Главная / Чамъият / Бахисобгирии мухлат

Бахисобгирии мухлат

Моддаи 25-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Бахисобгирии мухлат 

  1. Мухлати мукаррарнамудаи Кодекси мазкур бо соат, шабонаруз, мох ва сол ба хисоб гирифта мешавад. Дар хисоби мухлат соат ва рузе, ки чараёни мухлат огоз мегардад, ба хисоб гирифта намешавад. Ин коида ба хисоби мухлати дастгиркунии маъмури дахл надорад. Ба хисоби мухлат, инчунин вакти гайрикори низ зам карда мешавад.
  2. Дар хисоби мухлат бо мох ё сол, мухлат дар рузи дахлдори мохи охирин хотима меёбад, агар ин мох санаи дахлдор надошта бошад, мухлат дар рузи охирини хамин мох ба охир мерасад. Агар хатми мухлат ба рузи гайрикори рост ояд, рузи охирини мухлат рузи якуми кории баъди он руз фарорасида ба хисоб меравад, ба гайр аз холатхои хисоби мухлат хангоми дастгиркунии маъмури ва ба хабси маъмури  гирифтан.
  3. Хангоми дастгиркунии маъмури мухлат аз лахзаи татбики вокеии ин чора ба хисоб гирифта мешавад.
  4. Мухлат гузаронидашуда ба хисоб намеравад, ба шарте ки шикоят ё дигар санад то гузаштани мухлат дар почта ва барои шахсони ба хабси маъмури гирифташуда бошад, то гузаштани мухлат ба маъмурияти махали ичрои хабси маъмури супорида шуда бошанд. Вакти супоридани шикоят ё дигар хуччатхо ба почта аз руи мухри почта ва вакти супоридани он ба маъмурияти махали ичрои хабси маъмури тибки сабти коргузори ё шахси мансабдори ин муассисахо муайян карда мешавад.
  5. Аз чониби шахси мансабдор риоя кардани мухлати муайяншуда бо сабти дахлдор дар хуччати мурофиави тасдик карда мешавад. Гирифтани хуччат, ки бояд ба иштирокчиёни мурофиаи хукуквайронкунии маъмури супорида шавад, бо забонхати ба парванда хамрохгардидаи онхо тасдик мегардад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …