Главная / Чамъият / Ба давраи дигар гузаронидани зарар, зарар хангоми фуруш ё супоридани молу мулк

Ба давраи дигар гузаронидани зарар, зарар хангоми фуруш ё супоридани молу мулк

Моддаи 124-и Кодекси Андоз. Ба давраи дигар гузаронидани зарар, зарар хангоми фуруш ё супоридани молу мулк

  1. Барзиёдии тарххои имконпазири андозсупоранда нисбат ба даромади умуми (зарар аз фаъолияти сохибкори) ба давраи минбаъдаи давомнокиаш то 3 солро дарбаргиранда гузаронида мешавад ва аз хисоби фоидаи то андозбандишавии даврахои минбаъда пушонида мешавад.
  2. Зараре, ки аз фуруш ё супоридани молу мулк (ба истиснои молу мулке, ки барои фаъолияти сохибкори истифода мешавад ё молу мулке, ки фоидаи фуруш ё супоридани онхо аз андоз озод аст) расонида мешавад, аз хисоби фоидаи фуруш ё супоридани чунин молу мулки дигар чуброн мегардад.
  3. Агар чуброни зарари дар кисми 2 хамин модда пешбинишуда дар хамон сол имконнопазир бошад, он ба давраи минбаъдаи то 3 солро дарбаргиранда гузаронида мешавад ва аз хисоби фоидаи аз фуруш ё супоридани дигар чунин молу мулк гирифташуда чуброн мегардад. Зарархои дар кисми 2 хамин модда пешбинишуда набояд аз даромади умуми барои максадхои андоз аз фоида тарх карда шаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …