Главная / Чамъият / Бачаи хароми кист ?

Бачаи хароми кист ?

Волидонам маро мачбури бо як чавоне, ки дар умрам ягон бор надида будам, хонадор карданд.

Домод хеши дури падарам буда, духтари дигарро дуст медоштааст. Вай аз рузи аввали зиндаги бо ман бисёр дагалона муносибат карда, хамеша ранчу озорам медод. Сари кафида зери токи гуён, лаб зери дандон гирифта, токат мекардам, вале бахти мачбурии мо дер напоид. Пас аз се мох шавхарам бе ягон сабаб талоки маро дода, ба хамон дустдоштаи худаш хонадор шуд. Азбаски падару модарам маро зуран ба шавхар дода, боиси бадбахтиам гашта буданд, баъди аз шавхарам чудо шудан ихтиёрро ба худам дода, дигар ба хаёти ман дахолат намекарданд.

Хамин тавр аз байн чанд сол гузашту мани танхо бо як чавонмарди хоричи шинос шуда, дар симои хамон марди ачнаби шохзодаи орзухоямро пайдо намудам. Вай ба гуши ман чунон суханхои шиин мегуфт ва ончунон маро бо мехр навозиш мекард, ки гумон мекарди Мачнуни сони аст. Дар огуши ин марди хоричи мани аз шавхар ягон зарра мехру мухаббат надида гул-гул шукуфта, худро хушбахттарин зани дунё эхсос мекардам. Пас аз се мохи мулокотхои ширини ошикона хомиладор шудам. Ин хабари хушро ба падари тифлам расонда, ягон тухфаи оличаноб гирифтани будам, аммо…

Хомиладор шудани маро фахмида ошики хоричиам якбора девона шуд ва бори аввал ба руям як шаппотии обдор фаровада, фармуд, ки зудтар рафта кудакро гирифта партоям, чунки вай зану фарзанд дорад. Рости, барои искоти хамл намудан вай ба ман пули калон дод, аммо дилам нашуд, ки фарзанди аввалинамро бо дастони худам кушам. Харчи бодо бод гуён, карор додам, ки фарзандамро ба дунё меорам. Падару модарам хомиладор шуданамро фахмида, аз ман руй гардонданд ва маро зада-зада аз хона пеш карданд. Азбаски дигар чойи рафтан надоштам, ба деха ба хонаи як хеши дурамон омадам. Холаи Савсан як кулбаяки лойин ва зиндагии кашшокона дошта бошад хам, дили бузурге дорад. Ин зани камбагал аз руйи рахму шафкат маро дар хонааш рох дод.

Дар хамин чо бо кумаки момодояи халки ман фарзанди бе падарамро ба дунё овардам. Писарчаам кариб яксола шуда бошад хам, то имруз касе аз ахли хонаводаамон ба суроги ман наомадааст. Холаи Савсан маро дилбардори карда мегуяд, ки зик нашавам, хамааш охиста-охиста хуб мешавад, вале охир то ба кай ману писарчаам ба гардани ин зани бенаво бор шуда мегардем. Мехохам ба хонаамон баргашта, худро ба пеши пойи падару модарам партоям ва бахшиш пурсида зори намоям, ки маро авф кунанд, вале метарсам, ки бачаи харомиатро бурда ба сагерахона парто нагуянд. Фарзандам бе падар ба дунё омада бошад хам, барои ман азиз аст ва наметавонам ба хотири волидонам шуда аз бахри писарчаам гузарам.

Хонандагони азиз, шумо ба ман чи маслихат медихед?

Гулноз, хонандаи «Оила»

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …