Главная / Гуногун / Ба Индонезия cap даровардани сармояи хоричи

Ба Индонезия cap даровардани сармояи хоричи

Дар огози асри XX таксими Индонезия дар байни мамлакатхои империалисти асосан анчом ёфт. Кисми бештари он ба Нидерландия (Холландия) насиб гардид. Кисми шимолии Калимантанро Англия сохиби кард. Португалия бошад, кисми шаркии Тиморро дар дасти худ нигох медошт. Холландия аз мухолифатхои байни давлатхои империалисти истифода бурда, харакат мекард, ки хокимияти худро дар ин мустамликаи бой боз хам мустахкамтар кунад. Лекин ба ин чо талоши ширкатхои давлатхои дигари империалистиро ба хисоб нагирифта наметавонист. Агар Холландия бар зидди онхо муковимат мекард, хокимияти он дар Индонезия ба зери хавф гузошта мешуд. Аз хамин сабаб соли 1905 хукумати Холландия махдудиятхоеро, ки дар Индонезия ба ширкатхои хоричи халал мерасониданд, бекор кард. Баъди ин дар Индонезия шумораи корхонахои хоричи зуд зиёд мешуд. Дар ин чо майдонхои нави парвариши кахва, найшакар, чой, тамоку ва гайра васеъ мешаванд.

batavia-8

Саноати истехсоли калъаги ва нафт бо тези таракки мекунад. Соли 1890 ширкати шохигарии Холландия “Роял Датч” созмон ёфт. Соли 1907 он бо ширкати англисии “Шелл” муттахид шуд. Дар натича бо номи “Роял Датч-Шелл” яке аз трестхои инхисории бузургтарини нафтии чахон ба вучуд омад. Барои ба Индонезия ворид гардидани сармояи хоричи банкхо макоми калон доштанд, хусусан банки Ява, ки он аз соли 1827 арзи вучуд дошт. Солхои 50-ум ва 60-ум хам дар Индонезия чандин банки дигар кушода шуданд.

Давлатхои хоричи халки Индонезияро сахт истисмор мекарданд. Дар солхои 70-уми асри XIX – аввали асри XX дар истисморшавии Индонезия хиссаи мулкхои берун аз Ява ва Мадура ва махсусан Суматраи Шарки меафзояд. Хиссаи онхо соли 1873 то 19 фоиз ва соли 1914 кариб то 50 фоизи содироти Индонезияро ташкил кард.

Аз солхои 70-ум номгуи махсулоти барои содирот истехсолмекардагии Индонезияи мустамлика зиёд шуд. Муносибатхои пулию молии он хам васеъ гардиданд. Иктисодиёти Индонезия вокеан мохияти мустамликави пайдо намуд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …