Главная / Маданият ва санъат / Баъзе хосиятхои асмоу-л-хусно

Баъзе хосиятхои асмоу-л-хусно

Хар ки исми «ё Азиз»-ро то чихил руз чихил маротибаги бихонад, Худованди таоло уро азизу гани мегардонад. Ва хар ки хамеша пас аз фарзи намози бомдод чихилу як бор бихонад, Худо хохад ба касе мухточ нашавад.

*                   *                     *

«Ё Ваххоб» эй багоят бахшандаи анвои атоё ва ниами зохиру ботин бесабаб ва бегараз. Ва асхоби даъавоти ин исм ва мустафидони хосиёти асмо фармудаанд, ки ин исмест касирулбаракот ва азимулхосиёт ва сабаби суръати ичобати даъват ва хосиёти у аз он бештар аст, ки ба такриру баён рост ояд.

Ва акобир фармудаанд, ки хар ки хохад дуое бикунад, хафт бор «ё Ваххоб» бигуяд, албатта, уро Хазрати Хак, субхонаху ва таоло ичобат кунад.

Ва хар кас, ки чизе талабад, ё ба дасти хасме дар кайд афтад ва гирифтор бошад, ё дар ризки у танги бошад, ё дар касби у бисёр манфиат набошад, ё солихеро дар рох фатхе падид наёяд, бояд ки се шаб, ё хафт шаб дар нимаи шаб вузу созад ва ду ракъат намоз бикунад ва cap барахна кунад ва ду даст бардорад ва сад бор «ё Ваххоб» бигуяд ва баъд аз он рафъи хочот бикунад ба Чаноби Хазрати Козиюлхочот. Ва Хак субхонаху ва таоло хочати уро раво гардонад.

Ва гуфтаанд, агар касе мудовимат намояд бар он, ки баъд аз намози чошт сачда кунад ва хафт бор “ё Ваххоб” гуяд, Хак, субхонаху ва таоло уро тавонгари бахшад.

Ва хар ки бар адади таксир (14 бор) даъват кунад ин исмро муддати чихил руз ба хузури калб ва меъдаи холи, он чи толиби он аст, ёбад.

Ва манкул аст, ки азизе яке аз машоихро дид, ки бо муридону асхоб хама агниёанд. Аз баъзе аз он муридон пурсид, ки:

  • Шайх шуморо аз асмо кадом исмро талкину таълим карда?

Он мурид гуфт:

  • Мудовимати мо бар исми «Ваххоб» аст.

Шахсе, ки мубталои камбагали бошад, исми «ё Ваххоб»-ро бисёр хонад ва ё дар сачдаи охири намози чошт чихил маротиба бихонад, Худо хохад аз ин камбагали начот меёбад.

Агар хочати махсусе пеш ояд, пас дар хона ва ё дар сахни масчид се бор сачда карда, даст бардошта, сад бор ин исмро хонад, Худо хохад хочаташ раво гардад.

*                   *                     *

Агар шахсе исми «ё Кобиз»-ро ба чахор лукмаи таом навишта, то чихил руз пайваста бихурад, Худо хохад аз машаккату норохати ва гуруснагиву ташнаги ва захму дард ва гайруху махфуз мемонад.

Касе, ки пас аз намози чошт даст ба суйи осмон бардошта, исми «ё Босит»-ро дах бор бихонад ва даст ба руйи худ бимолад, Худо хохад мухточи касе нагардад.

*                   *                     *

Хар ки шаби чахордахуми хар мох ба вакти нисфи шаб исми «ё Рофеъ»-ро сад бор бихонад, Худованди таоло уро аз мардум бениёз ва тавонгар месозад.

*                   *                     *

Хар киро кор баста шавад, бояд исми «ё Фаттох»-ро бисёр бихонад, он кор дархол кушода гардад.

*                   *                     *

Хар ки рузона исми «ё Латиф»-ро як саду сиву се бор бихонад, Худо хохад дар ризки вай баракат ояд ва корхояш ривочу равнак гирад.

Шахсе, ки дар мусибате ва ё камбагали мубтало аст, ба хуби тахорат карда, ду ракъат намоз хонда ва матлабашро дар дил оварда, исми «ё Латиф»-ро сад бор бихонад, Худо хохад комёб мегардад.

*                   *                     *

Хар ки хар руз хазору сад бор исми «ё Мугни»-ро бихонад, ё як хазору дусаду шасту хафт бор бихонад, тавонгар ва бениёз гардад.

*                   *                     *

Шахсе мубтало дар тангии маишат ва ё дар норохати ва захмат, агар рузона чихилу як бор исми «ё Шакур»-ро бихонад, Худо хохад, начот ёбад.

*                   *                     *

Хар киро мухимме пеш ояд, бояд хафт руз аз рузи чумъа cap карда, бихонад. Рузи чумъа сад бор «Ё Аллоху, ё Вохиду» ва рузи шанбе сад бор «Ё Рахмону, ё Рахиму» ва рузи якшанбе сад бор «Ё Вохиду, ё Ахаду» ва рузи Душанбе сад бор «Ё Самаду, ё Фарду» ва рузи сешанбе сад бор «Ё Хайю, ё Кайюму» ва рузи чахоршанбе сад бор «Ё Ханнону, ё Маннону» ва рузи панчшанбе сад бор «Ё За-л-чалоли ва-л- икрому» бигуяд.

*                   *                     *

Барои фарохии ризк бояд, ки ин оятро як хазору як бор ба таваччухи дил бихонад. Ояти карима ин аст:

«Аллоху латифум-би-ибодихи юрзаку май-яшоу ва Хува- л-Кавийю-л-Азиз».

*                   *                     *

Дар хонае, ки хар руз сураи «Коф»-ро бихонанд, сохиби он хона доим бадавлату босаодат ва боиззату каромат гардида аз хориву зиллат махфуз монад ва ба чихати афзунии давлат дар хар шаби чумъа се бор ин сураро бихонанд.

*                   *                     *

Аз Хазрати Хоча Бахоуддини Накшбанд (paх) накл карда шудааст: Хар касе сураи «Фил»-ро баъд аз адои намози пешин бисту як бор бихонад, тавонгар шавад ва ризкаш аз гайб бирасад. Сураи «Фил» ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

А лам тара кайфа фаъала Раббука би асхоби-л-фил. А лам ячъал кайдахум фи тазлил. Ва арсала алайхим тайран абобил. Тармихим бихичоратим-мин сиччил. Фа чаалахум каасфим-маъкул.

*                   *                     *

Агар касе дар вакти боридани борон сураи «Кавсар»-ро як саду як бор бихонад, дуояш ба ичобат карин хохад шуд. Сураи «Кавсар» ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Инно аътайнока-л-Кавсар. Фа салли ли Раббика ва-нхар. Инна шониака Хува-л-абтар.

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …