Главная / Илм / БУРСИТ

БУРСИТ

bursitisБУРСИТ (Bursitis; аз лот. bursa – калта), газаки халтачахои луобдори банду бугум. Бештар дар атрофи бандхои оринч, китф, зону, соку панчаи по, косу рон ба вучуд меояд. Б. шадид ва музмин мешавад.
Б.-и шадид, одатан, дар натичаи зарбу лат, харошёби, чарохати хурди бугумхо ё чун оризаи беморихои римнок (мас., пучак), инчунин остеомиелит, грипп, брутселлёз, сузок ва г. инкишоф меёбад. Б.-и музмин бинобар ангезиши бардавоми механикии банду бугумхо дар кухкорон, хаккокон, пардозгарони фарш, паркетсозон, боркашхо, варзишгарон ва г. ба амал меояд.
Хангоми Б.-и шадид атрофи банд сурх шуда, варами андак сахту дардноки пур аз моеъ пайдо мешавад. Дар ин маврид бугум камхаракат, харорати бадан баланд ва авзои умумии бемор бад мегардад. Дар аснои шиддат ёфтани бемори, газак ба бугум (ниг. Артрит) ё бофтахои нарм мегузарад ва боиси ба вучуд омадани флегмона мешавад; дар холатхои кухна гаштани Б. носурхое пайдо мешаванд, ки дер шифо меёбанд (гохо ба чаррохи даст мезананд). Бинобар ин баробари рух намудани нишонахои аввалини бемори ба духтур мурочиат кардан зарур аст.
Дар мавриди Б.-и музмин харакати дасту по катъ намешавад, вале он муоличаи хатмиро талаб мекунад (боиси корношоямии муваккати шуданаш мумкин аст).
Барои пешгирии Б. дар вакти кор хатталимкон аз асбобхои мухофиз истифода бурдан лозим аст. Дар мавриди иллат ёфтани пусти атрофи бугум ба он спирт, йод ва г. молида, бо дока мебанданд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …