Главная / Илм / БРОМ

БРОМ

bromБРОМ (Bromum; Br), элементи химиявии гурухи VII чадвали Менделеев; раками ат. 35; массаи ат. 79, 904; мансуби галогенхост. С. 1826 химики франсави А.Ж. Балар кашф кардааст. Номи Б. аз калимаи юн. bromos – бадбуй гирифта шудааст. Б.-и озод моеи сурхи чигари буда, бухор мешавад, буи тези нохуш дорад; t. гуд. – 7,2°С, t. чуш. – 58,78°С, зичиаш 3100 кг/м3. Б. дар об бад ва дар халкунандахои органики нагз хал мешавад. Бо металхо пайваст шуда, бромидхо ва хангоми гарм кардан бо гидроген пайваст шуда, бромиди гидроген HBr хосил мекунад.
Б. пуст ва луобпардахоро чарохатнок месозад, буги он чашмро месузонад, боиси блефароспазм ва ашкрези мешавад. Дар натичаи истеъмоли микдори зиёди бромидхо (зиёда аз 20 г) акл тира гашта, сар чарх мезанад, фалач ва коллапс рух менамояд.
Хангоми захролуди аз Б. ё бромидхо ба чабрдида шири омехта бо тухми хом медиханд ва кай ба вучуд меоранд; эхтиёт бояд шуд, ки маводи кай ба рохи нафас наафтад. Бо максади аз организм дур сохтани захр ангишти фаъол низ додан мумкин аст; у бояд дар давоми руз 10 – 30 г намаки ошро дар 3 – 5 л об хал карда биошомад (Б.-ро аз организм хорич менамояд).
Бо максади пешгирии захролуди аз Б. бояд дар истехсолот ба коидахои бехатарии мехнат катъи риоя карда шавад, хавои чои кор тоза ва дахони зарфхое, ки Б. ва диг. моддахои химиявии захрнок доранд, баста бошад; коргарон бо противогаз, муза, дастпушаки резини, пешдоман кор кунанд. Ашхосе, ки бо Б. сарукор доранд, мунтазам аз назорати тибби гузаронда мешаванд. Сарукор бо Б. ва пайвастхои он барои одамони хассосияташон баланд зиён дорад.

М. Самиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …