати давлатии байтори карордоштаро бо меъёрхои байтори муайян карда, санади ташхис дихад;

– безараргардони (бесироятгардони), коркард ё нобуд кардани махсулот ва борхои тахти назорати давлатии байтори карордоштаро, ки ба талаботи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон чавобгу нестанд, ташкил кунад.

  1. Тартиби гузаронидани ташхиси бехдошти байтори, аз фуруш боздоштан, мусодира ва нобуд кардан ё барои коркарди махсус фиристодани махсулот ва борхои тахти назорати давлатии байтори карордоштаи хатарнокро макоми ваколатдор муайян мекунад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)
  2. Фуруши хуроквории истехсоли гайрисаноати дар бозорхо танхо баъди ташхиси бехдошти байтори дар ташхисгоххои ваколатдор ва аз тарафи фурушандагон гирифтани хулосаи макомоти назорати давлатии байтори дар бозорхо, ки мутобикати чунин хуроквориро бо коидаю меъёрхои байтори тасдик мекунад, ичозат дода мешавад.
  3. Фуруши махсулоти хайвонот ё растани дар чойхое, ки барои ин амал чудо нашудааст ё аз ташхиси бехдошти байтори нагузаштааст, манъ аст. Дар холати риоя нашудани ин талабот махсулоти хайвонот ё махсулоти растани бо  тартиби муайяннамудаи Конуни мазкур мусодира ва нобуд карда ё барои коркарди махсус фиристода мешавад.
  4. Шахсони масъули нуктахои савдо барои ичозат додан ба фуруши махсулоти аз ташхиси бехдошти  байтори нагузашта чавобгар мебошанд.
  5. Фуруши хайвонот бе шаходатномаи байтори, раками  инфироди ё шиносномаи байтори манъ аст.

Моддаи 18. Назорати давлатии байтори хангоми шикори сайд

Ташкилотхои шикори вазифадоранд, ки барои коркарди сайд мутобики талаботи бехдошти байтори майдончахои махсус тачхизонад ва ташхиси бехдошти байтории сайдро, ки дар хурок истифода мешавад, таъмин намоянд.

Моддаи 19. Хукук ва ухдадорихои нозирони давлатии байтори

  1. Нозирони давлатии байтори дар фаъолияти худ мустакил буда,  талаботи конунгузории Чумхурии Точикистонро ба рохбари мегиранд.
  2. Нозирони давлатии байтори хукук доранд:

– ба объектхои тахти назоратбудаи худуди дахлдор бе мамониат дароянд (бо пешниходи шаходатномаи хизмати) ва барои муайян кардани холати эпизооти, ошкор намудани сабабхои бемории хайвонот, муайян кардани сифати бехдошти байтории махсулоти хайвонот маълумоти зарури гиранд.

  1. Сарнозири давлатии байтории Чумхурии Точикистон дар баробари хукуку ваколатхои пешбининамудаи Конуни мазкур, дар холатхои мустасно метавонад ба Хукумати Чумхурии Точикистон таклифу пешниходхои дахлдор  ирсол  намояд.
  2. Ба ваколати Сарнозири давлатии байтории Чумхурии Точикистон ва муовини у дохил мешаванд:

– ташкил ва амали кардани назорати давлатии байтори дар Чумхурии Точикистон;

– интишори санадхои ичроашон хатми бо максади амали сохтани назорати давлатии байтори дар худуди Чумхурии Точикистон;

– дигар ваколатхое, ки ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолиф нестанд.

  1. Шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро амали мегардонанд, бо либоси махсуси хизматии дорои нишони фарккунанда таъмин карда мешаванд.

Моддаи 20. Хифзи ичтимои ва хукукии кормандони байтори

  1. Кормандони сохаи байтори дар холатхои маъюби ё бемории касби, ки хангоми ичрои вазифахои хизмати, мубориза бо беморихои сирояткунанда ва хангоми муомилаи бевосита бо хайвонот гирифтор мешаванд, сугуртаи хатмии давлати карда мешаванл.
  2. Мутахассисони байтори барои ичрои вазифахои хизмати бо воситахои наклиёти махсуси хизмати таъмин карда мешаванд.
  3. Дар давоми кор дар манбаъхои беморихои сироятии хайвоноти мубталои беморихои сирояткунанда маоши вазифавии онхо ба андозаи дукарата аз хисоби Фонди чорабинихои зиддиэпизооти пардохта мешавад.

Моддаи 21. Тартиби гузаронидани санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор дар сохаи байтори

Санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор новобаста ба шаклхои моликият ва тобеияти идоравии онхо бо максади гузаронидани назорати давлатии риояи конунгузори дар сохаи байтори мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор дар Чумхурии Точикистон» амали карда мешавад.

БОБИ 4. МАБЛАГГУЗОРИИ СОХАИ БАЙТОРИ

Моддаи 22. Манбаъхои маблаггузории сохаи байтори ва назорати байтори

Сохаи байтори ва назорати байторииЧумхурии Точикистон аз манбаъхои зерин маблаггузори карда мешаванд:

– маблаги бучетхои хамаи сатххо;

– маблаги фондхои максадноки байтори;

– даромад аз фаъолияти сохибкории ташкилотхои байтори;

– маблаггузории сармоягузорони лоихахои инноватсионии сохаи байтори;

– кредити бонкхо ва дигар карзхо;

– кумакхои бегаразона ё башардустона ва ё маблагхои хайрияи шахсони вокеи ва хукуки;

– дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст.

 

Моддаи 23. Маблаггузори кардани  сохаи байтории Чумхурии Точикистон

  1. Макоми ваколатдор, сохторхои тобеи он, бевосита аз Бучети давлати маблаггузори карда  мешаванд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)
  2. Банакшагирии харочоти барои маблаггузории сохаи байтории Чумхурии Точикистон аз маблаги Бучети давлати дар асоси харочоти молиявии ягонаи меъёри барои фаъолияти сохаи байтори, ки Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад ва дар кисми харочоти бучети хамаи сатххо дар як вохиди «Байтори» пешбини мешавад, амали мегардад.

БОБИ 5. ТАЛАБОТИ БЕХДОШТИ БАЙТОРИ ОИД БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ХАЙВОНОТ

ВА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАХСУЛОТИ ХАЙВОНОТ 

Моддаи 24. Назорати риояи талаботи бехдошти байтори нисбат ба лоихакаши ва сохтмони корхонахо оид ба истехсол, коркард ва нигохдории махсулоти хайвонот

  1. Хангоми лоихакаши ва сохтмони иншооти чорводори, фабрикахои паррандапарвари, корхонахои шир, гушт, хочагихои мохипарвари, дигар корхонахои истехсол, коркард ва нигохдории махсулоти хайвонот, хочагихои дехкони (фермери), кооперативхои истехсоли, чамъиятхои сахоми, ассотсиатсияхо, ташкилотхо ва хочагихои ёрирасони шахсии шахрвандон бояд мухайё намудани шароити бештар мусоид барои нигох доштани хайвонот, истехсоли махсулоти хушсифат ва аз нигохи байторию  санитари бехатар будани махсулоти хайвонот пешбини карда шавад. Хангоми тахияи меъёрхои лоихакашии объектхои назорати байтори, халли масъалахои чойгиронии онхо ва мукаррар намудани минтакахои бехдошти байтори бояд коидахои байтори риоя шаванд.
  2. Чудо намудани китъахои замин барои сохтмон, тасдики меъёрхои лоихакаши ва хуччатхои лоихави барои сохтмон, тачдиди объектхои тахти назорати давлатии байтори карордошта, инчунин ба истифода додани иншооти сохта ва тачдидшуда хангоми мавчуд будани хулосахои бехдошти байтори ичозат дода мешавад.

Моддаи 25. Талаботи бехдошти байтори ба парвариш, хуроку обдихи, бо наклиёт бурдану ба дигар чойхо рондани хайвонот

  1. Хурок, об  ва иловахои хуроки хайвонот бояд барои сихатии хайвонот бехатар бошанд ва набояд нумуяхои афзоиши хайвонот, аз чумла гормони ва дигар моддахои барои хайвонот, мухити зист ва инсон зарарнокро дар сатхи зиёда аз меъёр дошта бошанд.
  2. Меъёрхои бехдошти байтории бехатари ва ё безарарии хурок, иловахои хуроки хайвонот ва тартиби сертификатсияи онхо бо коидахои байтори мукаррар карда мешаванд. Меъёрхои бехатари ва ё безарарии хурок, иловахои хуроки хайвонот набояд аз меъёрхои дахлдори стандартхои байналмилали ва хуччатхои меъёрии ташкилотхои байналмилалии байтори мукаррарнамуда, ки Чумхурии Точикистон узви онхо мебошад, фарк кунанд.
  3. Истехсол ва истифодаи хурок, иловахои хуроки хайвонот ба максади муомилот аз руи таъинот хангоми мавчуд будани сертификат, ки макомоти ваколатдор додааст, ичозат дода мешаванд.
  4. Хурок ва иловахои хуроки хайвоноти ба талаботи бехдошти байтори номутобик (сертификатсиянашуда) бо карори макомоти ваколатдор аз истехсолот ва истифода боздошта мешаванд ё аз тарафи сохибони онхо мутобики хулосаи бехдошти байтори истифода мегарданд.
  5. Бо наклиёт бурдан ва ба чойхои дигар рондани хайвонот танхо хангоми мавчуд будани хуччатхои байтории хамрохбуда бо риояи талаботи бехдошти байтори оид ба пешгирии пайдоиш ва пахншавии беморихои хайвонот дар хатсайрхои бо макомоти ваколатдор  мувофикашуда ичозат дода мешавад. Бо наклиёт бурдан ва рондани хайвонот аз худудхои нохияхо ва шахрхо, ки нисбат ба беморихои сироятии хайвонот вазъи номусоид доранд, манъ мебошад.

Моддаи 26. Талаботи бехдошти байтори ба ташкили забхи хайвонот, истехсол, коркард, нигохдори, интикол, фуруши гушт, махсулоти гушти, шир, махсулоти шири, мохи, тухм, тухми мохи, ашёи хоми аз хайвон гирифташуда ва махсулоти занбури асал

  1. Шахсони вокеи ва хукукие, ки ба забхи хайвонот, истехсол, коркард, нигохдори, интикол ва фуруши гушт, махсулоти гушти, шир, махсулоти шири, мохи, тухм, тухми мохи машгуланд, фаъолияти худро дар асоси аттестатсияи бехдошти байтории шароити истехсолии онхо амали мекунанд. (КЧТ аз 03.07.2012с.,№854)
  2. Аттестатсияи бехдошти байтории шароити истехсоли аз чониби макомоти ваколатдор амали карда мешавад.
  3. Шахсони вокеи ва хукуки – рохбарон ё шахсони масъули нуктахои хуроки умуми, барои таъмини талаботи бехдошти байториишароити нигохдори ва коркарди гушту махсулоти гушти, ширу махсулоти шири, мохию махсулоти мохиги ва тухм ашёи хоми аз хайвон гирифташуда ва махсулоти занбури асал чавобгар мебошанд. (КЧТ аз 03.07.2012с.,№854)

Моддаи 27. Талаботи бехдошти байтори ба ташкили фуруши хайвонот, махсулоти хайвонот ва растани дар нуктахои савдо

  1. Хангоми ташкили фуруши хайвонот, махсулоти хайвонот ва растани дар бозорхои савдои яклухт, чакана, озукавори ва гайра, бо максади пешгирии пайдоиш ва пахншавии беморихои умумии хайвоноту инсон ва пешгирии захролудшави аз хурокхо бояд коидахои байтори ва бехдошти ичро карда шаванд.
  2. Ба фуруши махсулоти хайвонот ва растани  хангоми мавчуд будани сертификати мутобикати сифати махсулот ичозат дода мешавад.
  3. Дар бозорхо барои ташкили назорати ичрои коидахои байтори, гузаронидани ташхисхои байторию санитари, дигар чорабинихои махсус оид ба таъмини бехатарии махсулоти фурухташавандаи хайвонот ва растани аз тарафи шахсони мансабдор ва (ё) шахсоне, ки дар бозорхо вазифаи идоракуниро ба ухда доранд, бояд ташхисгоххои бехдошти байтори таъсис дода шаванд. Кори ташхисгоххои мазкур тибки низомномаи ташхисгоххои бехдошти байтори ба рох монда мешавад.

Моддаи 28. Талаботи бехдошти байтори ба хайвонот, махсулоти хайвонот, хурок ва иловахои хуроки хайвонот, ки ба Чумхурии Точикистон ворид карда мешаванд

  1. Хайвонот, махсулоти хайвонот, хурок ва иловахои хуроки хайвонот ба Чумхурии Точикистон бо риояи талаботи Конуни мазкур ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофкардаи Чумхурии Точикистон, инчунин зимни мавчудияти сертификатхои байтории гувохидихандаи (кафолатдихандаи) бехатарии бехдошти байтори, офияти эпизоотии мамлакати содиркунанда барои хар як микдори хайвонот, махсулоти хайвонот, хурок ва иловахои хуроки хайвонот ворид карда мешаванд.
  2. ухдадорихо оид ба ичрои талаботи Конуни мазкур ва кафолати риояи коидахои байтори хангоми ба худуди Чумхурии Точикистон воридсозии хар як микдори хайвонот, махсулоти хайвонот, хурок ва иловахои хуроки хайвонот бояд кисми таркибии шартномаи ба расонидани хайвонот, махсулоти хайвонот, хурок ва иловахои хуроки хайвонот бошад.
  3. Ба фуруши хайвонот, махсулоти хайвонот, хурок ва иловахоихуроки хайвонот, ки ба Чумхурии Точикистон ворид карда шудааст, интихобан хангоми шубха пайдо кардан ба сифати он танхо баъди аз ташхиси байтори ва бехдошти байтори гузаштан ва гирифтани сертификати дахлдор аз макомоти ваколатдори давлатии байтории шахр ё нохияе, ки дар он бори мазкур фурухта мешавад, ичозат дода мешавад.

Моддаи 29. Нишонагузории хайвонот

  1. Хайвонот аз руи шаклу намунахои мукаррарнамудаи меъёру коидахои байтори бояд хатман нишонагузори карда шаванд.
  2. Нишонагузории хайвонот аз тарафи макоми ваколатдор аз хисоби маблаги муомилоти бучети давлати (Фонди чорабинихои зиддиэпизооти) амали карда мешавад. Харочоти нишонагузории хайвонот бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон аз хисоби сохибони хайвонот пардохт мегардад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)
  3. Хар як чорво аз рузи тавлид шудан бояд раками инфиродии алохида дошта бошад ва он дар шакли тамга ва ё ба шакли халка дар гуши хайвонот аз руи коида ё ба тарзи дигар мустахкам карда шавад.

Инчунин аз микрочипхо ва аломатгузори дар гуш истифода кардан мумкин аст. Паррандахо, мохи, занбури асал ва дигар хайвоноти хурд ба таври гурухи нишонагузори карда мешаванд.

  1. Тибкиталаботи байналмиллали барои хайвоноти бемахсул аз рузи зоидашавиашон дар давоми си руз шиносномаи инфиродии алохидаи байтори тартиб дода мешавад, ки он бояд то рузи фавташон (забхашон) нигох дошта шуда, сипас аз руи тартиби мукарраргардида ба бойгони супорида шавад. (КЧТ аз 03.07.2012с.,№854)
  2. Нишонагузории хайвонот барои мукаррар намудани зот, синну сол, чои тавлиди хайвон, инчунин барои назорати интиколи (чойивазкунии) хайвон ва махсулоту ашёи хоми он, пур кардани варакахои бахисобгири ва хисоботдихи аз тарафи макомоти давлатии назорати байтори имконият медихад.

БОБИ 6. ТАЪМИНИ МУХОФИЗАТ АЗ БЕМОРИХОИ ХАВФНОКИ УМУМИИ ХАЙВОНОТ

ВА ИНСОН ВА АЗ ЗАХРОЛУДШАВИ АЗ ХуРОКИХО

 

Моддаи 30. Бархамдихии манбаъхои эпизооти ва бартараф кардани хавфи пайдошави ва пахншавии беморихои сироятии хайвонот

  1. Барои бархамдихии манбаъхои эпизоотии беморихои махсусан хатарноки хайвонот ва бартараф намудани хавфи пайдоиш ва пахншавии ин беморихо бо карори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва дар асоси пешниходу дастурхои макоми ваколатдори худуди маъмури, метавонад карантин чори намуда, хайвонот ё махсулоти хайвонот мусодира ва дигар чорабинихои бехдошти байтории махдудкунанда амали гардонида шаванд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)
  2. Тартиби чори (бекор) кардани карантин дар каламрави Чумхурии Точикистон, худудхои дахлдори нохияхо, шахрхо, дар объектхои фаъолияти хочагидори ва дигар намудхои фаъолият, дар гузаргоххои сархади давлатии Чумхурии Точикистон, шартхои татбики карантин, дигар чорабинихои махдудкунандаи бехдошти байтори ва номгуи беморихои сироятии хайвонот, ки боиси чори намудани карантин, мусодираи хайвонот ва ё махсулоти хайвонот мегардад, бо  тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали мегардад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)
  3. Шахсони вокеи ва хукуки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хукук доранд, ки ба онхо зарари дар натичаи мусодираи хайвонот ва махсулоти хайвонот расонидашуда чуброн карда шавад. Тартиби чуброни зарарро дар натичаи мусодираи хайвонот ва махсулоти хайвонот Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Моддаи 31. ухдадорихои шахсони вокеи ва хукуки, шахсони мансабдори макомоти ваколатдор оид ба бархамдихии манбаъхои эпизоотии махсусан хатарноки беморихои хайвонот

  1. Шахсони вокеи ва хукуки – сохибони хайвонот ва махсулоти хайвонот бо максади бархамдихии манбаъхои эпизоотии беморихои сироятии хайвонот ухдадоранд:

– талаботи Конуни мазкур, инчунин карорхо, дастурхо ва хулосахои байторию санитарии нозирони давлатии байториро ичро намоянд;

– чорабинихои мукарраршуда ва иловагии бехдошти байтори, аз чумла корхои сироятзудои, дезинсексиони ва дератизатсиониро амали гардонанд;

– хайвоноти ба беморихои сирояти гирифторшударо нобуд созанд ва ё барои коркарди махсус ба корхонахо супоранд.

  1. Шахсони мансабдори макомоти ваколатдор барои гузаронидани чорабинихои зиддиэпизоотии дар Конуни мазкур пешбинишуда, ки бархамдихии манбаъхои эпизоотии беморихои сироятии хайвонотро таъмин менамоянд, ухдадор мебошанд.

 

Моддаи 32.  Ташхиси бехдошти байтории махсулоти хайвонот

  1. Гушт, шир, тухм, мохи ва махсулоти занбури асал ва махсулоти дигари хайвонот барои муайян кардани сифат, мукаррар намудани бехатарии бехдошти байтори ва мувофик будани онхо барои истифода хамчун хуроквори вочиби санчиши бехдошти байтори мебошанд. Ташхиси бехдошти байтории махсулоти хайвонот аз чониби озмоишгоххои макомоти ваколатдор гузаронида мешавад. Озмоишгоххои макомоти ваколатдор барои сифат ва ташхиси бегаразона мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон чавобгар мебошанд.
  2. Махсулоти хайвонот, ки аз руи натичахои ташхиси бехдошти байтори барои истеъмол хавфнок шуморида мешавад, мутобики хулосаи бехдошти байтори бояд дар шароити саноати бехатар (безарар) гардонида, бо максади бартараф намудани зарарнокии онхо ба инсон, хайвонот ва мухити зист аз тарафи моликон мавриди коркард карор гирад ё нобуд карда шавад.
  3. Фуруши махсулоти мавриди истеъмол, ки бо тартиби мукарраршуда аз санчиши байторию санитари нагузаштааст, манъ аст.

Моддаи 33. Сертификатсияи махсулоти хайвонот

Махсулоти саноатии хайвонот, ки хушсифати ва бехатарии бехдошти  байтории онхо дар асоси натичахои санчиши бехдошти байтори мукаррар шудааст ва бо хулосаи бехдошти  байтори расман тасдик гардидааст, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори бояд ба он сертификатимутобикати махсулот дода шавад. (КЧТ аз 03.07.2012с.,№854)

Моддаи 34. Хамкории макомоти идоравии бехдошти байтори, шахсони мансабдор, сохторхои макомоти ваколатдор, макомоти давлатии назорати санитарию эпидемиологи ва макомоти холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждани

Макомоти идоравии бехдошти байтори, шахсони мансабдор, сохторхои макомоти ваколатдори Чумхурии Точикистон, макомоти давлатии назорати бехдошти эпидемиологи ва макомоти холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждани дар доираи салохияти худ хангоми ташкил ва гузаронидани чорабинихо оид ба хифзи ахоли аз беморихои умумии хайвоноту инсон ва захролудшави аз хуроквори бояд мунтазам хамкори намоянд.

Моддаи 35. Хукуку ухдадорихои шахсони вокеи ва хукуки хангоми татбики чорабинихо оид ба ташхис ва сироятнопазир кардан

  1. Шахсони вокеивахукуки хангоми татбики чорабинихо оид ба ташхис ва сироятнопазир кардани хайвонот хукук доранд:

– сохторхои давлати ё гайридавлатии байтори ва шахсони вокеи ва хукукиеро, ки дар сохаи байтори бо фаъолияти сохибкори машгуланд, интихоб намоянд;

– ташхис ва эмкунии профилактикии бамузди зидди беморихои хайвоноти дар номгуи беморихои хайвонот дохилбуда, ташхис ва пешгирии махсуси онхоро гузаронанд, ки барои тамоми шахсони вокеи ва хукуки аз хисоби бучети давлати анчом дода  мешаванд.

  1. Хангоми сироятнопазир намудан шахсони вокеи ва хукуки ухдадоранд талаботи нозирони байториро дар бораи гузаронидани эмкунии хатми ба максади пешгирии  беморихои хайвонот, ки аз руи нишондодхои эпизооти ва беморихои дар руйхати Бюрои Байналмиллалии Эпизооти дохилбуда зарур мебошад, ичро намоянд. (КЧТ аз 03.07.2012с.,№854)
  2. Нисбат ба хайвоноте, ки сохибонашон талаботи нозирони байториро дар бораи гузаронидани эмкунии хатмии хайвонот мутобики мукаррароти кисми дуюми моддаи мазкур ичро накардаанд, фурухтан, интикол додан ё ба чои дигар рондан, забх кардан ва коркарди он барои гушт ва махсулоти гушти, фуруши гушт ва махсулоти гуштии он бе ичрои махдудиятхои бехдошти байтории конунгузории байтори мукаррарнамуда ичозат дода намешавад. Барои ичро накардани талаботи мазкур сохибони хайвонот мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон чавобгар мебошанд.
  3. Ташкилотхои сугурта хангоми бастани шартномаи сугуртаи хайвонот бояд дар он талаботро оид ба эмкунии хатмии хайвонот, ки кисми дуюми моддаи мазкур пешбини намудааст, дохил намоянд. Хангоми ичро накардани талаботи мазкур аз тарафи сохибони хайвонот пардохтхои сугуртавии онхо бозгардонида намешавад.

Моддаи 36. Маблаггузори барои ташхис ва сироятнопазир намудан ва дигар чорабинихои зидди эпизооти

  1. Маблаггузори барои ташхис, сироятнопазир намудан ва дигар чорабинихои зиддиэпизооти аз хисоби маблагхои бучети давлатии Чумхурии Точикистон, маблагхои фондхои махсуси байтори ва дигар манбаъхои маблаггузори мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали гардонида мешавад.
  2. Банакшагирии харочоти маблаггузории чорабинихои зиддиэпизооти (аз чумла харочоти ташхис ва сироятнопазир намудан) дар асоси меъёрхои харочоти молияви, ки Хукумати Чумхурии Точикистон ба ин максадхо мукаррар мекунад, амали гардонида, дар кисми харочоти бучети макоми ваколатдор дар зерфасли «Фонди чорабинихои зиддиэпизооти» нишон дода мешавад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)
  3. Мавод барои гузаронидани тахкикоти ташхиси ва дорувории иммунобиологи, барои эмкунии профилактикии зидди беморихое, ки дар номгуи беморихои хайвонот дохил гардидаанд, инчунин ташхис ва пешгирии махсуси онхо барои тамоми шахсони вокеи ва хукуки новобаста ба шаклхои моликият  аз хисоби бучети давлати ба таври ройгон расонида мешаванд.

(Кисми 4 хорич шуд бо КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

Моддаи 37. Расонидани хизмати бамузди  байтори

  1. Ташкилотхои байтори ва сохибкорони инфироди, ки дар сохаи байтори фаъолият мекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон метавонанд ба шахсони вокеи ва хукуки хизмати бамуздибайтори расонанд. Барои  кор ва хизмати шахсони вокеи ва хукукии сохаи байтори сохибони хайвонот, новобаста ба манбаи ба даст овардани маводи байтори, бояд музд  пардохт намоянд (бучети давлати, грантхо, маблагхои башардустона, донори ва гайра).
  2. Номгуи намудхои хизмати бамузди  байтори ва тартиби расонидани онро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.
  3. Ташкилотхои байтори, шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди, ки дар сохаи байтори фаъолият мекунанд, новобаста ба шакли моликият ухдадоранд, ки бахисобгирии омории байтори тартиб диханд ва ба макомоти давлатии болоии идоравии сохаи байтори ва макомоти ваколатдори давлатии сохаи омори Чумхурии Точикистон хисобот пешниход намоянд.
  4. Маблаге, ки корхонаю муасиссахо ва дигар ташкилотхои байтории давлати аз фаъолияти хизматии бамузди байтори ба даст меоранд, ба максадхои рушди сохаи байтории Чумхурии Точикистон тавассути системаи фондхои инкишофи сохаи байтори аз руи тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон харч карда мешаванд.

БОБИ 7. ТАЪМИНИ ИЛМИИ БАЙТОРИ

Моддаи 38. Муносибатхои тарафайни ташкилотхои илми ва макомоти ваколатдор

  1. Академияи илмхои кишоварзии Точикистон, муассисахои тахсилоти касби якчоя бо макоми ваколатдори Чумхурии Точикистон равияхои афзалиятноки мавзуъхои илмии хусусиятхои тачрибави доштаро муайян намуда, барномаи хифзи сихатии хайвонот ва назорати давлатии байториро хамоханг месозанд ва консепсияи рушди байтори ва илми байториро тахия, пешниход ва тасдик мекунад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)
  2. Академияи илмхои кишоварзии Точикистон, муассисахои тахсилоти касби ва макоми ваколатдори Чумхурии Точикистон экспертизаи комплексии барномахои илмии сохави, барномахои максадноки чумхуриявиро дар сохаи байтори якчоя татбик намуда, барои амали кардан ва самаранок истифода бурдани дастовардхои илми байтори тавсияхо пешниход мекунанд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)
  3. Макоми ваколатдори Чумхурии Точикистон самтхои афзалиятноки корхои тадкикоти илмиро, ки ба душворихои сохаи байтори дар минтака алокаманд мебошанд, муайян карда,  барномахои корхои зикршавандаро дар хачми маблаги дар бучети он тасдикшуда маблаггузори менамояд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)

Моддаи 39. Такмили ихтисос ва касбомузии кормандони сохаи байтори

 

  1. Такмили ихтисос ва касбомузии кормандони сохаи байтори аз чониби макоми ваколатдори Чумхурии Точикистон муайян мегардад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1364)
  2. Рохбарони макомоти ваколатдор, ташкилоту муассисахои байтори ухдадоранд, ки барои такмили ихтисоси кормандони байтори шароити зарури мухайё намоянд.

 

Моддаи 40. Фаъолияти истехсоли дар сохаи байтори

  1. Фаъолияти истехсоли дар сохаи байтори фаъолиятест, ки барои истехсоли дорувори бо максади ташхис, пешгири ва табобати хайвонот, асбобхои байтори, зоотехникаи байтори ва тачхизоти байтори равона карда шудааст.
  2. Ташкили истехсол ва хариди дорувори барои ташхис, пешгири ва табобати хайвонот, инчунин истехсоли асбобхои байтори, зоотехникаи байтори ва тачхизоти байтори мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба рох монда мешавад.

Моддаи 41. Дастгирии давлатии фаъолияти истехсоли дар сохаи байтори

Бо максади таъмини офияти эпизооти дар каламрави Чумхурии Точикистон саноати байтори ва истехсоли дорувори барои ташхис, пешгири ва табобати хайвонот дар доираи маблаггузории бучети, чалби грантхои ташкилотхои байналмилали ва маблагхои махсуси  хизматрасони  аз дастгирии давлати бархурдор  мешавад.

БОБИ 8. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 42. Халли бахсхо хангоми фаъолият дар сохаи байтори

 

Бахсхои сохаи байтори мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон аз тарафи суд хал карда мешаванд.

Моддаи 43. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 44. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи байтори»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 8 декабри соли 2003 «Дар бораи байтори» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2003, №12 мод. 701; с. 2005,  №12, мод, 632; с. 2007, №7, мод. 688) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 45. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

 

           Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                     Эмомали Рахмон

        ш. Душанбе

29 декабри соли 2010

                  №674

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …