Главная / Илм / БУРДЕНКО Николай Нилович

БУРДЕНКО Николай Нилович

burdenkoБУРДЕНКО Николай Нилович (3. 6. 1876, дехаи Каменка, холо вил. Пенза – 11. 11. 1946, Москва), чаррохи шурави, яке аз асосгузорони нейрохирургия, акад. АФ ИЧШС (1939), акад. ва аввалин президенти АИТ ИЧШС (1944 – 46), генерал-полковники хизмати тибби, Кахрамони Мехнати Сотсиалисти (1943). С. 1906 Донишгохи Юрев (холо Тарту)-ро хатм намуд. Аз с. 1910 проф. хамин донишгох аз с. 1918 проф. Донишгохи Воронеж, аз с. 1923 проф. фак-ти тиббии Донишгохи Москва (аз с. 1930 – Ин-ти тиббии 1-уми Москва) буд. Аз с. 1929 Б. директори клиникаи нейрохирургия (холо Ин-ти нейрохирургияи ба номи Н. Н. Бурденко) ва аз с. 1937 чаррох-сармушовири Армияи Шурави буд. Б. асосан оид ба чаррохия ва онкологияи системаи маркази ва вегетативии асаб, инчунин иллати гардиши хун дар магзи сар, гардиши моеи хароммагз ва г. тадкикот бурдааст. Аъзои фахрии Чамъияти байналхалкии чаррохон ва Чамъияти подшохии Лондон. Депутати Шурои Олии ИЧШС (даъвати 1 ва 2), лауреати Мукофоти давлатии ИЧШС (1941). Б. бо 3 ордени Ленин ва диг. ордену медалхо мукофотонида шудааст.
Ос.: Собр. соч., т. 1 – 2, М., 1950 – 52.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …