Главная / Гуногун / БУКАЛАМУН

БУКАЛАМУН

Онхо дар як деха, дар як руз ба дунё омада буданд: Мастон субх, Айюб шом. Хамрох дар кучаву паскуча даву тоз ва чангу чанчол намуда, ба синни хафт расиданду хамрох ба мактаб рафтанд. Паси як парта менишастанд. Мастон ба Айюб мегуфт, ки ман аз ту калон, бояд маро хурмату эхтиром намои. Айюб бе ин хам уро хурмат мекард, номашро бо мехрубони ба забон мегирифт. Вале Мастон ба Айюб «Ха, сагира!» – гуён гап мезад. Айюб чанд муддат токат кард. Як руз токаташ ток шуду гуфт:

– Мастон, илтимос, маро сагира нагу!

– Хайр, ана ятимча мегуям! Мешавад?

– Кал додари кур, – ранчида гуфт Айюб. – Харду як маъно доранд. Охир, ман на ятимаму на сагира. Шукри Худо падару модар дорам.

– Э, ин хел падару модари кашокро набуданашон бех, – гуфт Мастон.

Аз ин тахкир Айюб ба шур омада, муште фуровард ба сари у. Вале танбех нашуд. Солхо паи хам мегузаштанд. Мактаби миёнаро хатм карданд. Харду ба як донишгох хуччат супориданд.

– Айюбчон, – гуфт Мастон. – Биё хардуямон як кайф кунем. Азизон: «Бо дустон нону пиёз!» – гуфтаанд.

Ва у барои Айюб як дона яхмоси аз хама арзон харид. Айюб тахи дил: «Ба хаминаш хам шукр, аз хук муе» – гуён, яхмосро аз дасти у гирифт. Пас аз хурдани яхмос, Мастон гуссаи дилашро кушод.

– Айюбчон, чон чурачон, хардуямон якчоя ба имтихон дароем.

– Барои чи? – пурсид Айюб.

– Шумо ба ман ёри медихед-да.

Айюб ба донишгох дохил шуду Мастон не. Вай ба деха баргашта, подабон шуд. Айюб донишгохро хатм карда, ба кор омад. Мастон аз деха яку-якбора гайб зад. Пас аз як сол як лаб дар замину як лаб дар осмон ба утоки кории Айюб омад. Уро шинохта намешуд. Аз як чавони коку вок ба марди хуму лумб табдил ёфта буд. Пас аз бусу канор Мастон мушт ба сари сина зада, хитоб намуд:

– Акоят иктисодшиноси дипломи сурхдор!

– А? – хайрон шуд Айюб ва «дех кучо, дарахтон кучо?» буданашро надониста, бо нобовари:

– А, чи гуфти? Кай, дар кучо хонди? – гуён ба дахонаш нигарист.

– Ангура хуру богаша напурс, – хурсандона гуфт Мастон. – Хондам, нахондам, мухим не. Мухим он ки сохиби дипломи сурх хастам. Акнун шумо барои ман як кори хайр кунед, олам гулистон мешавад.

– Хуш, чи кори хайр кунам?

– Шумо пешдаро шавед, ки маро ба кор гиранд. Як умр бандаю садкаат мешавам, – бо гардани кач зора намуд Мастон.

– О, чи хел…

– Аз ин кори осон нест, – сухани уро бурида, гуфт Мастон. – Ха, шумо маро таъриф карда, ба осмони хафтум бароред. Гуед, ки иктисодшиноси бехамто, саводаш зур, калааш пури идеяхои нав, каламаш бурро, хусни хаташро «тамошо кунем» мегуед.

Айюб ба ин он кадар бовари надошт ва ба хар хол «аз сурнайчи як пуф» гуён, бо гуфтаи Мастон амал намуд. Ва чи мегуед, ки ин накша амали гашт. Мастон вазифа гирифт. Хамеша дахонаш инч, табассум аз даври лабонаш канда набуд. Аввалин шуда, салом медод, гарму нарм, самими ахвол мепурсид. Ба хама «муаллимчони азиз!» – гуён, мурочиат мекард. Чанд супориши хурду калони сардорро аз гуфташ бехтару аз будаш бештар ба ичро расонда, ба шахси «боваринок» – и у табдил ёфт. Ва муддати зиёде нагузашта, сардори Айюб таъин гардид. Ва якбора ба шахси басо чидди ва серталаб мубаддал шуд у. То хадде ки аз кошу кавокаш барфу борон мерехт. Cару либосаш, рохгарди, гапзаниаш хам тагйир ёфт. Аз хайбаташ хари ало мерамид. Онхо дар як уток менишастанд. Акнун Айюб хак надошт, ки гап занад. Дар фазои коргох сукути пурасрору вахмангез хукм меронд. Мастон ба хар майда чуйдахо эрод мегирифт. Ба сари Айюб дод зада, дугу даранг мекард. Айюб «Худкардаро даво нест» – гуён, чашмашро кур ва гушашро кар карда, токат меовард.

Як руз Мастон нохост, гуё чизи мухиме ба ёдаш расида бошад, аз чояш бархосту ба пешу кафо ду-се кадам зад ва ба Айюб руй оварда:

– Хой! – гуфт.

– Чи? – сар бардошт Айюб.

– Дар чанд калид дорад? – бо зарда пурсид Мастон.

– Дар? Кадом дар? – хайрон шуд Айюб.

– Боз кадом дар мебуд, нофахм?! – Мастон руи худро турш кард. – Дари уток!

– Кадом уток?

– Утоки ман!

– Ха-а, сето, – хайрати Айюб зиёдтар шуд. – Чи буд?

– Чи буд, чи буд?! Бало буд! Биёр калидхоро! – додзанон амр кард Мастон.

Айюб хайрон ба у нигарист, пиндошт, ки у вайро масхара карданист. Вале дид, ки у чидди гап мезанад, дар лабонаш ханда хам набуд.

– Онхоро чи кор мекуни?

– Корат чи?! – дуг зад Мастон. – Тез биёр!

«Буза гами чон, кассобро гами чарбу» – дар дил гуфт Айюб ва харсе калидро «мархамат» гуён, ба руи мизи Мастон монд.

– Ба дастам дихи мемури?! – бо дурушти сиёсат кард Мастон.

Айюб дам назад, тахкирро фуру бурд. Мастон харсе калидро гирифта, ба киса андохт ва бо викор нидо намуд:

– Калид бояд дар дасти ман бошад!

– Барои чи? – соддадилона пурсид Айюб.

– Барои чи? Хамин чизи оддиро хам намедони?! – масхараомез гуфт Мастон.

– Не, намедонам, – икрор шуд Айюб.

– Эх, ин хафтафахма бин-е! – бо дурушти таъна зад Мастон. – О, ман ки? Cардор! Сар-р-дор!

Айюб бо маънои «хайр чи?» ба у менигарист.

– Сардор хамеша хак! – хитоб намуд Мастон. – Фахмиди?! Не, фахмиди?!

– Хов! – бедимог нидо намуд Айюб.

Мастонро чашм гирифт. Як калидро гум кард.

– Бало ба пасаш, калиди качу зангзада буд, – гуфт Мастон бепарво. – Хайрият гум шуду кисаам аз ин дарди сар халос хурд.

Чанде нагузашту калиди дуюм хам гум шуд.

– Бало ба пасаш, инаш хам калиди безеб буд, – гуфт боз Мастон бепарво.

Пас аз чанде дарк намуд, ки калиди сеюмро хам гум карданаш аз эхтимол дур нест. Аз ин ру калиди сеюмро ба Айюб дода гуфт:

– Калид бояд дар дасти ту бошад!

Айюб боз соддадилона пурсид:

– Барои чи?

– Эх, ин хафтафахма бин-е! – бо дурушти таъна зад Мастон. – Ту ки? Зердаст! Зер-р-даст!

– Хайр чи? – китф ба хам кашид Айюб.

– «Хайр чи?» будааст?! Хайр не! Ха, дарро бояд зердаст кулф кунаду кушояд! Фахмиди?!

– Бо чону дил! – масхараомез хитоб намуд Айюб.

Акнун дарро Айюб кулф мекарду мекушод. Хамон руз Айюбро мудир паи коре фиристод. Худаш ба мачлис шитоб дошт. Аз ин ру, Айюб дарро кулф кард ва калидро ба Мастон дод. Айюб супоришро ичро карда, пас аз чор соат баргашт. Якбора вазъи хаво тагйир ёфт. Шамоли сард вазида, абрхои сиёх осмонро фаро гирифтанд. Реза – реза барф омад. Айюб ба чои кор наздик шуда, дид, ки Мастон дар назди дар сигор дуд дода, пешу кафо кадам мезанад. Авзояш чун хавои имруза тагйир ёфта буд. Аз кошу кавокаш барфу борон меборид. Ин лахза у ба худ чазм кард: Айюб биёяд, на танхо дашномхои дастабиринчи, балки «ту ба ман лозим не, бирав!» гуфта, оташи газабашро менишонад. Ва баробари Айюбро дидан ба дугу пуписа даромад:

– Кучо мегарди, дайду?! Ман се соат боз интизор! Се кутти сигор тамом шуд!

– Гунохи ман чи? – бепарво гуфт Айюб.

– Чи-хи! Ту масти ё хушёр? Се соат гуму гур шуда, меравию боз «гунохи ман чи?» мегуи?! – Мастон аз газаб гуё чои помони намеёфт.

Айюб дигар харфе ба забон наоварда, ба у менигарист. Ин ба оташи газаби Мастон равган пошид. Ва у наъра зад:

– Ту ба ман лозим не, бирав!

– Аъ-а? Ба неки бади будааст-да. Худатон фиристодед-ку. Боз…

Оташи газаби Мастон бештар аланга гирифту аррос заду гуфт:

– Эхе-хой! Ту чи сафсата мехони?!

– Сафсата не, рост…

– Не, ту як забон не, сад забон дори. Дуруг нагу, рута сиёх накун!

– Охир, мана когазхои фармудаатонро овардам, – когазхои дасташро ба у дароз кард Айюб.

Супориши додааш ба ёди Мастон омаду сир бой надода, дуг зад:

– Шуд! Дарро кушо-е!

Айюб харфе нагуфта, тамасхур кард. Мастон ба сари у дод зад:

– Дарро кушо мегуям!

– Бо чи кушоям?

– Бо сари каврат! – мегазабад Мастон. – Бо калид!

– Калид дар кисаи ман не, – мазохомез гуфт Айюб.

– Дар кисаи ки?! – бо оханги танбех пурсид Мастон.

Айюб чашм бар замин афканд. Ва баъд боз сар боло намуда, гуфт:

– Дар кисаи чанобашон!

– Боз «чанобашон» ки?! – дуг зада, пурсид Мастон.

– Шумо-дия! – захрханда намуд Айюб. – Боз ки мешуд?

– Чи?! Худоё, аз тухмати нохакку балои ногахон нигох дор! Ин бача ба сарам бало шуд-ку! Се бор кисахоямро тагуру карда, наёфтаму…

– Боз як бори дигар бинед-чи!

У даст ба киса андохт. Ва лахзае шах шуда монд. Гуё дасташро касе дошт. Сипас тез дасташро аз киса баровард. Дар дасташ калиди дар буд.

– Уф-ф-ф, – нафаси дароз кашид у. – Сабил, дар кадом кунчи киса руст шуда будааст.

Баъд «э, калид нашуда, мур!» – гуён, бо кахр калидро ба замин зад. Калиди бечора аз ин ситам фигон кашида, чанд бор ба боло хез зада, окибат карор мегирад.

Айюб хомуш меистод. Мастон боз ба сари у дуг зад:

– Э, дахони воз, чи, хода барин рост истодаи?!

– Ха, боз чи кор кунам? – бо оташини пурсид Айюб.

– Калидро бардору дарро кушо! – амр кард у.

– Касе, ки партофт, бояд бардорад! – бо кахр чавоб дод Айюб.

– Чи-и?! Тоза хам курнамак будаи-ку?! Хамкишлоки, хамсинф гуфта, хурмат кунам, ба болои сарам баромадани-ку ту-а? Не, чазо медихам. Ха, бас руихотирбини!

Дар лабони Айюб табассуми тамасхуромез аён шуд, дар чашмонаш оташаке барк зад.

– Чазо медихед ё аз кор меронед, хамааш нури дида. Тезтар ронед, ки чонам ба лаб омад. Чи бисёр кор. Сад дари баста, як дари кушода.

«О, ин равад, ман ба сари ки дод мезанам? Ба сари ки борони кахру газабамро рехта, сабук мешавам? Э, не, бе у мекафам-а?»

– Расо пустини чахлро чаппа пушидед-да, Айюбчон, – гуфт у бо табассум ва калидро аз замин бардошт.

27 августи соли 2000

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …