Главная / Гуногун / Ба Корея cap дарвардани мамлакатхои империалист

Ба Корея cap дарвардани мамлакатхои империалист

Дар нимаи дуюми асри XIX дар Корея бухрони сиёси боз хам тезу тундтар мешавад. Он ба замони огози ба Корея cap даровардани мамлакатхои бузурги сармоядори рост омад. Агар то миёнахои ин аср ба Корея бештар мамлакатхои Европа cap даровардани мешуданд, пас дар нимаи дуюми он ба катори ин давлатхо Чопон, ИМА ва Германия хам хамрох мешаванд. Дар ин кор махсусан Чопон фаъол буд. Германия давлати европави бошад хам, сиёсати империалистии худро дертар огоз карда буд. Ба Корея cap даровардани он ба аввали фаъолияти истилогаронаи хоричии ин давлат рост омад.

korea

Нисбат ба дигар давлатхои номбурда Чопон барои ба худ тобеъ кардани Корея бештар талош мекард. Соли 1875 дар чазираи Канхва дар байни Корея ва Чопон бархурди харби ба амал омад. Баъди руй додани ин вокеа хукумати Чопон ба Корея сафир фиристода талаб кард, ки он бо Чопон шартномаи “дусти” бандад. Азбаски Корея мукобилияти бояду шояди харби нишон дода наметавонист, мачбур шуд, ки ба Чопон итоат карда, 26 феврали соли 1876 дар чазираи Канхва ба зери “шартнома дар бораи сулх ва дусти”-и пешниходкардаи ин давлат имзо гузорад. Мувофики ин шартнома Корея бандархои Пусан, Чемулпо (Инчхон) ва Венсанро барои тичорату сохибкории чопонихо кушод. Чопон дар Корея барои шахрвандони худ хукуки дахлнопазири ба даст даровард. Инчунин точирони чопони метавонистанд молхои худро бе пардохти боч ба Корея дароварда фурушанд ва дар бозорхои он пули чопониро ба муомилот бароранд. Ба шартномаи Канхва такя карда, чопонихо руирост ба корхои дохилии Корея дахолат мекарданд.

Мамлакатхои дигари сармоядори низ аз Чопон акиб мондани набуданд. Онхо хам ба гардани Корея шартномахои асоратоварро бор мекарданд. Мувофики шартномаи ИМА ва Корея аз 22 майи соли 1882 шахрвандони америкави дар бандархои Пусан, Вонсан ва Инчхон хукуки тичорати озодона, дар каламрави мамлакат харидани замин ва сохтмони корхонахои саноатиро пайдо намуданд. Дар солхои 1883—1884 чунин шартномахоро бо Корея Англия, Германия, Италия, Русия ва чанде баъдтар Фаронса хам мебанданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …