Главная / Илм / БРАДИКАРДИЯ

БРАДИКАРДИЯ

bradikardiyaБРАДИКАРДИЯ (Bradycardia; аз юн. bradus – кам ва kardia – дил), аз 60 зарба дар 1 дак. кам шудани басомади кашиши дил. Б. метавонад дар одамони билкул солим, варзишгарон ва дар мавриди бисёр беморихо ба мушохида расад. Б. бештар дар натичаи ихтилоли узвии интиколи пешдилию меъдачави – инхисори (блокадаи) дил, хангоми сактаи дил ва илтихоби (сирояти ва захри) мушаки он рух менамояд. Инхисори пурраи дил бо басомади 40 – 30 зарбаи набз дар 1 дак. ва камтар аз он боиси осеби магзи сар, яъне бехуши, ихтилоч, аз фаъолият бозмондани дил мешавад.
Пешгири ва табобати Б. бояд ба рафъ намудани сабабхои ба вучуд орандаи он нигаронда шаванд. Ниг. низ Аритмияи дил.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …