Главная / Илм / БУЛУТ

БУЛУТ

bulutБУЛУТ (Quercus), дарахтест худруй ва боги. Б. дарахти кадбаланд (35 – 40 м) аст; кутраш 1 – 1,5 м; 500 (баъзе намудхояш то 2000) сол умр мебинад. Танааш рост, баъди 30 – 35 сол бо пустлохи хокистарранги тира пушида мешавад. Баргаш пармонанд, гулаш майдаи чудочинса; баробари кушода шудани баргхо мешукуфад. Б. баъди 15 – 60 сол бор меорад. Мевааш яктухма, кахваранги кушод. Б. дарахти рушноидуст буда, дар сурати ба шоху навдахои болоиаш расидани офтоб хуб нумуъ меёбад. Дар хар гуна хок руида, ба беоби тобовар аст.
Пустлохи Б. дар тиб истифода мешавад. Чушоби пустлохи хушки Q. robur ба илтихоби дахону халк (гингивит, стоматит, ангина) ва сухтаги шифо мебахшад. Табибони халки бо пустлохи Б. пучаки гардан ва хуншории захмро табобат мекунанд; чушоби он барои дармони захм ва хунравии меъда, хайзи бардавом, дарунрави, рахит, чакмезаки ва г. нафъ дорад. Пустлохи Б.-ро дар об тар карда, пойхоро мешуянд (араки поро нест мекунад). Тухми Б.-ро куфта хангоми бемории шошадон ва исхол кор мефармоянд. Агар самари Б.-ро бихуранд, исхолро мебандад, хунравиро бозмедорад, барои бечо шудани дил даво мебошад, беихтиёр равон гаштани пешоб, чакмезак ва сузиши пешобро дафъ мекунад. Агар онро сухта, куфта, гузошта банданд, ё махин соида бипошанд, пухтани дахон ва решхои давандаро бартараф месозад. Барги Б.-ро куфта гузошта банданд, чарохати навро ба хам меоварад. Хокистари чуби онро бимоланд, дандонро пок ва сафед мегардонад, агар ба решхои хуранда гузошта банданд, шифо мебахшад. Аз чалгузахои Б. кахваи сунъи мегиранд, ки давои хуби амрози рохи меъдаю рудахо, рахит, камхуни ва заъфармаи кудакон аст. Он барои беморони асаб низ нафъ дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …