Главная / Илм / БРОНХХО

БРОНХХО

bronhoБРОНХХО (аз юн. bronchos – хирной, хикиртак), шохахои нои нафаскаши, ки хаворо ба шуш мебаранд. Ду бронхи асоси – рост (калонтар) ва чап (хурдтар) ба шуш даромада, ба шохахои калону хурд таксим мешаванд. Хар шоха дар навбати худ ба алвеолахо ворид мегардад. Б. дар махалли миёндевори сина бо рагхои бузург вомехуранд; аз болои бронхи чап камони аорта, аз бронхи рост венаи тока мегузарад. Б. асосан аз нимхалкахо ва фалсхои тагояки иборат буда, бо мушакхои суфта таъмин гардидаанд; онхо аз дарун бо пардаи луоби ва эпителий фаро гирифта шудаанд. Бо чунбидани мижгонакхои эпителий чисмхои бегонаи ба рохи нафас афтода берун бароварда мешаванд. Дар кабати зерпардаи луоби гадудхои луоббарор ва хубобчахои лимфави вокеъ гаштаанд. Б.-ро аз берун бофтаи пайванди ихота мекунад, ки тавассути он рагхои хун ва лимфа мегузаранд.
Ниг. низ Бронхит, Бронхография, Бронхолитиаз, Бронхоскопия, Бронхостеноз, Бронхоэктаз.
КЛ
Шоха рондани бронххо дар шуш (накша): 1 – хирной; 2 – бронххои асоси; 3 – хиссаи бронххо; 4 – бронххои банддор; 5 – хиссачахои шуш; 6 – атсинус; 7 – хиссаи поёни бронхи рост; 8 – банди шуш.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …