Главная / Чамъият / Ба хисоб гирифтан ё баргардонидани маблагхои барзиёд пардохтшуда

Ба хисоб гирифтан ё баргардонидани маблагхои барзиёд пардохтшуда

Моддаи 69-и Кодекси Андоз. Ба хисоб гирифтан ё баргардонидани маблагхои барзиёд пардохтшуда

  1. Маблаги барзиёд пардохтшудаи андозхо, чаримахо ва фоизхо барои давраи андоз, ба истиснои холатхои пешбининамудаи моддаи 191 Кодекси мазкур, ин фарки мусбии байни маблагхои ба бучет пардохтшуда ва маблагхои хисобшудаи, иловаги хисобшудаи андозхо, чаримахо ва фоизхо ба бучет барои хамин давраи андоз мебошад.
  2. Ба хисоб гирифтани маблаги барзиёд пардохтшудаи андозхо, чаримахо ва фоизхои андозсупоранда бо пули милли аз чониби макомоти андозе гузаронида мешавад, ки тибки хисобномаи шахсии андозсупоранда маблаги барзиёд пардохтшуда дар он мавчуд мебошад.
  3. Маблаги барзиёд пардохтшудаи андозхо, чаримахо ва фоизхо бояд хатман бо тартиби зайл ба хисоб гирифта шавад:

– бе аризаи андозсупоранда – ба хисоби пардохти фоизхо ва чаримахо аз руи хамин намуди андозхо ва (ё) карзхои андозсупоранда аз руи дигар андозхо, чаримахо ва фоизхое, ки ба хамон бучет ворид мешаванд;

-тибки аризаи андозсупоранда барои бахисобгири, ки чавобан ба мурочиати макомоти андоз гирифта шудааст – бакияи баъди ичрои амалхои дар сархати якумихамин кисм номбаршуда бавучудомадаро ба хисоби ухдадорихо оид ба пардохтхои минбаъдаи хамон андозхо, чаримахо ва фоизхо ба бучете, ки бояд бакияи бавучудомада низ ворид шавад, мегузаронанд.

  1. Баъди ичрои амалхои пешбининамудаи сархатхои якум ва дуюми кисми 3 хамин модда, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро мукаррар накарда бошад, якчоя бо макомоти дахлдори молия маблаги зиёдатиро (бакияро) ба андозсупоранда дар мухлати 30 рузи таквими аз лахзаи пешниходи аризаи хаттии андозсупоранда ба макомоти андози бахисобгириаш бармегардонанд.
  2. Агар маблаги барзиёд пардохтшудаи андозхо, чаримахо ва фоизхо мутобики кисмхои 3 ва 6 хамин модда ба хисоби ухдадорихои дигар андозхо гузаронида шаванд, макомоти андоз бояд дар ин маврид андозсупорандаро дар мухлати 3 руз аз санаи гузаронидани бахисобгирии дар боло пешбинишуда огох намоянд.
  3. Агар хангоми гузаштани (барои гузаштани) молхо ва воситахои наклиёт аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон вокеан хам маблаги андозхо, чаримахо ва фоизхо барзиёд пардохт шуда бошанд, макомоти андоз хангоми гирифтани тасдикномаи пардохти барзиёд аз макомоти гумруки дахлдор, мутобики ариза дар бораи бахисобгири амали дар кисми 3 хамин модда пешбинишударо анчом медиханд ва дар мухлати 3 руз андозсупоранда ва макомоти гумруки дахлдорро дар бораи амалхои худ огох менамоянд.
  4. Дар асоси аризаи андозсупоранда бахисобгири тибки кисми 3 хамин модда метавонад бо мувофикаи байни макомоти дахлдори андоз ва гумрук, инчунин ба хисоби пардохт намудани карзи андозхо, чаримахо ва фоизхое, ки бояд хангоми гузаштани молхо ва воситахои наклиёт аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон пардохт шаванд, гузаронида шавад. Бахисобгири дар холате рох дода мешавад, ки агар бакияи андози барзиёд пардохтшуда ва карз ба хамон як бучет алокаманд бошанд.
  5. Бар ивази баргардонидани маблаги барзиёд пардохтшудаи аксиз барои молхои зераксизи, он аз хисоби дигар андозхо, ба истиснои холатхои катъ намудани фаъолияти андозсупорандаи истехсолкунандаи чунин молхо, ба хисоб гирифта мешавад.
  6. Агар маблаги барзиёд пардохтшудаи андозхо, чаримахо ва фоизхо ба як бучет, вале ухдадории андоз ба бучети дигар тааллук дошта бошанд, бахисобгири ё баргардонидани маблагхои барзиёд пардохтшудаи андозхо, чаримахо ва фоизхо тибки тартиби мукаррарнамудаи дастурамал дар бораи анчом додани бахисобгири ё баргардонидани маблагхои барзиёд пардохтшудаи андозхо, чаримахо ва фоизхо, ки макоми ваколатдори давлати дар мувофика бо Вазорати молияи Чумхурии Точикистон кабул менамояд, бо дарназардошти ухдадорихои андози андозсупоранда, амали гардонида мешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …