Главная / Илм / БРАУН Александр Абрамович

БРАУН Александр Абрамович

imagesБРАУН Александр Абрамович (1904, ш. Днепропетровск, – 1984, ш. Москва), гистолог, доктори илми биология (1940), проф. (1947). Факултаи биологияи Донишгохи давлатии Ленинградро с. 1928 ба итмом расонда, дар хамон чо ба сифати ассистенти кафедраи анатомия кор кардааст. С.-хои 1935 – 50 ходим ва мудири шуъбаи Пажухишгохи тибби тачрибавии АИТ ИЧШС, 1950 – 64 мудири кафедраи гистологияи Донишкадаи тиббии Киргизистон буд. Аз с. 1964 мудирии кафедраи гистологияи ДДТТ-ро ба зимма гирифта, то ба нафака баромадан (с. 1972), дар тарбияи духтурони чавон сахм гузоштааст. Хидматаш дар пешбурди сохаи ситология калон аст; перомуни физиологияи хучайрахо, гистологияи мукоисавии тачрибави, муоличаи захм ва г. кариб 150 асару маколахо навиштааст. Тахти рахнамоии Б. зиёда аз 20 наф. олимони чумхури рисолахои номзади ва доктори химоя намудаанд.
Ос.: Восстановительные процессы в тканях после лучевых повреждений, М., 1959; О единстве формы и функции в гистологии, Фрунзе, 1960; Что такое жизнь и смерть и возможно ли жизнь после смерти?, Фрунзе, 1961; Об имплантации формалинизирований кожы, М., 1963; Что известно о жизни после смерти, Д., 1967; Частная гистология, Д., 1970.

Ё. Назармамадов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …