Главная / Илм / Бахористони Абдурахмони Чоми (Китоб)

Бахористони Абдурахмони Чоми (Китоб)

«Бахористон»-и бехазон аз гаронмоятарин осори тарбияви-ахлокии адабиёти чахону форсизабон ва эчодиёти Мавлоно Абдурахмони Чоми (1414-1492) буда, бештар аз 500 сол мешавад, ки дар тарбияти ахлоки хамидаву атвори писандидаи инсоният хиссаи сазовор мегузорад.

Бахористони Абдурахмони Чоми

Нашри хозира, ки нашри савуми илми-оммавии асар дар Точикистон мебошад ва ба 520-умин солгарди таълифи он мувофик меояд, матни мукаммали онро фарохам оварда, бо сарсухани муфассал ва шарху тавзехоти мудаллал оро ёфтааст, то кори хонандагони азизи гуногунсолро осон гардонад.

Чунон ки худи Мавлоно дар мукаддимаи китоб менависад, «илтимос аз тамошойиёни ин риёзи холи аз хори мулохазаи аърозу хошоки мутолабаи аъвоз он, ки чун ба кадами ихтимом бар инон бигзаранду ба назари иътибор бар инхо бингаранд, богбонро, ки дар тарбияташон хуни чигар хурдаасту дар танмияташон чони ширин бар лаб оварда, ба дуъое ёд кунанду ба санное шод гардонанд».

Абдурахмони Чоми. Бахористон.  Тахиягари матн, муаллифи сарсухану тавзехот ва шорехи лугот Аълохон Афсахзод, Душанбе, «Маориф ва фарханг», 2008,

Китоб аз 139 – сахифа иборат аст.

———- **** ——-

БАХОРИСТОНИ БЕХАЗОН

Панчсад (-у бист) сол пеш аз ин, бахори соли 1487, шоири нотакрору  олими номдор Мавлоно Абдурахмони Чоми (1414—1492), ки 73-сола буд, дар канори шахри Хирот, дар махаллаи Хиёбон ба фарзанди ягонаи дахсолааш Зиёуддин Юсуф аз забони араби ва коидахои он дарс медод. Писарак сохиби зехни бурро ва шавки гиро бошад хам, аз чихати камкуввати хар замон хаста мешуд. Ба болои ин, чуши бахор ва хаёхуйи бачагони шух уро берун мекашид.

Чоми, ки марди фозилтарини даврон ва муаллими муътабари замон буд, намехост нури чашмаш факат ба аслу насаб ва, хусусан, фарзанди у будан фахр кунад. Бинобар хамин, шабу руз ба тарбияи Зиёуддин Юсуф машгул мешуд. Аслан, Зиёуддин Юсуф дар миёни чахор писар фарзанди савуми Чоми буда, писарони дигараш дар тифли нобуд шуда буданд. Чоми ба тарбияи Зиёуддин Юсуф аз кудакии у машгул шуда, дар «Тухфат-ул-ахрор»,«Сабхат-ул-аброр», «Юсуфу Зулайхо», «Лайливу Мачнун» ва «Хирадномаи Искандари», ки онхоро мутобикан дар солхои 1481, 1482, 1483, 1484 навшита буд, фаслхои алохидаро ба насихат ва панди фарзанди дилбандаш бахшида, уро ба касби дониш, ахлоки нек, кирдори шоиста, дустиву рафокат, навозиши бечорагон, хайру саховат, кумаки эхтиёчмандон ва хизмати халк рахнамойи мекунад. Баробари ин, фарзандашро огох менамояд, ки аз кизбу дуруг, бухлу хасад, кибру хаво, гуруру худписанди, кохиливу танбали, чахолату мардумозори, чоху мансабпарасти, тамаллуку чоплуси ва дигар падидахои ахлоки разила бархазар бошад. Яке аз вазифахое, ки Чоми дар назди чигаргуша ва нури дидаи худ мегузорад, ба кадри вакт расидан, аз он хуб истифода бурдан ва дар чавони илму хунар омухтан аст. У талаб мекунад:

Чу нодонон на дар банди падар бош,

Падар бигзору фарзанди хунар бош!

Хамин мавзуъи на дар банди падар, яъне магрури ному маком ва сарвати у шудан, балки фарзанди хунар будан, яъне албатта барои ба худ ва ба чамъият нафъ расондан илму хунар (Точи сари чумла хунархост илм, — Куфлкушои хама дархост илм) омухтанро Чоми дар тамоми зиндагии худ таълим медод:

Хар писар, к-у аз падар лофад, на аз фазлу хунар,
Филмасал, гар дидаро мардум бувад, номардум аст.
Шохи бебар арчи бошад аз дарахти мевадор,
Чун наорад мева бар, андар шумори хезум аст!

Шоир аз писари худ талаб мекунад, ки дар касби камолоти инсони ва манфиат расондан ба мардум хеч гох ба он чизе, ки ноили он гардидааст, конеъ нашавад:

Конеъ нашави ба хар чи ёби,

Аз хуб ба хубтар шитоби.

Панду насихатхои Чоми ба писараш дар «Бахористон» бо мохияти худ ахамияти умумиянсони доранд. Барои хамин човидони хастанд ва ба дили хар як одам рох ёфта, уро ба суйи неки рахнамун медоранд. Шояд аз руйи анъана бошад, ки ба ман хам модарам «Бахористон»-ро дар 10 — 11-солаги ёд медод.

Чоми ба тарбияи чиддии Зиёуддин Юсуф аз чахорсолагии у шуруъ карда, охирин китоби хешро барои вай чанд мох кабл аз вафоти худ ба охир расонд. Он «Фавоиди Зиёия» ном дошта, рочеъ ба синтаксис(нахв)-и забони араби бахс мекунад.

Чоми дар омузондани илмхо ба писараш усули хубе дошт. Ба у пайваста киссаю афсона мегуфт, шеър ёд медод, хикоятхои «Гулистон»-ро мехонд. Гулпарвариро меомузонд, дар замин мехнат карданро машк мекунонд, аспсавориро таълим медод. Бахорони соли 1487, хангоми дар байни сабакхои Зиёуддин Юсуф аз араби ба хотири хастаги ва дилсардии уро кам кардан барояш аз «Гулистон»-и Саъди хикоятхо хондан, пай бурд, ки баъзе хикоятхо барои писарак душвори мекунанд. Аз ин ру, худ ба навиштани асаре шуруъ карда, зуд онро ба охир расонд ва номашро «Бахористон» гузошт.

«Бахористон»  аз мукаддима ва  хашт боб  (равза) иборат аст: 1) саргузашти орифон; 2) хикмати бузургон; 3) саргузашти подшохон, адолат ва ахлоки неки онхо; 4) таргиби саховатманди; 5) хикоятхои шавкангези ишки; 6) мутоябахои сафобахш; 7) зикри шуъаро, таърифи  шеър, пайдоиш ва хусну кубхи он; 8) хикоятхои тамсили.

«Бахористон», ки дар пиронсолии муаллиф зеби ракам гардидааст, як навъ асари чамъбасткунандаи гояву акоиди чамъиятшиносии мутафаккири забардаст аст. Андешаву афкори адиб дар он ба таври соддаву равшан ифода ёфта, онхоро дар сурати натичахои фикр дастраси мардум   сохтааст. Нависанда хангоми таълиф пеш аз хама, максади тарбияи насли  наврас ва дар чавонон парваридани  ахлоки некро дар мадди назар доштааст. Дар мукаддимаи асар Чоми ба хонандагон мурочиат карда мегуяд: «Илтимос аз тамошойиёни ин риёзи холи аз хори мулохазаи аъроз ва хошоки мутолабаи аъвоз он, ки чун ба кадами ихтимом бар инон бигзаранд ва ба назари эътибор дар инхо бингаранд, богбонро, ки дар тарбияташон хуни чигар хурдаасту дар танмияташон чони ширин бар лаб оварда, ба дуъое ёд кунанду ба саное шод гардонанд».

«Бахористон» асари бадеъиест, ки дар он ба тарзи хосе хам аз зиндагонии ибратомузи шайхону орифон, хам аз дурдонахои андешаю афкор ва хикмати донишмандони бузург, хам аз аъмоли хайри хокимону мансабдорон, хам аз ривояти хайру саховати муболигаомези афроди таърихи ва химмату накукории шахсони афсонави, хам аз тасвири гудози ишк ва дустию вафодории дилбохтагон, хам аз латифаю мутоибахои халки, хам аз рафтори шуъаро, хам аз хикоёти пандомузи тамсили рочеъ ба хайвонот натичахои ахлоки гирифта мешавад.

Дар баробари ин, муаллифи «Бахористон» иллатхои ичтимои ва айбхои шахсиро фошофош зери танкид гирифта, ба василаи мукобилгузории ходисахои ба хам зид акоиди худро рочеъ ба неки таквият медихад.

Равзаи хафтуми «Бахористон» аз хусуси пайдоиши шеъру адаб, анвоъи шеър ва хусну кубхи он сухан ба миён меорад. Ин боб аз хусуси мохияту табиат ва хусусиёти шеър бахс ороста, ба хукми тазкираи мухтасаре намунаи ашъори сиву нух тан шоири асрхои X—XV, минчумла Рудаки, Дакики, Фирдавси, Носири Хусрав, Хокони, Низоми, Амъак, Анвари, Сузани, Муиззи, Саъди, Хусрави Дехлави, Хасани Дехлави, Хофиз, Камол ва Навоиро санад меорад. Вале маълумоти Чоми на шархи хол, балки лахзахои ибратомузи зиндагии адибонро фаро гирифта, бо рухия ва шеваи нигориши худ ба бобхои дигари асар куллан мутобикат доранд.

Умуман, «Бахористон» энсиклопедияест, ки дар он урфу одат ва хулку хислати тамоми табакоти мардуми асри XV, аз фаррош то подшох, инъикос гардидааст.

Нависандаи «Бахористон» хамчун шахси халкпарвару ватандуст, озодихоху адолатчу ва хайрхохи табакаи захматкашу мазлум, пеш аз хама, халли масъалахои ичтимоиро ба миён гузошта, мувофики тасаввури асримиёнаги чамъияти инсонхоро ба ду гурух — золимон ва мазлумон таксим менамояд ва бар зидди зулму чавр ва таъаддию бедодгари исён бардошта, давлатмандонро ба саховат ва бечорагонро ба каноат даъват намуда, бо хамин адлу инсофро таргиб мекунад ва бар зидди худбинию худписанди ва харисию хасосат, берахмию беинсофи ва чангу чидол исён мебардорад, ин нуксонхоро сабаби фалокати чамъият ва вайронии мамлакат дониста, аз онхо рохи халоси мечуяд ва ин рохро дар сохти подшохии армоние мебинад, ки дар он шохи одили хизматгори халк хукмрон бояд бошад.

Агар дар асри XV баён ёфтани ин акидахоро ба назар гирем, ахамияти онхо боз хам меафзояд, зеро асри XV, ба таъбири  В.В. Бартолд, «замони шукухи зохири» намояд хам, дар асл «замони истибдоди феодали, кашмакаш ва задухурдхои пайдарпайи темуриён, шиддати кинаву адовату таассуби дини ва мазхаби буд». Хусусан, баъди марги Темур (18 феврали соли 1405), ки дар замони хукумати худ (1371 —1405) Мовароуннахр, Туркистон, Эрон, Осиёи Хурд, Кавказ,  Афгонистон, як кисми Хиндустон, Дашти Кипчок ва як кисми Россияро забт карда буд, авлоди у барои тахт чон меканданд, хуни якдигарро мерехтанд ва дар натичаи ин задухурдхои тахту точталаби мамлакат ру ба хароби ва хонаи фукаро ру ба вайрони мениход. Бинобар ин, таргиби адлу инсоф дар ин аср ахамияти махсус касб мекунад.

Хокимони асри XV кабохат ва золимии худро бо таълимоти дини пардапуш кардани мешуданд. Дар адабиёти замони Чоми, аз чумла дар насри он, мавзуъхои дини ва таргиби ахкоми мазхаби чойи намоёнро мегирад. Аммо дар миёни чунин асархо «Бахористон» бо мазмуни дуняви, акоиди умумиинсони ва нуктахои хуманистии худ чилои махсус медихад. Имтиёзи «Бахористон» аз асархои дигари хамчинсу хамзамонаш дар он низ хувайдо мегардад, ки адиби инсондуст дар танкиди хокимони золим, ки дину мазхабро никоби худ карда буданд, аз хеч чиз нахаросида, часурона никоб аз руйи онхо бардошта, аз под-шохи диндори золим бехтар будани подшохн бединро пеш мегузорад. Ба акидаи у, на дину мазхаб, на саччоданишинию тоат, балки адолат сифати ягонаест, ки ба подшох обру ва шаъни човидони меорад.

Мутафаккири бузург чунин акидахоро кабл аз ин хам чандин бор бар пеш гузошта, дар «Саломону Абсол» низ подшохи бедини адлпарварро аз подшохи диндори золим болотар гузоштааст:

Куфркеше, к- у ба адл ояд фарих,

Мулкро аз золими диндор бих!

Чоми, бо ин хама конеъ нашуда, салтанатро ба хайма ташбех дода, ростиву адлро сутунхои он мешуморад ва саволомезона хитоб мекунад:

Гар набошад сутуни хайма ба чой,

Чун ситад хайма бе сутун бар пой?!

Муаллифи «Бахористон» таъкид мекунад, ки «агар кас ба мардум теги номехрубони кашад, куштаи теги номехрубонон мегардад». Бинобар ин, подшох бояд окибатандеш ва аз хунрези бархазар бошад.

Дар силсилаи образхои мусбати «Бахористон» Искандару Анушервон чун образхои подшохони идеали амал мекунанд. Бузургмехру Арасту ва дигар донишмандону адибон рахнамою ёвари онхо мебошанд. Образи Хаччоч, ки дар асл ва дар таърих ба золими машхур буд, хамчун акси онхо тачассум мегардад. Абучахл, амалдори чафогар, табиби бемурувват, муаллими нодон, тавонгари мумсик, шоири тамаъкори чоплус, олими беамали гуломи нафс, дустони риёи, фарзандони нохалаф ва амсоли инхо, ки лашкари куввахои бадиро ташкил медиханд, хама хосили беадолати ва нобасомонихои замонанд.

Чоми адолатро чун пояи хубихо ва сифати барчастатарини подшох эътироф намояд хам, ба хама адолат кардани подшохро талкин намекунад. Баръакс, мувофики акидаи у, подшох хар кадар бо росткорону накукорон боиноят бошад, хамон кадар нисбат ба золимон ва одамони бадкирдор берахм бояд шавад. Аз номи Бузургмехр хамон подшохро бехтарин мехисобад, ки «покизагон аз вай эмин бошанду гунахкорон аз вай битарсанд».

Масъалаи мухимми дигаре, ки Чоми дар «Бахористон» пеш мегузорад, шинохтани кадри инсон аст. Шоири бузург мегуяд, ки ба инсон на аз руйи сарвату мансаб, балки хунармандиаш бахо бояд дод, зеро:

Кимати мард на аз симу зар аст,

Кимати мард ба кадри хунар аст.

Ай басо банда, ки аз бахри хунар

Кадраш аз хоча басо бештар аст!

В-ай басо хоча, ки аз бехунари

Дар рахи бандаи худ пайсипар аст!

Худи мартабаи хамин гуломи хунармандро аз хочаи бехунар боло гузоштани Чоми яке аз фикрхои пешкадами уст, ки аз зубдаи афкори мутараккии инсондустонаи аслофи у, хусусан Саъди, ибтидо мегирад. Аз руйи ин таълимот, барои кадри инсон сурати зохири хам ахмият надорад, кас бояд ботинан зебову гани бошад, чунки:

Тан бувад чун гилофу чон шамшер,

Кор шамшер мекунад, на гилоф!

Абдурахмони Чоми дар «Бахористон» ахамияти бузурги илму донишро дар хаёти инсоният борхо кайд намуда, одамонро ба пардохтани илму дониш хидоят мекунад. У нишон медихад, ки дарёи илм бепоён буда, фаро гирифтани хамаи илмхо аз имкон берун аст. Бинобар ин, кас бояд бо камоли масъулият факат илми заруртаринро омузад. Аммо илми беамал хам фоида надорад. Аз ин ру, ба хонандагон ва муътакидони худ маслихат медихад:

Илме, ки ногузири ту бошад, бад-он гарой,

В-онро, к-аз он гузир бувад, чустучу макун!

В-он дам, ки хосили ту шавад илми ногузир,

Гайр аз амал ба мучиби он орзу макун!

Кисме аз хикоятхои «Бахористон» баландхиммати («Дарвеши кавихиммат ва подшохи сохибшавкат», «Хотам ва гуломбачаи ятим», «Мури бохиммат»), чавонмардиву часорат («Хаччоч ва аъроби», «Иброхим ибни Сулаймон ва чавоне аз бани Умийя»), фурутани (равзаи нахустин), барои дуст чонсупори кардан («Аштару Чидо»)-ро ифода менамоянд. Хикоятхои «Искандари Руми», «Тухфахои малики Хинд ба халифаи Багдод» (аз равзаи дувум), «0лиму канизак» (аз равзаи чахорум), «Салил», «Канизаки муганния», «Аштар ва Чидо» (аз равзаи панчум) ва «Фирдавси» (аз равзаи хафтум) аз чихати банду баст, сюжет, образи кахрамонхо, гузориши низоъ ва халли он мукаммал ва мураккаб мебошанд. Дар ин чода «Бахористон» ягона набуда, асархои хачман калон ва аз чихати вокеабанди мураккабу пурмочаро низ мавчуд буданд.

Асархои мансури бадеъии ин замон, ки аз чихати  хачм  хеле  калон буда, дар онхо  накли вокеахо мураттаб меравад,  «Доробнома»-и Бегами ва  «Анвори Сухайли»-и Кошифи мебошанд. Романи пурмочаройи  ишкиву  пахлавони   «Доробнома»,  ки  ба   калами Хочи Мухаммад  ибни  Алии Бегами таъаллук дошта, саргузашту   корномахо   ва   ишкварзихои   пахлавони афсонави Фирузшохи писари малик Дороб ва писари у   Бахманро  фаро  мегирад,   аз  китобхои  пурарзиши мансури замон мебошад. Аз сарчашмахо маълум мешавад, ки Бегами киссаро аз хотир дар хузури гурухе накл мекардааст, Махмуди Дафтардор, ки муосири наклкунанда  ё  имлокунандаи  он,  яъне Мавлоно Бегами, будааст, онро навишта, барои дигарон мехондааст. Асари Бегами дар шеваи китобхои халки иншо гардида,  аз такаллуфоти  муншиёнаю  олимона ва  арабибозихои китоби бари, ба забони омма (чун насри ривояти), фахмою кутохбаён нигошта шудааст. Ин асар бо номи «Доробнома»  маълуму машхур бошад хам, дар асл бояд «Фирузшохнома»   (аз   руйи   кахрамони   асосии   он) ном дошта бошад. Аз хамин сабаб, тарчимаи арабии каме мухтасари он дар чахор чилд соли 1336 хичрии камари  (1918   мелоди)  дар  Миср  бо  номи   «Сиратун Фирузшох  ибни Малик Дороб», яъне «Корномаи Фирузшохи писари шох Дороб» нашр шудааст.

«Анвори Сухайли» асари машхури мансури дигари ин замон аст, ки бо шеваи кисса андар кисса навишта шудааст. Он аз тахрирхои китоби «Калилаву Димна» буда, дар худуди асрхои XV – XVI бо саъйи Хусайн Воъизи Кошифи анчом пазируфтааст. Кошифи тахрири матнро дар асоси тарчимаи форсии «Калилаву Димна»-и арабии Ибни Мукаффаъ (асри УШ), ки ба калами Абулмаъолии Насруллох (асри XII) таъаллук дорад, ба поён расонида, китоби худро ба шоир Амир Шайхам Низомуддин Ахмади Сухайли—вазири Хусайни Бойкаро бахшидааст. Кошифи бобхои яку дуи «Калилаву Димна»-ро ихтисор намуда, ба чойи он хикояти подшохи Чин, Рой Добшалим ва Бидпойро дохил карда, адади хикоёти пандомузи дохили бобхоро аз 40 ба 100 расондааст.

Кошифи, бо вучуди нигох доштани рамзиёт ва шеваи тамсилии «Калилаву Димна», сабки маснуъи тахрири Абулмаъолиро то андозае содда карда, иборахоро ба тарзи барои худ хос метирозад, амсолу ашъори араби ва иборахои пуртакаллуфро аз асар берун андохта, бобхои китоби уро ба як хатти сюжет кашида, асари томе ба вучуд овардааст. Инчунин, Кошифи ба чойи порчахои арабии он ашъори шоирони форс-точик ва зарбулмасалу маколхои фаровонеро ба кор бурдааст, то ки фахмидани асар осон гардад. Вале хануз хам он тобеъи сабки насри пуророиши асри XV буда, дар он суханпардози мавкеъи калон дорад. Бинобар хамин, онро баъдхо Абулфазл ибни Муборак бо номи «Иёри дониш» (1588) ва баъдтар (1752) касе дигар тахти унвони «Нигори дониш» ба форси боз аз сари нав тахрир кардаанд.

 «Анвори Сухайли» чун тамоми тахрирхои «Калилаву Димна» асари пандуахлоки буда, дар хикоятхои тамсилии он, ки асосан аз хаёти чонварон аст, хулки нек, иттиходу иттифок, ватанпарасти, мардумдусти, адолатпарвари ва хислатхои дигари хамидаи инсони таргиб мешавад. Ин асар дар гузашта ба сифати китоби дарси низ истифода мегардид. «Анвори Сухайли»-и Кошифи ба чандин забони Шарку Гарб тарчумаву нашр шуда, соли 1966 профессор Расул Ходизода онро  барои бачахо аз нав тахриру содда ва дар Душанбе чоп кард, ки соли 1977 такроран ба табъ расид.

«Бахористон»-ро Чоми, чунон ки худ мефармояд, дар татаббуъ ва сабку усули «Гулистон» эчод намуда, дар пайравии «Гулистон» онро бо санъати сачъ оройиш додааст. Забони он, дар баробари нигох доштани зебоихо ва фасохати сачъ, соддаву равон ва фахмо буда, чумлахои мусаччаъи саршори ибораю таъбирхои халки ва порахои шеърии он  шабехи гуфтору сурудахои мардумианд. Накли хикоятхо ва латифаю мутоибахои дохилии равзахо ба хикояву латифахои дилкаши фалклори монанданд. Мухокимаронихои фалсафи, мубодилаи афкор ва сухбатхои донишмандон, андарзу хикматхо арзиши ахлокии асарро афзудаанд.

Мавкеи устувори хуманисти Саъдиву Чомиро наздик мекунад ва аз умумияти касду хадафи эчодии ду суханвари нобига дарак медихад. Чоми мавзуъхои «Гулистон»-ро дар бобати адлу инсоф, парваридани хисси масъулияти инсонию ичтимои, покии ахлоки дарвешон ва ишку мухаббату чавони вусъату идома бахшида, дар навбати худ, ба асараш сюжетхои тоза ворид овардааст. Наклу хикоёти Чоми дар нигориш, сюжетбанди ва низоъ рангорангтаранд.

«Бахористон» аз чихати пандомузиву ибратбахши низ нишонрастар буда, нависанда аз мушохидаи манзарахои хузновари факиронаи мамлакат, нобасомонихои чамъият, бехукукии раият, горати туркони чагатой, ривочи бозори зулми хокимон, бедиёнатии арбоби дин низоъи асосии ичтимои ва ахлокии даврони хешро дарк менамояд.

Чоми дар ин асараш низ идеали адолати ичтимоиро тафсилу тахким дода, мусовоти инсонхо ва бебакоии хонаи зулму ситамро ба калам медихад. Аз хар инсон такозо мекунад, ки дар муносибат бо инсони дигар эхтиром, риояти иззати нафс, сидку сафо, ахду вафо ва хайру некиро ба кор андозад. Андешахои Чоми дар бораи кадру кимат ва макому манзалати волои инсон, ки на вобастаи аслу насаб, мулку дорои, балки самараи маънавиёти гани ва аклу хирад аст, низ муфид ва шоистаи таваччуханд.

Хамчунин, Чоми дар як силсила хикоятхои «Бахористон» бо шеваи мазхакави вокеъияти мудхиши замонаи хеш ва сиришти манфури ахли зулм — подшохони ситамгар, вазирони бемурувват ва амалдорони чафокори замони феодалиро равшан чилвагар менамояд.

У дар хикояте меорад: «Тавонгаре дар ахди яке аз золимон бимурд. Вазири он золим писари вайро талаб карду пурсид, ки падари ту чи гузоштааст? «Аз молу манол чунину чунон, аз ворисон вазири кабирро айдухуллоху субхонаху ва ин факири хакирро». Вазир бихандиду фармуд, ки мероси вайро ба ду ним кунанд: нимеро ба вай гузошту нимеро барои подшох бардошт».

Аз  ин  хикояти  хачви  шоир чунин  хулоса   мебарорад :

 Зулмпеша вазир нашносад   
Чуз хаки подшох моли ятим.
Адл донад, агар барад ба тамом,
Фазл донад, агар кунад ба ду ним.

Хамин тарик, танкиди разолатхои замони феодали ва хислатхои нохуби намояндагони алохидаи он мазмуни бисёр хикоятхои «Бахористон»-ро ташкил медихад. Вале Чоми аз айбхои инсонхои одди низ чашм намепушад. Гохо дар инсонхо иллатхо, нуксонхоеро меёбад, ки сарфи назар аз макоми чамъиятии шахс, манфур ва барои чомиъа зарарнок мебошанд. Аз ин ру, баъзе хикояту мутоябахои «Бахористон» ба мукобили кохилию хасад ва бухлу хиссат барин айбхое нигаронда шудаанд, ки барои хама зиштанд. Яке аз иллатхои кабехтарини инсони, ки дар байни табакахои гуногуни нимаи дуюми асри XV пахн гардида буд, майхорагиву бадмастист. Ин одати зишт дар он замон махсусан дар байни табакаи боло – шоху дарбориёни у, амалдорони олирутба, хатто рухониёну ходимони дин ва аз табакаи шахр дар байни лавандхо (олуфтахои шахри) басе ривоч ёфта, фасоди ахлокро бештар мекард.

Дар осори Чоми ва наздикони у — Навои, Хотифи, Бинои, Сухайли, Кошифи ва дигарон зарархои маънави, иктисоди ва чисмонии шаробхораги мазаммату махкум шуда, кушише рафтааст, ки мардумро аз разолати ин пастигари эмин нигох доранд. Мувофики гуфти Чоми, шаробу май душмани аклу хуш, зоилкунандаи донишу биниш, фосидкунандаи ахлок ва сарчашмаи чумла хабисихо буда, шахси майхора наметавонад, ки байни хубу зишт, некию бади, халолу харом, дустиву душмани фарк гузорад. Бинобар ин, инсондусти оламшумул Мавлави Чоми аз ин кабохат дури чустан ва ба ин разолат нафрат доштанро таргиб мекунад ва ба хонанда хитоб менамояд:

Душмани хуш аст май, Ай хушманд,

Дустро маглуби душман кам писанд!

Ин байт аз «Саломону Абсол» оварда шуд. Чоми хар дафъа мавриди мувофике ёфта, ин фикри худро вусъат медихад. Хикояте, ки дар «Бахористон» аз холати як маст оварда мешавад, муносибати Чомиро ба ин амали зишт басе гуё ифода мекунад ва он хикоят ин аст: «Масте аз хона берун омаду дар миёнаи рох бияфтоду кай кард ва лабу дахони худ биёлуд. Саге омаду онро лесидан гирифт. Пиндошт, ки одамест, ки онро пок мекунад. Дуъо мекард, ки Худои таъоло фарзандони туро хидматгори ту гардонад. Баъд аз он саг пой бардошту бар руйи у бавл кард. Гуфт: «Боракаллох, ай сайиди, ки оби гарм оварди, то руйи маро бишуйи». Китъа:

Шаробхора чу бар хештан раво дорад,

Ки сиблат аз кайи нопоки май биёлояд.

Саг аз масона гар ибрики оби гарм орад,

Ки гусли сиблати нопоки у кунад, шояд!

Чунон ки болотар ишора рафт, мувофики эътирофи худи Чоми, «Бахористон» назираи «Гулистон» аст. Агар мундаричаи «Гулистон»-у «Бахористон»-ро ба тарики мукоиса аз назар гузаронем, мебинем, ки «Бахористон» таклиди куркуронаи «Гулистон» набуда, бо сабки умуми ва рухи инсондустии худ тазмини он аст. Чихатхои умдаи умумие, ки дар шабохати «Бахористон»-у «Гулистон» ба назар мерасанд, аз инхо иборатанд: Чоми дар пайравии номи асари безаволи Саъди «Гулистон» асари хешро «Бахористон» унвон гузошта, тархи «Бахористон»-ро мисли «Гулистон» дар як мукаддима, хашт бахш ва як хотима афканда, мутобики унвони «Бахористон» «бахшхоро» «равза», яъне богча номидааст, ки он истифодаи эчодкоронаи дебоча, хашт боб, яъне хашт дарвозаи «Гулистон» ва анчоми он аст. Бар замми ин, Чоми дар таълифи «Бахористон» суннати «Гулистон»-ро дар сабки нигориш давом дода, онро бо насри мусаччаъи омехта бо назм иншо кардааст. Хангоми нигориши «Бахористон» муаллифи он тачриба, дониш, биниш ва орзуву омоли худро ба калам оварда, дар равияи «Гулистон» барои ифодаи акоиду афкор ва назарияи худ аз накли вокеахои зиндаги, хикоятхои таърихи, ривояту латифа ва мутоибаю масалхои халки истифода мебарад. Аз чихати мавзуъ факат боби якуми «Бахористон»-у боби дувуми «Гулистон» хаммавзуъ буда, боби савуми асари Чоми мавзуъи боби якуми асари Саъдиро такрор мекунад. Бобхои панчуми харду китоб дар як мавзуъанд, лекин аз чихати хикоятхои истифодашуда тамоман фарк доранд. Мавзуъоти бобхои III, IV, VI, VII, VIII «Гулистон» дар «Бахористон» истифода нашуда, бобхои II, IV, VI, VII, VIII «Бахористон» аз лихози мавзуъ тамоман нав мебошанд. Хамчунин, Чоми дар таксимбандии бобхо чихати мутакобили ходисахои ба хам зидро, ки дар «Гулистон» таъкидан сабт ёфтаанд (мисли «Дар сирати подшохон», «Дар ахлоки дарвешон», «Дар ишку чавони», «Дар заъфу пири»), истифода намекунад.

Ду-се хикояти «Бахористон» аз чихати мавзуъ ва хатто мазмун ба чанд хикояти «Гулистоя» каробат доранд. Вале дар чунин мавридхо низ Чоми саъй менамояд ва ба он муваффак мегардад, ки гуфтораш аз навиштахои Саъди фарк кунад. Барои мисол хикояти «Искандари Руми»-ро аз хар ду асар меорем: «Гулистон»: «Искандари Румиро пурсиданд: Диёри Машрику Магриб ба чи гирифти, ки мулуки пешинро хазоину умру мулку лашкар беш аз ин будаасту эшонро чунин фатхе муяссар нашуда? Гуфто:-Ба авни Худои азза ва чалла хар мамлакатеро, ки гирифтам, раъияташ наёзурдам ва номи подшохон чуз ба некуйи набурдам:

Бузургаш нахонанд ахли хирад,

Ки номи бузургон ба зишти барад».

«Бахористон»: «Искандарро гуфтанд: – Ба чи сабаб ёфти, он чи ёфти аз давлати салтанату вусъати мамлакат бо сигари синну хадосати ахд? Гуфт: – Ба истимолати душманон, то аз гоилаи душмани зимом тофтанду аз таъохуди дустон, то дар коидаи дусти истихком ёфтанд. Байт:

Боядат мулки Сикандар, чун вай аз хусни сияр

Душманонро дуст гардон, дустонро дусттар!».

Чи навъе ки мебинем, хангоми иншои хикоят Чоми ягон калимаи Саъдиро истифода набурда, баръакси у, дар он санъати сачъро устодона ба кор бурда, дар футухоти Искандар, мувофики акидаи халк, тадбири «бо душманон муросову бо дустон дурустпаймониро» дар чойи аввал мегузорад. Дар натича, хикоят гояи нав касб мекунад.

Дар хикояти «Хотами Той» Саъди хорканро аз Хотам бузургхимматтар ва Чоми гуломи ятимро аз у каримтар ба калам дода, дар хикояти Саъди мехнати чисмони чун боиси озодии шахс таъкид шуда, дар хикояти Чоми бартарии караму саховати инсони камсарвату камбизоат нисбат ба садакадихихои намоишкоронаи молдорон ситоиш карда мешавад. Ба хикоятхо таваччух фармоед:

«Гулистон»: «Хотами Тойро гуфтанд: – Аз худ бузургхимматтар дар чахон дидайи ё шунидайи? Гуфт: – Бале, рузе чихил шутур курбон карда будам умарои арабро. Пас ба гушаи сахрое ба хочате берун рафта будам. Хоркашеро дидам, пуштае фарохам оварда. Гуфтамаш: – Ба мехмонии Хотам чаро нарави, ки халке бар симоати у гирд омадаанд? Гуфт:

-Хар ки нон аз амали хеш х(в)арад,
Миннат аз Хотами Тойи набарад!

Ман уро ба химмату чавонмарди аз худ бартар дидам».

 «Бахористон»: «Хотамро пурсиданд, ки харгиз аз худ каримтаре дидайи? Гуфт: – Бале, рузе дар хонаи гуломе ятим фуруд омадаму вай дах сар гусфанд дошт. Филхол як гусфандро кушту пухту пеши ман оварду маро китъае аз вай хуш омад. Бихурдаму гуфтам: – Валлох, ин басе хуш бувад. Он гулом берун рафту як-як гусфандонро мекушту он мавзеъро мепухту пеши ман меоварду ман аз он огох не. Чун берун омадам савор шавам, дидам, ки беруни хона хуни бисёр рехтааст. Пурсидам, ки ин чист? Гуфтанд, ки вай хамаи гусфандони худро кушт».

Чунин аст фаркияти «Бахористон»-и Абдурахмони Чоми аз «Гулистон»-и Саъдии Шерози дар мавридхои каме, ки хикоятхои онхо мавзуъу ходисахои муштаракро фаро мегиранд.

Дар омади гап кайд кардан зарур аст, ки образи Хотам чун шахси сахи дар адабиёти точик хеле машхур буда, дусти Чоми Кошифи асари худ «Хотамнома»-ро, ки бо номхои «Рисолаи Хотамия», «Кисса ва осори Хотами Той» ва «Хотами Той» низ шинохта шудааст, соли 891/1496 навиштааст. Як нусхаи хуби каламии он, ки соли 907/1502 аз тарафи хаттоти машхур Султоналии Машхади китобат гардидааст, тахти раками 4388-1 (варакхои 2а-32а) дар захираи дастнависхои шаркии АФ Чумхурии Узбекистон махфуз аст. Таърихи таълифи асарро худи муаллиф  чунин зикр менамояд: «Аз вафоти Хотами Той дар ин таърих, ки санаи ихдо ва тисъина ва самонамиатаи (яъне 391/1486 — А. А.) хичрияи набавия аст, нухсаду си сол гузаштаву хануз бахори зикраш ба раёхини офарин оростаасту чамани некномии вай ба пирояи санову тахсин пироста. Байт:

Намонад Хотами Той, валекин то абад

Бимонад номи баландаш ба неки машхур».

«Хотамнома»-и Кошифи ба насри ривоятии бадеъи тааллук дошта, муаллиф ба василаи чамъ овардан ва имлои ривояту хикоятхои дар китобхо дидааш ва аз мардум шунидааш симои идеалии  Хотамро нигошта, ба ин восита саховату чавонмарди ва олихимматиро таргиб мекунад.

Китоби халкии «Саргузашти Хотам» низ махсули хамин даврон буда, соли 1967 дар Душанбе ба хуллаи табъ ороста гардидааст.

Фарки дигари «Бахористон» аз «Гулистон» он аст, ки Шайх Саъди бобхои китоби худро бидуни хеч гуна мукаддима сар мекунад. Аммо Чоми дар огози хар равза бо унвони «Фоида» мукаддимаи хурде меорад, ки он мохият, мавзуъ ва максади хамон бобро муайян мекунад. Шоир хотимаи «Фоида»-хоро бо шеър хулосаву чамъбаст намуда, таъсирбахшиву хотирмонии навиштахояшро бештар мегардонад. Чунончи, равзаи чахорум, ки «Дар сифати мевабахшии дарахтони богистону чуду карам ва шукуфарезиашон ба базли динору дирам» ном дорад, бо чунин «Фоида» ибтидо меёбад: «Чуд — бахшидани чизест, боисти бе мулохазаи гаразе ва мутолабаи ивазе, агарчи он гараз ё иваз санои чамил ё савоби чазил бошад». Баъди ин ду китъаи зерин оварда мешавад:

«Кист карим?—Он ки на бахри чазост

Хар караме, к-ояд аз у дар вучуд.

Хар чи бувад бахри санову савоб,

Байъу шаро гир, на эхсону чуд!

Ва:

Хар ки максудаш аз карам он аст,

Ки барорад ба олам овоза,

Бошад аз мисри чуду шахри карам

Хонаи у буруни дарвоза!»

Саъди на танхо бисёр хикоятхоро чун мушохидахои шахси ба калам медихад, балки аз саргузашти вокеъии худ низ наклхо мекунад. Дар «Бахористон» Чоми факат услуби хикояту ривоятро ба кор бурда, танхо гуфтору рафтори муътабари пешиниёнро меорад, ки худ дар онхо  иштирок  надорад.

Тафовути дигари «Бахористон» аз «Гулистон» он аст, ки порахои манзум дар хикоятхои мансури «Гулистон» чузви таркибии тасвири вокеа, муколама ва натичагирихои мантикиро ташкил медиханд. Дар «Бахористон» китъахои манзум, одатан, чунин хусусият надоранд ва аз хатти сюжет берун мемонанд. Китъаю рубои ва байту маснавихои мавриди такрири «Бахористон» ба
мисли маънигирихо (морал) дар тамсилхои (басняхои) Юнони Кадим мохияти хулосахои фалсафи, сиёси ва ахлокии наклу хикояти мансурро дар шакли
фашурдаи хикматомез чун натича ифода менамоянд. Ин тобишро дар чахор мисоле, ки дар боло оварда шуданд, мушохида кардан осон аст. Барои таквияти даъвои худ боз яктои намунаро чун далел аз «Гулистон»-у «Бахористон» меорем.

«Гулистон»: «Дузде гадоеро гуфт: —Шарм надори, ки даст аз барои чаве сим пеши хар лаъим дароз мекуни? Гуфт:

—Дасти дароз аз пайи як хабба сим

Бих, ки бибурранд аз донге ним».

«Бахористон»: «Туркеро гуфтанд: —Кадом дусттар дори: горати имруз ё бихишти фардо? Гуфт:—Имруз даст ба горат бикушояму хар чи ёбам, бирабояму фардо бо Фиръавн дар оташ дароям. Китъа:

Он шунидасти, ки турке васфи чаннат чун шунид,

Гуфт бо воъиз, ки он чо горату тороч хаст?!

Гуфт: «Не». Гуфто:  «Батар бошад зи дузах он бихишт,

К-андар у кутах бувад аз горату тороч даст!».

Таносуби насру назм дар хикоятхои дигари «Гулистон» -у «Бахористон» хам такрибан ба хамин минвол аст.

Харчанд машхуртарин асари насри бадеъии асри XV «Бахористон» аст, тамоми ин аср ва, хусусан, нимаи дувуми он дар таърихи адабиёти форсу точик аз чихати инкишофи наср макоми хосе дорад. Бо вучуди ин, асархои манзум садхоро ташкил диханд, осори мансур ангуштнамо мебошанд. Ба тарзи дигар гуем, рангорангию боигарии хоси назми он замон дар насраш ба назар намерасад. Насри он давр, ки микдорану хачман нисбат ба назм кам аст, иртифоъи назмро надорад. Вале насри давраро комилан аз ривоч бари наметавон шумурд. Насри бадеъии форсу точик дар ин замон бо се рох чараён дошт: 1) насри сирф бадеъи; 2) насри илмии ривояти, ки ба насри бадеъи иртиботи наздик дорад, зеро таърихнигору тазкиранависон ва донишмандони сохахои дигар бисёр кисматхои асархои таърихию илмии худро бо услуби киссахои бадеъи, истифодаи хикояту наклхо, саволу чавобхо навиштаанд; 3) муросилоти давлати, мактуботи байнидавлати, талабномахои чамъияти ва муншаоти шахси, ки аз чихати сабку услуб дар нихояти бадеъият карор гирифта, сарфи назар аз шеваи иборапардозию муншиёна, баъзешон то дарачаи шеър мерасанд.

Хамаи ин аз дарачаи хуби инкишофи насри нимаи дувуми асри XV дарак медихад. «Бахористон»-и Чоми, «Анвори Сухайли» ва «Хотамнома»-и Кошифи, «Фурснома»-и Шохкули, «Хай ибни Якзон»-и Рузбехон, «Ачойиб-ул-махлукот»-и Шахоби Мудаввин, «Доробнома»-и Бегами, «Латоиф-ут-тавоиф»-и Алии Сафи силсилаи асархои барчастаи насри замонро ташкил медиханд.

Соили низ дар пайравии «Гулистон» асари мансури омехта ба назм таълиф карда будааст, ки дар якчояги мухимтарин чихатхои зиндагии чомеаи он рузро инъикос мекунанд.

Таълифи китобхои шархи холи бузургон низ маъмул буд, ки «Нафахот-ал-унс»-и Чоми пурарзиштарини онхост. Манокибхои рочеъ ба Чоми навиштаи Абдулгафури Лори, Мавлоно Пуршамс, Абдулвосеъи Низоми намунахои хуби насри ёддошти буда, асари Гиёсиддини Хондамир «Макорим-ул-ахлок» низ ба силсилаи шархи холи бузургони адаб дохил шуда, зиндаги, сират, муаллафот ва эчодиёти Навоиро баён мекунад, ки соли 1360/1981 дар Кобул интишор ёфтааст.

«Тазкират-уш-шуъаро»-и Давлатшохи Самарканди рочеъ ба адибону мамдухони онхо наклу ривоятхои маргуб дорад. Дар бисёр асархои ахлоки, кутуби суфия, ахволи вазирон ва холати хунарварон низ порчахои дилчаспу муассири бадеъи ба назар мерасанд.

Сабки соддабаёну пандомузи Чомиро бисёр адибони муосири у меписандиданд ва ба он мувофики кудрати нигорандагии худ пайрави мекарданд, ки навиштаи Камолиддин Хусайн Воизи Кошифи (в. 910/1505) намунаи барчастаи он аст.

Сабки   нигориши   «Бахористон»   баробари   вахдат дар куллиёт, ки мусаччаъ ва ахлокию таълимист, дар чузъиёт вобаста ба матлаби бобхо, ходисаи вокеъаи тасвиршаванда, хадафи бадеъи ва мучиботи дигар тагйир пазируфта, рангоранг чилва менамояд. Дар хикматхо хамеша хосияти кутохбаёни, пандомузандаги ва таъкиди гуяндаи муътабари он ба тарзи накл ба калам оварда мешавад. Масалан: «Абухошими Суфи, куддуса сирруху, гуфтааст, ки кухро бо нуги сузан аз бех кандан осонтар аст аз занги кибр аз дил бияфкандан». «Абулхасани Фушанчи, куддуса сирруху, гуфтааст, ки дар дунё хеч чиз нохуштар нест аз дусте, ки дустии вай аз барои гаразе бошад ё ивазе». «Юсуф ибн ал-Хусайн, куддусаллоху сирруху, гуфтааст: «Хамаи некуихо дар хонаесту калиди он тавозуъу фурутаниву хамаи бадихо дар хокаесту калиди он мойиву мани».

Шахсиятхои муътабаре, ки Чоми аз забони онхо хикмат меорад, аз чихати замону макону миллат махдудияте надоранд. Чоми гуфтори хакимони Юнони Кадиму Эрони Бостон — Арасту (384 —322 кабл аз мелод), Бузургмехри вазири Анушервон (531—579), яке аз посдорони фарханги кухани Ачам Ибни Мукаффаъ (724—769), ашхоси таърихии Арабу Чин, Эрону Хинд, шоирону мутафаккирон ва орифону донишмандонро чун хулосахои хаёти меорад. Дар худи хамин муносибати Чоми нисбат ба тамаддуни чахон ва афкори умумибашари инсоният чун вучуди вохид ва хастии ягона зухур менамояд.

Унсури намоёни шеваи нигориши «Бахористон» дар муколамасозихои муаллифи он, ки ба маънои ботинии сухан ахамияти махсус медихад, аён мегардад. Чоми дар тасвири сахначахои оддии хурди маъиши, ки дар авчи драмави ба калам дода мешаванд, ба тарзи хайратангезе холати психологии тарафайнро сабт намуда, дар вазъиятхои пуршиддати мазхакави, хачви, фочиави ва гайра масъалахои сиёсат, давлатдори, чангу сулх, ахлок ва проблемахои ичтимоиро ба миён гузошта, хал мекунад. Хулосахои у вобаста ба кахрамонхо шакли мухокимахои олимона, натичагирихои хакимона ва хозирчавобиро ба худ мегиранд. Вале дар хазлу мутоибахо, ки бештар чанбаи ичтимои доранд, эхтирому таваччухи хоси нависанда хамеша ба тарафи мазлумону намояндагони табакахои мехнати буда, дар гуфтори онхо, ки тарафи мукобил дар муносибат ба онхо хисси назарногири, нописанди ва ночизшумори изхор медорад, хозирчавобию хирадманди, истехзову тамасхур, писханду нафрати онро ба мукобили ахли риё, ситамгарон, танпарастон, кохилон, муфтхурон, бадахлокон ва гайрахо нишон медихад. Аз чавобхои намояндагони табакахои болои бефазилати, чохили, симои манфур ва ботини пучи онхо хувайдо мегардад. Ин шеваи нигориши «Бахористон», ки ба тарзи ифодаи латифахои халки наздик аст, тафаккури халкро ифода намуда, бори дигар халкияти асарро намоиш медихад. Як намуна меорем: «Бахлул (шоири хачвнигори талхзабони дарбори Хорунаррашид дар асри VIII — А. А.) бар Хорунаррашид даромад. Яке аз вузаро гуфт: —Башорат бод мар туро, ай Бахлул, ки амиралмуъминин туро бар сари киродаву ханозир (маймунхо ва хукхо) сардору амир гардонид! Бахлул гуфт: —Гуш ба ман дору фармони ман ба чо ор, ки аз чумлаи раъоёи мани. Китъа:

Ба шахриёрии гову харам дихи мужда,

Раъийяте, ки бувад хоси шахриёр, туйи!

Шумори лашкариёнам зи хирсу хук куни,

Нахуст кас, ки дарояд  дар ин шумор, туйи!».

Албатта, холатхои мустасно низ мавчуданд. Вале акидахои нависанда дар «Бахористон» хеле гуногун ва баъзан мухолифи якдигар ифода ёфта  бошанд хам, дар ин асари оламшумул чанбаи танкиди басе пуркувват буда, дар тамоми маворид андешахои мусанниф некбинона ва оптимистонаанд, некиву зебои ва хусни хулк барин гояхои мусаффоро талкин менамоянд. Хатто дарёфту фошу махкум намудани зиштиву бадихо ба хотири расидан ба ин нияти нек ба калам   дода мешавад.

Забони нигориши «Бахористон» чолиби диккат буда, гуфтори зерини М. Тавхидипур, ки доир ба забони асри XV гуфтааст, пеш аз хама ба «Бахористон» таъаллук дорад: «Дар наср сабки махсуси давраи мугул, ки пояи он дар муглакнависи ва касрати (фаровонии — А. А.) истеъмоли калимоту луготи арабист, дар он давра матрук монду ба чойи он сабки дигаре ба вучуд омад, ки асоси он бар истиороту ташбехоту киноёти фаровон карор дошт ва аз такаллуф дар луготи араби ори буд».1

«Анвори Сухайли»-и Хусайн Воизи Кошифи, «Латоиф-ут-тавоиф»-и Сафи ибни Хусайн Воизи Кошифи, «Такмилаи Нафахот»-и Абдулгафури Лори бо хамин услуби содда навишта шуда бошанд хам, дар байни асархои насрии асри XV «Бахористон» аз чихати соддагии забон ва равонии тарзи баён мумтоз буда,  корбасти санъати сачъ чун унсури услубие, ки ба василаи калимахои мушобеху мутазоди баробарвазн, баъзан хамкофия ва хамеша вохидхои хамоханг, зеби суханро афзун мегардонад, макоми хос дорад. Бар замми ин, сачъ суханхои Чомиро мисли каломи Саъди мармузтар ба садо медарорад. Таваччух фармоед: «Хирадмандони карим мол ба дустон гуморанду бехирадони лаъим аз барои душманон бигзоранд». «Хар ки бо зердастон шеваи муштзани бар даст гирад, дар лагадкуби забардастон бимирад». Чунон ки ба мушохида мерасад, Чоми исмхоро бо исмхо, сифатхоро бо сифатхо ва феълхоро бо феълхо мусаччаъ месохтааст, ки яке аз дарбоистхои сачъ аст.

Дар шеваи навишти насри бадеъии Чоми накшнигории дарозсухан, аз кабили «куръаи машварат дар миён андохтан» ба чойи «машварат кардан», «даст  дар  домани  мутобиату  фармонбари  задан»  ба  чойи  «итоат кардан», 

1.М.Тавхидипур.   Мукаддима.— Чоми.   Нафахот-ал-унс, Техрон, 1337, сах. 151.

иншои музайяни пуртакаллуф, арабибози, ихомпарасти ва тасаннуоти дигар, ки хоси таърихнигорону иншонависони дарборист, ба кор намеравад. Вале Чоми дар муншаоту мактуботи худ бештар тахти нуфузи пешиниён карор гирифта, ба дарозгуи, мукаддимапардози ва ибораттирози саъй менамояд.

Умуман, сабки иншонависи дар он ахд чунин буд.

Хулласи калом, нигорандаи «Бахористон»-и бехазон ва бисёр осори дигари мондагор Мавлоно Нуриддин Абдурахмони Чоми адибест, ки тамоми эчодиёти худро ба нафъи мардум нигаронидааст. У дар осори бо санъати баланду забони содда навиштааш афкори хакимонаи адабиёти панчсадсолаи точику форсро чамъбаст намуда, ба василаи тасвири ишки поки Лайливу Мачнун, Юсуфу Зулайхо, Саломону Абсол ва Аштару Чидо, тавсифи адолатпарварии Анушервон, хирадмандии Бузургмехру Афлотун, донишмандии Искандари идеали, накли зиндагию рафтори бузургони ирфон ва адибони номдор, инсонпарвариву ватандусти ва рафокату бародариро тараннум мекунад, адлу инсоф, донишу хирад, мехнату осоиш ва некукориро таргиб менамояд, пастхиммативу танпарвари, дуруггуиву фиребгариро ба зери танкид мегирад, хулоса, ба одамон тарзи касби камоли одамиятро   таълим   медихад.   Зубдаи   таълимоти инсондустонаи  у  ин аст:

Шамъ  шав, шамъ, ки худро сузи,

То ба он базми касон афрузи!

Абр шав, то ки чу борон рези,

Бар гулу хас хама яксон рези!

Нихоят, соли 1966 муаллифи ин сатрхо ба воситаи нашриёти «Ирфон» матни илми-оммавии «Бахористон»-ро ба чоп расонд, ки хеле мухтасар бошад хам, дар муддати кутохе дар китобхонахо камёфт гардид, зеро шавки хонандагон ба ин асари човидонии Чоми калон аст. Хамин талаботро ба назар гирифта, нашриёти «Маориф» онро аз нав (соли 1987) чоп кард, ки дар он аз асли матн факат чанд чумлаи душворфахм аз аввали дебоча, 12 хикоят аз боби якум, чор мутояба аз боби панчум, чор хикоят аз боби шашум ва як чумла аз маколаи «Азраки» (боби хафтум) ихтисор гардид. Нашри нави асар як ходисаи гуворо ва як навъ поси хотири муаллифи рисолаи човидонаи бехамто хохад буд.

Аз замони бунёди «Бахористон»-и бехазон панчсад сол гузашт ва, албатта, дар ин муддати дарози ним хазор сол, ки аз хаводиси рузгор пур буд, барге чанд аз ин «Бахористон»-и човидон аз тундбоди таърих ва гардиши даврон зард шуда, мисли барги хазон ба хонанда хузнеро илко менамоянд. Вале ба тарзи кулли «Бахористон»-и хамешасабзу пуртароват хамон ороставу пероста буда, насими чонбахше таровати гулхо ва буйи рухнавози раёхини онро ба машом расонда, ба чашмон зиё, ба дилхо сафо, ба равонхо чило ва ба чисмхо шифо мебахшад.

ХОТИМА

Дар дил чунон мегашт ва дар хотир чунон мегузашт, ки ин нома ба зуди ба охир наянчомад ва хома дар тайи макосиди¹ он холиё аз чунбиш наёромад. Аммо чун ойинаи табъи гуянда занги маломат гирифт ва ба сайкали сидки рагбати шунаванда саколат напазируфт, бад-ин кадар иктисор афтод.

К и т ъ а

Баст2 кун, Чомиё, бисоти сухан,

Ки аз он хубтар бисоте нест.

Лек хомуш нишину дам даркаш,

Табъро гар дар он нишоте нест.

Нест кофи бисоти табъи ту низ

Агар аз сомеъ3 инбисоте4 нест.

Ва хар чи аз макулаи5 назм гузашта, ба нозиме мансуб нагашта, зодаи табъи мухаррири6  ин рисола аст ва натичаи фикри мукаррири7 ин макола.

Р у б о и

Чоми хар чо, ки номае иншо орост,

Аз гуфтаи кас ба орият хеч нахост.

Онро, ки зи сунъи худ дукон пурколост,

Даллолии колои касонаш на сазост.

Уммед ба макорими8 ахлоки мутолиакунандагон он, ки чун бар халале муталлеъ шаванд, ба зайли афв ва игмоз9 бипушанд ва дар ифшои он 6а забони гайб ва эътироз накушанд. 

К и т ъ а

Чун бубини зи ошное айбе,

Гар ба бегонагон нагуй, бех.

З-он ки дар кеши охирандешон

Айбпуши зи айбчуии бех. 

Дар таърихи катьи атноби 10 итноб11 ва тайи асбоби асхоб: 

К и т ъ а

Такупуйи хома дар ин турфа нома,

Ки Чоми бад-у кард табъозмойи,

Ба вакте шуд охир, ки таърихи хичрат

Шавад нухсад, ар хашт бар вай физойи12 .

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …