Главная / Чамъият / Бахисобгирии давомнокии рухсатихои мехнатии харсола

Бахисобгирии давомнокии рухсатихои мехнатии харсола

Моддаи 101-и Кодекси Мехнат. Бахисобгирии давомнокии рухсатихои мехнатии харсола

  1. Давомнокии рухсатихои мехнатии харсола бо рузхои таквими, сарфи назар аз низом ва чадвали кори ба хисоб гирифта мешавад.
  2. Рузхои иди гайрикори, ки ба давраи рухсати рост меоянд, мувофики моддаи 89 Кодекси мазкур хангоми муайян намудани давомнокии рухсати ба хисоб гирифта намешаванд.
  3. Хангоми бахисобгирии давомнокии умумии рухсатии мехнатии харсола рухсатии иловаги, ки мухлати онро Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад, ба рухсатии асосии харсола (аз чумла дарозкардашуда) зам карда мешавад.
  4. Хангоми бахисобгирии давомнокии рухсатихои мехнатии харсола мутаносибан ба вакти кори анчомдодашуда давомнокии онхо бо рохи таксими андозаи хар як рухсати ба 12 ва зарбзании он ба шумораи моххои пурраи кори муайян карда мешавад.
  5. Зимнан вакти изофа, ки ба 15 рузи таквими баробар ва бештар аз он бошад, яклухт бо як мох баробар хисоб карда шуда, вале камтар аз 15 руз ба инобат гирифта намешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …