Главная / Илм / БРУТСЕЛЛЁЗ

БРУТСЕЛЛЁЗ

brucellosisБРУТСЕЛЛЁЗ (Brucellosis), бемории сироятии музмин, ки дар мавриди он бештар дастгохи такяву харакат, силсилаи асаб ва узвхои чинси осеб меёбанд. Б. бо номхои таби бахримиёназамини, бемории Брюс, бемории Банг низ маъмул аст.
Ангезаи Б. брутселлахо ном бактерия буда, онхо спора хосил намекунанд. Брутселлахо дар мухити гизоии мукаррари нуму меёбанд, ба таъсири омилхои мухит ва сармо тоб меоранд. Андозаи брутселлахо 0,3 – 2,5 мкм буда, онхо 6 намуд доранд; Br. melitensis – дар чисми чорвои майда (бузу гусфанд) зиндаги мекунад ва барои одам бемориовар аст; Br. abortus bovis – ангезандаи Б.-и гов буда, барои одам бемориовар мебошад; Br. abortus suis – асосан дар чисми хук зиндаги менамояд; Br. canis – Б.-и сагро ба вучуд меорад ва барои одам бемориовар аст; Br. neotomae – хомили асосии он калламушхои дарахтгард мебошанд; Br. ovis – хомили асосии он гусфанд буда, зиёни он барои одам аник мукаррар нашудааст.
Б. мансуб ба амрози зоонози буда, хоси моли майда (бузу гусфанд, хук) ва гов, хамчунин гавазн мебошад. Бештар дар мавзеъхои чорводори ба назар мерасад. Одам хангоми истеъмоли шир ва махсулоти ширии чорвои касал, хамчунин дар аснои нигохубин ва зоёндани чорво, куштану пора кардани гушт сироят меёбад. Б. аз одам ба одам намегузарад. Брутселлахо аз организми чорво ба воситаи пешоб, ахлот, шир, мухтавои бачадон хорич мешаванд. Дар таркиби махсулоти ширии хом брутселлахо 15 – 60 руз, дар таркиби гушт то 20 руз махфуз мемонанд. Ангезахои Б. ба организми одам метавонанд тавассути заррахои пашм, пору, тагандози чорво ва хок низ сироят бикунанд. Нисбати Б. масуният (иммунитет)-и бардавом ба вучуд намеояд.
Брутселлахо ба воситаи пуст ё луобпардахо вориди организми одам шуда, аввал ба гуддахои лимфави ва сипас ба хун мегузаранд. Онхо аз хун ба чигар, сипурз, магзи устухон, гуддахои лимфави гузашта, дар он чо манбаи дуюмини сироятро ба вучуд меоранд. Аз лахзаи ба организм ворид шудани брутселлахо байни онхо ва хомил мубориза ба вукуъ мепайвандад. Агар дарачаи сироятангези ва вояи брутселлахо кам бошад, пас онхо дар гуддахои лимфави махв мегарданд. Брутселлахо кисман зери таъсири фагоситози хун ва кувваи мухофизии худи организм низ махв мешаванд ва эндотоксин ихроч менамоянд. Брутселлахои фавтида ва захри онхо дар мачрои хун гардиш карда, ба хучайраву бофтахои организм таъсир мерасонанд. Дар натича дар организм вокунишоти аллерги рух менамояд, ки нишонахои он илтихоби дастгохи такяву харакат, силсилаи асабхои канори, узвхои чинси ва г. мебошанд. Хамин тавр, манбаъхои иллат, яъне метастазахо ташаккул меёбанд. Вобаста ба пайдоиши масуният брутселлахо аз чигар, сипурз, гуддахои лимфави ва магзи устухон кисман ба берун ихроч шуда, кисман зери таъсири механизмхои мухофизи махв мегарданд; баъзеи онхо чанд мох дар чои худ махфуз мемонанд. Мавриди фарохам омадани шароити мусоид (суст шудани кувваи мухофизии организм бар асари хастаги, сармо задан, асаби шудан ва г.) брутселлахои дар организм вучуддошта фаъол мешаванд. Онхо дар чунин мавридхо дубора ба хун гузашта, ба узву бофтахо пахн мегарданд. Хамин тавр, бемори гох хуруч кардаву гох хомуш шуда, дуру дароз давом мекунад.
Давраи нихонии Б. 7 – 30 руз аст. Аломатхои он хеле гуногунанд. Дар манбаи бемори гохо Б.-и нихони мушохида мешавад. Дар мавриди чунин тарзи маризи брутселлахо дар шакли «ором» карор доранд. Вале хангоми дакик муоина кардани чунин ашхос, аломатхои Б.-ро ошкор бинмудан душвор нест (калон шудани гуддахои лимфа, ихтилоли вазоифии силсилаи асаб, бузург шудани чигар, сипурз ва г.).
Беморони мубталои Б. дуру дароз табу табларза карда, бисёр арак менамоянд, чигару сипурз бехад калон мешавад (гепатоспленомегалия), дастгохи такяву харакат заъф меёбад, силсилаи асаб, дилу рагхо, ихрочи пешоб хароб мегардад.
Чандин таснифоти Б. вучуд дорад, вале нисбатан асосиаш таснифоти Г.П. Руднев (1955) аст. Мувофики он Б. шадид (то 3 мох), шадидмонанд (то 6 мох), музмин (зиёда аз 6 мох) ва бокимонда (резидуали) мешавад. Дар таснифоти мазкур нафакат давомоти маризи, балки дарачаи вазнини (сабук, миёна, вазнин) ва даврахои раванди бемори низ ба эътибор гирифта шудаанд.
Кабл аз огози Б.-и шадид ва шадидмонанд давраи пешхабар вучуд дорад, ки 3 – 5 руз тул мекашад: сустиву бехоли, бедимоги, зуд хаста шудан, сим – сим дард кардани сар, кам гаштани иштихо. Дар охири давраи пешхабар аломатхои захролуди меафзоянд ва нишонахои асосии маризи падид меоянд: гипертермия, ки бо табу тасф ва серараки рух менамояд, хамчунин гепатоспленомегалия. Таб дуру дароз аст. Катъи назар аз ин вазъи саломати тагйир нахохад ёфт.
Б.-и шадид бо табларзаи сахт огоз меёбад. Сараввал харорати бадан аз меъёр паст шуда, сипас мариз тасф мекунад, дахон мехушкад, харорат тадричан баланд мегардад, араки бисёр ба вучуд меояд. Гуддахои лимфави, хусусан гуддахои гардан ва зери каш, ба кадри лубиё калон мешаванд; онхо дард намекунанд ва аз бофтахои атроф чудо мебошанд. Дар насчи зери пуст, дар мавзеи рагу пай ва мушакхо гуддахои сахти дардманд – фиброзитхо ва селлюлитхо пайдо мешаванд.
Дили бисёр беморон аз андоза калонтар ва оханги он суст хохад шуд; хатто мумкин аст миокардит, эндокардит, перикардит рух намояд. Ба вучуд омадани бронхит, бронхопневмония, бронхоаденитхо низ аз эхтимол дур нест. Чигар ва сипурз калон, мулоим, дардманд (хини молиш додан) мешавад; нишонаи осеб ёфтани чигар сим – сим дард кардани зери кабургаи рост аст. Дар холатхои вазнини Б. ихтилоли рухия ва сарсом сар мезанад. Чараёни сарсом суст, бидуни падидахои асоси аст (сарсоми брутселлёзи, одатан, хусусияти серози дорад).
Дар мавриди Б.-и шадид гохо дастгохи такяву харакат низ заъф меёбад; дарди банду бугум баробари кам гаштани аломатхои захролуди нест хохад шуд.
Б.-и шадидмонанд дар натичаи дер ташхису табобат кардан ба вукуъ мепайвандад. Вале ин сабаби асоси нест. Дар пайдоиши он майл ба чараёни музмин доштани худи маризи хам ахамияти калон дорад. Дар чунин холатхо баъди муоличаи этиотропи (ба сабабгори маризи таъсир мекунад) низ дар организми беморон брутселлахо боки мемонанд.
Дар организм дуру дароз махфуз мондани брутселлахо ва барои пайдоиши маризи фарохам омадани шароити мусоид (заъфи чисмониву рухи, хунук хурдан, якбора халалдор шудани равандхои мубодила ва г.) боиси такрор ёфтани Б. хохад шуд. Бемори метавонад баъди 1 – 2 мохи шифо ёфтани мариз ё баъдтар такрор шавад. Мариз табларза карда, араки бисёр мекунад. Бештар дастгохи такяву харакат зиён мебинад. Бархе аз маризон дар натичаи саривакт ва дуруст табобат кардан, пас аз 1 – 2 соли огози маризи комилан офият меёбанд. Вале бисёр вакт бемори бардавом ва чараёни он музмин хохад шуд.
Б.-и музмин дар натичаи аз сар гузаронидани шаклхои шадид ва шадидмонанди бемори пайдо мешавад, аммо он бевосита баъди давраи нихони низ метавонад рух намояд. Б.-и музмин мувофики таснифи Г.П. Руднев (1966) ба чунин шаклхо чудо карда мешавад: ахшои ( дилу раги, шуши, чигариву сипурзи); банду устухони (иллати бандхо, иллати устухонхо, иллати устухонбандии нарм, муштарак); асаби (иллати асабияи канори, иллати силсилаи асабхои маркази, психобрутселлёз); урогенетали (мансуб ба узвхои бавлу таносул); муштарак; Б.-и омехтаи музмин (Б. бо варача, Б. бо сил, Б. бо сифилис ва беморихои сироятии дигар).
Дар мавриди Б.-и музмин бештар иллати дастгохи такяву харакат сар мезанад: артрит (газаки бугумхо), бурсит, тендовагинит (газаки ниёми пай), периостит (газаки устухонпарда), перихондрит (газаки тагоякпарда). Банду бугумхо сурх шуда, варам мекунанд, харакати онхо махдуд мегардад. Баъзан банду бугумхо аз дарун низ иллати мешаванд, ки дар натича артроз, спондилоартроз ва анкилоз сар мезанад. Хамаи ин ночурихо бо дарди чонкох сурат мегиранд; бемор сусту бехол ва асабони аст, бехоби мекашад.
Бар асари Б.-и музмин бисёр вакт узвхои бавлу таносул низ осеб мебинанд (орхит, эпидидимит, оофорит, салпингит, эндометрит, ихтилоли хайз, катъи хамл). Гохо фаъолияти гадуди сипаршакл ва гадудхои болои гурда тагйир меёбад (лейкопения, лимфоситоз, эозинопения, тромбоситопения рух менамоянд). Мариз корношоям ва хатто маъюб мешавад.
Анчоми бемори барои хаёт асосан хавфнок нест. Ходисаи фавт хеле кам мебошад.
Б.-ро дар асоси маълумоти эпидемиологи, сарири ва лаборатори ташхис мекунанд. Нишонахои гематологи: лейкопения, лимфоситоз, нейтропенияи моил ба чап, моноситоз, эозинопения. Барои ташхиси Б. чудо кардани ангезанда (кишти хун, кишти магзи устухон) ахамияти калон дорад, вале ин усулро метавон факат дар лабораторияхои махсус ичро кард. Гайр аз ин брутселлахо дар мухити гизо нихоят суст (то 30 руз) месабзанд. Б.-ро аз варача, уфунат (сепсис), домана, тарбод, артрити тарбодмонанд фарк кардан лозим аст.
Дар вакти Б.-и шадиди уфуни тетрасиклин ва левомитсетин таъйин карда мешавад. Пас аз рафъ шудани падидахои шадиди бемори ваксинотерапия нафъ меорад. Ваксинотерапия дар аснои Б.-и музмини метастази рохи асосии табобат аст. Ваксина ба зери пуст, дохили пуст, мушак ва варид фиристода мешавад. Барои табобати Б. лойкашифои низ муфид аст. Ба маризхо 10 – 12 обзан (ванна)-и сулфиди (60 – 80 мг/л) таъйин карда мешавад, ки харорати онхо 36 – 370С аст. Давомоти кабули проседура 10 – 15 дак. мебошад. Варзиши шифои, риояи низоми кору истирохат ва масх низ муфиданд.
Барои пешгирии Б. саривакт ошкор намудани хайвони касал ва чудо нигох доштани он мухим аст. Инчунин ба чонварон моя (ваксина) мегузаронанд, онхоро дар майдончахои махсус бо риояи тадбирхои махсус мекушанд. Биноеро, ки хайвони касал нигох дошта шуда буд, безарар кардан зарур аст. Ба ин максад аз махлули дорухои безараргардон истифода мекунанд; хамли сакатшуда, хамрохак, тарашшухоти баъди зоиш, саргин ва пахол, кох, аррамайдаи олударо месузонанд. Пусти хайвони забхшударо барои безарар кардан, 2 мох дар намак мехобонанд; пашми онхоро бо бромиди метил безарар мегардонанд.
Дар хочагихое, ки Б. пайдо шудааст, чургот, панир ва г.-ро аз шири чушонида тайёр мекунанд. Панирро дар намакоб 60 шаборуз нигох медоранд, гуштро 3 соат мепазанд ё 2 мох ба намак мехобонанд.
Шахсони бо хайвоноти касал сарукордошта, коргарони корхонахои саноати (комбинатхои гушт, коркарди пашм, карокулпарвари, корхонахои чармгари, панирпази ва г.) бояд либоси махсус (дастпушакхои резини, корчома, пояфзори резини) дошта бошанд (онхоро баъди кор бо махлули лизол ё хлорамин безарар мегардонанд). Наврасон ва занхои хомиларо ба ин гуна корхо рох намедиханд. Коргарони чунин корхонахо хар сол моякуби карда мешаванд.
Ад.: Руководство по клинике, диагностике и лечению опасных инфекционных болезней, М., 1994; Камардинов Х.К., Инфекционные болезни, Д., 2005; Хамон муаллиф, Инфекционные и паразитарные болезни, Д., 2009.

Х. К. Камардинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …